Дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 80- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маҳфили бошукӯҳ аҳли илму адаб, дӯстдорони каломи бадеъ ва меҳмонон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Чорабиниро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, аз саҳми арзишманди Маъруф Бобоҷон дар рушди адабиёти миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва ғановати фарҳанги тоҷик ёдовар шуд. Зикр гардид, ки осори нависанда бо рӯҳи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва бозтоби воқеияти зиндагӣ миёни хонандагон маҳбубияти хоса дорад.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Азамат Азимӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода ва аз номи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нависанда Равшани Махсумзод суханронӣ намуда, соҳибҷашнро ба муносибати 80-солагӣ самимона муборакбод гуфтанд.

Ҳамчунин аз номи адибони ҳавзаи Зарафшон шоир Исмоил Зарифӣ андешаҳои худро доир ба фаъолияти пурсамари эҷодии Маъруф Бобоҷон баён кард.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин ва намоиши порчаҳо аз асарҳои адиб рангу таровати тоза касб намуд.

Ҷашни 80-солагии Маъруф Бобоҷон ба маҳфили гарму хотирмон табдил ёфта, нишони арҷгузорӣ ба аҳли қалам дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик гардид.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”