Дар вилояти Суғд 362 китобхона мавҷуд мебошад. Аз ин шумора 38 китобхона таъмирталаб буда, 5 китобхонаи дигар дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Гулистон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва Конибодом дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар ин бора сардори тозатаъйини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мунира Мансурӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов аз оғози татбиқи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031 мужда дод. Ба гуфтаи ӯ, барнома ба таҳкими заминаи моддию техникии китобхонаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ғанӣ гардонидани фонди китобҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ нигаронида шудааст.
Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи ин барнома дар шаҳри Хуҷанд бунёди як китобхонаи муосир ба нақша гирифта шудааст. Китобхонаи нав бо толорҳои барҳавои мутолиа, захираи электронии китобҳо, маркази иттилоотӣ ва шароити мусоид барои хонандагони тамоми синну сол муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Ба таъкиди масъулон, татбиқи чунин лоиҳаҳо барои баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба мутолиа ва мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки субҳи санаи 4-уми август дар таҳхонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ мағозаҳои лавозимоти хониш сӯхтор сар зад ва дар натиҷаи ин ҳодиса садҳо китоб низ нобуд гардиданд. Ин ҳолат зарурати таъмини бехатарӣ ва навсозии инфрасохтори китобхонаҳоро боз ҳам бештар менамояд.
Ҳарчанд бар асари ин ҳодиса ба фаъолияти умумии китобхона халали ҷиддӣ ворид нашуд, аммо масъалаи фароҳам овардани шароити муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз бори дигар дар мадди назар қарор гирифт.
Масъулони соҳа таъкид мекунанд, ки бунёди китобхонаҳои нав ва таҷдиди муассисаҳои мавҷуда на танҳо ба беҳтар шудани шароити хизматрасонӣ, балки ба ҳифзи дурусти ганҷинаи маънавӣ — китобҳо ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ низ мусоидат мекунад.
Дар ҳамин замина, татбиқи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031 ва бунёди китобхонаи муосир дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун як қадами муҳим дар самти рушди соҳаи китобдорӣ арзёбӣ мешавад.
Манзур БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





