Дар сиёсати фарҳангиву маърифатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рушди фарҳанги китобхонӣ ва тарбияи  насли донишманду  соҳибмаърифат  ҷойгоҳи муҳим дорад.  Бо  ташаббуси Сарвари  давлат  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи он  бедор намудани  шавқи мутолиа, арҷгузорӣ  ба мероси адабии миллӣ  ва шинохти беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон мебошад. Ин иқдоми маърифатпарваронаи Пешвои миллат барои хонандагону  донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун имконият фароҳам овардааст, ки донишу маҳорати худро нишон дода, дар роҳи маърифат қадамҳои устувор гузоранд.  Ҳоло бошад, самараи ин ташаббусро дар натиҷаҳои озмун ва дастовардҳои иштирокчиёни он аз ҷумла дар вилояти Суғд, метавон мушоҳида кард.

Дар шаҳри  Панҷакент ин дафъа номи як хонандаи синфи сеюм дар сафи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор гирифт.

  Омина Облоқулова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ғолибияти ӯ дар қатори натиҷаҳои дигари даври сеюм бозгӯйи таваҷҷуҳи насли наврас ба китоб ва адабиёт аст.

Омина ҳанӯз дар оғози роҳи таҳсил қарор дорад, аммо худи иштироки хонандагони синни хурдсол дар чунин озмунҳо баёнгари як андешаи муҳим аст: муҳаббат ба китоб синну сол намепурсад.  Барои бедор кардани шавқи донишомӯзӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Ҳар китобе, ки кӯдак мехонад, метавонад дар зеҳни ӯ донаи нави андеша бикорад ва барои кашфи олами атроф роҳ кушояд.

Маҳз ҳамин гуна ҳадафҳои маърифатӣ дар меҳвари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор доранд.  Озмуне, ки на танҳо барои муайян намудани ғолибон, балки барои бедор кардани шавқи мутолиа, ошно намудани наслҳо бо мероси адабӣ ва таҳкими ҷойгоҳи китоб дар зиндагии ҷомеа замина фароҳам меорад.

Дар вилояти Суғд даври сеюми озмун ҷамъбаст гардида, 112 нафар иштирокчӣ ғолиб дониста шуданд. Онҳо дар номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ,  адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳар як номинатсия равзанаи хосеро ба ҷаҳони адабиёт боз мекунад. Осори шифоҳӣ хонандаро бо ҳикмату анъанаҳои мардумӣ ошно месозад. Адабиёти классикӣ пайванди наслҳоро бо андешаҳои бузургони гузашта мустаҳкам мекунад. Адабиёти муосир бошад, хонандаро ба дарки масъалаҳои замони имрӯз ва таҷрибаи инсон дар ҷаҳони тағйирёбанда раҳнамун месозад. Осори адабиёти ҷаҳон низ имконият медиҳад, ки хонанда аз ҳудуди таҷрибаи маҳдуди худ берун рафта, бо фарҳангҳо ва ҷаҳонбиниҳои дигар халқҳо шинос шавад. Аз ин нигоҳ, озмун на танҳо як мусобиқаи китобхонӣ, балки майдони шинохти арзишҳои адабӣ ва маънавист.

Рӯйхати ғолибони озмун аз он шаҳодат медиҳад, ки қобилияту истеъдод дар як макон маҳдуд намемонад.  Намояндагони шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд дар номинатсияҳо ва гурӯҳҳои синнусолии мухталиф ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар баробари Омина Облоқулова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Оиша Наимзода аз шаҳри Бӯстон миёни хонандагони синфҳои 5–8 ва Моҳира Мирзоева аз ноҳияи Мастчоҳ миёни хонандагони синфҳои 9–11 ҷойҳои аввалро гирифтанд.

Дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Алиҷон Наҷевуллоев аз шаҳри Гулистон, Шаҳноза Ғозиева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шарифамо Юсуфзода аз ноҳияи Мастчоҳ дар гурӯҳҳои худ ғолиб дониста шуданд.

Сумая Хуҷамова(синфи 4) ва Сумая Шукурова (синфи 7) аз шаҳри Бӯстон, инчунин Бобоҷонзода Шукрона (синфи 9) аз ноҳияи Мастчоҳ дар гурӯҳҳои гуногуни номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ҷойҳои аввалро соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон бошад, Қаюмов Абдусалом аз шаҳри Исфара, Сангинов Файзуллобек аз шаҳри Исфара ва Исоев Хусрав аз шаҳри Истаравшан ғолиб омаданд.

Ин номҳо танҳо натиҷаи як даври озмунро инъикос намекунанд. Онҳо намояндагони наслҳое мебошанд, ки бо таваҷҷуҳ ба китоб ва адабиёт роҳи шинохти дониш, фарҳанг ва арзишҳои инсониро пеш гирифтаанд.

Ҷолиб он аст, ки дар ин озмун на танҳо мактаббачагон, балки донишҷӯён, магистрантҳо, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун низ ширкат варзиданд.

Шоира Файзиева магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ҷойи аввалро соҳиб шуд.  Озодбахт  Муродов    донишҷӯи ҳамин донишгоҳ, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ғолиб гардид. Нодира Боймуродова низ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон миёни донишҷӯён ҷойи аввалро ба даст овард.

Дар гурӯҳи омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Наимҷон Содиқов аз шаҳри Бӯстон дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик,   Қодирӣ Ҷаҳонгир корманди Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи  Тошхоҷа Асирӣ  дар номинатсияи  “Адабиёти муосир” ва  Гулсара Шарипова аз шаҳри Исфара дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ҷойи аввалро соҳиб шуданд.    

Ҳамин тариқ, ҷамъбасти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Суғд бори дигар собит сохт, ки китобхонӣ омили муҳими рушди маърифат, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли худогоҳу донишманд мебошад.   Ғолибияти 112 нафар иштирокчӣ натиҷаи заҳмату талоши онҳост ва ҳамзамон аз ҷойгоҳи китоб дар ҳаёти маънавии ҷомеа дарак медиҳад. Зеро арзиши аслии чунин озмунҳо на танҳо дар соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ, балки дар бедор намудани муҳаббати пойдор ба китоб ва дониш зоҳир мегардад ва ин ҳама дастовардҳо иқдомҳои олии Пешвои маҳбуби мост.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”