Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар доираи ҳамкориҳо бо муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои кишвар китоби нави илмӣ ба табъ расонид. Китоб бо номи «Шохи наботи Ҳофиз» ба дасти хонандагон пешниҳод гардида, ба омӯзиши осори Ҳофиз бахшида шудааст.

Китобро дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Муътабар Бобоева таҳия ва шарҳу тавзеҳ додааст. Ба он инчунин пешсухани профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода ҳамроҳ буда, таҳрири илмиро Баҳроми Раҳматзод анҷом додааст.

Асари мазкур, ки ба қалами Муҳаммадризо Барзгар Холиқӣ тааллуқ дорад, дар муҳити илмии Эрон маъруфияти зиёд дошта, ҳамчун яке аз шарҳҳои муосири осори Ҳофиз арзёбӣ мешавад. Муаллиф дар он кӯшиш кардааст, маъноҳои ашъори шоирро сода ва барои доираи васеи хонандагон дастрас намояд.

Дар нашри тозаи тоҷикӣ шарҳи интихобии 40 ғазали Ҳофиз гирдоварӣ шуда, бори аввал дар Тоҷикистон ба табъ расидааст. Ҳангоми омодасозии он усули кори муаллифи аслӣ риоя гардида, матни ғазалҳо, шарҳи луғат ва истилоҳот, инчунин истинодҳо ба манбаъҳои илмӣ нигоҳ дошта шудаанд. Таҳиягар баъзе тавзеҳоти иловагӣ низ пешниҳод кардааст.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”