Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи исломии Алигарҳ дар Ҳиндустон ҳамоиши бонуфузи байналмилалиро таҳти унвони «Чолишҳо ва равандҳои адабии форсӣ дар қарни нуздаҳуми милодӣ дар Ҳинд ва Эрон» баргузор намуд, ки дар он донишмандону муҳаққиқони шинохта аз кишварҳои гуногун гирд омаданд.
Ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш бо рӯнамоии китоби нави профессори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорӣ таҳти унвони «Ҷусторҳо дар адабиёти Ҳинди Бостон» (Алигарҳ, 2026, 298 саҳ.) рангу ҷилои вижа касб намуд.
Ин асар шашумин самари қалами муҳаққиқ аст, ки дар сарзамини Ҳинд бо хатти форсӣ ба табъ расида, пайванди маънавии фарҳангҳои муштаракро боз ҳам равшантар месозад. Дар саҳифаҳои китоб олами печидаву рангоранги адабиёти форсии Ҳинд, вижагиҳои мактаби Ҳинди Бостон ва робитаҳои амиқи адабию фарҳангии миёни Ҳинд ва Эрон бо нигоҳи таҳлилӣ ва диди пажӯҳишгарона бозгӯ шудаанд.
Осори илмии профессор Замира Ғаффорӣ бо забони равону сабки пухта, хонандаро ба ҷаҳони андешаҳои тозаву баррасии амиқ раҳнамун месозад ва дар миёни аҳли илму адаб эҳсоси таваҷҷуҳ ва қадршиносиро бедор менамояд. Нашри чунин китобҳо дар хориҷ аз кишвар гувоҳи эътирофи ҷаҳонии илми тоҷик буда, нақши арзандае дар муаррифии мероси адабӣ ва таҳкими равобити фарҳангӣ миёни миллатҳоро мегузорад.
Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”




