Нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои бадастомада ва самтҳои афзалиятноки рушди маориф бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва фаъолони соҳа баргузор гардид.

Сардори Раёсати маориф Гулсара Мирзозода иброз дошт, ки аз ҷониби Раёсат ба масъалаи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи  собиқадорони соҳа аҳамияти махсус зоҳир намуда, аёдати мунтазами омӯзгорони собиқадорро  бо мақсади қадршиносии таҷрибаи бисёрсола, ҳамчунин саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳа ба роҳ мондааст.

- Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 90 довталаб, аз ҷумла 18 нафар дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 24 нафар дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва 24 нафар дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва 24 нафари дигар дар  номинатсияи адабиёти ҷаҳон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта аз онҳо, 24 нафар, аз ҷумла 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 6 нафар ҷойи якум 10 нафар ҷойи дуюм ва 7 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, - иброз дошт Гулсара Мирзозода.

Қайд гардид, ки дар миқёси вилоят 307 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 232 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 63 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхона фаъолият дошта, 51 ҳазору 983 нафар кӯдак бо таълиму тарбия фарогир шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4909 кӯдак зиёд мебошад.

Ҳамасола дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” аз рӯи 5 шарт гузаронида мешавад. Соли сипарӣ мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №3-юми шаҳри Хуҷанд Парвина Абдураҳмонова иштирокчии даври ниҳоии озмун ва сазовори унвони “Мураббии соли Тоҷикистон - 2025” гардид.

Бояд иброз дошт, ки соли таҳсили 2025 – 2026 дар ҳудуди вилоят 965 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 593 ҳазору 325 нафар, аз ҷумла 290 ҳазору 365 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 муассисаи таълимӣ ва 15 ҳазору 15 нафар хонанда зиёд мебошад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва таваҷҷуҳи махсус ба  масъалаи илму маориф далели равшани дастгирӣ ва ғамхории давлат нисбат ба омӯзгорон арзёбӣ гардид. Боиси хушнудию сарфарозист, ки нишасти навбатӣ бо нишон додани видеоролик ва слайдҳо аз фаъолияти кормандони соҳа ва муваффақиятҳои онҳо хотирмон гузашт.  

Рӯзноманигорон дар фарҷом ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”