Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 1969 таъсис ёфта, барои омӯзиши масъалаҳои шӯрии хокҳо ва баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳои қисмати шимолии Тоҷикистон машғул мебошад. Стансия дар мувозинати худ 4 гектар замин дорад, ки аз он 2,7 гектар замини корам буда, барои корҳои илмӣ-таҷрибавӣ истифода мешавад.
-Равияҳои таҳқиқотии стансия дар соҳаҳои хокшиносӣ, агрокимиё, мелиоратсия ва микробиология буда, аз омўхтани хусусиятҳои биологии хок, тавсифи агрокимиёвии он, баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва коркарди меъёрҳои самарабахши истифодаи нуриҳо, ҳифзи хок аз таназзулёбӣ, мелиоратсия ва физикаи хок иборат мебошад,- гуфт Обломурод Қаробоев роҳбари стансия.
Мавсуф зикр кард, ки ходимони илмии стансия аз рӯйи барномаҳои бисёрсола, ки ба мавзӯи муайян бахшида шудааст, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 7 барномаи бисёрсола дар амал татбиқ шудааст. Барномаи охирин “Омўзиши сабабҳои таназзулёбии хокҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва роҳҳои барқароркунии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим” буд, ки давоми солҳои 2021-2025 амалӣ гардид.
-Гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар стансия самтҳои худро дорад. Ба монанди, суръат бахшидан ба инкишофи пешравии илму техника дар соҳаи хокшиносӣ, кимиёи агрономӣ, мелиоратсия, экологияи агрономӣ, таҳия ва татбиқи низоми хокҳифзкунандаи зироатпарварӣ; коркарди илмӣ, пешбиниҳои илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ, ҳамчунин барномаҳои умумӣ доир ба инкишофи истифодаи захираҳои замин, дар соҳаи зироатпарварӣ; машваратҳои илмӣ-методӣ оид ба таҳқиқи хок, инчунин андешидани тадбирҳои зидди таназзулёбӣ ва ғайра мебошад, - шарҳ дод Довуд Бадалов котиби илмии стансия. Ҳамзамон, стансия ба омўзиши дастовардҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ ва рушди илми хокшиносӣ машғул мебошад.
-Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд бо институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои кишоварзӣ ва филиалҳои онҳо, раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, раёсати кишоварзӣ, идораи обуҳавосанҷӣ дар вилоят, ҶДММ “АгроБиоХим”, Асотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Стансияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқи Донетски Ҷумҳурии Украина, маркази нашриётии ҶСК “Dono nashriyoti”-и шаҳри Фарғона, Маркази хизматрасонии аграрии вилояти Тошканд, Институти техникию инженерии Наманган, Институти илмӣ-таҳқиқотии пахтапарварӣ, Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва “Маркази миллии таълим ва инноватсия дар хоҷагии қишлоқ”-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ўзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дорад,-илова кард Обломурод Қаробоев.
Шоистаи зикр аст, ки танҳо дар 34 соли соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи ходимони стансия дастовардҳои илмӣ дар 96 хоҷагии деҳқонии вилояти Суғд, дар масоҳати 5010 гектар татбиқ шудааст. Дар назар аст, ки ин рақам дар солҳои оянда боз ҳам бештар шуда, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ бозмонда ва бекорхобида дубора мавриди истифода қарор гиранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ баён доштанд, Ҳукумати мамлакат бояд лоиҳа дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд. Ин имкон медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, рушди устувори соҳа, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин ва об, инчунин беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот таъмин гардад.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




