Муним Ҳасанов зодаи Истаравшани бостонист. Ӯ 15-уми феврали соли 1954 дар оилаи зиёии аҳли савод таваллуд шудааст. Баъди чанд вақти таҳсил дар мактаб–интернати зодгоҳ таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки алҳол номи Мирзо Бобоҷоновро дорад, давом дод. Дар синф Муним хонандаи аълохон буда, вазифаи ҷамъиятии сардори синф ва котиби ташкилоти комсомолии мактабро ба уҳда дошт. Беҳуда нест, ки бо гузашти беш аз панҷоҳ сол ҳамсинфон ба ӯ «сардор» гўён муроҷиат мекунанд.

Мавсуф бо эҳтиром ва миннатдорӣ номи омўзгорони шодравон Абдукарим Аҳмадов, Абдураҳмон ва Нўъмон Юнусовҳо, Аброр Азизов, Аминҷон Ҳомидов, Воҳид Нуруллоев, Ислом Мухторов, Карим Камолов, Минҳоҷ Баҳриддинов, Набиҷон Ҳакимов, Саттор Худойбердиев, Содиқ Султонов, Ҳаёт Бурҳонов, Ғаниҷон Эшматов ва Ҷамол Рўзиев, зиндадилон Оқил Ҳабибов ва Муҳаддиса Сайфуллоева, хусусан марҳумон Бегалӣ Алибоев, Кира Пришедко, Маҳмуд Қурбонов ва Розиябону Ҳакимоваро ба ёд меорад.

Муним Ҳасанов собиқаи беш аз 50 солаи илмию омўзгорӣ дошта, аз ин дар давоми наздик 20 сол вазифаи мудирии кафедраҳои иқтисодию молиявии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, иловагӣ ва миёнаи касбиро иҷро кардааст. Ў баъди хатми Институти муҳандисию сохтмонии Москва (ИМСМ), ки дар айни замон номи

Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москваро дорад, соли 1976 ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили сохтмони Институти политехникии Тоҷикистон (ИПТ), ки ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик Муҳаммад Осимӣ номида мешавад, фаъолияти касбиро оғоз намудааст. Мавсуф аввали соли 1978 барои таҷрибаомўзии илмӣ ба ИМСМ мераваду ҳамон сол ба аспирантураи ин Институт дохил мешавад ва баъди хатми он дар соли 1981 рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки Муним Ҳасанов дар он замон ҷавонтарин омўзгори ИПТ бо дараҷаи номзади илмҳо буд. Ў инчунин яке аз аввалин намояндагони Тоҷикистон низ аст, ки соли 1995 дар асоси Барномаи муштараки Донишкадаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва СММ оид ба рушди саноат/UNIDO дар Донишкадаи муттаҳидаи БҶ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки аврупогии таҷдиду рушд/JVI воқеъ дар шаҳри Вена–пойтахти Австрия таҳсил кардааст.

Мавсуф тўли 27 сол дар ИПТ–ДТТ дар ҳайси ассистент, омўзгори калон, дотсент ва мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон, декан оид ба донишҷӯёни шартномавӣ ва ходими калони илмӣ ифои вазифа намудааст. Шумораи шогирдони муваффақи ин фидоии меҳнатро рақамшуморӣ намоем, сатрҳо кифоя нест. Ҳаминро бояд гуфт, бо иқдом ва кўшишҳои ў соли 1989 тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон» дар ИПТ аз нав ба роҳ монда шуда, то ҳол дар ДТТ муҳандис–иқтисодчиёни соҳаи сохтмон омода карда мешаванд.

Мавсуф инчунин ба ҳайси ҳамкор дар собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ки айни ҳол Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон номгузорӣ гаштааст, низ фаъолият намуда, дар тарбияи шогирдони муваффақ саҳм гузоштааст.

Бояд зикр намуд, ки Муним Ҳасанов муддате чанд дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби муовини мудири шуъба оид ба робита бо кишварҳои аъзои ИДМ, ки дар як вақт мушовири Сарвазири ҶТ оид ба ҳамкорӣ дар масоили молиявию иқтисодӣ бо ин кишварҳо ба ҳисоб мерафт, фаъолият намуд. Баъдтар ӯ ҳамчун мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молия, мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи бурсҳои Академияи идоракунии давлатии (АИД) назди Президент шинохта шуда, поягузор ва ташкилкунандаи ин кафедра мебошад. Дар ин давра садҳо хизматчии давлатӣ бе истисно аз Муним Ҳасанов сабақ омӯхтаанд. 

Мавсуф дар баланд бардоштани сатҳи касбии аксарияти хизматчиёни давлатии зодгоҳаш шаҳри Истаравшан саҳмгузор буда, ба зумраи шогирдонаш собиқ раисони шаҳр Иброҳим Абдуллоев, Амирхон Қурбонзода, муовинони раис Комил Мирзозода ва Афзуналӣ Абдураҳмонзода, Диловар Азимов, Ҳаким Бобоев, Содиқ Мирсаидӣ, Фирўз Ҳакимзода ва Ёқуб Солӣ, роҳбарони қаблии дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Шукрулло Султонов, Равшанбек Ҷабборов, Акбар Маърупов ва Фозил Бобозода, роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи раис, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳоти он давра, инчунин соҳибкорони муваффақ Саид Аҳмадов ва Ҷамол Ҷалоловро номбар кардан ҷоиз аст.

Ҳамчунин, Муним Ҳасановро ҳамагон ҳамчун мушовири раиси Ширкати давлатии «Тоҷиксармоягузор», мушовири вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи Институти демография ва дар Институти аз нав таъсисдодашудаи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими пешбари илмӣ мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Зиёда аз ин вақте мудири кафедраи иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи нафту гази Донишгоҳи давлатии Сахалини Федератсияи Россия, профессори кафедраи назарияи иқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии Данғара, мушовири раиси шаҳри Истаравшан оид ба масоили иқтисодӣ (дар асоси ҷамъиятӣ) ва профессори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ҳамин шаҳр, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва тахассусӣ, профессори Коллеҷ ва профессори кафедраи иқтисодиёт ва баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамии Тоҷикистон шинохта шуд, ҳурмату эҳтиромаш байни ҳампешагону шогирдон ба маротиб афзуд, зеро меҳнат кардану илм омӯзониданро ба худ шиор карда, дар ободии Ватан саҳми босазо мегузошт.

Вақте худро дар ҳалқаи шогирдон медид, худро хушбахт меҳисобид, зеро муваффақияти ҳар яки онҳоро азони хеш меҳисобид. Дастпарваронаш низ то кунун дар ҳама ҷо васфи ӯро мегӯянду ситоишаш мекунанд.

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии Сахалин Дарья Елисеева Кузнетсова чунин иброз дошт:

- Ман ба дуюмин таҳсилоти олии касбӣ ноил гаштанӣ ҳастам ва то ин вақт бо бисёр омўзгорони Донишгоҳи давлатии Сахалин ҳамкорӣ намудаам. Ҳар яки онҳо услуби ба худ хоси корбарӣ ва ташкили раванди таълимро доранд. Лекин бе ҳеҷ дудилагӣ метавонам арз намоям, ки чунин раванди бениҳоят мўътадилу муташаккили ҳамкорӣ бо донишҷўёнро аввалин маротиба мебинам. Муним Маҷидович усули бениҳоят қулайи ҳамкории электрониро бо донишҷўён интихоб намудааст. Дар замони мо ин усул ба ҳама донишҷўён дастрас аст. Ғайр аз ин, ў омўзгори аҷоиб ва бисёрҷанбаест, ки тарзи ҷолиби расонидани иттилоотро дорад.

Донишҷӯи дигари Донишгоҳи давлатии Сахалин Татяна Павлова бошад, ақида дорад, ки ирсоли кори фардӣ аз тарафи донишҷў иҷро гардида, ба омўзгор барои арзёбӣ тавассути суроғаи электронӣ ҷавобгўи рушди замонавии ҷомеа буда, адади санадҳои коғазиро коҳиш медиҳад.

Ҷ.А.Мусаева–доктори илмҳои иҷтисодӣ, профессор, мудири кафедраи Донишгоҳи байналмилалии Отатюрк Алатоои Ҷумҳурии Қирғизистон ҳар дарси Муним Ҳасановро шиори дарси худ кардааст:

- Мақолаҳои устодро дастури рӯимизии хеш қарор дода, аҳд кардам, ки онро ба аспирантон барои омўзиш ва истифода диҳам.

- Бароям хеле гуворо аст, бо нафаре шинос ҳастам, ки дар ватани фарзанди бузурги халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров чунин шахсиятҳои муътабаре мисоли Муним Ҳасанов кору фаъолият доранд. Асарҳои ин алломаи машриқзаминро мутолиа кардан бароям мароқовар аст. Маротибаи дигар боварӣ намудам, ки тоҷикон халқи бофарҳангу соҳибмаърифатанд, - муҳаббаташро изҳор дошт Е. А. Тюрин – котиби Шўрои олимони шуъбаи дар Орёл будаи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия.

Бале, хизматҳои ин марди фидоӣ беназир аст. Бо дарназардошти фаъолияти босамари тўлонӣ барояш нишонҳои фахрии соҳавӣ, аз ҷумла Аълочии маорифи Тоҷикистон, «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои фаъолияти бенуқсони бисёрсола дар соҳаи илму маориф бо Фармони Президенти мамлакат ордени «Шараф»–и дараҷаи II муносиб донистаанд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дар мавриди ифтихорномаҳои ИПТ–ДТТ, ду карат Агентии хизмати давлатӣ ва АИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоҷати сухан ҳам нест. Аз ҳама муҳимаш, муҳаббати халқ аст, ки Муним Ҳасанов дарозои фаъолияти хеш дарёфтааст.

 

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”