Нависанда ва публитсист Қурбон Алӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба фазои адабии солҳои ҳафтоди асри гузашта бо рӯҳия ва сабки тоза қадам ниҳод. Ошноӣ бо нигоштаҳои публитсистӣ ва бадеии ӯ маълум месозад, ки ӯ бо нигоҳи хос, ҷаҳонбинии фарқкунанда ва тасвири олами зебову рангоранги вижа, дар саҳнаи адабиёт зуҳур кардаст.

Насри муосири тоҷик аз оғози шаклгирии худ зиндагии мардумро дар иртибот бо рӯзгор ва фаъолияти иҷтимоии онҳо ба тасвир кашидааст. Равшан аст, ки ин равияи адабӣ пеш аз ҳама тавассути жанрҳои ҳикоя, қисса, повест ва роман  зуҳур ва густариш ёфтааст.

Зимни баррасии повести «Пораи дили ман»-и Қурбон Алӣ месазад нахуст ба заминаҳои умумии эҷод ва ҷойгоҳи он дар насри муосири тоҷик назар афканем.

Насри тоҷик дар марҳалаҳои гуногуни рушди худ ҳамеша ба тасвири зиндагии инсон, эҳсосу андеша, дарду ормон ва муносибатҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудааст. Дар ин миён, повест ҳамчун жанри миёнаҳаҷм имконият фароҳам меорад, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёт бо амиқӣ ва фарогирӣ бозтоб ёбанд.

Повести «Пораи дили ман» низ дар ҳамин замина падид омада, бо бардоштҳои равонӣ, таҳлили ботинии қаҳрамонҳо ва баёни самимии эҳсосот хонандаро ба ҷаҳони маънавии инсон раҳнамун месозад. Асар масъалаҳои муҳимми ватандорӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва инсониро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, аз арзишҳои масъулияти ҷамъиятӣ, оила, меҳру муҳаббат ва рисолати инсонӣ сухан мегӯяд.

Аз ин рӯ, баррасии ин повест ба шинохти диду ҷаҳонбинии муаллиф ва дарки мавқеи ӯ дар рушди насри муосири тоҷик хидмат мекунад. Нависанда дар ин асар бо такя ба таҷрибаи зиндагӣ ва мушоҳидаҳои амиқи иҷтимоӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамонон Оиша, Диловар, Мухтор, Татяна Григоревнаро бо нозукбинӣ ва ҳисси баланди равонӣ тасвир мекунад. Сужаи асар ба азхудкунии дашти Зафар, ки Зафарободи имрӯза аст, пайванд мехӯрад. Ин асар бо воқеияти зиндагии мардум ва талошҳои иҷтимоии ҷомеа барои сарсабз кардани дашт робитаи устувор дорад. Нависанда зимни бозтоби сужаи асар аз нигоҳи як духтари ҷавон ба масъалаҳо ва мавзуъҳои муҳими замони хеш рӯ овардааст. Бо ҷуръати эҷодӣ ва нигоҳи тоза муаллиф тавонистааст паҳлуҳои пинҳонмондаи зиндагиро ба саҳнаи адабиёт ворид созад.

Дар повест ҷанбаи иҷтимоӣ, ки дар он замон барои ҷомеа арзишҳои муҳим доштанд мавқеи хоса дорад. Муаллиф муносибатҳои инсонӣ ва арзишҳои маънавиро дар меҳвари ҳодисаҳо қарор дода, тавассути сарнавишти Оиша - духтараки сохтмончие, ки диду назарҳои муосир дорад, паёми инсондӯстона ва тарбиявии худро иброз менамояд.

Мусаллам аст, ки ҳар нависанда бо эҷоди асарҳои худ мехоҳад ба хонанда чизе биомӯзад, андешаи ӯро бедор созад ва таваҷҷуҳашро ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳадафҳои олии инсонӣ ҷалб намояд. Аз ин рӯ, дар арсаи адабиёт муаллиф бояд бо масъулияти баланд ва ҷиддияти тамом ба масъалагузорӣ рӯ оварад. Зеро тарбияи завқи эстетикӣ ва маънавии ҷомеа низ то ҳадде ба ҳунару истеъдоди нависанда вобаста аст.

Ҳунар, тахайюли ғанӣ ва рӯҳи ҷӯяндагиву эҷодии Қурбон Алӣ дар ин повест ба хонанда имкон медиҳад, ки дар ҷаҳони нотакрори тасвирҳои бадеӣ орзуву ормонҳои худро пайдо кунад. Осори ӯ бо тозагии андеша ва ҷустуҷӯи маънӣ хонандаро ба дарки амиқтари моҳият ва арзишҳои зиндагӣ раҳнамун месозад. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ низ бо ишора ба ҳамин рӯҳи ҷӯяндагӣ таъкид намудааст, ки адабиёт ҳамеша дар ҳаракат аст ва онро маҳз санъаткорони ҷӯяндаву ёбанда пеш мебаранд. Муҳаммадҷон Шакурӣ қайд мекунад, ки агар нависанда бо ҷустуҷӯҳои пайваста нигоҳи худро ба моҳиятбинӣ одат дода тавонад ва амиқи бинишашро густариш бахшад, дар адабиёт мавқеи шоиста касб хоҳад кард. Устод зикр кардаанд, “барои нависандаи соҳибистеъдод доштани диди тоза, забони фасеҳу балоғатманд, каломи хушоҳанг ва зеҳннишин, мантиқи устувор ва вусъати назар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аммо аз ҳама муҳим, ҷанбаи иҷтимоии эҷод аст, ки асарро бо воқеияти зиндагӣ мепайвандад ва онро ба оинаи равшани дарду ормонҳои ҷомеа табдил медиҳад”. 

Зимнан гуфтанист, ки маҳз интихоби дурусти вожаҳо ва корбурди ба мавқеи онҳо маҳорати нигорандагии нависандаро муайян менамояд, зеро услуб ва ҳунари нависандаро дар қатори ғоя  ва образ забони осори ў муайян мекунад ва профессор Матлубаи Мирзоюнус низ таъкид кардааст, ки  “забони асари бадеӣ аз муҳимтарин нишондиҳандаи услуб аст ”.

Яке аз хусусиятҳои муҳими нигориши Қурбон Алӣ соддагии зоҳирӣ ва умқи маъност. Забони асар равону фасеҳ буда, аз ибораву таркибҳои халқӣ, воҳидҳои фразеологӣ ва тасвирҳои образнок ғановат ёфтааст. Ин омезиши забони адабӣ бо унсурҳои гуфтугӯйӣ ба матн самимият бахшида, онро ба зиндагии воқеӣ наздик месозад. Чунончӣ ин самимиятро дар ҷумлаи зер мебинам:

“Рости гап, шароити кор душвор, имрӯз ҳа гӯию фардо лиққаскунон ғайбзанӣ намешавад”.

Тахайюли эҷодии нависанда бештар дар офариниши симоҳои таъсирбахш ва саҳнаҳои хотирмон зоҳир мегардад:“Ҳаво чун дами танӯр тасфон. Осмон мисин метофт ва хуршед дар гунбади сипеҳр ноҷунбон истода нур мепошид. Андовагарон имрӯз, ҳатто ба берун набаромаданд”.

Дар повести “Пораи дили ман” ҳолатҳои равонӣ, дарду изтироб, орзуву ормон ва бархӯрди андешаҳои қаҳрамонон бо маҳорати баланд бозофарӣ мешавад. Тасвирҳо рангоранг ва пуртаъсир буда, хонандаро ба ҳамдардӣ ва ҳамфикрӣ водор месозанд. Чунончӣ дар пораи зерин ин маҳорати нигорандагии муаллифро мушоҳида кардан мумкин аст:

“-Орзу чист: пурсид аз худаш.- Магар танҳо он чизест, ки шахсан ман мехоҳам? Ё орзу ҷамъ-ул-ҷамъ ҳосили ноаёнест, оянда  бо кӯшишоти коллектив, муҳит ба амал меояд ва аз он ман бештар баҳравар мешавам, сарбаланд мегардам”.

Зарбулмасалу мақол, яке аз ҷанбаҳои муҳим асарҳои нависанда аст, зеро истифодаи шеваҳо ва тарзи баёни осон ва зебоии мақол маъниро ба хонанда аниқ ва равшан расонида, ба матн рангу бори хос мебахшад.

Дар повести “Пораи дили  ман” зарбулмасалҳои тоҷикӣ бо истифодаи ҳунармандона имтиёз дорад ва маъниву тасвирро муассир месозад. Муаллиф зарбулмасалу мақолро ба ду шева истифода мекунад. Аввалан зарбулмасалҳо айнан аз забони қаҳрамон истифода мешаванд ба мисли “мушро ҷонканиву гурбаро бозӣ”, ”аввал бубин ҷои худ баъд бимон пои худ”, “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”,  “усул ба дасти нақорачӣ”, “нияти нек нисфи мол”,  “аз карнайчӣ як пуф”, сониян нависанда барои муассири баён маколҳои халқиро бо каме тағйир ва ё овардани мазмуни он истифода мекунад, масалан дар пораи зерин мақоли “сар кафад зери тоқӣ” аз он сабаб, ки гӯяндаи  зарбулмасал зан аст ба “сар кафад зери дурра” гуфта шудааст: “Зуволаи мо як ҷо набудааст. Сар кафад таги дурра-дия, майлаш. Чӣ кунам, либоси бахт ба қадам кутоҳ будааст”.

Истифодаи чунин масалу мақолҳо дар осори нависанда ба сухан таъсир, равонӣ ва ҷозибаи хос мебахшад. Ҳар яке аз онҳо маънии амиқ дошта, бо чанд калима таҷрибаи тӯлонии мардумро ҷамъбаст мекунад.

Барои нозук, рангинӣ ва ҷаззобияти тасвири воқеаҳои асар ба истифодаи ҳунармандонаи воҳидҳои фразеологӣ низ алоқаманд  аст. Маҳз ҳамин имконияти  пурғановати забон тарзи баёни нависандаро нотакрор сохта, суханро таъсирбахш ва пурмаънӣ сохтааст.

Бояд гуфт, ки воҳидҳои фразеологӣ дар шаклгирии услуби инфиродии муаллиф нақши муассир доранд. Истифодаи ҳунармандонаи муродифоти воҳидҳои фразеологӣ барои ғановат бахшидан ба матн, ҷилавгирӣ аз такрори маъно ва таъмин намудани равонии баён хидмати арзанда анҷом медиҳад. Маъмулан, шоирону нависандагон барои афзун сохтани ҷаззобият ва бадеияти тасвир ба силсилаи муродифоти фразеологӣ рӯ меоранд, то сухан ҳам рангоранг ва ҳам таъсирбахш гардад.

Дар “Пораи дили ман” низ истифодаи фаровон аз воҳидҳои фразеологӣ вижагии сабкии муаллифро бозгӯ мешавад. Қурбон Алӣ  ба василаи воҳидҳои фразеологии “аспи ман зин кардагӣ”, “ба духтар чашм ало накун”, “баҳри дилам кушода шуд”,  “гиреду нагиронед”, “нӯги калобаро гум накун”, “дилҳо занг задагӣ” ва ғайраҳо ба мазмун муассирӣ ва ба тасвир ҷаззобияти бештар бахшидааст.

Чунончӣ дар тасвири зерин муаллиф мегӯяд: “Дилҳо занг задагӣ, занги дилҳоро равонем, ягон оҳанг навозем,- таклиф кард Диловар”. Мусаллам аст, ки калимаи «занг задан» дар маънои луғавӣ ба ашёҳои оҳанин дахл дорад, вақте ки онҳо аз таъсири вақт ё намӣ фарсуда мешаванд. Дар ин ҷумла «дилҳо занг задагӣ» ба маънои хастагӣ, дилгирӣ, якнавохтӣ ё кам шудани шодиву рӯҳия истифода шудааст. Диловар пешниҳод мекунад, ки барои рафъи дилгирӣ ва зинда кардани рӯҳия ягон оҳанг навохта шавад, то ки дилҳо шод гарданд. Воҳиди фразеологии «дилҳо занг задагӣ» дар ҷумла ба маънои маҷозӣ омада, ҳолати дилгирӣ ва хастагии рӯҳии одамонро ифода мекунад ва ба нутқ таъсирнокӣ ва образнокӣ мебахшад.   Воқеан, дар солҳои охир таваҷҷуҳи забоншиносон ба баррасии масъалаҳои муродифоти фразеологӣ ва нақши онҳо дар густариши имконоти услубии матни асарҳои назмиву насрӣ бештар гардидааст.

Қурбон Алӣ дар корбурди муродифот низ маҳорати хуб нишон дода, вожаҳо ҳамеша бо мавқеъ истифода шудаанд.

Муродифҳо яке аз воситаҳои муҳими ғанӣ гардондани забон ба шумор мераванд. Муродиф калимаҳо ё ибораҳое мебошанд, ки маънои ба ҳам наздик доранд, аммо аз ҷиҳати тарзи баён, тобиши маъно ва хусусияти услубӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Бидуни шак, истифодаи муродифҳо ба нутқ равонӣ, гуногунрангӣ ва муассирӣ мебахшад. Нависандагон бо ёрии муродифҳо метавонанд фикру андешаи худро дақиқтар ва пурмазмунтар ифода намоянд.

Дар осори нависандаи тоҷик Қурбон Алӣ истифодаи ҳунармандонаи муродифҳо хеле фаровон ба назар мерасад. Ӯ бо интихоби калимаҳои ҳаммаъно тавонистааст нутқи қаҳрамонон ва тасвири воқеиятро табиӣ ва ҷолиб нишон диҳад. Масалан, барои ифодаи ҳолати рӯҳӣ ё тавсифи табиат нависанда аз як қатор калимаҳои ба ҳам наздик истифода бурда, маънои матнро ғанӣ мегардонад. Ин тарзи баён ба хонанда имкон медиҳад, ки мазмуни асарро амиқтар дарк намояд.

Зимнан аз истифодаи муродифоти ҷуфт низ низ бояд ёдрас шуд. Истифодаи  ду вожаи наздикмаъно дар як ҷоягӣ ба муассирии тасвир ва мўҳтавои матн таъсири амиқ дорад. Дар сурати истифодаи яке аз вожаҳои муродифи ҷуфти мазкур маъно тағйир намеёбад, вале ҷумла - мавзунии баён, мўҳтаво - таъсири сухан ва тасвир - ҷозибияти  хешро гум мекунад. Чуноне ки мебинем, ин ду вожаи наздикмаъно дар якҷоягӣ ба муассирии тасвир ва мўҳтавои матн таъсири амиқ дорад: “Ту ба ҳар ҳол умедвори раҳму шавқат мешавӣ”. Дар сурати истифодаи яке аз вожаҳои муродифи ҷуфти мазкур “раҳму шавқат” маъно тағйир намеёбад, вале ҷумла мавзунии баён, мўҳтаво таъсири сухан ва тасвир љозибияти  хешро гум мекунад. Чунон ки мушоҳида мешавад, ҳамнишинии ду вожаи наздикмаъно дар як сохтор ба нерумандии тасвир ва ғановати муҳтавои матн таъсири чашмрас мерасонад. Агар танҳо яке аз ин муродифҳо ба кор равад, маънои умумӣ халал намеёбад, аммо оҳанг, мавзунӣ ва шевогии баён коста мегардад. Дар натиҷа, сухан аз таъсирнокӣ ва тасвир аз ҷозибаву рангорангии худ маҳрум мешавад.

Ба ибораи дигар, қувваи бадеии ҷумла дар маъно ва дар ҳамоҳангии унсурҳои луғавӣ таҷассум ёфта,  маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ суханро зиндаву таъсирбахш месозад.

Дар насри Қурбон Алӣ корбурди санъатҳои бадеӣ фаровон ба назар расида, равонии баён тавассути унсурҳои санъати саҷ таъмин шудааст. Ҳамзамон бо истифодаи санати такрор хушоҳангии калом муҳайё шудааст. Яке аз вижагиҳои сабки нависанда такрори калима мебошад, ки дар повести “Пораи дили ман” бо касрати истифода имтиёз дорад. Чунончӣ: “Ман дар хона шишта-шишта омадам”, “Аз паси хонаҳои якқабата иморатҳои баланд-баланд ва идораҳои бошукӯҳ  намудор буданд”, “Дили Татяна Григоревна пур –пури дард буд”.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки дар ин повест муаллиф ба санъати ташбеҳ таваҷҷуҳи хоса дорад ва бо шеваву баёни нав аз ин санъати бадеӣ истифода мекунад. “Вале дили худаш чун барги бед меларзид”, “Истед, ман фароям, ширеш барин начаспед, рӯлу педалашро кӯр ҳам медонад”,  “ҳай-ҳай, зоғчабарин сиёҳ шуда рафтед” “соябон тахтаи сандалии тасфон барин нафасашро мегардонд”, “педал ба мисли  отшакоби мисгарон сӯзон буд.

Истифодаи ҳунармандона аз ташбеҳ дар повести мазкур барои равшану муассир ифода гардидани ҳолати қаҳрамонҳо, муҳити атроф ва ҷараёни воқеаҳо хизмат карда, муаллиф бо муқоисаҳои ҷолибу образнок матнро ғанӣ месозад, ба он ранги бадеӣ мебахшад. Ташбеҳҳои эҷодшуда нишон медиҳанд, ки нависанда бо истифода аз унсурҳои забони зинда ва тасвирҳои равшан тавонистааст фикру ҳиссиётро ба таври муассир ба хонанда расонад.

Метавон гуфт, шеваи нигориш ва тахайюли эҷодии Қурбон Алӣ дар «Пораи дили ман» бо самимият, бадеияти баланд ва таҳлили амиқи равонӣ фарқ карда, мақоми ӯро ҳамчун нависандаи ҷӯянда ва дорои диди тоза собит месозад. Ӯро аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷаста ва таъсиргузори насри солҳои 70-80-уми асри гузашта шинохтан мумкин аст. Осори ӯ бо андешаи амиқ, ҷустуҷӯҳои пайгиронаи эҷодӣ ва навоварии ҳунарӣ фарқ карда, мақоми хоси ӯро дар фазои адабии замонаш муайян месозад.

Гарчанде умри ӯ тӯлонӣ набуд, дар ҳамин фурсати кӯтоҳ тавонист рисолати эҷодии худро ба шоистагӣ анҷом диҳад ва бо офаридани асарҳои арзишманд дар ганҷинаи фарҳанги миллӣ нақши мондагор гузорад. Мероси адабии ӯ имрӯз низ аҳаммияти худро ҳифз намуда, ҳамчун намунаи ҳунари воло ва садоқат ба сухан мавриди қадршиносӣ қарор дорад.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”