Илмро ҳаргиз наёбӣ, то набошад шаш хисол, 

Ҳирси вофир, фаҳми комил, ҷамъи хотир, кулли ҳол.

Ҳам дигар устоди мушфиқ, саъй ҳам бояд мудом,

Лафз, ҳам таҳқиқ кардан, то расад ҳадди камол.

Шиносоӣ бо зиндагинома ва роҳи тайкардаи олим, устод, донишманди маъруф, собиқадори ҷанги Афғонистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, инсони наҷиб Абдулаҳат Қодирӣ ӯро дар назари мо чун диловари се ҷабҳа: ҳаёт, майдони ҳарбу набард ва илму маърифат муҷассам ва муаррифӣ менамояд.

Агар ба саҳифаҳои рӯзгори сипаришуда, шуғлу меҳнат, осори илмӣ, фаъолияти устодию омӯзгории профессор Абдулаҳат Қодирӣ аз назари таҳқиқ нигарем, мушоҳида менамоем, ки ӯ воқеан бо тамоми хислату атвори як фарди шариф, меҳнатқарин, афсари ҷасур, муҳаққиқи хушкор, хушсалиқа, собитқадам, навҷӯ, навовар, сарвари моҳиру боистеъдод ба комёбиҳои назаррас, камолоти умр, мақому манзалати шоиста дар ҷомеа бо саъю кӯшиш ва меҳнати ҳалол расидааст.

Устод аз тамоми хислатҳое, ки хоси муҳаққиқ, олими асил, инсони комил аст – дониши мукаммал, фаҳму идроки фарогир, азму ғайрати тамом, истеъдоди фитрӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, одамияти баланд бархурдор аст.

Мусаллам аст, ки барои ташаккули ҳар як фарди соҳибҳунару соҳибэҳтиром, дарёфти мақом, обрӯ ва нуфуз дар ҷомеа чанд омилҳои меҳварӣ – муҳити оила ва тарбияи волидайн, мактаб ва нахустин устодон, донишгоҳ, ҷомеа, коргоҳ нақши калидӣ мебозанд. Устод Абдулаҳат Қодирӣ дар муҳити хонаводаи шахсиятҳои маърифатпарвар, китобдӯст, фарҳангпарвар, меҳнатқарин ва солиму созгор ба камол расида, падараш Қодиров Лаким, модараш Қодирова Файзӣ, фарзандони худро дар роҳи муҳаббат ба илму дониш, китоб, меҳнатдӯстӣ, хушодобию хушахлоқӣ тарбия  ва ба ҳаёт ҳидоят намудаанд. Мавсуф чун толибилми яке аз мактабҳои машҳури шаҳри Хуҷанд – МТМУ рақами 5 –и ба номи ХХ–солагии Тоҷикистон шогирди аълохону хушодоб ва фаъол буда, ба илмҳои дақиқ завқи беандоза дошт ва соли 1968 мактабро бо медали тилло хам намуд. Устоди ӯ омӯзгори донишманду соҳибтаҷриба, муаллими фанни физика Ҷафъар Аминов дар зеҳну ниҳоди Абдулаҳати илмдӯст муҳаббатро ба физика бедор намуд ва минбаъд илми физикаю техника ба самти дӯстдошта ва асосии шуғл, омӯзиш, таҳқиқ, кашфиёту дастовардҳои ин олими соҳибистеъдод табдил ёфтанд.

Пас аз хатми мактаб Абдулаҳат Қодирӣ ба факултети физикаи яке аз машҳуртарин ва бонуфузтарин донишгоҳҳои олии шӯравӣ ва ҷаҳон – Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дохил гардид. Бояд гуфт, ки на ҳар кас сазовори номи донишҷӯйи ин боргоҳи мӯътабари илму маърифат шуда метавонад ва маҳз донишу саводи комили Абдулаҳат ӯро ба ин қуллаи мурод расонид. Дар донишгоҳи мазкур ҳамон солҳо гули сари сабад ё зубдаи илми физикаи шӯравӣ, донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ – академикҳо Р.В.Хохлов, Л.Д.Ландау, профессорон В.С.Фурсов, Р.В.Телесин, И.В.Илин, В.С.Вавилов, В.Л.Бончбруевич, В.Л.Денестровский ва дигарон ба шогирдон таълим медоданд, ки бо таҳқиқот ва кашфиёти илмии худ дар Иттиҳоди  Шӯравӣ ва ҷаҳон маъруфу машҳур буданд. Абдулаҳати илмдӯст ба он шарафёб гардид, ки аз ин олимони номвар илм омӯзад ва дар мактаби илмии машҳури физикони ДДМ ба номи М.В.Ломоносов ташаккул ёбад.

Абдулаҳат Қодирӣ рисолаи дипломии худро дар Озмоишгоҳи физикаи нимноқилҳои Пажӯҳишгоҳи физикаи Академияи илмҳои ИҶШС ба номи И.П.Лебедев, ки онро академик Б.М.Вул сарварӣ мекард, таҳти роҳбарии В.Н.Мурзин, В.А.Заятс, В.Л.Кононенко ба анҷом расонида, бо баҳои аъло ҳимоя менамояд. Дар ин пажӯҳишгоҳи машҳур зубдаи илми физикаи шӯравӣ ва ҷаҳонӣ, барандаҳои Ҷоизаи байналмилалии ба номи Нобел, академикҳо А.Д.Сахаров, И.Г.Басов, А.М.Прохоров, академикҳои машҳур В.Гизенбург, Л.В.Келдиш (собиқ Президенти АИ ИҶШС) ва дигар докторону профессорони номвари илми физика, ихтироъкорон ва поягузорони аслиҳа ва сипари ҳаставии (атомии) шӯравӣ кору фаъолият доштанд.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов мутахассиси ҷавон А.Қодирӣ бо роҳхат ба озмоишгоҳи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физика-техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор фиристода шуда, қадам ба қадам аз лаборанти калон то муҳандис, муҳандиси калон, ходими хурди илмӣ мерасад. Моҳи ноябри соли 1976 А.Қодирӣ ба зодгоҳи худ шаҳри Хуҷанд баргашта, бо Мақсуда Абдуллоева оила барпо менамоянд. Шавқу рағбати ҳамешагӣ ба физикаю техника ӯро ба нахусткорхонаи саноати электронӣ дар шимоли Тоҷикистон – заводи “Алмос” овард, ки корхонаи филиали душанбегии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии “Фонон”-и шаҳри Москва маҳсуб меёфт. Заводи “Алмос” корхонаи хеле нодир ба ҳисоб рафта, маҳсулоти он ба соҳаи саноати технологияи баланд, дақиқ ва аҳамияти мудофиавӣ дошта равона шуда буд. Дар ин коргоҳ А.Қодирӣ дар вазифаҳои муҳандис оид ба илм, муҳандис–технолог, сардори сех кор карда, тамоми нозукиҳои соҳаи физикаю техникаи истеҳсолотро азхуд намуд.

А.Қодирӣ моҳи апрели соли 1981 чун афсари рутбаи ҳарбӣ дошта ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, аз соли 1981 то соли  1983 дар ҳайати теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар хоки Афғонистон  хизмат намуд. Ин марҳилаи ҳаёти А.Қодирӣ давраест, ки ӯ дар кӯраи ҷанги Афғонистон обутоб ёфта, дарси далериву мардонагӣ, шуҷоат, дӯстиву рафоқати ҳарбиро омӯхт.  Мавсуф дар амалиёти ҳарбӣ мустақиман иштирок намуда, супоришҳои ҳайати фармондеҳиро сарбаландона иҷро менамуд. Дар тавсифномаи командири қисми ҳарбӣ чунин  омадааст, ки «А.Қодирӣ супоришҳои ҷангии барои ҳаёт хатари хеле ҷиддӣ доштаро иҷро менамуд». Барои мардонагиву далерӣ дар майдони набард А.Қодирӣ бо мукофотҳои давлатии ИҶШС ва Афғонистон сарфароз гардидааст. Хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон   барои А.Қодирӣ имтиҳони ҳаёт гардида, ҳоло ӯ ба зиндагӣ, дӯстиву бародарӣ, садоқату мардӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ аз диду назари марди пуртаҷриба ва ҷангсолор баҳо медиҳад.

Пас аз хизмати ҳарбӣ ӯ аз нав ба ҷои кори пештарааш заводи «Алмос» баргашта, моҳи сентябри соли 1984 раиси озоди Комитети иттифоқи касабаи корхона интихоб гардид. Дар ин вазифа ӯ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, тақсим ва таъмини боадолатонаи коргарон бо манзил, роҳхат ба осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳои бачагона барои кормандон, оила ва фарзандони онҳо, кӯмак ва баррасии дигар арзу ниёзи ҷомеаи корхона саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додааст. Истеъдоди нодири сарварӣ, муносибату муоширати оқилона бо кормандон ва ба сатҳи баланд донистани нозукиҳои кори истеҳсолотро ба инобат гирифта, дар оғози соли 1987 А.Қодирӣ ба вазифаи сармуҳандис, моҳи декабри соли 1987 директор ва аз июли соли 1988 директори генералии заводи «Алмос» интихоб гардид. Маҳз ба шарофати кордонӣ, донишу малакаи А.Қодирӣ дар корхона навгониҳои зиёд, истифодаи технологияи нав бештар шуда, истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулот ба роҳ монда шуд. 

Пас аз табдили корхонаи «Алмос» ба ҷамъияти саҳомии шакли кушод А.Қодирӣ солҳои 1999-2000 дар вазифаи сардори бахши баҳисобгирии алоқаи электронии Инспексияи давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Ленинобод, солҳои 2000-2003 директори иҷроияи иттиҳодияи «Интеллект» кору фаъолият бурдааст.

Устод Абдулаҳат Қодирӣ аз фардҳои камназирест, ки амалияро бо назария, илмро бо истеҳсолот хеле моҳирона ва муваффақона пайванд ва пеш бурдааст. Ӯ соли 2002 таҳти роҳбарии илмии доктори илмҳои физика-математика  профессор Мақсудҷон Умаров рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика гардид, Аз соли 2003 А.Қодирӣ чун олими соҳибдараҷа сарнавишти худро бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваст ва аз моҳи сентябри соли 2003 ба сифати дотсенти кафедраи физика ва физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика ва техникаи донишгоҳ, аз соли 2004 дар Институти менеҷмент ва технологияи компютерии (ҳоло факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ) донишгоҳ фаъолият намуд.

Моҳи ноябри соли 2005 ӯ ба вазифаи мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти электронӣ, аз моҳи ноябри соли 2010 декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъин гардид. Дар тӯли фаъолияти худ А.Қодирӣ дар самти таъсиси равия ва ихтисосҳои нав, таҳияи стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ, тарбия ва таъмини кафедраҳои факултет бо мутахассисони соҳибихтисос, тайёр кардани олимони ҷавон заҳмати зиёдеро ба харҷ дод. Бо саъю кушиши  ӯ озмоишгоҳи нодири «Таҷҳизоти электронӣ» таъсис ёфта, он бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардид ва барои гузаронидани озмоиш аз рӯи ихтисоси мазкур шароит муҳайё гардид.

Абдулаҳат Қодирӣ пайваста ба илму таълим шуғл варзида, соли 2016 рисолаи доктории худро муваффақона ҳимоя намуд ва ба гирифтани дараҷаи баланди илмӣ – доктори илмҳои физика ва математика мушарраф гардид ва ҳоло ӯ дар вазифаи профессори кафедраи электроникаи факултети физика ва техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият дорад. Абдулаҳат Қодирӣ олими сермаҳсул буда, ба қалами ӯ 7 рисола ва беш аз 110 мақолаҳои пурарзиши илмӣ мансубанд.

Саҳму хизматҳои арзанда, шуҷоату мардонагии Абдулаҳат Қодирӣ дар майдони набард, илм, меҳнат, таълиму тарбия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудаанд. Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС ӯ бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС ва нишони «Ба ҷанговари байналмилал», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Афғонистон бо медали «Аз мардуми сипосгузори афғон» мукофотонида  шудааст. Сари синаи ин марди диловарро медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ», «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии баровардани кӯшунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон» ва ғайра оро медиҳанд. Ӯ солҳои 1995-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, солҳои 1987-1992 узви Шӯрои марказии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон интихоб гашта буд. Профессор Абдулаҳат Қодирӣ соли 2008 Беҳтарин ихтироъкори  вилояти Суғд дониста шуда, соли 2022 сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм гардид. Ӯ бо  унвони ифтихории «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои сершумори соҳавӣ, мақомоти маҳаллӣ ва марказӣ сарфароз шудааст.

Устод Абудлаҳат Қодирӣ имрӯзҳо ба синни мубораки 75-солагӣ расида, онро дар ҳалқаи  пайвандон, дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон таҷлил менамояд ва аз сарнавишт, роҳи тайкардаи умри бобаракат ва зиндагии ибратомӯзи худ ифтихор ва шукргузор аст.

Мо, ҳамкорон, дӯстон ҷашни мавлуди мубораки инсони комил, донишманди закӣ, устод Абдулаҳат Қодириро аз самими қалб табрик ва таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатӣ, офияти умр, саодати хонаводагӣ, давлати хирадсолорӣ, фатҳи қуллаҳои нави илмиро таманно дорем ва аз забони шоир мегӯем:

Сар сабзу бадан саломату чеҳра банур,

Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур,

Ёрон ба канори зодрӯзат хуш рӯз,

Эй бор Худо, чашми бад аз рӯи ту дур. 

Мирзотоҳир НАБИЗОДА,

дотсент, ректори Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд  ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров,

Ваҳҳоб НАБИЗОДА,

доктори илмҳои таърих, профессор,

Абдураҳмон ҚОДИРЗОДА,

доктори илмҳои иқтисодӣ,

профессор,

Шавкат ШАРИФЗОДА,

дотсент,

раиси Шӯрои собиқадорони

ҷангу меҳнати донишгоҳ