Абдушукур Бобоҷонов аз зумраи инсонҳоест, ки ба донишу таҷриба ва масъулиятшиноӣ такя карда, барои рушди соҳаҳои мухталиф солҳои беҳтарини умрро бахшидааст. Корномаи ӯ беш аз ним аср давом ёфта, фарогири бахшҳои савдо, молия, идоракунии давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва маориф аст. Мавсуф имрӯз низ бо истифода аз кӯлбори таҷрибаву дониш фаъолиятро ҳамчун директори Парки технологии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” идома медиҳад. Мо бо корномаи эшон ошно шуда, зимнан, дар бораи густариши фаъолияти Парки технологӣ ҳамсуҳбат шудем.
Абдушукур Бобоҷонов баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами 5 –и шаҳри Хуҷанд соли 1972 ба техникуми кооперативӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси молшинос хатм мекунад. Таҳсилро дар шуъбаи шабона идома дода, ҳамон сол ба кор оғоз менамояд. Дар солҳои аввали фаъолият ҳамчун шогирди фурӯшанда ва баъдан молшинос кор кардааст. Соли 1975 техникумро хатм намуда, таҳсилро дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома медиҳад.
Пас аз хатми донишгоҳ дар яке аз пойгоҳҳои вилоятии “Тоҷиктекстилторг” фаъолият кардааст. Ин муассиса таъминоти коргоҳҳои савдои вилояти Суғдро бо либос ва дигар молҳои саноатӣ бар уҳда дошт. Баъди як соли фаъолият ӯро ба Кумитаи комсомоли вилояти Суғд ба кор даъват мекунанд. Дар шуъбаи молиявии кумитаи мазкур то соли 1985 фаъолият намуда, таҷрибаи идоракунӣ ва корҳои ташкилотиро аз худ мекунад. Соли 1998 Абдушукр Бобоҷонов ба ҳайси сармуҳосиб дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба кор шурӯъ карда, чор сол дар ин вазифа фаъолият мекунад. Аз соли 2002 то соли 2006 муовини раиси шаҳри Хуҷанд оид ба иқтисодиёт буд. Дар ин давра ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, банақшагирӣ ва беҳтарсозии нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.
Марҳилаи дигари фаъолияти ӯ ба соҳаи рушди кишоварзӣ иртибот дорад. Солҳои 2008-2012 ба ташкилоти байналмилалӣ Acted ҳамчун менеҷери рушди кишоварзӣ фаъолият кардааст. Дар доираи як лоиҳаи ин ташкилот 7 трактори калони тамғаи МТЗ ва таҷҳизоти донакшиканӣ барои деҳқонони Конибодом ва Исфара тақсим карда шуд, ки барои рушди боғдорӣ кумаки муҳим маҳсуб меёфт.
Соли 2012 Абдушукур Бобоҷонов ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд даъват шуда, то соли 2018 роҳбарии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Дар ин давра масъалаҳои хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон дар меҳвари фаъолият қарор гирифта, барои беҳтарсозии низоми хизматрасонӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, низоми кортҳои пластикӣ дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷорӣ карда шуд, ки ин иқдом сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар намуд.
Эшон дар фаъолияти давлатӣ ҳамеша ба масъулиятшиносӣ аҳамияти махсус додааст. Ӯ ба ёд меорад, ки дар замони роҳбарияш дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ барои осон намудани хизматрасонӣ ба мардум “равзанаи ягона” ташкил карда буданд.
- Ҳар шахсе, ки барои таъини нафақа муроҷиат мекунад, набояд саргардон шавад. Мо кӯшиш мекардем, ки мардум сари вақт посух ва хизматрасонии босифат гиранд. Ҳар касе, ки соҳиби вазифа мешавад, пеш аз ҳама дар назди давлату миллат масъул аст. Росткориву ростгӯӣ бояд мароми ҳар инсон бошад. Вақте инсон кори худро аз таҳти дил дӯст медорад, ҳатман натиҷаи хуб ба даст меояд. Мо бояд Ватан ва ҷойи кори худро дӯст дорем. Ана ҳамон вақт ободӣ ва пешрафт таъмин мешавад, - таъкид кард мутахассису роҳбари таҷрибадида.
Аз соли 2018 то ба имрӯз ӯ ба ҳайси директори Парки технологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият дорад. Дар ин муассиса чандин лоиҳаи истеҳсолӣ ва илмӣ роҳандозӣ шудаанд. Бо амалӣ гардидани ташаббусҳои созанда коргоҳҳои мебелсозӣ ва дӯзандагӣ таъсис ёфта, инчунин боғи таҷрибавии дорои низоми обёрии қатрагии автоматӣ дар замини минтақаи Хуррамзамин ташкил гардид.
- Ин боғ бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолият мекунад. Тавассути обёрии қатрагӣ сарфи об то ҳашт маротиба кам гардида, неруи барқ аз ҳисоби панелҳои офтобӣ таъмин мешавад. Системаи автоматӣ тавассути таҷҳизоти ҳассос эҳтиёҷи ниҳолро ба об муайян намуда, онро мустақилона таъмин мекунад. Дар ин боғ парвариши зардолу, гелос, олу, себ ва нок ба роҳ монда шудааст. Дар он натанҳо донишҷӯён, балки магистрантон, устодону олимон, деҳқонон ва мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ низ метавонанд таҷрибаомӯзӣ ва таҳқиқоти амалиро дар шароити воқеӣ анҷом диҳанд, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба андешаи қаҳрамони мо, инсон дар сурате ба комёбӣ мерасад, ки агар меҳнатро дӯст дорад, ростқавл бошад ва барои ҷомеа фоида оварад.
Абдушукур Бобоҷонов бар ин бовар аст, ки зиндагии оилавӣ яке аз муҳимтарин пояҳои хушбахтии инсон аст. Ӯ беш аз 48 сол боз бо ҳамсараш зиндагии муштарак дорад. Ҳамсараш солҳои тӯлонӣ дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси муҳосиб фаъолият намуда, соҳиби обрӯву эҳтиром гардидааст.
- Мо аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ҳамдигарфаҳмиро асоси оила қарор додем. То имрӯз ҳамин эҳтирому самимият миёни мо побарҷост. Оилаи хуб бо меҳру сабр ва эҳтироми ҳамдигар бунёд мешавад,- гуфт пири рӯзгордида.
Абдушукур Бобоҷонов соҳиби се фарзанд, як писару ду духтар аст. Писараш Абдурасул иқтисодчӣ буда, ҳоло дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Духтаронаш Матлубаҷон ба ҳайси муовини директор ва Маъсудаҷон чун омӯзгорони забони англисӣ дар гимназияи №4-уми шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунанд. Ӯ аз наберагонаш низ бо ифтихор ёд мекунад.
- Аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Мунавварахон ҳуқуқшинос аст. Ҳасанҷон пас аз хатми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ҳамчун барномасоз дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Ҳусейнҷон дар шаҳри Уфа ба ҳайси духтури дандон кор мекунад. Ду набераи дигарам дар Амрико аз рӯйи ихтисоси барномасозӣ таҳсил ва фаъолият доранд, - афзуд бобои соҳибдавлат.
Як сири ҷавону бардамии Абдушукур Бобоҷонови 70 сола, ки дар як вақт роҳбари чашмикордону падару бобои меҳрубон аст, дар пеш бурдани тарзи ҳаёти солим аст. Эшон ҳамарӯза бо гурӯҳе аз дӯстону ҳамфикрон дар Боғи Камоли Хуҷандӣ роҳгардӣ ва машқи бадан анҷом медиҳад.
- Ҳавои тоза, роҳгардӣ ва ҳаракат ба инсон нерӯи нав мебахшад. Хушбахтона, солҳои охир барои пиёдагардон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ин имкониятҳоро бояд ҷавонон ва калонсолон барои саломатии худ истифода баранд. Дар гурӯҳи мо, роҳгардҳо аз ҷавонон дида, миёнсолу калонсол бештар аст, - иброз дошт ӯ.
Дар баробари ин, Абдушукур Бобоҷонов аз баъзе мушкилоти иҷтимоӣ низ изҳори нигаронӣ мекунад. Ба андешаи вай, истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ба ахлоқу фарҳанги ҷавонон таъсири манфӣ расонида истодааст.
- Халқи тоҷик бо фарҳангу тамаддуни ғанӣ номдор аст. Эҳтироми падару модар, калонсолон ва устод бояд аз хона оғоз шавад. Мутаассифона, имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба китобхонӣ кам шудааст. Китобро сарчашмаи маърифат ва тарбияи инсон мешуморад. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат ба ҳар хонавода шоҳасари безаволи "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров ва "Шоҳнома" -и беназири Абулқосим Фирдавсиро тақдим карданд. Ин шоҳкорҳои илму адабро бояд хурду калон мутолиа сохта, мазмуну муҳтавои онро дар миёни худ таҳлилу баррасӣ кунанд. Китоб ба инсон чизеро медиҳад, ки телефон ва интернет дода наметавонанд. Мо замоне барои гирифтани китоб дар китобхонаҳо навбат мепоидем. Имрӯз китобҳои беҳтарин барои ҷавонон дастрас аст, - изҳор дошт қаҳармони мо.
Масъалаи тозагии шаҳри Хуҷанд низ ҳамсуҳбати моро бетараф намегузорад. Ӯ аз беаҳамиятии баъзе сокинон нисбат ба муҳити зист нигарон аст.
- Шаҳри мо рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Боғу гулгаштҳои нав бунёд мегардад. Дар баробари ин, дар нуқтаҳои муқарраршуда қуттиҳои партов гузошта шудааст. Барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон ҳар сокини он ҳисси масъулият дошта бошад. Партовро дар ҷойи муайяншуда партофтан яке аз фарҳангҳои шаҳрдориро мемонад, - таъкид дошт инсони рӯзгордида.
Аз андешаҳои Абдушукур Бобоҷонов бармеояд, ки инсони корозмуда фақат суду манфиати ҳаёти худро фикр намекунад, балки манфиатҳои дорои арзиши иҷтимоидоштаро дар мадди аввал мемонад. Чунин шахсият зиндагиро дар меҳнат, маърифат, эҳтиром ва дӯст доштани Ватан мебинад. Ин аст, ки ҷомеаи меҳнатии Парки технологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд то ба имрӯз аз лаёқату иқтидори кории роҳбари соҳибмактабу кордон - Абдушукур Бобоҷонов баҳра мебаранд.
- Ҳадафи асосӣ дар такя ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва пайвастани дониш ба амал нигаронида шудааст. Роҳбарияти Донишгоҳ низ доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолиятро бо мақсади рушди илм, технология ва истеҳсолот ҷоннок намоем, - илова кард қаҳрамони мо.
Фаъолияти меҳнатии Абдушукур Бобоҷонов намунаи равшани садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва ҷустуҷӯи доимии пешрафт аст. Корномаи мавсуф бори дигар собит месозад, ки таҷриба, дониш ва кори содиқона барои пешрафти ҷомеа заминаи устувор мегузорад.
Ҳайати эҷодии рӯзнома ба чунин мутахассиси варзида, роҳбари соҳибтаҷриба ва инсони фидоӣ пеш аз ҳама саломатии бардавом, руҳияи қавӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд. Бигзор, таҷрибаи ғанӣ, иқдомҳои созанда ва талошҳои пайвастаи Абдушукур Бобоҷонов минбаъд низ дар роҳи рушди илму маориф, технология ва тарбияи насли ҷавон самараи нек ба бор оварад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”




