Дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд”, ки аз 14-ум то 18-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҷанбаҳои экологӣ - иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ” баргузор гашт.
Нахуст муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни форум, аз ҷумла конфронси мазкурро ба шаҳри бостонии Хуҷанд хайрамақдам гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ буда, барои рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сипас ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода суханронӣ намуда, аҳамияти форумро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи асосии форум ба масъалаҳои иқтисоди “сабз”, гузариши рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист равона гардидааст. Ин самтҳо аз ташаббусҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбанд.
Зикр гардид, ки форум ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва роҳандозии ҳамкориҳои нав хизмат намуда, имконият фароҳам меорад, то ҷонибҳо дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.
Дар идома ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Масрур Саидзода баромад намуда, аз дастовардҳои донишгоҳ дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисис дар самти сайёҳӣ гуфт. Мавсуф зикр кард, ки баргузории чунин форуми байналмилалӣ ташаббуси созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар қисмати дуюми конфронс Сийэ Хайджун, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Бинхайи Чиндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи рушди рақамӣ, Санжарбек Искандаров, муовини ректори Институти хоҷагии қишлоқ ва агротехнологияи Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуи дипломатияи илмӣ, Бахтиёр Маҳмадалӣ, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар мавзуи зеҳни сунъӣ ва Элвира Зверова, профессори Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Русия дар мавзуъи энергияи барқароршаванда маъруза намуданд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои муҳим, аз ҷумла нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, идоракунии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, рушди низоми молиявӣ дар шароити рақамисозӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба ин равандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми конфронс миёни як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Русия, Институти хоҷагии қишлоқ ва агротехнологияи Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Бинхайи Чиндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти илм ва табодули таҷриба ба имзо расиданд.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




