Дар шароити муосир матбуот яке аз воситаҳои муҳими иртибот байни илм ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар нигоҳдории таърих ва интиқоли дониш нақши муҳим мебозад. Тавассути матбуот на танҳо хабару рӯйдодҳои мухталиф, балки дастовардҳои илмиву таҳқиқотӣ ва фикру андешаҳои олимон низ ба омма пешниҳод мегарданд. Ин раванд ба болоравии сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, бидуни матбуот муваффақияти илм ба таври пурра амалӣ намегардад, зеро маҳз тавассути он натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ҳимояи рисолаҳо ва дастовардҳои олимон дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр гардида, ба доираи васеи хонандагон дастрас мешаванд. Ин омил ба рушди илм ва густариши дониш дар ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Рушду инкишофи матбуоти вилояти Суғд аз солҳои 30-юми асри XX оғоз гардида, имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят беш аз 50 маҷаллаву рӯзномаҳо фаъолият мебаранд. Матбуоти маҳаллӣ дар инъикоси рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа саҳми назаррас дошта, инчунин ба тарғиби илму маърифат мусоидат менамояд.
Яке аз нашрияҳои куҳанбунёд ва ҳамзамон фаъоли вилояти Суғд, ки дар тӯли 96 соли фаъолияташ дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ нақши муассир гузоштааст, рӯзномаи вилоятии Ҳақиқати Суғд мебошад.
«Ҳақиқати Суғд» яке аз нашрияҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар давоми фаъолияти худ тавонистааст дар фазои иттилоотии минтақа мавқеи устувор пайдо намояд. Нашрия ҳафтае се маротиба нашр шуда, теъдоди нашри он беш аз 8 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.
Дар ҳайати эҷодии рӯзнома гурӯҳи рӯзноманигорон ва кормандони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд, ки бо истифода аз таҷрибаи касбӣ ва маҳорати эҷодӣ кӯшиш мекунанд маводи пурмуҳтаво ва ҷолибро барои хонандагон омода намоянд. Дар саҳифаҳои рӯзнома масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мунтазам инъикос мегарданд.
Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳо дар мавзуъҳои марбут ба рушди илм ва маориф бештар интишор гардида, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва чорабиниҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ мунтазам инъикос мешаванд.
Масалан, дар шумораи дуюми рӯзнома аз санаи 4-уми январи соли 2025 маводе бо номи «Насли имрӯз – бунёдгарони фардо» ба табъ расидааст, ки муаллифи он омӯзгори МТМУ №7 шаҳри Хуҷанд Гулсара Шарифова мебошад. Мазмуну муҳтавои мақола ба тарбияи насли ҷавон ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа бахшида шудааст.
Ҳамчунин дар шумораи сеюми рӯзнома аз санаи 7-уми январи соли 2025 се мақолаи омӯзгорони вилоят ба нашр расидаанд, ки масъалаҳои марбут ба рушди маориф ва тарбияи насли ҷавонро дар бар мегиранд.
Дар рӯзномаи мазкур оид ба фаъолияти олимон ва муҳаққиқони минтақа низ мавод нашр гардида, дастовардҳои илмии онҳо ба ҷомеа муаррифӣ мешаванд. Масалан, дар шумораи чоруми рӯзнома мақола таҳти унвони «Инсони комил ва соҳибмаърифат» чоп гардидааст, ки дар он фаъолияти илмии устоди факултети физика ва техника, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Ғафурҷон Дадобоев мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Муаллифони мақола А.Қаюмзода, М.Шамсидинов, Р.Валиев ва Н.Умаров дар оғози маводи худ чунин менависанд: “Бузургворе илмро бо эҳсоси ишқ муқоиса карда мегӯяд, ки он ноаён инсонро мафтун сохта, ба худ ҷазб мекунад ва сипас ӯро ба масиру пайроҳаҳои гуногун мебарад. Илм дар андешаву афкори инсон ҳама чизро пок намуда, фақат барои афкори илмӣ ҷой мегузорад”.
Таҳлил нишон медиҳад, ки қисми муайяни маводи рӯзнома ба масъалаҳои илмӣ ва маърифатӣ бахшида шудааст. Масалан, дар яке аз шумораҳои рӯзнома мақолаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Садриддин Абдураҳимов ба табъ расидааст, ки ба масъалаҳои рушди саноати кӯҳӣ бахшида шудааст.
Инчунин дар саҳифаҳои рӯзнома мавод дар бораи озмунҳои илмии донишҷӯён, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин дастовардҳои олимони ҷавон мунтазам нашр мегарданд. Ин гуна мавод ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз пешрафти илм дар минтақа огоҳ бошанд.
Омӯзгорони мактабҳо ва устодони донишгоҳҳои вилоят тавассути ин рӯзнома мақолаҳои илмиву маърифатии худро нашр намуда, ҷомеаро бо донишҳои илмӣ ошно месозанд. Давоми соли 2025 зиёда аз 400 мақолаи илмиву маърифатии устодони донишгоҳҳо ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар саҳифаҳои рӯзнома нашр шудааст.
Масалан, дар шумораи 44-ум аз санаи 15-уми апрел устоди Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Сардор Ғуломнабиев мақолаи илмии худро таҳти унвони «Саодати миллат дар маърифат аст» нашр кардааст, ки ба масъалаҳои технологияҳои рақамӣ бахшида шудааст.
Ҳамчунин дар рӯзнома маводи илмии адабӣ низ ҷой доранд. Масалан, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Алиҷон Одинаев мақолаи таҳти унвони «Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ғазалиёти Ҳофиз»-ро дар шумораи 101-ум аз санаи 21-уми август ба нашр расонидааст, ки ба таҳлили осори шоири маъруф Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст.
Дар баробари нашри чопӣ, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” имрӯз фаъолияти худро дар фазои рақамӣ низ густариш додааст. Нашрия дорои сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Тавассути ин саҳифаҳо маводи рӯзнома ба доираи васеи хонандагон пешниҳод гардида, имконият фароҳам меояд, ки мақолаҳои илмиву маърифатӣ на танҳо дар ҳудуди вилояти Суғд, балки берун аз он низ мутолиа шаванд.
Ҳамин тавр, таҳлили фаъолияти рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” нишон медиҳад, ки ин нашрия дар фазои иттилоотии вилояти Суғд на танҳо ҳамчун манбаи иттилооти иҷтимоӣ, балки ҳамчун минбари муҳими тарғиби илму маърифат фаъолият менамояд. Нашри мақолаҳои илмиву маърифатӣ, инъикоси фаъолияти олимон ва муассисаҳои илмӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои фазои рақамӣ ба рушди дониш ва густариши афкори илмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”




