Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти матбуотӣ бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода ва намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин сараввал аз рӯи слайди пурмуҳтаво оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд.
Сараввал маълум гардид, ки дар донишгоҳ 978 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз рӯи 116 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва 45 ихтисос дар шӯъбаҳои ғоибонаву таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Ҷоиз ба зикр аст, ки 70,2 фоизи донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳанд, ки аз афзоиши иштироки занону духтарон дар таҳсилоти олӣ дарак медиҳад.
Бо мақсади таъмини босифати раванди таълим дар кафедраҳои донишгоҳ зиёда аз 1 миллиону 170 ҳазор соати таълимӣ ба роҳ монда шуда, байни омӯзгорон 1063 воҳиди корӣ тақсим гардидааст. Устодони донишгоҳ дар ин давра 14 рисолаи илмиро бомуваффақият ҳимоя намудаанд, ки аз ин шумора 4 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ мебошанд. Фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар донишгоҳ ба 10 адад расонида шудааст.
Айни замон дар донишгоҳ 5 нафар устод аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Корея ва Фаронса аз фанҳои забонҳои чинӣ, кореягӣ ва фаронсавӣ машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ мегузаранд. Инчунин, 1133 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 6 давлати ҷаҳон 60 нафар дар шуъбаи рӯзона ва боқимонда дар шӯъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имрӯз донишгоҳ бо зиёда аз 76 муассисаи таълимӣ, илмӣ ва ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба масъалаҳои қабули донишҷӯён, сифати таълим, рушди инфрасохтор, фаъолияти илмӣ, рақамикунонии низоми идоракунӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, музди меҳнат ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи таҳсилоти олӣ саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Дар анҷоми нишаст таъкид гардид, ки ҳамкории донишгоҳ бо васоити ахбори омма минбаъд низ дар самти инъикоси дастовардҳо ва фаъолияти илмиву таълимии ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олӣ густариш хоҳад ёфт.
Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»





