Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Шоҳбайти сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба хотир овардаму ҳавасе пайдо гардид, ки оид ба таърихи халқи тоҷик, рӯзгори бузургони давр, шуҳрати  имрӯзи онҳо дар саросари ҷаҳон чанд саҳфаеро варақгардон намоям. Тавре дар расонаҳо қайд шудааст: Таърих илмест, ки дар он ҳодисаҳои гузаштаи дуру наздик ва имрӯзаи халқу миллатҳо инъикос меёбад... Таърих гузаштаи рӯзгор аст. Ҳар як халқ онро ба тарзҳои гуногун, бо пастию баландиҳои зиёд паси сар кардааст. Халқи тоҷик низ ин раванди таърихро дар муборизаҳо бо аҷнабиён ва дар дигар набардҳо сипарӣ намудааст. Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, халқи тоҷик таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад”. Аммо халқи тоҷик дар ҳамин қадар набардҳо шикаст нахӯрд, балки ӯ тавонист, ки ба атрофиён фарҳанги худро муаррифӣ кунад, ҳамкорӣ намояд ва дар натиҷа маърифату маорифпарварии худро, бартарии илму адабро ба онон собит сохта, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ворид намуд.

Саҳифаҳои таърихро варақгардон менамоем ва мебинем, ки гузаштагони мо на бо ҷангу дастбагиребон гардидан, балки бо роҳи илмомӯзӣ, рушди самти кишоварзӣ, бунёду ободонии шаҳру деҳот, ба монанди Самарқанду Бухорову Хуҷанду Ҳирот, эҷоди яке аз қадимтарин китоби мӯътабар – “Авесто”, бо фарзандони барӯмандаш, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва ҳоло қаҳрамонони давр – Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафурову Шириншоҳ Шотемуру Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон миллатрову забону урфу одати аҷдодиро ҳифз карданд ва шуҳрати ҷаҳонӣ гирифтанд. Аз ин рӯ, дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид муҷассамаи чор нафар олими бузурги форсу тоҷик – Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шудааст, ки ҳар яке дар соҳоти мухталифи илм шӯҳратёр гардида буданд.  

Боиси ифтихору сарфарозист, ки тоҷикони мо то ҳол дар рушди илм, санъат ва дигар самтҳои ҳаётан муҳими кишвар саъю талош доранд ва айни замон натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ шуҳратёр гардидаанд. Ҳоло аз боғи чаманзори илму маърифат аз ному насаби чанд нафар олимон ёдовар шуданием, ки бо фаъолияти олимонаи худ ба саросари ҷаҳон халқи тоҷикро муаррифгар шудаанд. Воқеан, бузургӣ, дарки маънӣ, сеҳри қалам, дониши қавӣ ва заковатмандию хирадмандии халқи тоҷик аст, ки дар саросари олам бо кашфиёти хеш, тадқиқоти илмӣ, санъати бадеӣ, ҳунармандӣ ва варзиш мақоми хосаеро ишғол намудаанд.  

Чунончи, таҳти роҳбарии олими тоҷик, айни ҳол сокини давлати Канада Мақсуд Саидаминов як гурӯҳи олимони давлати Канада тадқиқоти илмӣ гузаронидаанд, яъне бо усули нав монокристаллҳои баландсифатро истеҳсол намудаанд ва тадқиқоти кимиёвии онон муқоваи моҳи октябрии маҷаллаи илмии маъруфтарини ҷаҳон - Nature Synthesis - ро зеб бахшидааст. Нашр гардидани мавод дар ин маҷаллаи сатҳи ҷаҳонӣ дастоварди бузурги олим маҳсуб меёбад.

Аслан Мақсуд Саидаминов зодаи шаҳри Исфара буда, падараш профессор Исматбой Саидаминов дар замонаш муаммоҳои баҳри Аралро аз худ кардааст. Дастоварди нахустини Мақсуд Саидаминов ҳанӯз дар овони мактабхонӣ оғоз гардида буд. Номбурда ҳанӯз дар синфи 7-ум таҳсил дошту дар олимпиадаи фанни математика ҷойи аввалро ишғол карда, дар ду соли минбаъдааш аз фанни кимиё ғолиби олимпиадаҳои миллӣ гардидааст. Дар олимпиадаи байналхалқии ба номи Менделеев бошад, соҳиби медали биринҷӣ шуда, барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов роҳхат гирифта, пас аз хатми боргоҳи илмӣ унвони докториро лоиқ шудааст.

Аввалин дастоварди илмии хатмкунандаи Донишгоҳи Гарвард Мақсуд Саидаминов ҳанӯз соли 2015 ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар Донишгоҳи Шоҳигарии Абдулло аз рӯи илм ва технология дар Арабистони Саудӣ зери роҳбарии профессор Османа Бакра сурат гирифта буд. Он замон ба олими ҷавон муяссар гардид, ки истифодаи навъи минералҳоро ҳангоми омода сохтани батареяи офтобӣ ба роҳ монад. Худи ҳамон сол дар конференсияе, ки дар Швейсария баргузор шуд, доири мавзӯи мазкур М. Саидаминов маводи илмии хешро пешниҳод сохт. Ба кори илмиаш олимон ва профессорон аз Донишгоҳи Викторияи Торонто иштиёқ пайдо карданд.

Айни ҳол Мақсуд Саидаминов дар Канада кор ва зиндагӣ дорад. Ӯ роҳбари илмии ташаббускорони материалҳои функсионалӣ ва дотсенти кафедраи химия, электроника ва коммуникатсияи муҳандисӣ дар Донишгоҳи Викторияи Торонто мебошад. М. Саидаминов борҳо чун олими варзида шинохта шуда, беш аз 20 ҳазор маротиба мақолаҳои илмиаш дар санҷишгоҳҳои илмӣ истифода шудааст. Шореҳи илмии Research.com олими тоҷикро “ситораи тулӯъкунандаи илм” номидааст.

Беш аз 130 мақолаи илмии М. Саидаминов дар маҷаллаҳои машҳуртарини дунё нашр гардидааст. Худи ӯ бар иловаи вазифааш муовини сармуҳаррири бахши тақризии маҷаллаи илмии ACS Photonics мебошад.

Тибқи маълумоти Google Scholar феҳристи дастоварди олимони шӯҳратёфтаи ҷаҳонӣ ҳамагӣ ба 16 хол расида бошад, комёбии олими тоҷик М. Саидаминов беш аз 68 хол ба қайд гирифта шудааст.

Воқеан, аз сарзамини офтобии Тоҷикистон олимони зиёде дар саросари ҷаҳон кору фаъолият мебаранд ва онон дар соҳаҳои мухталифи илмӣ хизмати арзанда намуда, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Баъзе аз эшон дар Ватани худ фаъолиятро оғоз намуда, алҳол дар донишгоҳҳои ҷаҳонӣ бо тадқиқоти илмӣ машғуланд. Масалан, олими тоҷик Зулфиёр Бахтиёров кори илмии хешро дар соҳаи ҷуғрофия дар Донишгоҳи Кембриҷ идома дода истодааст. То ин дам олими 30 солаи тоҷик ба мавзӯи тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, Гурҷистон, Хитой ва Туркия машғул гардида, дар байни олимони ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол кардааст.

Ӯ дар Донишкадаи технологияи кимиёвии ба номи М. В. Ломоносов дар Москва, Пажӯҳишгоҳи илмии Тоҷикистон, Донишкадаи экология ва ҷуғрофияи Синтзян ва Донишгоҳи Юннани Хитой фаъолияти илмӣ бурдааст. Зулфиёр Бахтиёров муаллифи мақолаҳои илмие мебошад, ки дар маҷаллаҳои байналмилалии ҷаҳон нашр гардидааст.

Кимиёшиноси ҷавон Хурсанд Ёров дар Оксфорди Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир фаъолият мебарад. Мавсуф дар мавзӯи “Дунёи нанотехника” корҳои илмӣ бурда истодааст. То ин дам ӯ дар Донишгоҳи шоҳигарии Абдуллои мамлакати Арабистони Саудӣ дар мавзӯи “Илм ва технология” рисолаи илмӣ анҷом додааст.   

Ҷавони исфарагӣ, математики шинохта Муртазо Назаров, дотсенти кафедраи технологияи информатсионии Донишгоҳи Упсали Шветсия мебошад. Донишгоҳи мазкур яке аз калонтарин муассисаи таълимӣ буда, дар он олимони шинохта фаъолият бурдаанд. То ин дам М. Назаров дар Донишгоҳи Техасси Иолоти Муттаҳидаи Амрико фаъолияти илмӣ дошт. Доираи мавзӯъҳои илмиаш васеъ буда, аз фанни риёзӣ то таркиби термоядроӣ ва ҷараёни турбулентиро фарогир аст.

Олимону мутахассисони варзидаи тоҷик натанҳо дар беруни кишвар, балки дар донишгоҳу корхонаву ташкилоти ҷумҳурӣ низ фаъолияти густурда дошта, бо донишу заковати хеш дар озмуну олимпиадаҳои илмӣ ширкат варзида, миллати тоҷикро дар ҷаҳон шуҳратёр намудаанд. Масалан, моҳи апрели соли 2025 чашмпизишки тоҷикистонӣ Парвина Мираҳмадова дар шаҳри Лондон соҳиби се мукофоти асосии “Major Awards” – и шоҳзода Йорская Сара Фергюсен гардидааст. Чанде дигар олимони машҳури ҷаҳон дар сарзамини офтобӣ кору фаъолияти густурда доранд, ки яке аз онон мутахассиси илми физика – математика Сабур Абдуллоев мебошад. Ӯ донандаи илми физикаи атмосферӣ, метеорология ва климатологияи Тоҷикистон мебошад.

Парвина Мираҳмадоваи тоҷикистонӣ аз байни давлатҳои Осиёси Миёна ягона дар озмуни байналмилалии “The Wjmen Changing The Word Awerd” ширкат варзида, мақоми аввалро соҳиб гашт. Ӯ дар се бахш – “Industry Awerd Women ln Helth”, “Tech innovation Avard” ва “innovation Avard” иштирок карда, барои инноватсияи технологӣ аз рӯи барномаи “Women in Health” (занон дар доираи тандурустӣ) ҷойи дуюмро сазовор гардидааст. Дар ин озмуни байналмилалӣ аз 55 мамлакати ҷаҳон чашмпизишкон ширкат варзиданд ва Парвина Мираҳмадова ягона аз Осиёи Миёна буд. 

Табиб Ҷовид Зарифов зодаи Тоҷикистон дар сабқати беҳтарин дандонпизишкони Федератсияи Русия дар пойгоҳи тиббии “Про докторов” аз байни 168 нафар довталаб сазовори Шоҳҷоиза гардид. Ҷовид навиштааст, ки дар ин пирӯзӣ, албатта, заҳмати падар бештар аст. Қиблагоҳиаш Акбар Зарифов аз зумраи дандонпизишкони номии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Чунин аламбардорон, олимони шуҳратёфтаи ҷаҳонӣ ҳам дар ҳудуди кишвар ва ҳам берун аз он зиёданд, ки бо донишу заковатмандии хеш ҷаҳонро тасхир намудаанд, ки мо айни ҳол чингиле аз он боғи маърифат овардем.

Ҳамчунин аз сарчашмаҳо ва баъзе маводи сомонаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки миллати тоҷик на танҳо бо дониш, таҳқиқу тадқиқотҳои илмӣ, бо риёзидониву кимиёшиносӣ, балки ҳунармандиву варзишӣ низ дар ҷаҳон шинохта гардидаанд. Дар анҷоми мавод бо истифода аз сарчашмаҳо бо овардани ному насаби чанд варзишгаре, ки бо ҳунари худ дар миқёси олам аламбардори миллати тоҷик гардидаанд, ёдовар шуданием. Чунончи, футболбози тоҷикистонӣ Парвиз Раҳматов барои идомаи бозӣ ба дастаҳои Азия ва Италия пешниҳод гардида буд, аммо ӯ бо маслиҳати аҳли пайвандонаш лигаи франсузии D 1 – ро интихоб кардааст.

Муҳиддин Абдуллоев дар байни ҷавонон қаҳрамони ҷаҳон дониста шуд. Ӯ дар финал, нимфинал ва чорякфинал ба намояндагони Ҷопон ва Алҷазоир ғолиб омада, дар даври дуюми бозии варзишии ҷудо ба намояндаи Ӯзбекистон ва дар даври дигар ба ҷавони амрикоӣ зафарёб гардида, соҳиби медали тилло шудааст. 

Абераи ҳунармандони шинохтаи арсаи Тоҷикистон ва берун аз он - бастакори номӣ Толиб Шаҳидӣ ва дигаре Абдураззоқовҳо – Беҳном Раззоқӣ дар муҳорибаҳои варзишӣ чор маротиба Чемпиони ҷаҳон ва Аврупоро сазовор шудааст. 

Чунин муваффақияти тоҷиконро дар ҳамаи соҳаҳо метавон боз ҳам номбар кард, аммо бо ҳамин иктифо карда, фахр аз он менамоем, ки ҷавонони имрӯз ватандӯстону аламбардорони фардо ва идомабахши кору пайкори гузаштагонанд. Ва дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳар яке кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки Ватани азизи хешро парасторӣ намоянд ва шӯҳраташро чун пешиниён ҳифз намоянд.

Чуноне дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ҷавонон, қувваи бузург будани онон, ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа, нақши онон дар пешрафти кишвар чунин қайд кардаанд: “Ҷавонони боистеъдоди мо, ки дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишварҳои пешрафта таҳсил мекунанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, мояи ифтихори миллатанд. Онҳо бояд дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро барои рушди Ватани азизамон равона созанд”.

 

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”