Дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2026-ум дастовардҳои соҳаи таълиму тарбия, омодасозии мутахассисон ва нақшаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои нисбатан ҷавони таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз таъсиси он ҳамагӣ чор сол гузаштааст. Дар ин муддат муассиса тавонистааст марҳилаи муҳими фаъолияти худро тай намояд ва нахустин хатмкунандагони худро ба камол расонад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 214 нафар донишҷӯ муассисаро хатм намуданд, ки ин барои як донишкадаи ҷавон натиҷаи муҳим ва оғози марҳилаи нави фаъолияти он ба шумор меравад.
Ба гуфти масъулон хатмкунандагон давоми таҳсил барномаҳои таълимиро аз худ намуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалиро ба даст овардаанд. Дар баробари ин, то имрӯз 180 нафар аз хатмкардагони донишкада аллакай ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ин нишондиҳанда метавонад яке аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти муассиса дар самти омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ гардад.
Ҳамчунин, 22 нафар донишҷӯёни донишкада пас аз хатми муассиса бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин донишкада таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯйи 26 ихтисос ва дар шаклҳои ғоибонаву фосилавӣ аз рӯйи 19 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишкада беш аз 3300 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон Раҳимҷон Назаров иброз дошт, ки барои соли таҳсили 2026–2027 бо иҷозаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои «Ҳуқуқшиносӣ» ва «Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ» низ ҷорӣ карда шудаанд. Ба ин васила, доираи ихтисосҳои пешниҳодшаванда васеъ гардида, барои довталабон имкониятҳои нави интихоби самти таҳсил фароҳам меоянд.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар шуъбаи рӯзонаи донишкада 84 гурӯҳи академӣ фаъолият дошта, 53 гурӯҳ ба факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ ва 31 гурӯҳ ба факултети забонҳо ва ҷомеашиносӣ рост меояд. Дар шуъбаи ғоибона 53 гурӯҳи академӣ ташкил шудааст.
Теъдоди умумии донишҷӯёни донишкада дар соли таҳсили сипарӣ 3364 нафарро ташкил додааст. Аз ин шумора 2164 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1200 нафар дар шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2025–2026 дар донишкада 158 нафар устодону омӯзгорон ва кормандон фаъолият доштаанд. Аз ин шумора 74 нафар кормандони асосӣ ва 84 нафар муштараквазифа мебошанд. Ба раванди таълиму тарбия 74 омӯзгор ҷалб гардида, дар байни онҳо як нафар доктори илм ва 12 нафар номзади илм, аз ҷумла 10 нафар дотсент, фаъолият мебаранд.
Чор соли фаъолияти донишкада самараи худро дар рушди таълим, омодасозии нахустин мутахассисон, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсилу зиндагии донишҷӯён нишон медиҳад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





