Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст директори донишкада Хурсанд Содиқзода натиҷаҳои фаъолияти муассисаро дар соли 2025 ҷамъбаст намуда, дурнамои рушдро муфассал шарҳ дод.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар сохтори донишкада 4 факултет, 14 кафедра, 12 шуъба ва литсейи донишкада фаъолият мекунанд. Барои ташкили раванди босифати таълиму таҳқиқот 148 синфхонаи таълимӣ, 48 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингафонӣ, ду толори варзишӣ, ду майдончаи варзишӣ, як парки технологӣ, се толори маҷлисӣ, се китобхона, се қироатхона, хобгоҳ ва маркази таълимии омӯзишӣ мавҷуд аст.
Зикр шуд, ки моҳи сентябри соли 2025 Стратегияи нави рушди донишкада барои солҳои 2026–2030 қабул гардида, дар он самтҳои асосии фаъолият — такмили низоми идоракунӣ, рақамикунонӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ, рушди тадқиқоти илмӣ ва инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ, ҳамкории зич бо бозори меҳнат ва рушди инфрасохтор муайян шудаанд.
Яке аз дастовардҳои муҳим ин густариши ҳамкориҳо бо бахши воқеии иқтисодиёт мебошад. Дар донишкада Маркази рушди касбият фаъолият дорад, ки ҳадафаш омода намудани мутахассисони рақобатпазир мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат аст. Айни замон бо 114 корхона ва ташкилоти давлатӣ ва хусусӣ шартномаҳои ҳамкории дутарафа баста шудааст. Танҳо дар соли 2025-ум бо 63 корхона шартномаҳо барои муҳлати зиёда аз се сол ба имзо расидаанд. Ҳамзамон, дар истеҳсолот 17 филиали кафедра фаъол буда, бо 5 адади онҳо соли гузашта шартномаҳои нав баста шуданд.
Дар самти такмили пойгоҳи моддию техникӣ низ пешрафт назаррас аст. Дар давраи ҳисоботӣ ду озмоишгоҳи муосир — физика ва сохтмон — бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуданд. Инчунин, барои донишҷӯёни ихтисоси меъморӣ синфхонаи барҳаво ва мутобиқ ба талаботи муосир таъсис дода шуд.
—Дар самти таълим таъсиси ихтисосҳои нав аз дастовардҳои муҳими сол ба шумор меравад. Барои зинаи бакалавриат 5 ихтисоси нав дар шакли таҳсили рӯзона ва барои магистратура як ихтисос, инчунин барои шакли таҳсили фосилавӣ 10 ихтисос роҳандозӣ гардид, - иброз дошт Хурсанд Содиқзода.
Дар идома директори донишкада ба фаъолияти тарбиявӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, гуфт, ки донишкада на танҳо мутахассис, балки шахсиятҳои ватандӯст, масъулиятшинос ва созандаро тарбия менамояд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




