Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдурашид Ҷалилзода дар  нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2026 Донишкадаро 757 нафар хатм кард, ки аз ин шумора дар шуъбаи рӯзона - 359 нафар, дар шуъбаи фосилавӣ – 359 нафар, дар зинаи магистратура - 39 нафар, бо дипломи аъло – 67 нафар хатм кард, ки 86 фисади хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. 

- Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди умумии муҳассилин ба 4657 нафар баробар буда, аз онҳо 2995 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр, 1569 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, 90 нафар дар зинаи магистратура, дар зинаи докторантура PhD 3 нафар таҳсил доранд, - иттилоъ дод Абдурашид Ҷалилзода. 

Гуфта шуд, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рӯи 33 ихтисос, магистратура аз рӯи 9 ихтисос, докторантура PhD аз рӯи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯи 5 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.

- Дар натиҷаи фаъолияти маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ 15 омӯзгор барои такмили ихтисос ва табодули таҷриба ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сафарбар гардида, 19 нафар донишҷӯ дар барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 27 нафар коршинос ва мутахассисони хориҷӣ ба Донишкада ташриф оварда, бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоту вохӯриҳои илмӣ ва таълимӣ баргузор намуданд.

Айни ҳол дар Донишкада 7 нафар донишҷӯи ятими кулл таҳсил намуда, тибқи қарори Шӯрои олимон онҳо аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод мебошанд. Ҳамзамон, ба донишҷӯёни нимятим, дорои маъюбият ва аз оилаҳои ниёзманд тавассути ҳамкории Донишкада бо шарикони рушд ва ташкилоту муассисаҳои гуногун кӯмаки молиявӣ расонида мешавад, - илова кард директор.  

Инчунин, зикр гардид, ки  дар Донишкада се китобхона: анъанавӣ ва электронӣ, толори Интернет, озмоишгоҳҳои бонки таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, панҷ адад утоқи лингофонӣ мавҷуд аст.

Тавре иттилоъ доданд, Донишкада бо зиёда аз 300 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад. Ин имкон фароҳам меорад, ки сифати таҳсил беҳтар аз пештар гардида,  табодули таҷриба афзуда, имкониятҳои бештар пайдо шавад.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”