Наврасону ҷавонони ихтироъкори вилояти Суғд дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" бо лоиҳаҳои наву ҷолиб ширкат варзиданд. Он дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир шуда, 1431 хонанда, донишҷӯ ва намояндаи дигар касбу кори гуногунро бо ғояҳои наву тоза ба ҳам овард. Иштирокдорон аз рӯйи номинатсияҳои математика, химия ва биология, география, физика, астрономия, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» бо ҳадафи дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, баланд бардоштани шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба илм, рушди тафаккури илмӣ ва эҷодӣ, инчунин тарғиби ихтироъкориву навоварӣ баргузор мешавад.
Дар ҷараёни озмун иштирокдорон корҳои илмӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот ва дигар дастовардҳои худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуда, дониш, қобилияти таҳлилӣ, эҷодӣ ва малакаҳои амалии худро нишон медиҳанд.
Яке аз иштирокдорои фаъол аз Суғд Азимҷон Қодиров аст. Ин навраси навовар хонандаи синфи 9-уми Гимназияи №1-и шаҳри Конибодом аст. Ӯ дар ин даври озмун мини-тракторро, ки 3 моҳ пеш сохта буд, муаррифӣ кард. Мини-трактори вай муҳаррики дарунсӯз дошта, бо сӯзишвории дизелӣ (солярка) кор мекунад. Муҳаррики он иқтидори 8,5 қувваи аспро дорост.
- Барои ду чархи пеши трактор ва фармон (рул) - и он қисмҳои мошини кӯҳнаи «Лабо» - ро кор фармудем. Пайваст кардани чархҳои пешро худам анҷом додам. Қуттии фишангҳои механикӣ ва муҳаррикро бошад, бо кӯмаки падарам васл кардам, - нақл кард Азимҷон.
Ба гуфтаи ӯ, мушкилтарин марҳила дар сохтани мини-трактор пайваст кардани қуттии фишангҳо бо муҳаррик будааст.
Тоҳирҷон Ҷӯраев, омӯзгори фанни технологияи Гимназияи №1-и шаҳри Конибодом буда, Азимҷон аз шогирдони фаъоли ӯст.
Ба гуфтаи омӯзгор, ин техникаи сохтаашон барои коркарди заминҳои мулоим ва қитъаҳои хурде, ки байни дарахтон ҷойгиранд, пешбинӣ шудааст. Онҳо барои шудгори чунин қитъаҳои замин маҳсули дасташонро имрӯз корбаст мекунанд.
Иштирокдори дигари фаъоли озмун Неъматулло Ғиёсов, хонандаи синфи 11-и мактаби №3 - и шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бо муаррифии бесарнишини заминии сохтааш, ки метавонад чанд вазифаро иҷро кунад, ширкат варзид.
Ба гуфтаи Неъматулло, яке аз вазифаҳои пешбинишудаи дастгоҳ аз замин муайян ва дар ҳаво несту нобуд кардани ҳадафи душман мебошад. Барои ин дар дастгоҳ ракетаҳо пешбинӣ шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо то 500 метр масофа парвоз карда метавонанд.
Дастгоҳ дорои ҳаракатдиҳандаи 4WD (X-Drive) буда, ҳар чор чархаш баробар ҳаракат мекунанд. Қисми болоии он низ ба монанди манораи танк метавонад 360 дараҷа чарх занад.
- Бесарнишинро бо истифода аз тахта сохта, барои сохтани он тақрибан се моҳ вақт сарф кардем. Ҳангоми кор болои лоиҳа ба онҳо идеяи истифодаи системаи 4WD пайдо шуд, то техника тавонад дар роҳҳои баланду паст ва ҷойҳои санглох низ ҳаракат мекунад. Сохти дастгоҳ нисбатан содда буда, пулти идоракунии он то 2 километр масофа кор мекунад.
Раванди ҳаракат ва кори дастгоҳ тавассути камераи FPV ва монитор назорат карда мешавад, - гуфт навраси ихтироъкор.
Неъматулло нақл мекунад, ки идеяи истифодаи ин дастгоҳ барои дигар мақсадҳо низ дар оянда вуҷуд дорад. Аз ҷумла, онҳо мехоҳанд онро такмил дода, барои истифода дар низоми «Яндекс Доставка» мутобиқ созанд. Ин идея ва тавсияҳои техникиро омӯзгораш Ҷалол Раҳимов ба ӯ додааст.
Неъматулло Ғиёсов инчунин барои баргузории чунин озмунҳо изҳори сипос намуда, мегӯяд, ки онҳо ба ҷавонон имконият медиҳанд, то қобилият ва ғояҳои техникии худро муаррифӣ кунанд.
Асадбек Абдуллоев хонандаи синфи 10 - и МТМУ №22-и Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ барои ширкат дар озмун бо дастовези арзанда омад. Ӯ ҳамроҳи муаллимаш мошини сохтаашро аз ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов то ба шаҳри Хуҷанд, макони баргузории озмун ронда овард. Навраси ихитроъкор ба мошин муҳаррики ВАЗ-2106 насб кард. Бисёр аз қисмҳои онро худаш тарҳрезӣ ва омода сохт.
Асадбек беш аз як сол аст, ки дар назди устои мошин шогирд аст. Ин барояш имкон дод, ки сохти мошинҳоро хуб омӯзад.
Идеяи сохтани мошин низ дар устохона ҳангоми кор пайдо шуд.
- Барои беҳтар кардани кори муҳаррик системаи қабулкунии ҳаворо низ тағйир дода, коллектори ВАЗ-2107-ро мутобиқ сохтам. Ман инчунин ба масъалаи кам кардани талафоти ҳаво, кори дроссел, системаи ихроҷ ва дигар қисмҳои мошин диққат додам. Ҳангоми сохтмон ман аз кафшергарӣ, коркарди металл ва тарҳрезии механикӣ истифода бурдам. Яъне ин мошин танҳо аз қисмҳои тайёр ҷамъ карда нашудааст, қисми зиёди конструксия бо меҳнати худи ман сохта шудааст. Навоварии асосии лоиҳа мутобиқ кардани қисмҳои гуногуни тайёр ба конструксияи аз ҷониби ман сохташуда мебошад. Дар оянда мехоҳам системаи қабулкунии ҳаворо боз ҳам такмил дода, онро бо механизми тағйирёбандаи роҳи ҳаво таҷҳиз кунам, то дар даврзании паст ва баланд кори муҳаррик самараноктар шавад. Ман ин лоиҳаро барои нишон додани он сохтам, ки бо дониш, меҳнат ва истифодаи дурусти маводи дастрас низ метавон конструксияи нав эҷод кард, - шарҳ дод Асадбек.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мешавад. Дарвоқеъ, ин озмун насли наврасро шавқманд бар он мекунад, ки ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои муосир таваҷҷуҳи бештар равона кунанд.
Файзуллохон ОБИДОВ,
"Ҳақиқати Суғд"





