Фарҳод Исомиддинов ба пайроҳаи душвору заҳматталаби илм ғӯтавар гардид. Ранҷу меҳнати илмро таҳаммул кард. Мавсуф хуб медонад, ки илм ҳадаф нест, василаи ҳадаф аст. Пайваста меомӯзад. Аз рӯи таъбири «маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд» амал менамояд.
Донишаш фарох асту мехоҳад аз он дигарон низ баҳравар шаванд. Фарҳод Исомиддинов аз зумраи он нафаронест, ки бо фаъолияти шоистаи хеш ҷойгоҳи пурарзишро дар ҷомеа дарёфтааст.
Устод Фарҳод Исомиддинов дар хонадони шахсияти хеле шинохта ва соҳибэҳтироми деҳаи Понғози ноҳияи Ашт Исомиддин Шарофиддинов ба дунё омадааст. Падари ӯ боғбон, усто, табиб, мулло ва шоир буд. Соли 1930 Исомиддин Шарофиддинов шуъбаи таърих ва ҷуғрофияи собиқ Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро дар шаҳри Тошканд хатм намуда, 25 сол дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт ба ҳайси директори мактакб фаъолият менамояд. Аз падар чун шахси эҷодкор се китоб ба мерос мондааст: «Девони Ороми Понғозӣ», «Осор ва рӯзгори Ороми Понғозӣ» ва «Ворисони Ороми Понғозӣ».
Меҳри донишандӯзӣ ҳанӯз дар овони ҷавонӣ дар дили Фарҳод ҷӯш мезад. Ҳамин буд, ки баробари хатми мактаби миёна соли 1961 ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (ҳозира ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) супорида, аз имтиҳонҳои дохилшавӣ сарбаландона гузашта, сазовори номи донишҷӯӣ мегардад.
Солҳои 1964–1967 дар шаҳри Елгаваи Ҷумҳурии Латвия се сол хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меорад. Солҳои сарбозӣ ба гирифтани медали «20-солагии Ғалаба» ва «Номаи ифтихорӣ ба Ватан» шарафёб шудааст. Пас аз хизмат дар зодгоҳаш ба кори омӯзгорӣ шурӯъ намуд. Дар омодасозии насли наврас ба ҳаёт падару модар ва омӯзгор дар як радиф меистанд. Чун кас як кори арзишманд ё рафтори неки маъмулро иҷро мекунад, дигарон ин ҳолро баҳо дода, беихтиёр мегӯянд: «Ба таълимдодагиат раҳмат!». Лоиқ шудан ба чунин ифодаи сипос на ба ҳар кас муяссар мешавад.
Аз рӯзҳои нахусти фаъолияти омӯзгорӣ Фарҳод Исомиддинов баробари донишомӯзӣ ба шогирдон таблиғи фазилати каромати инсонӣ, меҳр ба меҳану атрофиён ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Бо лаҳни ширину табассуми малеҳ раҳ ба умқи қалби ҳар як шогирд ёфта, шавқу рағбати ононро барои донишандӯзӣ раҳнамоӣ дошт. Бо назардошти маърифати баланди касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва соҳибнуфузӣ дар байни омӯзгорону хонандагон соли дуюми корӣ Фарҳод Исомиддиновро мудири қисми илмии мактаб таъйин намуданд.
Баъди солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941–1945 оилаҳои зиёде аз Ҷамоати деҳоти Понғоз ба шаҳри Ангрени Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч бастанд. Хоҳари калонии Фарҳод Исомиддинов–Ҳалимахон низ дар он ҷо зиндагӣ дошт. Бо ҳидояти ӯ ва дигар хешовандон, ки аз норасоии омӯзгор дар мактабҳои тоҷикии шаҳр безобита гардида, пайи дарёфти мутахассисон буданд, Фарҳодро ба Ангрен даъват намуданд. Ӯ розӣ шуд.
Фарҳод Исомиддиновро ба яке аз калонтарин мактабҳои шаҳр–мактаби миёнаи №17 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор қабул карданд. Ҳамсараш Нуринисо Исомиддинова низ дар ҳамин таълимгоҳ чун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба кор оғоз намуд.
Ҳамин тавр фаъолияти кории устод Фарҳод Исомиддинов дар кишвари ҳамсоя боз ҳам доманадор гардид. Аввал омӯзгори муқаррарӣ, баъдан мудири қисми илмӣ, директори мактаб, директори Маркази сайёҳӣ ва фароғат, мудири шӯъбаи фарҳанг, сармушовири мактабҳои тоҷикии Маркази таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устоди калони кафедраи забонҳои Шарқ, Донишкадаи омӯзгории Ангрен, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи болозикр ва аз соли 2017 боз дар риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона фаъолият дорад. То имрӯз ӯ дар ин боргоҳи илм ба сифати «пешбар»-и бахши тоҷикӣ ва дотсент маъмул аст.
Солҳои 1995–1997 Фарҳод Исомиддинов дар мавзӯи «Таҳлили қиёсии қиссаҳои «Шайх ва Санъон»-и Аттор ва Навоӣ» рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии илмҳои филологӣ Ҳасан Қудратуллоев дифоъ намудааст.
Ӯ фарзандонашро низ дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва илмдӯстиву инсондӯстӣ тарбия кардааст. Ҷигарбандони ӯву завҷааш Нуринисо–Фаррух, Дурдона, Фарзин, Фирдавс, Рахшона ва Фаридун дар макотиби олии Ӯзбекистону Амрико таҳсил карда, соҳиби маълумоти олианд.
Бародари калонии Фарҳод Исомиддинов яке аз олимони шинохтаи соҳаи тиб, доктори илмҳои тиб, профессори Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абуалӣ ибни Сино, муаллифи зиёда аз 30 китоб ва 200 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ Анвар Исомиддинов мебошад.
Доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус дар маводи хеш бахшида ба 80-солагии ин олими шуҳратёри бурунмарзии тоҷик навиштааст: «Устод бо шавқи бузург ба донишҷӯён дарс мегӯянд, дар ҳоле, ки аз моли дунё бениёзанд. Ин ҳам бузургворӣ ва ҷонфишонӣ дар роҳи маориф аст. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки устодро дар Фарғона ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон хеле дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва пири кор медонанд. Ягон иқдоми ҷиддӣ бидуни маслиҳати эшон сурат намегирад».
–Банда ҳамчун шахси бакамолрасида ва дорои ҳувияти милливу идроки сиёсӣ дар ақидаву амалҳо, сиёсати сулҳпарварона ва оини сулҳофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояҳову азму талош дар истиқрори сулҳро мебинам. Далели ин гуфтаҳо ҳаллу фасли масъалаҳои марзӣ бо ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон мебошад, ки дар солҳои гуногун ҳатто баъзан боиси муноқишаҳо мегардид. Дар заминаи ин таҳаввулоти нусратбахш, сарҳадҳои баста боз шуданд ва мардуми тоҷику ӯзбеку қирғиз ҳусни неки ҳамсоядориро ҳифз карданд. Бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ вохӯрии якҷояи Сарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Муҳимтарин натиҷаи ин нишаст ба имзо расидани Созишномаи таърихӣ дар бораи пайванди марзҳои се кишвар мебошад, ки ба баҳсу муноқишаҳои солҳои охир хотима бахшид. Роҳбарони давлатҳо Эъломияи Хуҷандро имзо карданд, ки он санади муҳими таърихӣ миёни ин давлатҳо буда, дӯстии абадӣ миёни ин се кишвари ҳамсояро баён мекунад. Муколама дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар гузашт, ки мо, тоҷикони бурунмарзӣ, аз ин хеле шод гардидем, –андешаҳои хешро роҷеъ ба Эъломияи Хуҷанд иброз дошт олими тоҷик Фарҳод Исомиддинов.
Заҳмати мавсуф тӯли умри пурфайзу бобаракати худ дар рушду нумӯи илми суханшиносӣ хеле калон аст.
Меҳрномаи «Зарварақҳои ҳаёт»-ро, ки аз маҷмӯи мақолоту ёддошт ба ифтихори 80-солагии ҷашни мавлуди Фарҳод Исомиддинов иборат аст, чун сафҳагардон менамоем, дар онҳо олимони тоҷику ӯзбек Абдуҷамол Ҳасанзода, Матлубаи Мирзоюнус, Алиҷон Мамадҷонов, Зарифахон Алимова, Абдусаттор Шарофиддинов, Бакир Расулов, Шарифа Искандарова, Фирӯза Қайюмова, Маъруф Отахонзода, Нарзулло Қобилов, Ҷумъаи Ҷамол ва дигарон беҳтарин хотироти хешро оид ба сифатҳои неки инсонию маърифатоини ӯ хомаронӣ бинмудаанд.
Орзуи дарозумрии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона, профессори Академияи илмҳои байналмилалӣ, Академики фахрии Академияи фанҳои Тӯрон, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон устод Фарҳод Исомиддиновро дорем.
Рустамҷон Одизода,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон,
шаҳри Гулистон




