Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Ҷомеа ва замон

Маводҳои охирон

  • Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ
  • Салафия душмани давлатҳои демократӣ
  • Дар ҳифзи Ватан устувор бошем
  • Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир
  • Бани одам аъзои якдигаранд…
  • Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  • Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  • Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  • Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!
  • Амният ва ободии Ватан

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ

Информация о материале
Опубликовано: 15 октября 2026
Просмотров: 89

Фаъолияти саркардаву масъулини ташкилоти экстремистии ба ном «Гурӯҳи 24» аз оғоз ва ҳамеша барои дарёфти фоидаи муфт равона шудааст. Ба хотири фоида гирифтан ҳатто байни онҳо борҳо муноқиша ва задухурдҳо рух додааст. Масалан, таъсисгари созмони мазкури ифротӣ - Умаралӣ Қувватов ҳам зимни талош барои кадом як пуле аз суи ҳамсафонаш кушта шуда буд.

Зимни суханронию интишори матолиби таблиғотӣ онҳо бештар бинандаю шунавандагонашонро барои пардохти пул барояшон водор мекунанд. Албатта ин як намуди бисёр манфури қаллобист. Ин гуна амали нангин, аз ҷумла, дар рафти барномаи ба ном «Сӯҳбати озод»  ба назар мерасад. Ровии он Ҳусейн Ашурови  террорист, ки худро муовини раиси ташкилоти манфур меҳисобад, гаштаю баргашта  тамошобинонро барои «лайк» мондан ва бознашри барнома водор мекунад, ки мақсадаш дарёти маблағи пулист. Вай ҳатто ошкоро гадоӣ карда, аз одамон пул металабад.

Бадтар аз ин, маҳсули лагерҳои террористӣ - Ҳусейн Ашуров, ки як хоини ифротӣ аст, дар барномааш бо роҳи туҳмату буҳтон ва суханҳои  бесаводона зидди манофеи миллату давлати мо баромад мекунад.

Ин душмани миллат нисбати кормандони масъули давлатӣ суханҳои беасосу дуруғ гуфта, мардумро рӯйрост ба ҷангу тазоҳурот  даъват мекунад, ки ҷинояти нобахшиданист.

Ҳамаи амали ин тудаи касиф барои фиреби мардум ва дарёфти фоида аст. Аз найрангу ҳила ва ҳарзабофиву дурӯғгӯиҳо кор гирифтан ин сифати хоси тамоми аъзоёни ташкилаи ифротии “Гурӯҳи 24” аст. Аъзоёни ташкилаи мазкур  мехоҳанд бо дасисаангезӣ, тафриқаандозӣ ва ташвиқу тарғиб намудани ғояҳои ифротиву террористии эҷоднамудаи худ, ҷавононро дар бунбасти фикрӣ қарор диҳанд, ва баъдан, бо баҳонаи “пуштибонӣ аз дину мазҳаб” онҳоро ба доми худ афтонанд ва мағзшӯйи намоянд.

Худи Ҳусейн Ашуров такрор ба такрор ғояҳояи радикалӣ ва ифротии гурӯҳи террористии худро тарғибу ташвиқ менамояд. Шахсияти террорист, худбохта, ифротиву мутаассиби худро як шахси огоҳу озодандеш ва ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” - ро ташкилаи мардумӣ нишон медиҳад. Ба худ ҳар гуна унвону мартабаҳои беасосу сохта ва дурӯғини мардумӣ дода, кӯшиш мекунад, ки аз худ як шахсияти миллӣ ва мардумӣ бисозад. Ин дар ҳолест, ки аз ҷурму ҷиноятҳои сангини ба сари мардуму давлат содир намудаи ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” ба хубӣ огоҳанд.

Ашур Ҳусейн дар сӯҳбатҳо фаъолияти дигар ташкилаҳои террористӣ ва ғояҳои онҳоро, ки ба амнияти тамоми кишварҳои сайёра хатар эҷод мекунанд, тарғиб мекунад. Тамоми пайравони “Гурӯҳи 24” ба монанди пайравони дигар гурӯҳҳои террористӣ душманӣ ба илму дониш, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ доранд. Инкор намудани фарҳангу арзишҳои волои зиндагии инсоният ва баръакс густаришу ривоҷ додани ғояҳои ифротиву террористӣ дар ҷавҳари фаъолияти зиддибашаронаи аъзоёни ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” мехобад. Аз ин рӯ, ин созмони манфур ҳамчун дастгоҳҳои таблиғотии терроризму эктремизм ба тамоми инсоният хатар дорад.

Насим Шарифзода,

муҳаққиқ

Салафия душмани давлатҳои демократӣ

Информация о материале
Опубликовано: 15 октября 2026
Просмотров: 85

Яке аз мақсадҳои  аслии  ҳаракати ифротии салафия  барҳам задани низоми давлати демократӣ ва дунявӣ мебошад. Ба андешаи идеологҳо ва пайравони ин равияи  динии ифротӣ, низоми дунявии давлатдорӣ хоси тамаддуни ғарбӣ ва насронӣ буда, ба ҷаҳони ислом аз Ғарб интиқол ёфтааст. Аз ин рӯ, ба ислом ва мусулмонон бегона аст. Албатта, ин ақида танҳо хоси ифротгароёни салафӣ нест. Инкор ва аз байн бурдани низоми давлати дунявӣ дар барномаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро  ба мисли Ҳизб-ут-таҳрир, ал-Қоида, Ихвон-ул-муслимин, ТТЭ ҲНИ, ДИ  ва дигар  равияву ҷараёнҳи динӣ мавҷуд аст.

Аммо ин ақида дар  назария ва амалияи равияи   ифротии салафияи дар шакли хеле мудҳиштар вуҷуд дорад. Мувофиқи ақидаи салафияи такфирӣ, на танҳо давлатҳои воқеан демократӣ ва дунявии замони муосир низоми куфр мебошанд, ҳатто он низоми давлатҳои мусулмоние, ки қонунгузории онҳо бештар дар асоси меъёрҳои исломӣ эҷод шудаанду баъзе меъёрҳои дунявиро низ истифода доранд, ба назари онҳо «куфр» ба ҳисоб мераванд.

Азбаски салафияи ифротӣ ҳамчун як равияи  «бемазҳаб» ҳама гуна мазҳабу фирқаҳоро дар таркиби ислом рад сохта «куфр» медонад, аз ин назар ҳамаи низомҳои динии давлатҳои мусулмониеро, ки дар пояи меъёрҳои ин фирқаю мазҳабҳо бунёд ёфтаанд, низ «куфр» меҳисобад. Татбиқи амалии чунин муносибати салафияро нисбат ба дигар давлатҳои мусулмонӣ дар фаъолияти «Давлати исломӣ», ки намунаи низоми давлати аз ҷониби салафияи такфирӣ-ифротӣ ташкилшуда мебошад, бараъло метавон дид. Масалан, гурӯҳи ифротии созмондодаи «Давлати исломӣ» давлатҳои мусулмониро низомҳои куфр номида буд. 

 Чунонки маълум аст, яке аз омилҳои асосии низоми давлатдории дунявиро интихоб кардани мардуми Тоҷикистон маҳз он аст, ки давлат олитарин арзиши инсонӣ, яъне ҳуқуқи ӯро новобаста аз мансубияти динӣ- мазҳабӣ ҳифз менамоянд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа риоя мегарданд ва ҳамаи дину мазҳабҳо дар фазои озоди сиёсӣ-ҳуқуқӣ фаъолият ва рушд доранд. Ин яке аз омилҳои асосӣ ва муассир барои аз байн бурдани низоъҳои динию мазҳабӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа мебошад. Аммо  бо вуҷуди ин дар як муддати кӯтоҳи мавҷудияти «Давлати исломӣ» ҷаҳониён шоҳиди он гардиданд, ки чӣ тавр ин давлат бо он низоми ҳуқуқие, ки дар қаламрави зери назораташ татбиқ кард, ҳуқуқу озодиҳои мусулмононро поймол ва худи онҳоро  озору қатл намуд. Масалан, дар «Давлати исломӣ» одамон аз одитарин ҳуқуқи инсонӣ маҳрум буданд. Занон ба мисли молу каниз аз ҷониби «муҷоҳидони исломӣ» истифода ва хариду фурӯш мешуданд, ҳуқуқи аз хона берун баромадан, таҳсил кардан, шодию хурсандӣ карданро надоштанд. Дар сурати риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқии «давлати исломӣ» бе ҳукми суди расмӣ қатл мешуданд.

 Гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ»  шаклҳои ғайриинсонию даҳшатбори қатли одамонро ба мисли сар задани кӯдакон, зинда оташ задани одамон, куштани зани ҳомила, ба таври оммавӣ сар задани асирон, аввал таҷовузу баъд қатл намудани занон ва  дигар амалҳои номатлубро амалӣ карда, ин амалҳои ғайриинсониро ба навор мегирифтанд. Сипас онҳоро тавассути шабакаҳои интернетӣ ба намоиш мегузоштанд ва бо ин усул тарсу ҳаросро дар рӯҳияи одамон, аз назари онҳо гӯё «кофирон», ҷой менамуданд, ки ба ҳеҷ гуна меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ мувофиқ намеомаданд. Баръакс, дар амали «Давлати исломӣ» дар назари ҷаҳониён дини ислом ҳамчун як падидаи манфур ба вуҷуд омад, ки мислашро таърихи инсонӣ надидааст.

Таҳқиқу таҳлили ақидаву ҷаҳонбинии салафияи ифротӣ  ва таҷрибаи амалии «Давлати исломӣ» ошкор месозад, ки равияи салафияи такфирӣ ва пайравони онҳо дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ мақсади давлатҳои дунявиро аз байн бурдан доранд. Дар баробари ин, онҳо ҳеҷ гоҳ давлати исломиро дар пояи арзишҳои исломӣ бунёд намекунанд. Онҳо фаҳмиши маҳдуди худро дар бораи ислом ба мардум ҳамчун меъёри ислом нишон дода, онро дар амалияи давлатдорӣ ҷорӣ намуда, ба ҳама гуна аслу қонунҳои исломӣ ва башарӣ дар ихтилоф қарор мегиранд. Бояд ҳар мусулмон дарк намояд, ки фаҳмишу диди салафиёни ифротӣ комилан хусусияти зиддиисломӣ ва зиддиинсонӣ дошта, дини исломро бо экстремизму терроризм бадном месозаду халос.

Агар касе ноогоҳона фаҳмиши  мадуд ва террористии салафиёни ифротиро дуруст пиндорад, ба Ватану миллат ва лини ҳам хиёнат мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки бо паҳн шудану густариши ақоиди салафияи ифротӣ дар Тоҷикистон  мардум кишвар бо як хатари бузурги даҳшатборе рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ба ҳастӣ ва тарзи зиндагии озодонаи мо, давлати миллии мо ва ояндаи неки кишвару сарзаминамон таҳдид дорад. Аз ин нигоҳ таблиғи паҳнсозии ақоид ва равиши салафия ин тарғиби экстремизм ва даъват ба терроризм мебошад. Пас ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба равияи салафӣ пайравӣ мекунад, онро тарғиб менамояд ва то ҳанӯз аз кардаи худ пушаймон нашуда, дар зери ҳимояи душманони хориҷии ватану миллат фаъолият мекунад, ӯ натанҳо як ҷинояткор, балки хоини Ватану миллат ва давлати миллии тоҷикон аст.

Дар шароити кунунӣ маҳз низоми дунявии давлати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мо ҷойгоҳи воқеии динро дар ҷомеа муайян ва нақши онро дар тарбияи ахлоқӣ-маънавии инсон мушаххас намуда, ба ҳар гуна гароишҳои динии ифротие, ки ба ҳастии миллату давлати мо таҳдид мекунад, муқовимат кунем ва аз паҳншавии ақидаҳои номатлуб ҷилавгирӣ намоем. Аз ин рӯ танҳо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, низоми дунявии давлат, таъмини асли озодии виҷдон, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии диниро кафолат дода, амну суботи давлату ҷомеаро таъмин кардан мумкин аст.

 А. Раҳмонзода,

номзади илмҳои таърих

Дар ҳифзи Ватан устувор бошем

Информация о материале
Опубликовано: 15 октября 2026
Просмотров: 85

Вазъияти ноороми ҷаҳони муосир, таҳдиди хатарҳои глобалии терроризм ва экстремизм, идома ёфтани иғвогариҳо ва муноқишаҳо дар сарҳад аз ҷониби доираҳои муайяни қирғизӣ аз мо тақозо мекунад, ки дар ҳифзи Ватан устувор бошем. Айни замон қавӣ будани  артиши миллӣ, неруҳои марзбонӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд.

Дар асл, артиши миллӣ, неруҳои марзбон ва сохторҳои дигари қудратӣ асоситарин рукнҳои давлатдорӣ ва пойдевори истиқлоли ҳар як кишвар маҳсуб мешаванд. Пойдорӣ ва устувории давлат аз қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳ, ки марзу бумро аз хатароти беруна ҳифз мекунанд ва гарави аслии амнияту сулҳу субот дар кишвар маҳсуб меёбанд вобастагӣ дорад.

Ҳифзи марзу бум дар ҳамаи давру замонҳо ва имрӯз низ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди миллат аст.  Бояд хизмат ба Ватан барои ҳар як нафар, махсусан ҷавонписарон, ки дар ҳар давру замон ояндаи ҷомеа аз кору пайкори онҳо вобастагӣ дораду маъулияти фардои миллату меҳан бар дӯшашон меафтад, мояи ифтихор бошад.

Зеро дар ҳама мароҳили таърихӣ ва фарҳангҳо мард рамзи далери ҷасурӣ ва устуворию қавииродагӣ буда, бузургони илму адаб ва фарҳангу маънавиёт инро бо далелҳои бешуморе собит сохтаанд.

Хушбахтона, бо дарки маъсулияти баланд ва ифтихор аз миллату меҳан ҷавонони кишвар дар роҳи ҳифзи марзу бум сарбаланду устуворанд. Сарбозону афсарони тоҷик дар ҳақиқат ворисони арзандаи Ҷамшеди пешдодию Куруши Кабир, Исмоили Сомонию Яъқуби Саффорӣ, Ғиёсуддини Ғӯрию Абдураззоқи Боштинӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум, Рустаму Исфандиёр, Бежану Гев, Шераку Спитамен, Виркану Ёдхишетак, Абумуслиму Темурмалик, Саидқул Тӯрдиеву Сафар Амиршоев ва садҳо сарварону паҳлавонони миллати куҳанбунёди хеш ҳастанд.

Эҳсоси баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ, худшиносӣ ва дарки масъулиятшиносӣ аст, ки ҳар сол ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтиёрӣ рафта хизмат мекунанд. Имрӯз хизмат дар сафи артиши миллӣ боиси ифтихори ҷавонони тоҷик аст. Ин нишонаи олитарин ва дараҷаи бузургтарини дӯст доштани меҳан аст. Яъне ҷавонони кишварамон  ҳар лаҳза баҳри ҳифзи марзу бум омода мебошанд.

Дар ин маврид сухани Пешвои муаззами миллатро овардан дуруст аст, ки гуфтаанд: «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».

Ҳифзи меҳан ва пос доштани хоки муқаддаси он на танҳо вазифаи муқаддаси сарбозону кормандони мақомоти қудратӣ, балки нангу номус ва эътибору шарафи ҳар нафари соҳибватан аст. Масъулияти мазкурро танҳо нафаре эҳсос мекунад, ки воқеан ҳам нисбат ба Ватан меҳру самимият дорад.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки дар ҳифзи Ватани маҳбубамон муттаҳид бошем ва барои пешрафту шукуфоии он амал намоем. Барои таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар намуда, оромиву осудагии кишварро таъмин созем. Зеро Тоҷикистони азиз, ватани маҳбуб ва хонаи умеди ҳар як тоҷикистонӣ аст, пас онро мо ва танҳо мо ҳифз мекунему ободу зебо мегардонем!  

 Хайрулло Раҷабалиев,

сиёсатшинос

Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир

Информация о материале
Опубликовано: 15 октября 2026
Просмотров: 81

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон як қатор институтҳое зуҳур карданд, ки фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро назорат ва танзим менамоянд. Вале ҳар яки онҳо танҳо ба як ҷиҳати фаъолияти ВАО, яъне ба масъалаи экология ва ҷиҳати ахлоқии ахбор, дигар, ба фаъолияти ҳуқуқӣ, ба фаъолияти пулию молӣ ва ғайра масъуланд. Боиси таассуф аст, ки ҳоло сифати фаъолияти институтҳои мазкур  баҳспазир аст. Ин дар фаъолияти воситачҳои ахбори оммаи электронӣ бараъло намудор аст.

Мафҳуми ахбори экологӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири меъёри талабот нисбати фаъолияти матбуот, барномаҳои радио ва телевизион баромад мекунад. Масалан, дар Русия талабот ва меъёрҳои зерин нисбати ахбори аз ҷиҳати экологӣ тозаи васоити ахбори оммавӣ муайян шудааст. Якум талабе, ки бояд ахбори экологӣ фаро гирад, ин мавҷудияти «бозори ахбор» мебошад. Ахбор бояд бо назардошти  гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, хусусиятҳои регионалӣ ва маданӣ пешкаш гардад.  Теъдоди зиёди барномаҳои телевизион ва радио рақобатро ба миён меоварад, ки  ба сифати мундариҷаи он, ба мўътамадӣ, боварибахш  ва ба маврид будани он  таъсири мусбӣ дорад.

Талаботи сонӣ озодии афкор аст.Чӣ қадаре, ки бозори ахбор рушд ёбад, ҳамон қадар ба озодии баён шароит фароҳам меорад (агар вай ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавӣ» муҳолифат накунад). Дар баробари он, ки саҳифаҳои худро барои ифодаи озодии баён  пешкаш менамояд, ВАО бояд, инчунин, ба тарафи муқобил барои баёни ақидаи хеш имконият фароҳам орад.

Дар назари мо рафтору амали боадабона дар ахбори аз ҷиҳати  экологӣ тоза хеле муҳим аст, яъне ахбори моҳияти умумиҷамъиятӣ дошта бояд барои бинанда  ва шунаванда дар вақти мувофиқ бо назардошти ақидаҳои гуногун паҳну пахш карда шавад.

Меъёри дигар мизони иттилоотист, яъне манфиати ин ё он гурўҳи сиёсиро  дифоъ накардан. Чӣ тавре ки зикр гардид, ҳифзи манфиати гурўҳи муайян, фишор овардан дар аксар маврид бар зидди манфиати ҷомеа қарор мегирад.

Масъулияти касбӣ меъёр ва талаботи муҳим буда, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардан ҳам ба худназоратӣ, ҳам ба масъулиятшиносиву дақиқкории журналист ва ҳам ба ҷиҳати ахлоқии  ахбор ва амсоли инро тақозо менамояд.

Экологияи электронӣ. Ахбори пешниҳодшуда бояд моҳиятан ба дараҷаи маданият ва маърифати бинанда ва шунаванда мутобиқ бошад.

Меъёри баъдӣ нигоҳ доштани якпорчагӣ мебошад. Ҳифзи якпорчагии асарҳои санъат, барномаҳоро таъмин намуда, онҳоро бо реклама халалдор нанамудан. Хусусияти реклама ҳамин аст, ки бо мақсади мутаваҷҷеҳ сохтани бинанда якбора дар миёни барнома рў мезанад ва то ҷое одамро асабонӣ месозад. Реклама метавонад барномаи футбол ва ҳатто филми бадеиро  боздорад. Дар ин маврид талаботи  тамошобинро ҳеҷ кас ба эътибор намегирад. Ҳиссиёте, ки ҳини тамошои филм  ва ё барнома ҳосил мешавад, канда мешавад, вайрон карда мешавад, халалдор мегардад. Классика бо рекламаи собун ва ё резина дар як сатҳ қарор мегирад.

Кафолати адолат. Воситаҳои коммуникативии радио ва телевизион  бояд фикру дархости Шўрои ҷамъиятии ВАО-ро ба эътибор гирад, ба обрў ва эътибори Шўро тобеъ бошад, ки он ҳамчун кафили оромӣ ва адолати паҳну пахши иттилоотӣ баромад мекунад.

Принсипи ҳамкорӣ. ВАО фаъолияти хешро тибқи принсипҳои «Декларатсия оид ба ВАО ва ҳуқуқи инсон» қарор диҳанд.

Бозори озоди иттилотӣ ва танзими давлатӣ, назорати ҷамъиятӣ ҷузъи таркибии матбуоти сифатан ба талабот ҷавобгў ва ахбори экологӣ мебошад. Вале танҳо мавҷудияти механизми номбаршуда кофӣ нест. Ҷузъи чудонопазири этикаи журналистӣ ва адолати иҷтимоии ВАО маҳсуб меёбад. Профессори университети Париж Клод Жан Бертран таснифи системаи масъулияти ВАО-ро, ки ба ду принсип асос меёфт, пешниҳод намуд.

Ба принсипи аввал кодекси этикӣ, дастурҳое, ки ба ходимон принсипҳои рафтори этикиро мефаҳмонад, сандукҳо барои шикоят, «мактуб ба муҳаррир» ва дигар  воситаҳои дастрас, чопи факту рақам ва қоиди аз тарафи ВАО-и рўзмарра ва дурўғ баён шуда  дар ВАО-и дигар, гузориши журналистӣ, ки  ба танқиди ВАО ва баррасии фактҳои дурўғ, ки дар ВАО роҳ ёфтаанд, равона карда мешавад, ба омма расонидани қарорҳои ҳокимияти давлатӣ нисбати ВАО ва ғайра  дохил мешаванд.

Ҷузъи дигари таркибии системаи назоратӣ, ба ақидаи Клод Жан Бертран,  тайёрии касбии журналист ва тадриҷан баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, вохўрии пай дар пайи ходимони ВАО бо шаҳрвандон, назорати рафтори аҳлоқӣ ва касбии воситаҳои коммуникативӣ мебошад.

Принсипи дуюм ба он асос меёбад, ки кадом мақомот, кадом муассиса дар системаи назоратӣ шомил аст:

–  назорати дохилии ВАО;

– назорати беруна, ки ба ВАО тобеъ нест.

Ба фикри мо бояд дар раванди назорат ба акси садо диққати махсус дод. Аз як тараф, ахбор  то хонанда рафта расад ва аз дигар тараф, бояд ў оиди проблема фикри хешро баён созад. Дар ин маврид, махсусан, акси садои «манфӣ», яъне ахбор дар бораи хатогиҳо, дағалиҳо, камбудиҳо аҳамияти муҳим дорад, зеро он шаҳодат медиҳад, ки хонанда ахбори паҳну пахшкардаро ғайриэкологӣ меҳисобад. Ба ҳар ҳол назорат аз болои ВАО набояд мақсади ниҳоӣ бошад. Бояд, пеш аз ҳама, шароит офарид, ки ВАО ба муштариён ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза пешниҳод намояд, барномаҳои сифатан бадеӣ ва ахлоқан баландмазмунро тавлид созад.

Дар ҳар як ҷомеа дар мавриди паҳну пахши иттилоъ муаммои ба ҳақиқат мутобиқат накардани он ба чашм мерасад, ки он аз бемасъулиятӣ ба фаъолияти касбу вазифаи ҳуд, муносибати саҳлангорона ва ҳунукназарона доштани журналистон шаҳодат медиҳад. Дар ҳолати аввал, журналист мавзўъро хуб намедонад ва ба хотири сенсатсия мавод бидуни таҳқиқи чуқур пешниҳод мегардад. Дар дигар маврид мавод ё мақола метавонад мувофиқи «талаб» бошад, ки ба ҳалли ин ё он манфиати сиёсӣ ва ё иқтисодӣ равона шуда бошад.

Хулоса, оиди ахбори экологӣ ва ғайриэкологӣ ҳарф зада, ҳолатҳоеро зикр менамоем, ки ба назари мо муҳим аст.

ахбори экологӣ, пеш аз ҳама, аз тарафи ВАО паҳну пахши ахборест, ки бояд ба суботи ҷомеа, ба оромии муносибатҳо миёни гурўҳҳои гуногуни одамон мусоидат намояд;

яке аз шартҳои асосии ахбори экологӣ мувофиқати иттилоъ ба меъёрҳои этикии ҷомеа маҳсуб меёбад;

масъулияти иҷтимоии ВАО, танзими ниҳодҳои коммуникатсияи оммавӣ ва Шўроҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти ВАО-ро назорат мебаранд, шарти зарурӣ баҳри тавлиди ахбори экологӣ мебошад

Якубов Ҷумъа Калонович

дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Бани одам аъзои якдигаранд…

Информация о материале
Опубликовано: 15 октября 2026
Просмотров: 81

Шоири бузург ва машҳури форсу – тоҷик Саъди Шерозӣ дар ин мисраҳои худ тавонистаст, ки асоси фалсафаи дар якҷоягӣ зиндаги карданро дар кураи замин нишон диҳад. Бузургии шеър ва шоир дар он аст, ки гуфтаҳои ў ба ҳама давру замон рост меоянд. Дар баробари ин аз мисраҳо бар меояд, ки дар замони шоир низ муаммоҳо кам набуданд. (ҳамааш набошад ҳам қисмаш: ҷангу ҷидол, гуруснагӣ, беморӣ, зулму ситам аз тарафи давлатҳои бузург ба давлатҳои хурд ва нотавон ва ғайра). Аз ин лиҳоз шоир бо ин мисраҳои худ мардуми башарро ба якдилӣ, инсондўстӣ, эҳтироми якдигар, дастаҷамъона мубориза бурдан бо муаммоҳои замони худ, бетараф набудан, ки дар асри мо ба як вазъияти муқаррарӣ табдил ётааст  даъват намудааст.

Ҳар як давру замон муаммоҳои худро дорад, ки дар танҳоӣ ва бо бетарафӣ онҳоро бартараф намудан ғайри икон аст. Барои мисол овардан мо ба умқи таърих надаромада ҷангҳои даҳшатовари асри ХХ – ро пеши назар меорем, ки на ривоят асту на афсона. Дар натиҷаи Ҷанги якуми ҷаҳон  ва Ҷанги дуюми ҷаҳон инсоният чунон даҳшатро аз сар гузаронд, ки то абад барояшон басанда аст. Дар Ҷанги якуми ҷаҳон ва дар Ҷанги дуюми ҷаҳон давлатҳои абарқудрати замон (давлатҳои абарқудрати замон гуфта мо он давлатҳоеро дар назар дорем, ки метавонистан, ки сади роҳи ин фалокатро гиранд) дидаю дониста садди роҳи ин ҷанги хунхорро нагирифта ва дар баъзе ҳолатҳо барои амалӣ намудани манфиатҳои худ онро истифода намуданд. Хусусан ин вазъиятро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баръало мушоҳида намудан мумкин аст. Чунки мутобиқи Конфронси Париж ва Шартномаи сулҳи Версал Олмон бояд дигар имконияти ҷанг карданро намедошт. Доир ба ин масъала ба таври муфассал дар китоби «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати Тоҷикистон (1917-2008) (Гулҷонов М., Мирзошо В., Мамадҷонзода М., Душанбе, «Эр – граф», 2010.)» чунин оварда шудааст:

«Конференсияи Париж пас аз қабули Ойинномаи Лигаи Миллатҳо ба муҳокимаи шартҳои сулҳ бо Германия гузашт. Англия, Франсия, ИМА ва дигар иштироккунандагони ҷанги зидди иттиҳоди Германия ҷонибдори заиф намудани Германия буданд, то он натавонад болои инкишофи вазъият нуфузи таъинкунанда ва дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат имкони рақобат дошта бошад. Аз ҳама мавқеъи оштинопазиронаро Франсия дошта буд. Клемансо ва дигар намояндагони Франсия кўшиш мекарданд, ки Гармания бояд пурра товони ҷангро бипардозад. Онҳо аз Германия пардохти товони ҷангро ба маблағи 800 миллиард марки тиллоӣ талаб менамуданд. Маблағи умумии товони ҷанг ба нафъи Франсия, Англия ва ИМА 1,5 триллион маркаи тиллоиро ташкил медод.

Мутобиқ ба шартномаи сулҳи Версал, ки иборат аз 440 модда буд, Германия Эльзас ва Лотарингияро (ба сарҳадҳои соли 1870) ба Франсия пас гардонд Ноҳияҳои Эйпен, Малмедӣ ва Морене ба Белглия дода шуданд. Дар соҳили чапи Рейн минтақаи ғайри низомӣ ба масофаи 50 километрӣ ба миён омад, ки дар он Германия ҳаққи сохтмони истеҳкомот, ҷогузин намудани қувваҳои низомӣ ва гузарондани маневрҳои ҳарбиро надошт. Соҳили ғарбии Рейн аз тарафи қушунҳои муттаҳдин ишғол шуда буд.

Дар натиҷаи ин тағйирот, сарҳадҳои Германия қисмати ҳаштуми территория ва қисмати дувоздаҳуми аҳолиро аз даст дод. Кишварҳои Антанта тамоми мустамликаҳои Германияро дар Африка ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором ишғол намуданд. Қисмати муҳими шартномаро моддаҳое ташкил менамуданд, ки Германияро таҳти маҳдудиятҳои низомӣ гузошта буданд. Дар Германия хизмати ҳатмии низомӣ манъ гардид ва армияи он бояд теъдоди на бештар аз 100 ҳазор, бар асоси довталабӣ ташкил мешуд. Теъоди офисерони армия наметавонист аз 4000  нафар бештар бошад. Ситоди кулл аз байн бурда шуд. Муддати хизмат барои аскарон, қумандонҳои дараҷаи поин 12 сол ва барои офитсерон 25 сол таъин гардид. Маҳдудияти зиёд, бахусус, болои флоти баҳрӣ гузошта шуда буд.

Он бояд иборат аз 6 киштии зиреҳпўш (броненосец), 6 крейсери сабук, 12 кишти зидди минабаранда ва 12 киштии минабардор бошад. Доштани киштиҳои зериобӣ барои Гемания тамоман манъ гардид.

Германияи ғарбӣ барои 15 сол аз ҷониби давлатҳои муттаҳидин ишғол гардид. Комиссияи махсуси пардохти товони ҷанг бояд маблағи товони ҷанг ва муддати пардохти онро муайян намояд. Пардохти аввал ба маблағи 20 миллиард марка бояд то 1 майи соли 1921 сурат гирад. Барои ғарк намудани киштиҳои тиҷоратӣ ба қудрати борбардории бештар аз 1600 ҳазор тонн, Германия бояд чоряки киштиҳои моҳигирӣ ва панҷяки киштиҳои дарёӣ ба давлатҳои муттаҳидин бидиҳад ва дар муддати 5 сол барои давлатҳои муттаҳидин киштиҳои тиҷоратии бо қудрати борбардории умумии 1 миллион тонн бисозад.

Германия ўҳдадор гардид, ки дар муддати 10 сол ба Франсия 140 млн. т., Бельгия – 80 млн. т., Италия -77 млн. тонн ангиштсанг диҳад.

То андозаи муайяне муаллифони шартномаи Версал хатоиҳои Германияро, ки мувофиқи сулҳи Франкфурт болои Франсия бори вазнин гузошта буд ва Франсияро барои аз байн бурдани натиҷаҳои он водор ба муборизаи шадид сохт, такрор намуданд. Шартномаи Версал дар соли 1919 заминаро барои рушди идеяи интиқомталабӣ дар Германия поягузорӣ намуд, ки баъдтар он дар мубориза барои аз байн бурдани он ва аз нав тақсим намудани харитаи Европа арзи вуҷуд намуд».

Ба таври муфасал овардани раванди бастани ин созишнома барои он буд, ки ҳар яки мо худ онро муқоиса намуда хулоса барорем. Бовари дорем, ки ҳар яки моро як фикр ба ташвиш меорад. Барои чӣ бо чунин маҳдудиятҳо, назорати пурзур аз рўи онҳо Олмон дар як мудати кутоҳ натанҳо қувва ва қудрати пешинаашро барқарор кард, балки ҷангро дар соли 1939 оғоз намояд?

Ҳамаи нишони бетарафӣ ва дуруягӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мебошад, ки оқибат зарари онро он давлатҳое низ чашиданд, ки инро на онқадар интизор буданд.

Имрўз низ ин гуна сиёсатҳои дурўя дар муносибатҳои байналхалқӣ ба чашм мерасад, ки ба давлатҳои алоҳида зарарҳои фалокатовар расонидаанд ва расонидаистодаан. Ҳол онки ин муаммоҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ ба зуддӣ ва бо талафоту хароҷотҳои камтар пешгирӣ ва несту нобуд кардан мумкин аст.

Лекин бо вуҷуди ин ҳама мо мебинем, ки таҷрибаи бои инсонӣ барои на ҳама давлатҳо дарси ибрат мебошад. Ва он хатоиҳое, ки инсоният дар тўли мавҷудияти худ аз сар гузаронидааст боз такрор мекунанд. Агар чунин вазъият давом кардан гирад инсоният мумкин аст, ки дучори ҷанги нав «Ҷанги сеюми ҷаҳон» гардад.

Имрўз мо мебинем, ки майдони ҷангу низоъ ва бозиҳои геополитикӣ бисёртар дар давлатҳои Шарқ, Африқо ва он давлатҳое, ки дар сарҳади геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор доранд сар мезананд. Оқибатҳои бархуди геополитикии давлатҳои бозингар вазъиятро натанҳо дар минтақа балки дар ҷаҳон то рафт мураккаб намуда истодааст.

Вазъияте, ки имрўзҳо дар бархе аз давлатҳои Аврупоӣ ба вуқуъ омада истодаанд пурра оқибатҳои нодурусти сиёсати пешгирифтаи худи онҳо ба ҳисоб мераванд. Ин сиёсати нодурусти онҳо натанҳо ба вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо балки ба парокандашавии Иттиҳоди Аврупо оварда расонида истодааст.

Бартарии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худро нисбати дигарон ҳис намуда, чунин сиёсатеро пеш гирифтанд, ки худашон дар амон бошанд. Лекин ин ба онҳо муясар нагардид ва мисраҳое, ки дар боло овардем исботи ин гуфтаҳост.

Имрўз дар Аврупо ва Амрико, ки худашонро маркзи тамаддини имрўзаи башарӣ мешуморанд озодона мисли даҳ сол, бист сол пеш гашту гузор кардан номумкин аст. Ҳодисаҳои террористие, ки дар Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Брюссел шуда гузаштанд, аҳолии ин давлатҳоро ба ларза оварданд. Имрўзҳо чорабиниҳои гуногуни сатҳи калоне, ки дар ин давлатҳо баргузор мегардад дар як вазъияти истиробовар ва бо иштироки зиёди кормандони мақомотҳои дахлдор баргузор мегардад.

Дигар масъалае, ки тамоми давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро ба ташвиш оварда аст ин масъалаи муҳоҷирон мебошанд. Муҳоҷироне, ки ба Аврупо ворид мешаванд қисмати зиёди онҳоро шаҳрвандони ҳамон давлатҳое ташкил мекунанд, ки дар он ҷо ҷанг ва низоъ шуда гузаштааст ва ё шуда истодааст. Ба ягон кас махфи нест, ки саҳми бархе аз ин давлатҳо дар ҳамин фоҷиаҳо назаррас мебошад. Дар баробари ин чунин сиёсат то кунун давом дорад.

Агар мо вазъияти имрўзаи Шарқи Наздикро дида бароем барои несту нобуд кардани террористон ҳама омодаанд ва ҳама мубориза бурдаистодаанд. Лекин ақидаи ягонаи мубориза бо терроризм дар ин минтақа ба чашм намерасад. Маҳз ҳамин вазъият боис гаштааст, ки як гурўҳ террористон ҳудуди давлатҳои мустақилро бар хилофи тамоми меъёрҳои байналхалқӣ забт намуданианд.

Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он шабоҳат медиҳад, ки манфиатҳои миллии худро давлатҳои абарқудрат аз манфиатҳои байналхалқӣ боло медонанд, ҳол онки ҳамаи мо ба ҳамдигар пайвастем ва дар сурати пайдо шудани ягон муаммо дар дигар гушаи дунё таъсираш оқибат ба мо низ омада мерасад. Чуноне, ки дар боло гуфтем:

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Аз ин лиҳоз дар асри бисту як мо набояд мисли асрҳои пешин орзўи забт кардани ҳудуди нав, ташкил намудани империяи бузург, бартарӣ аз дигарон, қатли омми дигар миллату нажод дошта бошем, балки дастаҷамъона бикӯшем то ҳар як муаммои пайдошударо бартараф намоем. Маблағҳои гаронро, ақлу донишро, ки Худованд танҳо ба инсон ато кардааст барои пешгирии ҳаргуна бемориҳо, гуруснагӣ, ташнагӣ, фақирӣ ва кашфи саёраҳои нав барои зистани инсон ва дигар махлуқоти рўи замин харҷ намоем.

Дар охир суханони сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро меорем, ки дар дар ҳузури омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳи арупою осиёи ба номи Л.Н. Гумиёв (Остона 5.05.2006) иброз намуданд:

«Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки онро хусусиятҳои ниҳоят мураккаби рўйдодҳо, омилҳо ва тамоилҳои хеле зиёд ва бо ҳамдигар вобаста, гуногун, серсоҳа ва қисман ба якдигар мухолиф фаро гирифтаанд. Ҷаҳони мо ҳам имкониятҳо ва эҳтимолияти бузурги таърихӣ, ташаккули ниҳоят ҷиддӣ, таҳдидҳо ва санҷишу имтиҳонҳои бузургро барои тамоми халқҳо ва мамлакатҳо дар бар мегирад. Ҷаҳони мо ҷаҳонест, ки дар он тағйироту дигаргуниҳои амиқ ва ҳатто инқилобӣ хусусияти афзоишёбанда ва фарогиранда доранд, онҳо ба тамоми минтақаҳо ва давлатҳои ҷаҳон, ба ҳамаи соҳаҳо ва ҷиҳатҳои ҳаёти мо таъсири рўзафзун ва нуфузёбанда мерасонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз тақдири халқҳо ва мамлакатҳо ба ҳамдигар вобастаанд, минтақаҳо бо ҳамдигар равобити ҳамаҷониба доранд ва талаботу таҳдидҳои замони имрўза хусусияти умумӣ касб намудаанд. Ҷаҳони мо бо ҳукми тақдир бояд ин воқеиятро ба назар гирифта, мувофиқи онҳо амал кунад. Дар ин маврид мо бояд на манфиатҳои маҳдуди миллию давлатӣ, балки ҳадафу манфиатҳо ва арзишҳои ҳақиқатан умумибашарӣ ва ҷаҳониро ба роҳбарӣ гирем».

Давлатов Умедчон Назирович

муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

  1. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  2. Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  3. Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  4. Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!

Страница 1 из 30

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.