Зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гуфта шуд, ки аз соли таҳсили 2026–2027 қабули донишҷӯён аз рӯйи се ихтисоси нави замонавӣ, аз ҷумла «Сиёсати беруна ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия» ва «Зеҳни сунъӣ» ба роҳ монда мешавад. Шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили ҷорӣ ба 7981 нафар баробар буда, аз ин ҳисоб 2562 духтар аст. Ин теъдод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 823 нафар ё худ 10,2 фисад афзудаааст.

- Дар соли гузашта 1689 нафар донишҷӯ аз рӯйи 27 ихтисос хатм намуда, 73 фисади онҳо бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ дар раванди таълим ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот 12 Маркази рушди касбияти кафедраҳои донишгоҳ дар назди корхонаву муассисаҳои ҳамкор таъсис ёфт. Дар марказҳои мазкур донишҷӯён машғулияти амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ гузаронида, баъди хатми донишгоҳ соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд, - афзуд ректор Шероз Мӯминзода.

Дар соли 2025-2026 нақшаи қабули довталабон ба донишгоҳ 2660 нафар муайян шуда буд, ки он пурра иҷро гардид. Теъдоди қабулшудагон аз хориҷи кишвар дар ин давра ба 43 нафар баробар аст. 

- Таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои дақиқ ва техникӣ бештар  шудааст. Зимнан, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 8 ихтисос дар самти барномасозӣ ва илми дақиқ фаъол аст. Имсол дар шуъбаи рӯзонаи ин ихтисосҳо нақшаи қабул пурра иҷро гардид. Зимнан, дар назар аст, маҷмааи “Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ”, ки аз маҷлисгоҳи барҳаво бо 700 ҷойи нишаст, синфхонаю озмоишгоҳи таълимӣ, маркази зеҳни сунъӣ, кабинети фаннӣ, лабораторияи тахассусӣ ва осорхона иборат аст, дар арафаи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем, - гуфт Шероз Мӯминзода.

Дар қисмати ҷамъбастии нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ба суоли рӯзноманигорон, ки ба масоили имтиёзҳо ба донишҷӯёни аълохон, истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳ, табодули академӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва таъсиси марказҳои рушди касбият, раванди корҳои тарғиботӣ ва натиҷаҳои он рабт дошт, посух дод.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”