Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст намояндагони ВАО аз “Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ”, ки 29-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, боздид намуданд. Иттилоъ дода шуда, ки марказ аз толори маҷлис барои 720 нафар, толори шӯрои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори омӯзиши рақс, маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park иборат аст. Дар IT Park барномаи миллии KhiradAI фаъол аст, ки ба василаи он метавон сатҳи донишомӯзӣ ва азхудкунии донишҷӯёнро баҳогузорӣ кард.
Сипас, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода оид ба раванди таълиму тарбия, ҷалби довталабон, шароити мавҷуда ва дигар нуктаҳои муҳимми фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал дод. Гуфта шуд, ки нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2026-2027, дар даври асосии тақсимоти Маркази миллии тестӣ 97,3 фоиз ё худ 2778 нафарро ташкил дод. Ин аз дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ миёни хатмкунандагон дарак медиҳад.
-Айни замон дар донишгоҳ 325 нафар омӯзгор, аз ҷумла 22 нафар доктори илм ва профессор ва 148 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, 244 нафар магистрант ва 63 нафар унвонҷӯю докторант (PhD) ба таҳқиқу пажӯҳиш машғуланд. Дар соли таҳсили 2025-2026 22 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи илмӣ ҳимоя намуданд, ки аз ин 6 рисолаи докторӣ, 13 рисолаи номзадӣ ва 3 рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад,-гуфт Шероз Мӯминзода. Ҳамзамон, таъкид кард, ки дар ин давра аз ҷониби олимону муҳаққиқони донишгоҳ 12 монография, 177 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ва 21 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷӣ ба табъ расид.
Дар доираи сиёсати “Дарҳои кушод”, барномаҳои табодули академӣ, ҳамкории илмӣ ва лоиҳаҳои грантӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо 158 муассиса созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз он 137 созишнома бо шарикони хориҷӣ ва 21 созишнома бо муассисаҳои ватанӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 10 созишномаи нав бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон, Чехия, Корея, Россия ва Қирғизистон ба имзо расид.
Дар қисмати саволу ҷавоб ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар мавриди дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон ва табодули академии донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки раёсати донишгоҳ барои дастгирии олимони ҷавон ҳамеша омода аст. Ҳанӯз аз зинаи магистратура ва докторантура ба онҳо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мегардад ва ҷиҳати нашри мақолаҳои илмӣ мусоидат карда мешавад.
-Ҳамаи он олимону муҳаққиқон, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя мекунанд, аз ҷониби донишгоҳ ҳавасманд карда мешаванд. Аз ҷумла, ба маоши вазифавии онҳо иловапулӣ ҳамроҳ мегардад. Ғайр аз ин, барои такмили ихтисоси онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар мусоидат карда мешавад,-гуфт ректор. Ҳамзамон, илова кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 37 нафар омӯзгори донишгоҳ дар чорабиниҳои илмӣ ва таълимии байналмилалӣ, аз ҷумла конфронсҳо, сипозиумҳо ва форумҳо ширкат варзидаанд.
Дар хусуси табодули академии донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки 16 нафар ба Донишгоҳи давлатии Гдански Ҷумҳурии Полша, 12 нафар ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва 2 нафар ба Донишгоҳи таҳсилоти байналмилалии Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуданд. Ҳамзамон, 12 нафар ба Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд, 10 нафар ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, 7 нафар ба Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, 5 нафар ба Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ва 3 нафар ба Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Тошканд ҷалб гардиданд.
Ба суоли намояндагони ВАО дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба ятимону бепарасторон, истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ, таъсиси факултетҳои муштарак, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, бунёди IT Park, муносибатҳои байналмилалӣ, бунёди хобгоҳ барои омӯзгорон, ҳамкориҳои муштарак бо корхонаҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





