Омӯзиш ва таҳқиқи равандҳои гуногуни ташаккул ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик аз масъалаҳои мураккабу бисёрҷанба мебошад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи адабиёти миллӣ, бахусус шеър заминаи тозаеро фароҳам овард. Дар ин марҳалаи таърихӣ адабиёт аз ҷиҳати мавзӯъ, ҷаҳонбинӣ, воситаҳои ифода ва ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ таҷрибаҳои навро касб намуд.

Мусаллам аст, ки решаҳои ин таҳаввулро дар равандҳои адабии нимаи дуюми асри ХХ бояд ҷустуҷӯ кард. Дар солҳои 1960 - 1970 шеъри тоҷикӣ тадриҷан аз қолабҳои маъмул берун омада, ба таҷдиди воситаҳои тасвир ва имкониятҳои баёни шоирона рӯ овард. Ба ин раванд эҷодиёти  Мӯъмин Қаноат  ва Лоиқ Шералӣ таъсиргузор буд. Мӯъмин Қаноат доираи мазмунҳои шеъриро густариш дода, дар жанрҳои ҳамосӣ ва лирикӣ шаклҳои нави ифодаи андешаи шоиронаро эҷод кард. Лоиқ Шералӣ бо такя ба мероси классикӣ, анъанаҳои шеърии миллиро аз нигоҳи тоза бознигарӣ намуда, имкониятҳои луғавӣ ва маъноии забони тоҷикиро дар эҷодиёти худ ба таври фаровон ба кор гирифт.

Ин ҷараёни навсозии шеъри тоҷикӣ дар эҷодиёти Гулназар ва Гулрухсор идома пайдо карда, бо таҷрибаҳои гуногуни шакливу услубӣ ғанӣ гардид. Баъдан дар ашъори Низом Қосим, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон истифодаи ҳамзамони қолабҳои суннатии шеърӣ, шеъри нимоӣ ва шеъри сафед баёнгари идомаи ҷустуҷӯҳои шакливу маънавии насли нави шоирон гардид.

Тағйири муҳити маънавӣ ва васеъ гардидани фазои андеша ба шоирон имкон дод, ки масъалаҳои ҳастӣ, худшиносии миллӣ, озодӣ, таърих ва муносибати инсонро ба ҷомеа бо диди дигар ба риштаи тасвир кашанд.

Мундариҷаи маънавӣ ва мавзӯии шеър аз муҳимтарин унсурҳои муайянкунандаи моҳияти он башумор меравад. Шоир дар раванди эҷод пеш аз ҳама ба худи андеша ва масъалае, ки мехоҳад баён намояд, рӯ меорад. Аз ин ҷост, ки арзиши шеър дар ҳамбастагии ду ҷанбаи асосӣ - муҳтавои баён ва тарзи ҳунарии ифодаи он  падид меояд. Ҳамзамон,  шахсияти шоир дар ин раванд бетаъсир нест ва чунонки адабиётшинос Нуралии Нурзод мегӯяд, “шоир дар густурдаи фазои зиндагии ҷории хеш  ва иҷтимои  фарогири ӯ зиндагӣ мекунад ва ҳаргиз аз арсаи  афзуни он берун по монда наметавонад”.

Яъне, интихоби мавзӯъ ва ташаккули мундариҷаи шеърӣ ба муҳити иҷтимоиву маънавии зиндагии шоир бастагӣ дорад. Воқеаҳои таърихӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, тағйироти фикрӣ ва рӯҳияи ҷомеа ба ҷаҳонбинии эҷодкор таъсир гузошта, дар тасвири ӯ инъикос меёбанд. Шоир бо такя ба ҷаҳонбинӣ, дониши амиқ, таҷрибаи ҳаётӣ ва дарки масъулияти эҷодӣ метавонад муҳимтарин хусусиятҳои давру замони худро дар қолаби шеър таҷассум намояд.

Дар раванди ташаккул ва таҳаввули шеъри тоҷикӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ ва солҳои аввали асри XXI эҷодиёти Нурмуҳаммад Ниёзӣ мавқеи муҳим дорад. Осори ӯ яке аз намунаҳои хуби ҷараёни адабии ин давра ба шумор рафта, барои дарки хусусиятҳои таҳаввули шеъри тоҷик дар ин марҳала хидмат мекунад.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамчун шоири хушбаён шинохта шуда, ба масъалаҳои маънавию ахлоқӣ ва инсоншиносӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудааст. Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳмадзод дар пешгуфтори девони Нурмуҳаммад Ниёзӣ вижагиҳои ҳунарии шоирро таъкид намуда, ӯро аз ҷумлаи адибони дорои тафаккури рамзӣ ва ҷаҳонбинии хос медонад. Ба андешаи ӯ, дар ашъори Нурмуҳаммад Ниёзӣ нозукхаёлӣ, қудрати баланди ҳофиза ва андешаи амиқу фарогир бо ҳам омезиш ёфтаанд. Аҳмадҷони Раҳматзод, ҳамчунин, ҷанбаи андарзии осори шоирро таъкид намуда, ӯро ҳамчун суханвари соҳибистеъдод муаррифӣ мекунад.

То имрӯз маҷмуаҳои ашъори Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо унвонҳои «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Ангораи тавонгардил», «Қитъаи сабз», «Фурӯғи лолаҳои сафед», «1000+7», «65 мӯҳра», «Реша дар санг» ва «Дарёи дигар» ба табъ расидаанд. Дар баробари ин, маҷмуаҳои суруду таронаҳои шоир бо номҳои «Зангӯла зан!» ва «Навои нолаҳо», ки барои кӯдакону наврасон эҷод шудаанд, интишор ёфтаанд. Девони шоир низ соли 2012 дастраси ҳаводорони назми муосири тоҷик гаштааст.

Дар ин осор мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, сулҳу ваҳдат масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоиву маънавии ҷомеа, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим доранд. Худи шоир мегӯяд:

Қиссаҳо бастаму бар хотираҳо пайвастам,

То ки исбот кунам, будаму ҳоло ҳастам.

Ман авастоиям, озодабисотам ба нахуст,

Покзодам, ба ҳама покизаҳо дил бастам.

Яке аз таҳқиқоти муфассале, ки ба омӯзиши рӯзгор ва мероси адабии Нурмуҳаммад Ниёзӣ бахшида шудааст, китоби адабиётшинос Атахон Сайфуллоев бо унвони «Шоири дарёву саҳро» (Назаре ба ҳаёт ва эҷодиёти Нурмуҳаммад Ниёзӣ) мебошад, ки соли 2016 ба нашр расидааст. Муаллиф дар ин асар марҳалаҳои асосии ташаккул ва таҳаввули фаъолияти эҷодии шоирро мавриди баррасӣ қарор дода, хусусиятҳои муҳими осори ӯро аз дидгоҳи адабиётшиносӣ муайян намудааст. Китоб аз панҷ боб иборат аст ва дар он ба масъалаҳои ташаккули эҷодиёти шоир, такомул ва рушди эҷодиёти ӯ, мақоми ғазал ва виҷагиҳои ғазалсароӣ, жанрҳои хурди шеърӣ ва имкониятҳои маъноии онҳо, ҳунари ҳамосасароии шоир таваҷҷуҳ шудааст. Китоби «Шоири дарёву саҳро»-ро метавон аз ҷумлаи таҳқиқоти мукаммали адабиётшиносӣ донист, ки дар шинохти марҳалаҳои ташаккул, рушди эҷодӣ ва хусусиятҳои жанриву ҳунарии осори Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҷойгоҳи хос дорад.

Як бахши муҳими ашъор, достонҳо ва манзумаҳои Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бахшида шудааст.

Мазмуну муҳтавои ин ашъор ҷанбаи иҷтимоиву тарбиявии эҷодиёти шоирро тақвият бахшидааст. Албатта, чигунагии вазъи ҷомеа ба чӣ гуфтани шоир сахт таъсир мегузорад, ин аст, ки шеъри ҳар шоир хонандаро бо фазои замони муаллиф ошно месозад. Шамсиддин Солеҳов зимни таҳқиқи ин мавзуъ афзудааст, ки: «шеъри ватанхоҳии форсии тоҷикӣ решаҳо ва пояҳои устувору амиқи таърихию фарҳангӣ дорад, ки он тӯли қарнҳо ва давраҳои гуногуни рушди адаби умумифорсӣ ташаккул ёфта, як тамоили муҳиму муҷаллои шеъри оламгири моро ба миён овард». Адиби тоҷик Муҳтарам Ҳотам низ ба ин маънӣ ишора карда, мегӯяд: “баъди Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст дар Меҳани тоҷикон заминаи воқеии парвариши ҳувияти аслии миллӣ ба вуҷуд омад”, ин адиб  таъкид мекунад, ки “шарти асосии бақои миллату давлат, Ватан ва халқу ваҳдат, парвариши ҳувияти миллии солим ва ифтихор аз ин арзишҳост.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ низ Ватанро чун сарчашмаи ҳастӣ, ифтихор ва масъулияти шаҳрвандӣ тараннум менамоянд, ки ин ба  бедорсозии эҳсоси миллӣ дар шуури хонанда бетаъсир нест. Ба андешаи шоир дил бояд ошёни меҳр ва меҳани муҳаббат бошад. Дар дили пурмуҳаббат садоқати Ватан сабз мешавад, шоир таъкид мекунад:

Ҳар гуна зиштро ба дили танг раҳ надеҳ,

Дилро барои меҳру муҳаббат Ватан бидон.

Шоир сулҳу ваҳдати миллиро бузургтарин саодати мардум шинохта, «нур»-ро ҳамчун рамзи равшанӣ, покӣ ва саодати маънавӣ ва арзиши пойдори иҷтимоиву миллӣ ба ҳам пайванд медиҳад:

Нуре ба Ваҳдат асту ба Нур аст Ваҳдате,

Ин ҷилва баҳри покдилон то қиёмат аст.

Дар ашъори ватандӯстонаи шоир Ватан ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ, таърих ва ҳастии маънавии инсон таҷассум мешавад. Шоир бо ёдкарди рӯдҳои Панҷу Зарафшон ва минтақаҳои Суғду Хатлон муҳаббат ба Ватанро ба эҳсоси ифтихор ба сарзамини аҷдодӣ пайванд дода, ғановати табиӣ, таърихӣ ва маънавии онро бозтоб медиҳад. Ин маънӣ дар байтҳои зер ба таври равшан ифода ёфтааст:

Хун ҷӯш занад, Панҷу Зарафшон дорам,

Дил боз шавад, Суғдаму Хатлон дорам.

Поям ба замин кӯфтаям, кофтаям,

Ман кӯҳ ба кӯҳ ганҷи парешон дорам.

Аскар Ҳаким таъкид мекунад: «Дар адабиёт ба вуҷуд омадани асаре, ки назари тоза ба мавзӯи ҷовидона дошта бошад, ҳатман ба омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ бастагӣ дорад». Аз ин рӯ, бо диди нав нигаристан ба мавзуи тараннуми Парчами миллӣ пеш аз ҳама ба маҳорати шоирӣ, андешаи эҷодӣ ва масъулияти афзуни шаҳрвандӣ алоқамандӣ дорад. Шоир дар тасвири Парчами миллӣ танҳо ба зоҳири он таваҷҷуҳ накарда, онро ҳамчун рамзи арзиши маънавии миллат маънидод менамояд. Дар чунин тасвир парчам ба парафшонии ҳувияти миллӣ, истиқлол, ваҳдат ва ифтихори ватандорӣ табдил меёбад.

Дар байтҳои зер ташбеҳи ҷолибу тозаест, ки пеш аз ҳама аз тахайюли шоир ва диди хоси эҷодии ӯ сарчашма мегирад. Шоир мафҳумҳои ишқ, ақл ва ҷасоратро ба сурати се сатри маънавӣ тасаввур намуда, онҳоро ба тасвири Парчами Ватан пайванд медиҳад.

Парчами Ватан дар тахайюли шоир таҷассуми ишқи ватандорӣ, хиради миллӣ ва ҷасорати шаҳрвандӣ мебошад:

Се сатри ишқу ақлу ҷасорат ба саҳфаест,

Пайваста оварад ба назар парчами Ватан

Эй пир, эй ҷавон, раҳи имкон кушодааст,

Бинад фурӯғи илму ҳунар парчами Ватан.

Эй Нур, қарзи мост сазовор зистан,

Аз мо нахост чизи дигар парчами Ватан.

Дар ашъори шоир воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ ташбеҳ, истиора, рамз ва маҷоз барои муассир ифода намудани андешаҳои миллӣ ва маънавӣ хизмат мекунанд. Маҳз тавассути ҳамин воситаҳо мафҳумҳои Ватан, ваҳдат, сулҳ ва истиқлол аз доираи мафҳумҳои умумӣ берун омада, ба образҳои зинда ва таъсиргузори шеърӣ табдил меёбанд.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо такя ба суннатҳои пойдори адабиёти тоҷик ва истифодаи имкониятҳои тозаи тафаккури муосир тавонистааст мавзӯъҳои ҷовидонаи Ватан, инсон, муҳаббат, сулҳ ва ваҳдатро ба талаботи маънавии замони хеш пайванд диҳад. Ашъори ӯ дар таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим мегузорад ва таҷассумгари пайванди андеша ва эҳсос, суннат ва навоварӣ, воқеият ва тахайюл буда, ҳамин хусусиятҳо ҷойгоҳи ӯро дар адабиёти муосири тоҷик муайян мекунанд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ,

“Ҳақиқати Суғд”