Дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара нишасти 240-уми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид. Ҳамоиш бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара доир шуда, олимон, адибон, муҳаққиқон ва дӯстдорони адабиётро аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Исфара ба ҳам овард.

Қабл аз оғози барномаи асосӣ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва манзараҳои табиии Ворух боздид намуданд.

Роҳбари маҳфили «Ганҷи сухан» Саидумрон Саидов зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид кард, ки ин маҳфил дар тӯли фаъолияти худ ба минбари муаррифии мероси адабӣ, густариши ҳамкории аҳли илму фарҳанг ва тарғиби арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст. Баргузории чунин ҳамоишҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқи тоҷик аҳаммияти хос дорад.

Дар ҳамоиш намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мухтор Абдулло, муовини Раиси шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода ва намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нозир Ёдгорӣ низ суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи роҳбарияти давлатро ба рушди илму фарҳанг ва нақши чунин маҳфилҳоро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таъкид карданд.

Дар бахши илмии маҳфил як қатор маърӯзаҳои пажӯҳишӣ пешниҳод гардид.

Доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус бо таҳлили ҷойгоҳи адабии Робиаи Балхӣ, нақши ӯро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва аҳаммияти мероси эҷодиаш дар инъикоси арзишҳои инсонӣ ва мақоми зан баррасӣ намуд.

Номзади илмҳои филология Ҳафиз Раҳмон дар мавзӯи арзишҳои умумибашарии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ маърӯза карда, таъкид намуд, ки андешаҳои адолатпарварӣ, ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва масъулияти иҷтимоӣ, ки дар ин шоҳасар таҷассум ёфтаанд, имрӯз низ барои тарбияи маънавии ҷомеа аҳаммияти худро нигоҳ доштаанд.

Ҳамзамон бахши вижа ба муносибати 70-солагии шоири зиндаёд Абдусамеъ Қуддусиён баргузор гардида, саҳми ӯ дар рушди адабиёти миллӣ ва тарбияи аҳли қалам мавриди қадршиносӣ қарор гирифт.

Адабиётшинос Субҳон Аъзамзод зимни баррасии зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Абдусамеъ Қуддусиён аз вижагиҳои сабки эҷодӣ, нақши муҳити адабии Исфара ва саҳми шоир дар рушди адабиёти муосири тоҷик сухан гуфт.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз номи Раиси вилояти Суғд ба китобхонаи Ҷамоати деҳоти Ворух силсилаи китобҳои тозанашр тақдим гардида, маърӯзачиён, олимон, адибон ва ташкилкунандагони маҳфил барои саҳми арзандаашон дар рушди илму адаб ва фарҳанги миллӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”