1-уми июли соли 2026 даври асосӣ (якум)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабони дар давраи асосии бақайдгирӣ номнависшуда оғоз гардид.

Боиси қайд аст, ки дувоздаҳ сол инҷониб довталабон тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон месупоранду ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дарозои ин солҳо боварии ҷомеаро нисбат ба фаъолияти худ ва раванду марҳалаҳои имтиҳонҳо афзун гардонида, шаффофияту адолатро дар ин ҷода таъмин намояд. Дар нуқтаҳои наздики макони зисти довталаб марказҳои имтиҳонӣ таъсис ёфта, самти кори худро ҷиҳати ташкили системаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таъмини шаффофият дар имтиҳонҳо равона кардааст.

Вазифаи кормандони Марказ то баргузории ҷараёни имтиҳонсупорӣ аз он иборат буд, ки довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар алоқамандонро бо низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ шинос намуда, тартиби интихоби бошууронаи касбу ихтисосҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо, коркарди тестҳо, талаботу қоидаҳои муқаррарнамудаи имтиҳонсупориро мефаҳмонданд ва хушбахтона, имрӯз довталабон аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон имтиҳон месупоранд.

Шоистаи зикр аст, ки имсол имтиҳонҳо дар 55 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 22 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда истодаанд. Дар вилояти Суғд бошад, 12 маркази имтиҳонсупорӣ амал мекунад, ки дар минтақаҳои гуногун вобаста ба теъдоди довталабон ҷой гирифтаанд. Гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд, Мактаби хонандагони болаёқати маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд, Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5, 19 ва 23-и шаҳри Хуҷанд, Гимназияи №5 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Истаравшан, Гимназияи №1 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми шаҳри Конибодом, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-уми шаҳри Панҷакент, Мактаби хонандагони болаёқати Ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Гимназияи №1-уми ноҳияи Бобоҷон Fафуров  аз қабили марказҳое ба шумор мераванд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор мегарданд.

Санаи 1-уми июли соли 2026 даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнависшуда оғоз гардид. Даври асосии имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо то 9-уми июл идома ёфт.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва касбӣ, ки ихтисосҳоро аз рӯи гуруҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика, санъат) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) интихоб кардаанд, инчунин довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9), ки ихтисосҳоро аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум интихоб кардаанд, бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда дар синфхонаҳо зиёд будани шумораи ин се гурӯҳи довталабон, имтиҳонҳо дурӯзӣ гузаронида шуда истодаанд. 

Тавре дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, дар давраи асосии бақайдгирӣ 139 ҳазору 163 довталаб, ки аз онҳо 116 560 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 22 603 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.

Тибқи навгоние, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол барои довталабон ҷорӣ намудааст, ин танҳо бо як забони хориҷӣ - англисӣ чоп карда шудани китобчаҳои тести қисми А барои гурӯҳҳои  ихтисосҳои 2-юм, 3-юм ва 4-ум, ҳамчунин қисми Б барои гурӯҳҳои  ихтисосҳои 3-юм ва 4-ум мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки солҳои қаблӣ ин китобчаҳо бо чор забони хориҷӣ - англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ чоп шуда буданд. Вобаста ба ин, агар довталаб забони англисиро надонад ва дар вақти  бақайдгирӣ иштибоҳан забони хориҷии азхудкардааш (немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ)-ро интихоб накарда бошад, барои роҳнамоӣ дар ҳалли ин масъала қаблан бо Марказ бояд дар тамос мешуд. Довталаб метавонад қаблан тавассути рақами телефони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки дар феҳрасти комбинатсияҳои ихтисосҳо ҷой дода шудааст, ба масъулин занг занад ва надонистаашро пурсон шавад.  

Довталаб баъди супоридани имтиҳонҳо метавонад натиҷаи хол ва балҳои бадастовардаашро санаи 22-юми июл ба даст орад. Ин раванд метавонад барои ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ва ё роҳ надоштани довталабро муайян намояд. Эълони натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯи натиҷаҳои давраҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо санаи 25-уми июл тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмакҳо фиристода хоҳанд шуд. То он замон ҷавобҳои дуруст, яъне калидҳои саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд ва довталаб имкон дорад, ки дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки баъди коркард дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст, холҳои ба дастовардаашро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб намояд.

Агар довталаб аз натиҷаи имтиҳонҳо норозӣ ва нодуруст ҳисоб карда шудани холҳояшро исбот карда тавонад, аризаи апеллятсиониро дар ин хусус бо овардани далел дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо ба Марказ ё бахшҳои минтақавии он дар шакли чопӣ ё бо почтаи электронии Марказ пешниҳод карда метавонад.

Намояндаи ваколатдори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноат Фаромӯзова мақсади асосии ташкил намудани маркази тестӣ ва имтиҳонсупории довталабонро дар таъмини адолат, шаффофият ва фаро гирифтани  фарзандони мардум ба таълиму тарбияи баланд донист.

- Дар тамоми марказҳои имтиҳонӣ  аз маъмурони калон ва имтиҳонӣ то кормандони тиббию муҳофизон, намояндагони ҷамъиятӣ, тозакорону посбон барои шаффоф гузаштани имтиҳонҳо заҳмати беандоза мекашанд. Маъмурони имтиҳон бист дақиқа пеш аз оғоз дар ҳар синфхона барои довталабон дастурамали ҷараёни имтиҳонсупориро мушаххасан маънидод менамоянд, зеро ин амал барои имтиҳонсупорандагон хеле муҳим аст. Камераҳои назоратӣ мушоҳидакунандаи раванди имтиҳон буда, ҳам дар утоқи роҳбар ва ҳам толори интизории волидайн экранҳои тамошо гузошта шудааст.

Падару модарон ва ё шахсони довталабонро ҳамроҳикунанда низ метавонанд раванди имтиҳонсупории фарзандону пайвандонашонро мушоҳида намоянд. Баъди ба анҷом расидани имтиҳон тамоми маводи довталабон тариқи санад дар КЭС ҷойгир карда шуда, ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона ва дар он аз санҷиши воситаҳои техникӣ мегузаранд, - иброз дошт мутахассис.

Бояд афзуд, ки ҳамасола шумораи довталабон рӯ ба афзоиш дорад. Агар шумораи умумии довталабон дар соли 2019  наздик 93 ҳазор нафар бошад, ин рақам дар соли 2024-ум 95 ҳазору 276 довталаб ва дар соли 2026  ин шумора ба 139 ҳазору 163 нафар расидааст. 

Бо вуҷуди он ки шумораи довталабон сол то сол меафзояд, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад ҳар довталабро ноумед насозад. Бинобар он азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯи натиҷаҳои давраҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо аз 11-ум то 13-уми август ва ҳамчунин аз 22 то 24-уми август дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшуда сурат хоҳад гирифт. Дар ин замина, давраҳои сеюм ва чоруми азнавбақайдгирию раванди имтиҳонсупорӣ  ҷараён хоҳад гирифт, ки то санаи 10-уми декабр давом хоҳад кард.

Итминон дорем, нафаре, ки донишро меҷӯяду дар оянда соҳиби касбу кори муайяне шудан мехоҳад, албатта аз имтиҳон бомуваффақият хоҳад гузашт ва  соҳиби номи баланди донишҷӯӣ гардида, барои идомаи таҳсил дар макотиби олии касби интихобкардааш таҳсил хоҳад намуд.

 Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»