Назаре ба бозтоби маънӣ ва ҷанбаҳои ҳунарии шеъри Давлати Раҳмониён дар ҳошияи китоби “Номаи офтоб”, Душанбе, 2024

 

Дар даврони кунунии рушди адабиёти тоҷик шеъру суханварӣ ба марҳалае ворид шудааст, ки ҷаҳонишавӣ, тағйири ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули шаклу мазмун зуҳури насли шоирони навгӯро ба бор овардааст. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста Давлати Раҳмониён мебошад, ки бо сабки хос, тафаккури амиқи фалсафӣ ва нигариши тоза ба воқеияти иҷтимоӣ дар адабиёти муосири тоҷик мақоми махсусро ишғол мекунад.

Осори ӯ «Растахези рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи нисён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007) «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), «Хотираҳо ва муҳокимаҳо» (2020), «Дар сояи қалам» (2021) ва “Номаи офтоб” (2024) идомадиҳандаи суннатҳои классикии шеъри тоҷик ва ҳамзамон инъикосгари рӯҳия, мушкилот ва ормонҳои инсон дар ҷомеаи имрӯз мебошанд.

Шоир ва муҳаққиқи тоҷик Камол Насрулло аз ашъор ва ҳунари шоирии Давлати Раҳмониён ҳарф зада, ӯро чун ғазалсарои мумтози замон эътироф мекунад ва мегӯяд: “Ӯ кӯшидааст, ки ҳарфаш дар шеър ҳарфи худаш бошад ва хусусиятҳои хоси баёни худро дарёбад”. Муҳаққиқ Ҳасан Ҷӯраев низ зимни омӯзиш ва баррасии мушаххасоти шеъри шоир ба маҳорати ҳунарии ӯ баҳои баланд дода, таъкид мекунад, ки Давлати Раҳмониён “чун суханвари дақиқгуфтору жарфандеш дар интихоби мавзуъ, мазмуну мундариҷа, офариниши сувари хаёл, корбурди саноеи бадеӣ ва ғояи бадеии матни шеър дидгоҳи махсус дошта, эҳтиёткоронаю ҳунармандона ба он мувоҷеҳ мешавад. Бо назокат ва санҷида сухан мегӯяд ва бо ин ҳама бузургворӣ иззатмандона ва хоксорона рӯзгор ва фаъолияти эҷодӣ мекунад”.

Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Матлубаи Мирзоюнус қайд мекунад, ки: “Ҷозибаи шеър натанҳо дар ҳунари халлоқии шеър, балки пеш аз ҳама дар он нерӯи ботинест, ки дар мағз андар мағзи шеър  тору пуд ва рагу пайванди он ҷо гирифтааст, мисли ин ки гармии нафаси гӯяндаро дар қолбади вожаҳо ҳифз кардааст. Дар шеърҳои Давлати Раҳмониён хонанда чунин “гармии нафаси гӯяндаро” эҳсос мекунад ва маъниҳои тозаву мавзӯъҳои муҳими ҷомеаро дармеёбад. Чуноне ки Камол Насрулло қайд мекунад: “Фарогирӣ ва интитхоби мавзӯъҳо аз ҷониби шоир вобастагӣ ба фарохии домани андеша ва доираи бинишу назари ӯ дорад. Ин фарохии андеша ба шоир имкон медиҳад, ки воқеиятҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқиро аз зовияи хоси худ баррасӣ намуда, онҳоро дар қолаби тасвирҳои таъсирбахш ва маъниофар баён созад. Ин аст, мазмуну мундариҷа ва мавзуоти шеъри Давлати Раҳмониён хеле густурда аст”.

Ватан ва ифтихори ватандорӣ. Ин мавзуъ дар эҷодиёти Давлати Раҳмониён ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Дар шеъри шоир дилбастагӣ ба Ватан ҳамчун арзиши муқаддас ва тақдирсоз таҷассум мешавад. Ватан дар тасаввури ӯ бо нозуктарин ва ҳамзамон пурқувваттарин торҳои эҳсоси инсонӣ пайванд гашта, ба пояи худшиносӣ ва ҳастии маънавии шахс таъсир мегузорад. Шоир бо забони дилу ҷон аз Ватан мегӯяд:

Азбас сухани Ватан зи ҷонам хезад,

Ҷон аст, ки медамад ба ҷисми суханам.

Воқеан, имрӯз дар марҳалаи кунунии таърихӣ, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз садсолаҳо истиқлоли давлатии худро барқарор намуд, мавзӯи Ватан дар шеъри муосири тоҷик бо ҷилои тоза зуҳур кардааст. Дар ин замина худшиносии миллӣ, эҳсоси масъулият дар назди сарзамин ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба як унсури фаъол дар тафаккури бадеии шоир табдил ёфтааст.

Тараннуми Ватан дар ашъори Давлати Раҳмониён пеш аз ҳама эъломи мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳасан Ҷӯраев низ ба ин вижагии шеърҳои ватанхоҳонаи шоир ишора карда, мегӯяд: ”Шеъри Давлати Раҳмониён оҳангу навои дигар дорад ва бар дӯш бори маънӣ мекашад. Ватанро бо кулли дороӣ ва табиати пурасрораш дӯст медорад. Ватан рамзи саодат ва сарфарозист ва шоир худро марзбони нангу номуси ин мулки биҳиштосо медонад. Озодиву озодагии инсон ҳам аз осоишу рифоҳияти ҳамин сарзамин маншаъ мегирад”.

Аз нигоҳи ғоявӣ, мазмуни ватандорӣ дар шеъри шоир омодагӣ ба фидокорӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ низ ҳаст:

Беҳин коре, ки танҳо метавон бо нархи ҷон кардан,

Ватандорӣ, ватандорӣ, ватандорӣ, ватандорист.

Ба бовари шоир ватандорӣ масъулият ва рисолати шаҳрвандӣ аст. Шоир бо такрори калимаи «ватандорӣ» таъкид мекунад, ки ҳифзи Ватан болотарин арзиши ахлоқӣ ва инсонӣ мебошад.

Ин ғоя дар мисраъҳои зерин боз ҳам равшантар ифода меёбад:

Агар дасташ биёзад сӯи Меҳан,

Бубояд дасти ғосибро шикастан.

Забони ин гуна шеърҳо қотеъ, тасвирҳо рамзӣ ва пуртаъсир мебошанд ва ба рӯҳияи хонанда ҷасорат, устуворӣ ва омодагии дифоъ аз марзу бумро интиқол медиҳанд.

Метавон гуфт, ки ҷараёни фикр, тафаккур ва ҳунари тасвиргарии Давлати Раҳмониён дар тараннуми Ватан бар пояи ҳамбастагии эҳсос ва андеша шакл гирифта, шеъри ӯро ба як падидаи муҳими худшиносии миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик табдил медиҳад.

Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ. Дар адабиёти муосири мо масъалаи худшиносӣ ҳамчун меҳвари асосии тафаккури адабӣ мавқеъ пайдо карда, шоири маҳбуби мо Рустами Ваҳҳоб худшиносиро яке аз муҳимтарин мавзуъҳо ва ҳамчунин муҳимтарин рисолати адабиёти воломақоми форсии тоҷикӣ шинохта, қайд мекунад, ки “худшиносӣ аз нахустин даврони пайдоиши он то кунун, сарфи назар сайтараи афкору ақоид, сиёсатҳои иҷтимоӣ, инқилобҳои таърихӣ, султаҳои фарҳангӣ ва буҳронҳои маънавии гуногун меҳварияти худро дар матни афкори адабӣ ё худ фалсафаи адабиёт ҳифз намудааст”. Ин андеша имкон медиҳад, ки шеъри Давлати Раҳмониён ҳамчун идомаи мантиқии ҳамин раванд баррасӣ гардад.

Дар ашъори шоир масъалаҳои рӯзмарраи инсон, дарди ҷомеа, худшиносӣ ва ҷустуҷӯи маънӣ бо ҳам омехта шуда, як низоми мукаммали ғоявиро шакл медиҳанд. Шоир бо такя ба таҷрибаи зиндагӣ ва эҳсоси баланди масъулияти иҷтимоӣ тавонистааст мавзӯъҳоро аз баёни одӣ берун бароварда, онҳоро ба тафаккури фалсафӣ ва худогоҳии миллӣ расонад. Аз ҳамин ҷост, ки ватандорӣ дар ашъори ӯ ҷузъи ҷудонопазири худшиносии инсонӣ ва миллӣ маҳсуб мешавад.

Робитаи ногусастании инсон бо хоки аҷдодӣ ва эҳсоси масъулияти таърихӣ муъҷиб мешавад, ки ҳар хонанда дар ин мисраъҳо эҳсосҳои хешро пайдо кунад. Шеърҳои ҳувият ва ифтихори миллӣ дар эҷодиёти шоири хушзавқ аз дӯстдорӣ ва муҳаббати ҷовидонааш нисбат ба меҳани азиз илҳоми тоза ба даст меорад. Бо такя ба андешаи Рустами Ваҳҳоб метавон гуфт, ки шеъри Давлати Раҳмониён дар доираи ҳамон суннати деринаи адабиёти форсии тоҷикӣ қарор дорад, ки худшиносӣ, ватандорӣ ва маърифати арзишҳои миллӣ дар меҳвари он меистанд ва ба тафаккури адабии ҷомеа нерӯи тоза мебахшанд.

Модар, зан ва ҳастӣ. Мирзоҳусайни Бадалипур ҳангоми омӯзиши  мазомини худшиносӣ дар шеъри Давлати Раҳмониён мегӯяд, ки:

“Сурудаҳои Раҳмониён оид ба қадршиносӣ ва қадрдонии модар содаву самимӣ, воқеӣ ва дилнишину дилчаспанд. Шоир ду давраи зиндагии ин сарчашмаи ҳаётбахши инсониро, яке лаззату кайфият, хушҳолӣ ва хушбахтии даврони бо модар будан ва дигаре ғаму андӯҳ ва дарду алами бепоёни баъди марги ӯро дар симои модари хеш ба тасвир меорад” [6]. Бо ҳамфикрӣ бо хулосаҳои Мирзоҳусайни Бадалипур метавонем илова кунем, ки шеърҳои ба модар бахшида шудаи маҷмуаи “Номаи офтоб” бештар дардҳои нотамоми фарзанди модарбохтаро инъикос мекунанд:

Дар пушта қабри модару дар чўби рўи қабр,

Як пора сўфи зард намоён зи роҳ буд.

Наврӯз, баҳор ва зиндагӣ дар шеъри Давлати Раҳмониён ҳамчун рамзи эҳё, идомаи ҳастӣ ва навшавии маънавии инсон мавқеи муҳим дорад. Шоир Наврӯзро ба сифати падидаи фарҳангӣ, фалсафӣ ва шинохти ҳастӣ ба тасвир мекашад, ки он бо мафҳумҳои покӣ, рӯшанӣ ва зиндагӣ пайванди нҷовидонӣ дорад:

Бо гули сурх барфурӯз аз хеш,

Гулхани ҷовидонаи Наврӯз.

Наврӯз дар шеъри шоир рамзи ҳаёт, муҳаббат ва идомаи ҳастӣ аст, ки қудрати зиндагисоз дорад. Ин тасвирҳо ба анъанаҳои рамзии адабиёти классикии мо такя намуда, дар баробари ин бо маънои тоза ва оҳанги муосир ифода ёфтааст:

Имсол, ай баҳор, биë, рӯ ба ман бикун,

Дар ҷони ман барои ҳамеша ватан бикун.

Муколамаи шоир бо баҳор ҳолати интизори маънавӣ ва ниёз ба эҳёро ифода мекунад. Баҳори шоир рамзи умеду бозгашт ба асл мебошад. Наврӯз ва баҳор дар шеъри Давлати Раҳмониён бо мафҳуми зиндагӣ сахт пайванд аст ва бо худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинии инсондӯстонаи шоир омезиш меёбад.

Ишқу садоқат. Ишқ аз оғози ҳастии инсоният баҳонаи зебое барои зистан буд ва то имрӯз низ ҳамин рисолатро ба дӯш дорад. Ба қавли устод Муҳаммадалии Аҷамӣ “аз ишқ ҳар қадар гӯем, боз ногуфта мемонад. Аз ишқ гуфтанд, гуфтем ва боз хоҳанд гуфт. Ҳар кас ишқро дар доираи тавони зеҳни худ мебинад, мепазирад, мешиносад”.  Мусалламан, ин ақида ба андешаи шоир мувофиқ аст, ки ишқ нерӯи ҳаётбахшу таҳрикдиҳандаи маънавӣ мебошад. Дар ашъори Давлати Раҳмониён ишқ асоси ҳастӣ ва зиндагист:

Бар шиори дигаре рабте надорад шеъри ман,

Зинда бодо ишқ! - баҳри ин шиорам зодаанд.

Ин иқрори шоир собит мекунад, ки тамоми эҷодиёти ӯ бо ишқ, муҳаббат ва эҳсоси самимӣ пайванд дорад. Ишқ барои шоир кимиёест, ки дил ва рӯҳи инсонро такмил медиҳад, чунонки дар байти зерин таҷассум ёфтааст:

Ишқи ту кимиёст, ки барги дили маро,

То сиккаи тило шуданаш зард мекунад.

Ҳамчунин, ишқ аз нигоҳи шоир тавони бартараф кардани ҳузн ва пур кардани дил бо нур ва гармиро дорад:

Чун ишқи тоза хайма бизад бар дили ҳазин,

Бар ҳарчӣ ҳузн дошт, дил афшонд остин.

Фалсафаи ҳастӣ. Шеъри Давлати Раҳмониён бо рӯҳияи амиқи фалсафии худ масъалаи ҳастӣ ва маънии зиндагиро бозтоб медиҳад. Шахсияти ғиноии шоир зиндагиро неруи ҷозибадоре мешиносад, ки инсонро ба сӯи камолот мебарад ва дар ҷустуҷӯи пайвастаи маъно, саодат ва ҳақиқат қарор медиҳад:

Ай зиндагӣ, ба бӯи ту ман пир мешавам,

Аз пушти ту давида, нафасгир мешавам.

Шоир зиндагиро як ҷодаи пурталош ва пурдард мешиносад, ки инсон тамоми умр дар ин раҳ шитоб дорад. Шоир ба хонанда таъкид месозад, ки  роҳи наҷотро бояд дар худшиносӣ ва рӯ овардан ба ботини худ пайдо кард:

Дар шаҳри ғуборолуд кас аз дилам огаҳ нест,

Аз чор сӯи ин шаҳр ҷуз сӯи худам раҳ нест.

Қолабҳои шеърӣ ва муҳаббат ба ғазал. Дар эҷодиёти Давлати Раҳмониён тамоми қолабҳои шеърӣ ба чашм мерасанд. Шоир ҳам қолабҳои суннатӣ ва ҳам қолабҳои нави шеъриро ба маҳорати хоса истифода кардааст. Аммо эҳсос мешавад, ки ӯ ба ғазал муҳаббати ҷудогона дорад. Ин муҳаббатро аз миқдор ва мундариҷаи ғании ғазалҳои Давлати Раҳмониён дарк кардан мумкин аст. Худи шоир низ дар нигоштаҳои хеш таъкид кардааст, ки “ғазал зеботарин навъи калом аст”, ва ҳамеша “ ғазали дил, ғазали хун, ғазали сурх” гуфтааст.

Ғазалҳои давлати Раҳмониён аз нуқтаи назари ҳаҷм асосан ба ҳамон анъанаи адабии мавҷуда тобеъ мебошанд ва аксаран 6-7-8 ва гоҳо 9-12 байтро фаро мегиранд.

Бешак, ишқ аз мавзӯоти аввалмақоми ғазал аст. Ин нуктаро Шарифҷон Ҳусейнзода низ қайд карда, таъкид намудааст, ки  “асоси ғазал ҳамоно ишқ ва муҳаббат аст”. Мундариҷаи ғазалҳои “Номаи офтоб” аз эҳсосҳои баланди ошиқӣ, оташи қалби пурсӯз, садоқат ва вафодорӣ, самимият ва зебоӣ саршор мебошанд.

Навандешӣ ва баёну ифодаи тоза. Чуноне устод Камол Насрулло қайд мекунад, “ҷустуҷӯ ва навоварӣ дорои аҳамияти хос дар шеър аст”(66). Ин тамоюл дар ашъори Давлати Раҳмониён ба таври возеҳ мушоҳида мешавад. Ӯ бо истифодаи нозукбинонаи маъно, мувофиқати табиии вожаҳо, баёни фасеҳ, ташбеҳҳои зинда ва таъсирбахш ба шуури хонанда тахайюл ва тасвири дар ёдмонданиро пешниҳод месозад.

Баёну ифодаи тоза ҳамчун унсури асосии ҷаҳонбинии шоир дар эҷодиёти ӯ пайваста ба назар мерасад. Ҳолат, маъно ва баёни андеша дар ашъори Давлати Раҳмониён ҳамеша тоза ва нав буда, хонандаро водор мекунад, ки ба фаҳмиши амиқи ҳаёт ва маънои зиндагӣ бирасад. Шоир бо нигоҳи шоирона ва тахайюли ғайриинтизор тасвир мекунад:

Баҳор дар тағаззулам радиф лола мешавад,

Чакида аст хуни дил ба пардаи хаёли ман.

Шоир бо омезиши фасоҳат, навоварӣ, истифодаи тасвирҳои зинда ва нозукиҳои маъно, хонандаро водор мекунад, ки ба дарки амиқтари воқеият ва арзишҳои зиндагӣ бирасад.

Сувари хаёл ва санъатҳои бадеӣ. Сувари хаёл дар ашъори Давлати Раҳмониён бисёр рӯҳнавоз ва таъсиргузор ҷилва мекунад. Бешубҳа, олами тасвирҳои бадеии ӯ фарохдоман буда, аз поэтикаи ҳуруф оғоз ёфта, то масъалаҳои муҳими ҳунари шеърро дар бар мегирад. Аз калимасозиву ибораороӣ ва таркиббандӣ гирифта, то таносуби ҷузъҳои шеър дар байт, ҳамоҳангии мисраъҳо, мутаносибияти куллии шеър, мувозинати шаклу маъно, ҳусни оғозу анҷом, забон ва фазои эҷодӣ  ҳама бо нозукбинӣ ва маҳорати хос риоя шудаанд:

Андӯҳ чунон теғзан омад, ки ба кӯшиш,

Солим набарам аз кафи ӯ лахти ҷигарро.

Ин таносубу ҳамоҳангӣ чи дар қолабҳои суннатии шеър ва чи дар шаклҳои нави он ба равшанӣ эҳсос мегардад. Метавон гуфт, ки шоир дар баробари навовариҳои маънавӣ, дар тозакориҳои зоҳирӣ низ тавоно буда, ҳунари волои ӯ махсусан дар калимаофаринӣ ва иборасозӣ барҷаста намоён мешавад, ки “сиришкдонакардан”, “тифли ятими ғусса”, “чашми субҳи зиндагии шаб”, “варақи субҳи умед”, “шукуфаи субҳ”, “пари мурғи саҳар”, “сари ангушти марг”, “тоблӯи борон”, “домани рӯз”, “лаби гулғунчаи тар”, “лабони дӯхта”, “дари чашм”, “хатти љалии алифбои ожанг”, “қомати сабзи падар”, “иқболи ишқандӯз“, “яқаи даридаи дил “, “дасти мижа”, “домани дил”, “тифли ятими ғусса” муште аз хирвори пурбор мебошанд.

Яке аз сифоти шеъри Давлати Раҳмониён дар он аст, ки ӯ андешаву афкори худро тавассути тасвирҳо ва санъатҳои бадеӣ ҳунармандона баён мекунад. Мутаваҷҷеҳ мешавем ба байти зер:

Пиндоштам, ки дар таби хокистари дилам,

Сар мекашӣ чу шуълаву хомӯш мешавӣ.

Санъатҳои лафзиву маънавӣ дар ашъори ӯ ҷойгоҳи вижа доранд. Шоир бештар ба санъатҳои маънавие чун ташбеҳ, талмеҳ, ташхис, таззод ва муқобала, ирсоли масал, истиора ва муболиға рӯ меоварад ва онҳоро бо маҳорати баланд ба кор мегирад.

Аз шинохти бозтоби маънӣ ва ҷанбаҳои ҳунарии шеъри Давлати Раҳмониён дар ҳошияи китоби «Номаи офтоб» метавон ба чунин натиҷа расид, ки эҷодиёти шоир дорои ҷаҳонбинии равшан, андешаи амиқи фалсафӣ ва эҳсоси баланди миллӣ мебошад. Мазмуну муҳтавои ашъор бар пояи худшиносӣ, меҳри Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва тафаккури ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо забони фасеҳ ва тасвирҳои тозаи бадеӣ ифода гардидааст.

Ҳамоҳангии маънӣ ва шакл, истифодаи рамзу истиораҳои муассир, образҳои пурҷило ва садоқат ба суннатҳои адабиёти миллӣ дар баробари ин ҷустуҷӯҳои навоварона, шеъри ӯро дорои сабки хос гардонидааст.

Аз ин рӯ, китоби «Номаи офтоб» намунаи камолоти ҳунарии шоир аст, ки  саҳми арзандае дар ғанисозии шеъри муосири тоҷик мегузорад ва арзандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ мебошад.

 

Сурайё Ҳакимова,

номзади илмҳои филологӣ,

“Ҳақиқати Суғд”