- Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи марбут ба соҳа ба роҳ монда, дар ин давра корҳои муайянро ба иҷро расонид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят 315 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 236 муассисаи таҳсилоти томактабӣ тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 67 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо мебошанд.

Дар онҳо 54 ҳазору 82 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли 2026 - ум 8 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 2099 нафар кӯдак зиёд мебошад. Ҳамчунин дар назди 734 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1257 гурӯҳи Марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шуд. Дар ин марказҳо 27 ҳазору 215 нафар кӯдакони синни шашсола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 20,1 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда бо назардошти кӯдакони Марказҳои инкишофи кӯдак ба 30,2 фоиз мерасад.

Дар вилояти Суғд 13 муассисаи таълимии типи мактаб-интернат фаъолият менамояд. Муассисаҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷойгир мебошанд. Онҳо таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони имконияташон маҳдудро ба уҳда доранд. Ҳамчунин ин муассисаҳо хонандагони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимиро таъмин менамоянд. Фаъолияти мактаб-интернатҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, тарбия, нигоҳубин ва рушди ҳамаҷонибаи хонандагон ба роҳ монда шудааст.

Соли таҳсили 2025–2026 дар вилоят 966 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуд. Аз ин шумора 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 845 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ҳамчунин 35 гимназия, 28 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон ва 1 интернати санаторӣ адои фаъолият мекунанд. Дар вилоят 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор мавҷуданд. Дар ин муассисаҳо 593 ҳазору 325 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 290 ҳазору 365 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили 2024–2025 – ум 4 муассисаи таълимӣ ва 15 ҳазору 15 нафар хонанда зиёд мебошад.

Доир ба беҳтар намудани заминаи моддӣ-техникӣ гуфта шуд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 35 иншоот бо 6000 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои мухталиф доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф пешниҳод карда шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”