Зиндагиву ҷомеа бо нафарони хирадманду дурандеш, дурбину фазилатпеша, соҳибкасбу дӯстдори ҳаёт нуру зиёи нав пайдо мекунад ва рангину зебо мегардад. Шахсият дар рушду пешрафти ҷомеа метавонад нақши бузургу мондагор гузорад, хоса нафаре, ки тамоми ҳастияш, қалбаш, вуҷудаш саршори самимияту лутфу меҳрубониву некбиниву накӯкорист. Бошад, ки дар зиндагӣ мо ҳамеша ҳамсуҳбат, ҳамнишин, ҳамсафар, ҳамкор, шогирди чунин шахсоне бошем, ки зиндагиашон намунаи ибрату омӯзиш ва сабақи пурҳикмат аст. Чи хеле ки мегӯянд:

Гар ният покасту дил покасту пок аст орзу,

Ҳарчӣ аз Яздон, ки мехоҳӣ, ба дастат мерасад.

Ғайрату хастанопазирии ходими ҳизбиву давлатӣ, сиёсатмадори ботаҷриба, идеологи варзида, устоди устодон, зиёии ҳақиқӣ, омӯзгори асил, ҳамсари вафодор, падари ғамхор, бобои меҳрубон, инсони ҳалиму хоксор Абдуҳаким Шарифов барои мо, шогирдон намунаи ибрат буданду ҳастанд.

Устод Абдуҳаким Шарифов имрӯз ҳам дар вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, барои тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ин ҳизби мардумӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи  ватандӯстиву ифтихори миллӣ, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати кишвар ва ин рӯзи босаодат саҳми босазо гузошта истодаанд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба насли ҷавони кишвар донишу таҷрибаи бузурги ҳаётии хешро меомӯзонанду  шогирдони арзандаву шоиста тарбия   менамоянд.

Ифтихормандам, ки устод Абдуҳаким  Шарифовичро бештар аз 30 сол инҷониб, ҳанӯз аз давраи донишҷӯиям мешиносам, аз ҳамон давра шогирдашон ҳастам. Устод раиси Иттифоқҳои касабаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буданду ман донишҷӯи факултаи физикӣ - техникии донишгоҳ. Вақте бори аввал ба утоқи кории устод ворид шудам, аз қафои ман як нафар муйсафеди нуронӣ, аз суҳбаташон дарёфтам, ки аз деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд,  вориди утоқи устод шуданд. Хостам берун бароям, лекин устод ишора намуданд, ки истам. Онҳо бо оғӯшгирӣ салому алейк намуданду аз оилаву фарзандону деҳа пурсон шуданд. Аз суҳбатҳои онҳо шӯълае ба дилам пайдо шуд, ки устод чӣ қадар инсони бофарҳангу ботаҳаммулу боандеша ва хоксору самимӣ ҳастанд. Минбаъд бо раҳнамоиву ҳидоятҳои устод барои гузаронидани чандин чорабиниҳои донишгоҳӣ, ки ҳамон солҳо соли ҷашни 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таҷлил мешуд,  баромадҳо мекардам.

Тақдир даст дод, ки дар фаъолияти меҳнатӣ  мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ - фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардидаму устод, ки дар ҳамин вазифа дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият доштанд, роҳбару роҳнамоям шуданд. Баъди беш аз якуним соли фаъолиятам дар ин вазифа, яъне соли 2003 рӯзе муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт ва фарҳанг Ҳошимзода Муқаддам Дадоҷонӣ даъват намуда гуфтанд,  як моҳ аст, ки шуморо устод Абдуҳаким Шарифович барои кор ба шуъбаи вилоятӣ пурсида истодаанд, вале ман ба шумо нагуфтам, ки шояд дигар напурсанд. Ба фикрам дигар истодагарӣ карда наметавонем, боз пурсиданд. Ба муаллима ҷавоб додам, ки оё ман   дар  сатҳи вилоят фаъолият бурда метавонам. Муаллима бо худи устод маслиҳату машварат намуданро барои ман авло шумориданд. Назди устод рафтам. Устод суханони маро шунида, иброз доштанд, ки албатта, метавонед. Чанд муддат аст, ки аз кору рафтори шумо огоҳам, шуморо мешиносам. Ин масъала аллакай бо роҳбарияти вилоят мувофиқа шудааст.

Охири моҳи август, ки буд, аз устод хоҳиш намудам,  пас аз таҷлили ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон  ба кор оғоз намоям. Он кас розӣ шуданд. Он вақт Ҳакимзода Қурбон,  вазири кишоварзии ҷумҳуриамон дар вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт фаъолият доштанд. Он кас, ки дар сатҳи вилоят таҷрибаи бойи корӣ доштанд, наздашон рафта маслиҳат пурсидам, ки чӣ кор кунам. Қурбон Ҳакимзода маслиҳат доданд, ки  бисёр хуб мешавад, не нагӯед, шумо метавонед, ҳар касро ба шуъбаи вилоятӣ даъват намекунанд, он ҷой мактаби дигар аст, дар сатҳи вилоят таҷриба меомӯзед ва бо устод Абдуҳаким Шарифович кор кардан худ як бахти бузург аст. Устод медонанд, киро ба кор даъват намоянд.

Воқеан, хушбахт ҳастам, ки беш аз 9 сол зери роҳбарии устод Абдуҳаким Шарифов дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд фаъолият намудам. Ин фарди шариф шахсияти нотакрор, роҳбари ғамхору чашмикордон ва роҳнамо ҳастанд.  Тамоми ҳастии худро ба кор бахшидаанд, на соати корӣ мегуфтанду на рӯзи истироҳат. Дасту дилу нияти пок, меҳнатдӯстӣ, чашмикордонӣ, садоқат ба Ватан, ташаббускориву навоварӣ, дилёбӣ, пайваста бо халқ будану ба дили мардум роҳ ёфтан, бо ҳамаи  ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилоти ҷамъиятии кишвар  ҳамкориро дипломатӣ  ба роҳ монда тавонистани  устод буд, ки дар ин  вазифаи хеле пурмасъул  беш аз 14 сол фаъолияти самарбахшро анҷом доданд. Сипас, бо обрӯву эътибори баланд, роҳбарияти вилоят ба вазифаи мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таъин намуданд, ки устод дар пешрафти ин шуъба низ саҳми назаррас гузошта, то синни нафақа ва баъд аз ба нафақа баромадан  ҳам  фаъолият бурданд.

Устод, воқеан идеологӣ ҳақиқӣ мебошанд. Бо дониши фароху таҷрибаи бойи меҳнатӣ муҳимбарори тамоми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардида буданд. Новобаста аз он ки ҳамеша серкор буданд, фурсат ҷудо карда, ба ҳама маслиҳат медоданд, ба  суолҳояшон  муфассал ҷавоб медоданд. Бо умед омад гӯён, аввал кори муроҷиаткунандаро иҷро менамуданд. Тамоми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба ин фарди шарифу фурӯтан бо эҳтиром устод гӯён муроҷиат менамуданд. Устод дар ҳақиқат устод ва роҳнамои беминнати аҳли ҷомеа мебошанд. Дар мактаби бузурги идеологиашон шогирдоне, шахсиятҳои барӯманде парварида шуда, ташаккул ёфтаанд, ки имрӯз дар рушду пешрафти кишвар софдилона хизмат намуда, соҳибобрӯву соҳибэътибор дар байни ҷомеа мебошанд. Сарфарозам, ки дар қатори профессор Ҷамшед  Ҷӯразода - раиси ноҳияи Спитамен,  Мирзотоҳир Набизода, ректори ДДХ ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров, Сӯҳроб Рустамзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси  вилояти Суғд, Набиҷон Ҳомидов, роҳбари намояндагии телевизони “Ҷаҳоннамо” дар вилоят, Муаттара Убайдуллозода, раиси Шӯрои собиқадорони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Спитамен, Ният Ҳаёт, декани факултети забонҳо ва ҷомеашиносии  ДИС ДТТ дар шаҳри Хуҷанд  ва чанде дигарон аз ин мактаби устод, хислатҳои ҳамида, одаму одамгариашон сабақ гирифтаам.

Роҳбарияти вилоят рӯзе, ки устодро ба вазифаи мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гузарониданд, маро ба ҷои устод ба вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят таъин намуданд. Мо ҳамроҳи устод назди собиқ Раиси вилоят муҳтарам Қоҳир Расулзода барои суҳбат даромадем. Муҳтарам Раис зимни суҳбат бо табассум ва арзи эҳтиром нисбат ба устод қайд намуданд, ки сарчашмаи бузургии шумо, Абдуҳаким Шарифович  аз таҳаммулпазириатон мебошад. Вақт довари бузург аст. Ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ман медонистам ва медонам, ки шумо инсони ҳалолкору содиқу вафодор ба Ватан ҳастед. Ман лозим донистам, ки шумо акнун бо ходимони дин ва ҷомеа оид ба танзим кор кунед, ба ҷои шумо бошад, мо шахси аз санҷишҳо  гузашта, боваринок,  шогирди худатонро таъин намудем.

Баъди суҳбат бо Раиси вақти вилоят ман ба устод гуфтам, ки устод, оё ман аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаи пурмасъулият баромада метавониста бошам? Устод ба ман нерӯ бахшида, гуфтанд, албатта, метавонед. Ман шуморо чанд маротиба имтиҳон кардаам, ба рухсатӣ баромадану ба муолиҷа рафтани ман ин санҷиши маҳорату малакаи шумо буд.

Бахти баланди ман дар он буд, ки утоқҳои кории ману устод паҳлӯи ҳам буданд. Устод маслиҳатгари бемалолу беминнатми ман буданд ва имрӯз низ машварату маслиҳати хешро дареғ намедоранд. 

Донишу таҷриба, маҳорату кордонӣ ва фарҳанги баланди инсонии устод буд, ки муовинони раиси вилоят оид ба иҷтимоиёт ва фарҳанг бо боварӣ такя ба устод доштанду имрӯз ҳам ҳар яки онҳо нисбат ба устод эҳтироми баланд доранд. Устод нозбардору маслиҳатгари ҳамешагии ҷонишинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷтимоиёт ва фарҳанг буданд. 

Аз хислатҳои олии устод аст, доимо  таъкид бар он мекарданд, ки инсонро барои тарбия кардан кӯшиш накунед, ӯро бо будааш, яъне бо хулқу хӯи будааш қабул карда тавонистан лозим аст. Устод бо ҳама муносибату хуб, мавқеи ягона доранд, яъне ҳамаро гӯш мекунанд ва бо лутф, самимона ҳарф мезананд. Тӯли ҳамкориҳо боре ҳам овози баланд ва  ё сухани сахти устодро  нашунидаам. Бародарон, аҳли пайвандон, ҳатто ҳамкурсону ҳамсинфону наздиконашон барои маслиҳат назди устод меомаданду  қаноатманд мерафтанд. Устод дилёби ҳама буданду ҳастанд. Шоире мефармояд:

Ҳар киро бо халқ бахшоиш бувад,

Обрӯйи ӯ дар афзоиш бувад.

Бо як сухан,  шахсият ва зиндагиномаи устод саршор аз олитарин амалу хислатҳои неки инсонист. Устоди арҷманди мо дар ин соли барои миллат таърихӣ, яъне санаи табарруки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни мубораки 75-солагӣ доранд. Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб  Аҳмадзода дар қатори дигар чеҳраҳои шинохтаи вилоят ба нақшаи чорабиниҳои Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои соли 2026 ворид гардидани ҷашни 75-солагии устоди гиромиқадру азизу падари маънавиам Абдуҳаким Шарифов мо, шогирдонро хеле рӯҳбаланд намуд.

Дар ин рӯзҳои муборак, Устоди азизу гиромиро бо ҷашни 75-солагиашон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, сарбаландиву саодатмандӣ таманно менамоям. Бошад, ки устод хаста нашуда, ба насли ҷавон сабақ зиндагиву таҷрибаи ҳаёт омӯзанд, боз садҳо  шогирдон аз донишу таҷрибаи бою пурғановаташон баҳраманд гарданд.

 

Аминҷон ШАРИФЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”