- Информация о материале
- Просмотров: 61
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Яке аз чунин афроди роҳгумзадаи ифротӣ- Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар давоми соли равон, бештар тавассути сомонаи “ISLOH TV”(Ислоҳ.нет.) дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”ровигиро ба уҳда гирифта, зимни баромадҳояш дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро нодида гирифта, Ҳукумати кишварамонро беасос ба ҳаргуна гуноҳҳо айбдор менамояд.
М. Садриддин дар давоми моҳи шарифи Рамазон низ дар барномаи ифротии зикршуда бо ҷалби шогирдону думравонаш баромадҳо ташкил намуда, зимни ҷараёни он, аз ҷумла санаҳои 01, 04, 08, 11 ва 15 марти соли ҷорӣ бо суханҳои беасос ва бо маълумотҳои бардурӯғи бедалел, сафасатагӯӣ намуданд. Баромадҳои М.Садриддин ва шогирдону думравонаш ва намоиши сабтҳои видеоӣ, аудиоии онҳо танҳо суханони ғайбату туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Хуллас, ғайбату туҳматангези иғвогарон аён аст Умуман, бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд.
Роҳгумзадагони ғайбатчии ифротиро бори дигар хотиррасон менамоем, ки мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи навини кишвари хеш бохабар ҳастем. Умуман, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рӯҳи шикастнопазир доранд. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва
қарзи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд
- Информация о материале
- Просмотров: 110
Имрӯз яке аз зуҳуроти нафратовари хатарнок-терроризм ва ифротгароӣ, дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст. Зери фишори неруву унсурҳои бегона ва аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстримизм вазъи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имруз бошад дар Афғонистон мебинем.
Аксари созмонҳои ифротгароӣ, алалхусус мубалиғони яке аз созмони байналмилалии тундрави исломгаро бо номи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” , ташкилоти террористии “Ал-Қоида” шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, алалхусус шаҳрвандони Осиёи Марказӣ-ро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд намуданашон ба назар мерасад.
Таблиғи ғояҳои радикалӣ, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд,ки ҳаштод фоизи ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.
Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок диққати махсус равона менамоянд ва тадбирҳои мушаххас самараи назаррас ба бор оварда истодааст.Мувофиқи иттилои расмӣ соли 2025 додгоҳҳои кишвар дар умум беш аз 400 парвандаи марбут ба ифротгароиро баррасӣ кардаанд.Тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилаи мамлакат аз соли 2015 то инҷониб бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ 1030 нафар узви ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба Ватан баргардонда шуда, бо онҳо мунтазам чораҳои профилактикӣ гузаронда мешаванд.
Дар иртибот ба масъалаи матраҳгардида ва аз рақамҳои оморӣ хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки он оилаҳои дар он низоми якдигарфаҳмӣ, садоқату муҳаббат, вафодорӣ, андӯхтани илму маърифат, интихоби касби дӯстдошта ва инсонсолорӣ барпо шудааст, хатари воридшавии идеологияҳои ифротгаро ва маданияти бегона умуман ба чашм намерасанд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, падару модарон аз оғоз ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон таваҷҷуҳ намоянд. Умуман, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.Мо набояд фаромӯш созем, ки мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Ҳар як фарди кишвар, кулли ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайридавлатӣ бояд дар ин самт фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд. Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Хуллас, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамеаро ташкил медиҳанд мебояд ба ин афкори манфур фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории суботу амнияти минтақа ва ҷамеаи ҷаҳонӣ аст.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
- Информация о материале
- Просмотров: 95
Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) имрӯз яке аз проблемаи асосии ҷаҳони шинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад. Дар иртибот ба ин, муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву ифротгароӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд.
Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоли мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Масалан танҳо дар нимаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 241 террористу ифротгаро боздошт шуданд. Бояд қайд кард,ки шумораи ҷиноят вобаста ба терроризиму ифротгароӣ сол аз сол дар кишвар кам шуда истодааст. Вале, аз рақами оморӣ хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.
Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омӯхтани илм талош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши
ҷавонони ДИС ДДТТ
- Информация о материале
- Просмотров: 36
Тибқи расонаҳои хабарӣ мо огаҳ ҳастем, ки имрўзҳо яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин агар ҳафтае нисбати кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтон наяфкананд, худро ором намегирад. Ин иғвогари дасисабози ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш дар канали YouTube -“ ISLOH TV ,пойгоҳи “ ISLOH net”, маскан гирифта, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ” солҳои қаблӣ ва аз оғози соли равон то имрӯз бо бо ҷалби думравонаш баромад намуда, ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонидан ва мардумро ба ноамниву ноумедӣ раҳнамоӣ намудан кӯшиш дорад.
Мо борҳо зимни андешаҳои хеш вобаста ба баромадҳои қаблии М.Садриддин ва думравонаш, аз қабили Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Абдулло ибрози андеша намуда, қайд карда будем, боз такроран таъкидан қайд менамоем, ки ин бадхоҳони ифротӣ ҳадафаш тағйири сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Таърих гувоҳ аст, ки аслан роҳбарияти наҳзат, хоса Мухиддин Кабирӣ бо такягоҳу пуштибонии хоҷагони хориҷӣ, мазҳабу виҷдон ва ҳама гуна арзишҳои миллиро фурӯхтаанду бар ивази маблағҳои хоҷагони хориљаашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.
Таърих гувоҳ аст, ки баъди чандин солҳо талошу заҳматҳои роҳбарияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ободу сулҳпарвар аз ҷониби тамоми кишварҳои бонуфузу қудратманди ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамаи ин дастовардҳои миллати тоҷик дар дили бадхоҳони миллат беқарор кардаст, ки имрўз М.Садриддину думравонаш ,умуман фаъолияти хиёнатпешаи наҳзату навнаҳзатиҳо дар хориҷи кишвар аз дунёи маҷозии интернет истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоини ватангадо, ки дар боло мо зикр кардем, миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд. Албатта, шахси солимандеш ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта, ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд. Аммо, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд! Баробари ин, бояд ќайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари њар гуфтору рафтори нањзату навнаҳзат ва хољагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки М.Садриддин ва шогирдону думравонаш нисбати кишвари соњибистиќлоламон сухани ќабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриќонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳои ифротӣ ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
- Информация о материале
- Просмотров: 61
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои ҷиддитарини ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб мераванд. Ин зуҳурот на танҳо ба амнияти давлатҳо, балки ба ҳаёт, саломатӣ ва оромии шаҳрвандони оддӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Терроризм ва экстремизм бо истифода аз зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва таблиғи ақидаҳои ифротӣ ҷомеаро ноором сохта, сулҳу суботро халалдор менамоянд.
Имрӯз ягон давлат аз хатари терроризм ва экстремизм пурра эмин нест. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳншавии ғояҳои ифротгароёна осонтар гардида, махсусан ҷавонон ба доми чунин гурӯҳҳо меафтанд. Аз ин рӯ, масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аҳамияти хосса пайдо кардааст.
Терроризм амали ҷинояткоронаест, ки бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ барои тарсонидани аҳолӣ ва расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ё идеологӣ анҷом дода мешавад. Амалҳои террористӣ метавонанд дар шакли таркиш, куштор, гаравгонгирӣ, ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ зуҳур намоянд.
Хусусиятҳои асосии терроризм:
- истифодаи зӯроварӣ;
- тарсонидани аҳолии осоишта;
- ҳадафи сиёсӣ ё идеологӣ;
- паҳн намудани ваҳм дар ҷомеа.
Терроризм ҳамеша боиси талафоти ҷонӣ, харобшавии инфрасохтор ва зарари равониву иқтисодӣ мегардад.
Экстремизм ин ҷонибдорӣ ва паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ мебошад, ки зидди қонун, ахлоқ ва арзишҳои умуминсонии ҷомеа равона шудаанд. Экстремистҳо ақидаҳои худро ҳамчун ягона роҳи дуруст муаррифӣ намуда, дигар андешаҳо ва фарҳангҳоро рад мекунанд.
Навъҳои асосии экстремизм:
- экстремизми сиёсӣ;
- экстремизми мазҳабӣ;
- экстремизми миллӣ;
- экстремизми иҷтимоӣ.
Экстремизм аксар вақт заминаи асосии терроризм мегардад ва зӯровариро ҳамчун воситаи «қонунӣ» сафед мекунад.
Терроризм ва экстремизм бо ҳам робитаи зич доранд. Экстремизм асоси идеологии терроризм буда, терроризм шакли амалии татбиқи ақидаҳои ифротӣ мебошад. Ҳар як террорист экстремист аст, аммо на ҳар як экстремист ҳатман террорист мебошад.
Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз ақидаҳои экстремистӣ ҷавононро ба сафи худ ҷалб намуда, онҳоро ба амалҳои ҷинояткорона водор мекунанд.
Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм гуногунанд. Яке аз он сабабҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки ба он камбизоатӣ, бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва паст будани сатҳи зиндагӣ метавонанд боиси рӯ овардани баъзе шахсон ба ақидаҳои ифротӣ гарданд. Шахсоне, ки худро аз ҷомеа канормонда ҳис мекунанд, осонтар фирефтаи таблиғоти экстремистӣ мешаванд.
Ноустувории сиёсӣ, фасод, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва набудани адолати иҷтимоӣ низ заминаи афзоиши терроризм ва экстремизм мегарданд.
Сабабҳои мазҳабӣ ва идеологии ин падидаи номатлуб ин сӯистифода аз дин ва таҳрифи таълимоти мазҳабӣ буда, яке аз омилҳои асосии экстремизми мазҳабӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротгаро динро ҳамчун воситаи сафедкунии зӯроварӣ истифода мебаранд.
Омилҳои равонӣ, аз қабили эҳсоси нобаробарӣ, беадолатӣ, ҷустуҷӯи мақсад дар зиндагӣ ва таъсири роҳбарони ифротӣ, махсусан ба ҷавонон таъсири калон мерасонанд.
Зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар ҷомеа падидаи номатлуб ва ҷиддӣ буда, он метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад:
- ҳамлаҳои террористӣ;
- таблиғоти ифротгароёна дар интернет;
- барангехтани адовати миллӣ ва мазҳабӣ;
- даъват ба зӯроварӣ ва сарнагунсозии ҳокимият.
Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба яке аз воситаҳои асосии паҳн кардани ақидаҳои экстремистӣ табдил ёфтаанд.
Оқибатҳои терроризм ва экстремизм:
- талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани одамон;
- вайрон шудани сулҳу субот;
- паҳн шудани тарсу ваҳм дар ҷомеа;
- зарари иқтисодӣ;
- коста шудани эътимоди байни мардум.
Терроризм ва экстремизм оқибатҳои хавфноку фоҷиабор дошта, боиси тарсу ҳарос, нооромӣ ва коста гардидани эътимоди мардум ба ҷомеа ва давлат мегардад. Муносибатҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо халалдор мешаванд.
Амалиёти террористӣ ба иқтисодиёт зарари калон расонида, оқибатҳои коҳишёбии иқтисодиётро дорад: сармоягузорӣ кам мешавад, сайёҳӣ коҳиш меёбад ва хароҷоти давлат барои амният меафзояд.
Таҳдиди терроризм метавонад боиси маҳдуд шудани баъзе озодиҳои шаҳрвандӣ ва пурзӯр шудани назорати давлатӣ гардад.
Нақши давлат дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм басо муҳим буда, давлат вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд. Барои ин:
- қонунгузорӣ такмил дода мешавад;
- фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият меёбад;
- ҳамкории байналмилалӣ рушд меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Пешгирии терроризм ва экстремизм яке аз роҳҳои самараноки мубориза мебошад. Ба он дохил мешаванд:
- тарбияи ватандӯстӣ;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ;
- тарбияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар;
- назорати муҳити интернет;
- нақши оила ва мактаб дар тарбияи ҷавонон;
- ҳамкории давлат ва ҷомеа.
Оила ва ҷомеа дар тарбияи шахс нақши калидӣ дорад. Муҳаббат, назорат ва дастгирии падару модар метавонад ҷавононро аз роҳҳои нодуруст эмин нигоҳ дорад. Ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ низ бояд дар ин самт фаъол бошанд.
Терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа, давлат ва инсоният мебошанд. Мубориза бар зидди ин зуҳурот вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як фарди бошуур мебошад. Мубориза бар зидди ин зуҳурот танҳо бо роҳи зӯроварӣ имконнопазир аст, балки бояд тавассути маориф, тарбия, адолати иҷтимоӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба амалӣ гардад.
Шиори «Нест бод терроризм ва экстремизм» бояд шиори ҳар як шаҳрванди бомасъулият, ватандӯст ва худогоҳ бошад. Танҳо бо роҳи дониш, огоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҷомеаи солим ва орому амнро сохт. Танҳо дар фазои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавон ояндаи дурахшонро бунёд намуд.
Ходжаева Вилоят,
муаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор,
Нематова Хурмат,
муаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор




