- Информация о материале
- Просмотров: 142
Агар ба таърихи дини мубини ислом нигоҳе андозем мебинем, ки ҳануз дар рӯзҳои аввали зуҳураш қабоили гуногун ва ҷангҷӯю номуттаҳидро дар доираи арзишҳои маънавию фитрии худ зери як шиору парчам ва давлати баробару бародарӣ, ки марзу ҳудуд надорад ҷамъовард.
Арзишҳои динӣ бо арзишҳоии миллӣ ва мазҳаби ҳамсонанд ва имрӯз бехирадон, ҳамон ифротгароён ва хурофотзадагон даст ба қатлу хунрезӣ задаанд, ин амали онҳо далели онро дорад, ки аз дину мазҳаб ва арзишҳои созандаю бунёдкориаш, дини муҳаббату дустӣ, рафоқату бародарӣ будани он хабар надоранд, маълумаст, ки онҳо танҳо кӯркӯрона ба тоату ибодат даст мезананд. Боварӣ ба он дорем, ки ин турфа бехирадони мазҳабгаро ва тафриқаандоз бехабар аз Қуръону калом ва суннату ахлоқи набавӣ монданд, агар онҳо як бор аз ахлоқу рафтори намунавии пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в)-ро мутолиа кунанд, хуб мефаҳманд, ки моҳияту мӯҳтавои дину шариат дар чист? Ва бо рафтору аъмоли худ муқоиса кунананд, ки оё онҳо ҷонибу роҳи ҳақ ҳастанд ва ё баръакси он?
Таъкид ба маврид аст, ки бе арзишҳои динӣ ва муқаддасоту ҳувияти миллӣ наметавон давлату ҳокимият ва умуман ҷомеа сохт. Бо баробари ҳамаи ин мо бояд қадри ватани азизу маҳбубамонро бидонем ва дар муҳофизату ҳимояи он бояд даст ба даст диҳем ва аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдори карда бо иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ ва арзишҳои он сулҳу субот, марзу буми кишвари азизамонро пос дорем, зеро вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон нигарон кунандааст. Кишварҳои зиёде бо ҳам душманию ҷудои меварзанд ва вазъи минтақаҳоро рӯз то рӯз муташаниҷ мекунанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо маърифати сиёсати хориҷии давлату Ҳукумат ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстӣ мо бо давлатҳои ҳамсоя, ҳамзабон, ҳамдину ҳаммазҳаб ва дуру наздик хубаст ва ин боис ба пешрафту тарақиёти ҳаматарафаи давлати соҳибистиқлоли мо мегардад.
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ
- Информация о материале
- Просмотров: 145
Халқи тоҷик аз радифи он миллатҳоест, ки марзу буми хешро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандорӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.
Чуноне ки зикр намудем, таърихи миллати тоҷик пур аз мардони шуҷоъву меҳанпараст мебошад. Сад афсус мехонем, ки ба ҷои пайрави ворисону аҷдодони бузурги хеш гардидан, шукрона аз ин ватани осудаву тинҷу ором кардан, ҳастанд шахсоне, ки баҳри амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки хеш даст ба ҳар амали зишту нангин мезананд.
Чӣ хеле ки аз расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум аст, имрӯзҳо пайваста хоинони кишвар берун аз қаламрави Ватани ободамон маскан гирифта ба сӯи кишварамон ангушти нафрат мезананд. Яке аз ин шахсон Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад, ки барои манфиати шахсӣ, пулу моли зархаридорони хориҷа шуда нангу номус ва шарафи хешро фурухтааст. Ин хоини кишвар баъд аз ҳодисаҳои соли 2015 дар кишварҳои хориҷӣ иқомат дорад ва бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш аз минбарҳо баромад намуда, кӯшиш ба самар дода истодааст то ба василаи нутқҳои бардурӯғи хеш назари ҷаҳониёнро нисбати Ҷумҳурии биҳиштосои Тоҷикистон бад гардонад. Баромади навбатии ин хоини миллат дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва дар мавзӯи “Ҳиҷрати маҷбурии оппозитсияи сиёсӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо ва коҳиши тундгароӣ да байни муҳоҷирони ин минтақа: Чолишҳо ва дурнамо” ба қайд гирифта шуд.
Имрӯзҳо ин шахси нобакор барои паст намудани обруву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳаргуна дасисаву дурӯғгӯиҳо намуда истодааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо як нуқтаи муҳимро бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сиёсатмадор, марди оқилу доно, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Сиёсати дарҳои кушод”-ро пешаи хеш намудааст, ин равшангари он аст, ки миллати тоҷик на танҳо барои халқи хеш шароиту кору фаъолият, балки барои он мамлакатҳое, ки бе нияти ғаразона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд, шароит муҳайё намудааст. Сабаби берун аз хоки Тоҷикистон иқомат кардани ин гуна афрод ва мамнӯъ эълон гардидани ҳизбе, ки онҳо фаъолияташро пеш мебурданд, ин халал ворид намуданашон ба ҳаёти амну осоиштаи мардуми тоҷик ва хоки тоҷикон арзёбӣ мегардад. Аз тирҳои аз камон ҷастаи ин хоинони Ватан мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми қарни гузашта басо ранҷ, азобу уқубатҳои сахти зиндагиро аз сар гузаронид. Вале дар натиҷаи ҷони худро баҳри ҳимояи Ватан ато намудани як қатор мардони шуҷои тоҷик, тири навбатии ин тоифаи ғализ ба ҳадаф нарасид. Дар натиҷаи ин амали ноҷои худ теша ба решаи худ заданд.
Мардуми бо нангу ори тоҷик имрӯзҳо баҳри дифову якпорчагии кишвари азизу маҳбуби хеш ҷони худро дареғ намедорад. Дар зери партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар сарҷамъ меоем ва аз як гиребон сар бароварда намегузорем, то як қадами ғализи душман, хоинони миллат ба сарзамин биҳиштосои Тоҷикистон бирасад.
Негматова Д. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони хориҷии ДДҲБСТ
- Информация о материале
- Просмотров: 153
Ифтихор кардан аз истиқлолу озодӣ ва гиромидошти он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоме ватандор аст. Ҳоло ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо дар кишварҳои ҳамсоя ва манотиқи олам чӣ гуна нобасомонию нотинҷӣ ва азобу уқубати мардуми бечора сар зада истодааст. Мо бояд шукргузори чунин Ватани обод бошем, ки дар зиндагӣ моро ин саодат насиб гаштаву сарбаланд гардонидааст. Шукрона аз сарвари оқилу хирадпеша ва ояндасоз кунем, ки болои сари мост ва моро аз ҳар гуна омилҳои таҳдидомези сиёсӣ ҳифз мекунанд ва пайваста дар фикри оромиву озодии мардум ҳастанд. Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо дар айёми гул –гул шукуфтанҳост ва рӯз аз рӯз нуфузи худро дар арсаи байналмиллал баланд гардонида истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо шарофати роҳбарияти ғамхору хирадманди кишвар ва мардуми ваҳдатофар ба даст омадааст. Вазифаи мост, ки ба ояндагон, ба насли фардо чунин шоистагию зафармандиро бо корнамоиҳои нек ба мерос гузоранд, то ояндагон моро ватандору ватандӯст шинохта аз гузаштагони хеш ифтихор намоянд.
Мо ба ояндаи миллати худ бовар дорем, зеро родмардони шуҷову далер имрӯзиёнро тарбия кардаанду мо меросбарони қаҳрамонон ҳастем. Гиромиву посдоштани арзишҳои олии кишвари азизамон бевосита вазифаи мост. Мо бояд дарк намоем, ки давлати мо соҳибистиқлолу демократӣ буда, моро маҳз ҳамин истиқлолу соҳибваҳдатӣ дар тамоми олам машҳуру шинохта гардонд. Зеро забони тоҷикӣ забони шево ва намирандаи тоҷикзабонон аст, ки рисолати моро дар ҳар макону замон боло бардошта, манзалати тоҷиконро густурдатар сохтааст.
Мо бо миллати тоҷдор ва мардумони тоҷикзабон ифтихор дорем ва дар оянда низ талош менамоем, ки Тоҷикистон поянда ва арзишҳои олии он гиромӣ бошад.
Амалҳои ифротиву ақидаҳои терроризмиву экстремизми имрӯз тамоми оламро муташанниҷ гардонида, вазъи ороми халқиятҳоро барҳам дода истодааст. Мусаллам аст, ки замони муосир барои кулли мардумони рӯи олам ҳодисаву воқеаҳои гӯшношуниду манзараҳои ҳузнангезеро рӯ ба рӯ сохт. Зеро аксарияти кишварҳои дунё имрӯз муртакиби амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд. Боиси таассуф аст, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ авҷ гирифта, сабаби бадбахтиҳои зиёде гардидааст. Тарафи манфии кор дар он аст, ки мардум имрӯз аз сабаби надоштани саводи комили динӣ ба гуруҳҳои ифротгарои шомил гардида, ҳаёти хеш ва атрофиёнашонро барбод медиҳанд, зеро охири амали ҳар аъзои ташкилоти ифротӣ «вой» асту бас.
Ҳаёти осоишта - неъмати бебаҳо аст, зеро он шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар нафари соҳибақлу зиндадил кӯшиш ба зиндагии осуда мекунад, зеро тинҷиву оромӣ гарави ҷомаи амал гардидани тамоми орзуву мақсадҳои башарӣ аст. Аммо зиндагӣ собит мекунад, ки дар бештари кишварҳои мутараққӣ ва қафомондаи олам, ин шарти ҳаётан муҳими зиндагӣ ҳанӯз ба таври ҳукмфармо ҷомаи амал нагаштааст. Баҳри пешгирӣ ва рафъ амалиёти террористӣ ва экстромистӣ олимон, мутахассисони соҳа, сиёсатмадорону тадбирандешон якҷоя дар пайвастагӣ фаъолият мебаранд, то ки ин пешаи номатлубро решакан кунанд. Аз ин ҷиҳат, сарчашмаи ҳамаи нооромиву нокомиҳои миллатро ҳар нафари соҳибақл аз падидаҳои хатарзо ва зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстромизм медонад.
Ба хотири пойдории давлати мустақилу соҳибтамаддун ҳамаи моро мебояд, ки ҳамеша аз арзишҳои олии кишварамон ҳифзу ҳимоя намоем. Зеро оини давлатдории тоҷикон имрӯз боиси саодатмандии мардумони тоҷик дар ҷаҳон гаштааст. Миллати тоҷикро маҳз иродаи қавӣ бар зидди душману ақидаҳои ватандӯстона ҳамеша аз мағлубияту талаф эмин медорад. Ба хотире, ки тамоми мардумони шарафманди диёрамон барои ягонагии давлат ва якдилии марудмон ҳамеша кӯшиш мекунанд. Халқе, ки роҳу равишеро барои амалигашти ҳадафҳои неки худ интихоб мекунад, ҳамеша сарбаланду зафарёб дар фатҳи қуллаҳои давлатдорӣ хоҳад буд. Албатта ояндаи ин миллат аз хизмати софдилонаи халқамон маншаъ мегирад, зеро ободии он ба мо ояндагони давлат рабт дорад.
Хизмат ба Ватан вазифаи ҷоноҷони ҳар марди шуҷоъ аст. Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар дар такя ба неруи созандаи ҷавонон ояндаи онро ба хизмату фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи эшон нисбат дода, онҳоро қишри асосии ҷомеа ва қувваи пешбарандаи халқ меноманд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша барои тарбияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ таъкид намуда, онҳоро вазифадор менамоянд, ки барои хизмат ба Ватан бетарафӣ накунанд. Ватанро аз чашми бадбинону хоинон ҳифз намоянд. Истиқлоли давлатиамонро таҳким бахшида, ба он бо хизматҳои шоёни худ ба миллату мардуми тоҷик умри безавол бахшанд. Ҳамеша дар суханрониҳояшон аз шукронаву шукргузори аз сарзамини обод ҳарф зада, нишонаи давлатдории ниёгони моро талқин менамоянд. Дар ин замони пурталотуми АСР, ки тамоми оламро падидаи ифротгарои пахш кардааст, мо бояд зиракии сиëсиро аз даст надода, ба хотири ояндаи кишварамон камар бубандем. Онро аз дасти хоинону носипосон химоя намоем. Ин аст қарзи шаҳрвандии мо, ки омили рушди миллат мегардад.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз ифротгароӣ ва террористӣ дар тамоми гӯшаву канори олам доман паҳн намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтӣ оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Аз ин ҷиҳат, ҳар фарде, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиву ахлоқиро аз даст надода, нисбати чунин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарзо бетараф набошад
Боиси тазаккур аст, ки дар пайравии Пешвои миллат мо низ амал карда дар ободии Ватани хеш сазовору шоиста хизмат карданро ҳам худ ëд гирему ҳам ояндагонро огоҳ намоем, ки рисолати шаҳрвандии мо танҳо бо содиқ будан ба Ватан ифода мегардад.
Мо тамоми мардумони Тоҷикистон маҳз ғояҳои худшиносиву ватанпарвариро аз мактаби ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтем ва хело аз он сарфароз ҳастем, ки мо вориси арзандаи номи фарзонафарзандони миллатем. Сарвари давлат дар ҳамаи суханронӣ ва баромаду Паёмҳои хеш аз кулли мардумони Тоҷикистон даъват ба амал меоранд, ки бояд ба қадри истиқлоли давлатӣ расида, дар ҳифзу ҳимояи сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумони фарҳангсолору ватандӯсти тоҷикон бетараф набошем. Маҳз бетарафию нодида гирифтани дастовардҳои бузурги таърихӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ моро дучори бадбахтиҳои бузург мегардонад. Ба ҳамин хотир ҳамеша аз Ватану диёри маҳбубамон ҳимоят намуда, арзишҳои олидараҷаи онро пос доштан беҳтарин рисолати шаҳрванди буда, метавонад пояҳои давлатдорӣ ва оинҳои неки ниёгонамонро устувору қавитар гардонад.
Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».
Мо бояд барои суботи ҷомеа ва ободии Тоҷикистон ҳамеша бар зидди ақидаҳои ифротгароёнаи аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мубориза барем. Хурдтарин иштибоҳи мо дар ҳалли муаммои сулҳу субот боис мегардад, ки нохалафон амалҳои иртиҷоии хешро амалӣ намоянд. Ба ҳамин хотир зиракии сиёсӣ ягона тире аст, ки метавон бар зидди душман онро ҳавола дод. Барои фирефта нашудан ба доми макри душманон мо бояд пеш аз ҳама ватандӯстдор бошем, сидқан аз сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватани азизамон Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя намоем. Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, барои пайравӣ аз ақидаҳои сулҳпарварона ва ватандӯстонаашон ҳамеша омода бошем ва атрофиёнро низ талқин кунем, ки Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва пеш аз ҳма соҳибистиқлол аст. Албатта чунин саодати зиндагӣ на барои ҳар мардуми рӯйи олам насиб шудааст. Ба ҳамин хотир шукрона аз истиқлолу озодӣ вазифаи ҳар кадоми ватандор аст.
Хулоса, имрўз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ вабои аср бар амнияти ҷомеаи тамоми давлати рӯи оламро гашта, он дар миëни мардум нооромию тахлукаро ба миён овардааст. Чунончи дар ин маврид, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.
Ҳамин тавр, аз ҷавонони ҳушманду соҳибақл даъват ба амал меорам, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро сардафтари хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд. Истиқлолу озодиро дар баробари муқаддасоти миллӣ эхтиром карда, ба хотири таьмини амнияти давлату миллат хамеша талош намоянд, зеро маҳз чавонон нерӯи пешбарандаи халқу миллат маҳсуб мегарданд.
Каримова Мӯниса,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
- Информация о материале
- Просмотров: 117
Илм ва ақл дар мубориза бо хурофот ва ифротгароӣ ҳамеша абзори муҳиме будааст. Хурофот аксаран ба эътиқоди нодуруст ва набудани далелҳои илмӣ асос ёфта, боиси рафтори ғайримантиқӣ ва ҳатто хушунат мегардад. Илм ба далелҳо, мантиқ ва далелҳо асос ёфтааст, ки ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳақиқатро дарк кунанд ва тафаккури интиқодии онҳоро инкишоф диҳанд.
Бо хурофот ва ифротгароӣ маҳз тавассути тарбия ва оммавӣ гардонидани донишҳои илмӣ метавон мубориза бурд. Ҷомеаи равшанфикр, ки бар пояи дониш ва эҳтиром ба принсипҳои илмӣ асос ёфтааст, ба дасткорӣ ва афсонавӣ камтар дучор мешавад. Таҳсил ба одамон имкон медиҳад, ки қобилияти тафаккури интиқодӣ, таҳлили иттилоот ва қабули қарорҳои оқилонаро инкишоф диҳанд.
Илова бар ин, илм метавонад василаи асосии мубориза бо ифротгароӣ бошад. Фаҳмидани принсипҳои илмӣ ва робитаҳои сабабу натиҷа ба пешгирии радикализатсия ва решакан кардани ксенофобия, нажодпарастӣ ва дигар шаклҳои рафтори ифротӣ мусоидат мекунад. Усули илмй ба мо имкон медихад, ки проблемахои мураккабро тахлил намуда, роххои халли осоишта ва конструктивиро пайдо кунем.
Нигоҳ доштани муколама миёни ҷомеаи илмӣ ва ҷомеа ҳамчун воситаи мубориза бо хурофот ва ифротгароӣ низ муҳим аст. Ошкорбаёнӣ, табодули дониш ва эҳтиромона муҳокима кардани нуқтаи назари гуногун ба таълим мусоидат мекунад ва бо нобоварӣ ва бадбинӣ мубориза мебарад. Барои муқовимат ба паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва ақидаҳои ифротӣ олимон бояд дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, далелу далелҳои илмӣ пешниҳод намоянд.
Ниҳоят, муҳим аст, ки арзиши умри инсон ва эҳтиром ба гуногунии афкору эътиқодҳоро фаромӯш кард. Таҳаммулпазирӣ, ҳамдардӣ ва фаҳмидани ниятҳои дигарон ба пешгирии низоъ ва зӯроварӣ мусоидат мекунад. Илм ва маориф метавонад дар ташаккули чунин арзишҳо ва эҷоди ҷомеаи созгор аз хурофот ва ифротгароӣ нақши калидӣ бозад.
Оқибатҳои манфии хурофот ва ифротгароӣ метавонад ба ҷомеа ва афрод таъсири харобиовар расонад. Дар ин ҷо баъзе аз оқибатҳои манфии асосӣ инҳоянд:
1. Таҳаммулнопазирӣ ва табъиз: эътиқодоти ифротӣ ва хурофотӣ метавонад боиси афзоиши бадгумонӣ, нафрат ва табъиз нисбат ба гурӯҳҳои дигари одамон аз рӯи дин, нажод, фарҳанг ё ақидаи сиёсӣ гардад.
2. Зӯроварӣ ва низоъ: Гуруҳҳои ифротӣ ва амалҳои хурофотӣ метавонанд боиси хушунат, ҳамлаҳои террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона шаванд, ки боиси талафоти бебозгашти ҷони ва харобиҳо гардад.
3. Маҳдудияти озодӣ ва ҳуқуқи инсон: ақидаҳои ифротӣ ва хурофотӣ аксар вақт саркӯб кардани афкор ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро асоснок мекунанд, ки ба принсипҳои демократии ҷомеа таҳдид мекунад.
4. Оқибатҳои равонӣ: Эътиқод ба хурофот метавонад боиси тарс, изтироб ва ихтилоли равонӣ шавад. Иштироки фаъол дар гурўҳҳои ифротӣ метавонад боиси хашмгинии равонӣ ва эмотсионалии аъзои он гардад.
5. Зарари иқтисодӣ: Ҳамлаҳои ифротгароён ва амалҳои хурофотӣ бо вайрон кардани инфрасохтор, таъсир расонидан ба тиҷорат ва аз даст додани ҷойҳои корӣ метавонанд боиси талафоти ҷиддии иқтисодӣ шаванд.
6. Аз байн рафтани эътимод ба ҷомеа: Афзоиши ифротгароӣ ва одатҳои хурофотӣ метавонад ҳамбастагии иҷтимоӣ ва эътимоди мардумро аз байн барад, ки ба суботу рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
7. Нобуд кардани мероси иљтимоию фарњангӣ: гурўҳҳои ифротӣ ва эътиќодњои хурофотї метавонанд ба сарватњои таърихию фарњангии ҷомеа, аз љумла ёдгорињо, осорхонаҳо ва ёдгориҳои меъморӣ таҳдид ва нобуд созанд.
Барои муқовимат ба оқибатҳои манфии хурофот ва ифротгароӣ таълиму тарбия ва паҳн намудани огаҳӣ дар бораи хатари ин гуна эътиқодҳо муҳим аст. Инчунин, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба дигарон ва қобилияти муколама байни фарҳангҳо ва эътиқодҳои гуногунро инкишоф додан лозим аст. Барои пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ ва қатъи амалҳои зӯроварӣ низ таҳкими қонуну тартибот муҳим аст.
Мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофот муносибати ҳамгиро талаб мекунад, ки усулҳои илмии соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Инҳоянд чанд усулҳои илмие, ки метавонанд барои муқобила бо ин падидаҳо истифода шаванд:
1. Тадқиқоти сотсиологӣ ва равоншиносӣ: Тадқиқот дар соҳаи ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ метавонад барои фаҳмидани сабабҳо ва механизмҳои ташаккули эътиқоди ифротӣ ва хурофотӣ дар одамон мусоидат кунад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар асоси фаҳмиши ангезаҳо ва рафтори одамон стратегияҳои бештар муассири муқобилро таҳия кунем.
2. Неврология ва равоншиносии таҳрифҳои маърифатӣ: Тадқиқот дар соҳаи асабшиносӣ ва равоншиносии маърифатӣ барои фаҳмидани механизмҳое, ки дар заминаи ташаккули эътиқодҳои бардурӯғ ва рафтори ғайримантиқӣ қарор доранд, кӯмак мекунад. Ин метавонад дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, ки барои бартараф кардани ғаразҳои маърифатӣ ва такмил додани тафаккури интиқодӣ нигаронида шудаанд, кӯмак кунад.
3. Технологияи иттилоотӣ ва таҳлили додаҳо: Технологияҳои муосири иттилоотӣ ва усулҳои таҳлили додаҳо метавонанд барои назорат кардани паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ ва хурофотӣ дар интернет, муайян кардани тамоюлҳо ва гурӯҳҳои асосӣ ва таҳияи стратегияҳои фардии муқобил истифода шаванд.
4. Маориф ва омӯзгорӣ: Барномаҳои таълимӣ, ки бар пояи принсипҳои педагогика ва психологияи омӯзишӣ асос ёфтаанд, метавонанд дар пешбурди таҳаммулпазирӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҳтиром ба фарқиятҳо нақши калидӣ дошта бошанд. Омӯзиши донишҳои илмӣ ва инкишоф додани малакаҳо дар таҳлили иттилоот ба мубориза бо эътиқод ва стереотипҳои бардурӯғ кӯмак мекунад.
5. Омӯзиши динӣ ва фарҳангӣ: Фаҳмидани пояҳои динӣ ва фарҳангии ифротгароӣ ва хурофот имкон медиҳад, ки стратегияҳои амиқи мубориза бар асоси эҳтиром ба гуногунии динҳо ва фарҳангҳо таҳия карда шаванд.
6. Тадқиқот ва ҳамкориҳои байнисоҳавӣ: Ҷиҳати таҳлил ва таҳияи стратегияҳои мубориза бо ифротгароӣ ва хурофот муттаҳид кардани талошҳои олимони соҳаҳои гуногун, аз қабили ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, маориф, криминология ва ғайра муҳим аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати мииӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсири манфии хурофот ва ифротгароӣ ба ҷомеа изҳори нигаронии амиқ кард. Вай ба мукобили ин ходисахо ва окибатхои харобиовари он мубориза бурданро таъкид намуд. Президенти мамлакат аҳамияти рушди таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ихтилофот ва мубориза барои сулҳу суботро таъкид кард. Тоҷикистон омода аст барои ҳифзи шаҳрвандонаш аз идеологияҳое, ки пояҳои ҷомеаи шаҳрвандиро халалдор мекунанд ва ба ҳамзистии осоишта таҳдид мекунанд, чораҳо андешад.
Татбиқи усулҳои илмӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофот метавонад самаранокии тадбирҳо ва стратегияҳои андешидашударо асоснок кунад ва инчунин барои таҳияи равишҳои нав дар ин самт замина фароҳам оварад. Инчунин муҳим аст, ки контекст ва хусусияти ҳар як ҳолат ба назар гирифта шавад, то усулҳо ва стратегияҳои татбиқшаванда ба шароит ва мушкилоти мушаххас самаранок мутобиқ карда шаванд.
Афзоиши эътиқоди ифротгароӣ метавонад барои ҷомеаи илмӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Дар ин ҷо баъзе аз онҳо ҳастанд:
1. Беэътибор кардани пажӯҳишҳои илмӣ: эътиқоди ифротгароӣ метавонад ба пайдо шудани маълумоти бардурӯғ ва радди далелҳои илмӣ мусоидат кунад, ки боиси бадном шудани пажӯҳишҳои илмӣ дар назди ҷомеа гардад.
2. Маҳдудияти озодии баён: Афзоиши эътиқоди ифротгароӣ метавонад фазои тарс ва монеа эҷод кунад ва озодии баён ва пажӯҳишро дар ҷомеаи илмӣ пахш кунад.
3. Коҳиш додани маблағгузорӣ: эътиқоди ифротгароӣ метавонад боиси коҳиши маблағгузории давлатӣ барои пажӯҳишҳои илмӣ гардад, зеро баъзе соҳаҳои илм ба далелҳои идеологӣ баҳои ночиз ва ё қобили қабул нестанд.
4. Нобоварии мардум ба илм: Дар зери таъсири эътиқоди ифротгароӣ ҷомеа метавонад ба пажӯҳишҳо ва бозёфтҳои илмӣ шубҳа дошта бошад, ки ин боиси коҳиши эътимод ба ҷомеаи илмӣ мегардад.
5. Маҳдуд гаштани ҳамкории милалӣ: эътиқоди ифротгароӣ метавонад боиси афзоиши миллатгароӣ ва ҷудоихоҳӣ шавад, ки метавонад ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва табодули дониш монеъ шавад.
Дар маҷмӯъ, болоравии эътиқоди ифротгароӣ метавонад барои ҷомеаи илмӣ фазои номусоид ба вуҷуд оварда, рушди он, озодии пажӯҳишҳоро маҳдуд созад ва ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ мусоидат кунад. Барои пешгирии чунин оқибатҳо мубориза бо эътиқоди ифротгароӣ ва тарғиби арзишҳои илму маориф ва тафаккури интиқодӣ муҳим аст.
Таҳдиди ифротгароӣ ва хурофот ба ояндаи илмӣ метавонад ҷиддӣ бошад, зеро он метавонад ба рушди илм ва пешрафти илм халал расонад. Экстремизм ва хурофот метавонад далелҳоро таҳриф кунад, тафаккури интиқодӣ пахш кунад ва ба озодии таҳқиқ монеъ шавад. Ин метавонад боиси нобоварӣ ба кашфиётҳои илмӣ, инчунин маҳдуд шудани дастрасии дониш ва навоварӣ гардад. Барои таъмини ояндаи илм мубоҳиса ва табодули афкори озод бояд ҳифз ва тафаккури интиқодӣ ва шубҳаи оқилона ташвиқ карда шавад. Дар мубориза бо хатари ифротгароӣ ва хурофотӣ маориф, оммавӣ гардонидани донишҳои илмӣ ва маърифатнокии ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Афзоиши эътиқоди ифротгароӣ метавонад барои ҷомеаи илмӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Дар ин ҷо баъзе аз онҳо ҳастанд:
- Беэътибор кардани пажӯҳишҳои илмӣ: эътиқоди ифротгароӣ метавонад ба пайдо шудани маълумоти бардурӯғ ва радди далелҳои илмӣ мусоидат кунад, ки боиси бадном шудани пажӯҳишҳои илмӣ дар назди ҷомеа гардад.
- Маҳдудияти озодии баён: Афзоиши эътиқоди ифротгароӣ метавонад фазои тарс ва монеа эҷод кунад ва озодии баён ва пажӯҳишро дар ҷомеаи илмӣ пахш кунад.
- Коҳиш додани маблағгузорӣ: эътиқоди ифротгароӣ метавонад боиси коҳиши маблағгузории давлатӣ барои пажӯҳишҳои илмӣ гардад, зеро баъзе соҳаҳои илм ба далелҳои идеологӣ баҳои ночиз ва ё қобили қабул нестанд.
- Нобоварии мардум ба илм: Дар зери таъсири эътиқоди ифротгароӣ ҷомеа метавонад ба пажӯҳишҳо ва бозёфтҳои илмӣ шубҳа дошта бошад, ки ин боиси коҳиши эътимод ба ҷомеаи илмӣ мегардад.
- Ҳамкории байналмилалиро маҳдуд кунед: эътиқоди ифротгароӣ метавонад боиси афзоиши миллатгароӣ ва ҷудоихоҳӣ шавад, ки метавонад ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва табодули дониш монеъ шавад.
Болоравии эътиқоди ифротгароӣ метавонад барои ҷомеаи илмӣ фазои номусоид ба вуҷуд оварда, рушди он, озодии пажӯҳишҳоро маҳдуд созад ва ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ мусоидат кунад. Барои пешгирии чунин оқибатҳо мубориза бо эътиқоди ифротгароӣ ва тарғиби арзишҳои илму маориф ва тафаккури интиқодӣ муҳим аст.
Усмонова М.Ш.
муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳии
психологияи умумии ДДХ
- Информация о материале
- Просмотров: 136
Ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷиддитарин ба амнияту суботи Тоҷикистон, бахусус миёни ҷавонон аст. Дар шароити афзояндаи ҷаҳонишавӣ ва ошкорбаёнии иттилоотӣ ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ осебпазир мегарданд. Аз ин рӯ, як самти муҳими сиёсати давлатӣ таҳияи усулҳои самараноки пешгирии ин зуҳурот мебошад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар тамоми Паём ва баромадҳояш оиди хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ фикру ақидаҳои худро баён намуда, ба зиракии сиёсӣ даъват мекунанд.
Инак, мо дар асоси дониш ва таҷрибаҳои мавҷуда якчанд роҳу воситаҳои асосии пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро тартиб додем ва ба диққати васеи хонандагон пешниҳод хоҳем кард.
Ба назари мо, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пеш аз ҳама маориф ва маърифат саҳми назаррас дорад. Пӯшида нест, ки дар тарбияи ҷавонон аввалин ва шояд муҳимтарин амал ин кори тарбиявӣ мебошад. Ҷорӣ кардани курсҳо оид ба тафаккури интиқодӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо метавонад ба ҷавонон кӯмак кунад, ки воқеиятҳои мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсиро дарк кунанд. Инчунин, ба таълими асосҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан лозим аст, то ҷавонон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ огоҳ бошанд. Ҷавонон ҳангоми бо пешниҳодҳои гуногун рӯбарӯ шудан пеш аз ҳама бо тафаккури интиқодӣ нигоҳ кунанд ва дар қабули қарорҳо хеле эҳтиёткор шуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки дастгирии ташаббусҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ аҳамияти калон дорад. Муҳайё намудани шароит барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши асосиро мебозад. Маҳфилҳои ҷавонон, маҳфилҳои варзишӣ ва лоиҳаҳои фарҳангӣ метавонанд ҳамчун як минбар барои ташаккули шахсияти мусбат ва ҷомеашиносӣ хизмат кунанд. Чунин чорабиниҳо ба ваҳдати ҷавонон, ташаккули манфиату арзишҳои муштарак мусоидат намуда, инчунин барои пешгирӣ аз ҷудошавӣ ва эҳсоси бегонагӣ мусоидат мекунанд.
Инчунин, барои огоҳ кардани ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳоӣ ва иттилоотӣ низ аҳамияти хоса дорад. Истифодаи фаъолонаи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани маълумот дар бораи оқибатҳои манфии ифротгароӣ низ аҳамияти бузург дорад. Эҷоди мундариҷае, ки намунаҳои мусбати ҳаёт ва муваффақияти ҷавононро нишон медиҳад, метавонад ба ташаккули арзишҳои алтернативӣ мусоидат кунад. Дар бораи ҷавонони муваффақ бештар иттилоот омода ва паҳн кардан аз манфиат дур нест.
Бояд таъкид кард, ки оила ва ҷомеа низ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим мебозанд. Барномаҳое, ки ба пешбурди арзишҳои оилавӣ ва беҳбуди муошират дар дохили оила нигаронида шудаанд, метавонанд хатари радикализатсияро коҳиш диҳанд. Ташкили ташаббусҳои маҳаллӣ ва дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ки ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ дар ҷамоатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ба таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мусоидат мекунад.
Барои татбиқи бомуваффақияти чунин усулҳо ҷалби худи ҷавонон ба раванди қабули қарорҳо ниҳоят муҳим аст. Ҷалби ҷавонон ба муҳокимаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ва миллӣ барои ба инобат гирифта шудани андешаҳо ва ниёзҳои онҳо кӯмак хоҳад кард. Ин ҳамчунин таваҷҷӯҳи онҳоро ба шаҳрвандии фаъол ва мубориза бо ифротгароӣ афзоиш медиҳад.
Дар хулоса бояд таъкидк ард, ки пешгирӣ аз ифротгароӣ дар миёни ҷавонони Тоҷикистон бархӯрди ҳамаҷонибаеро тақозо мекунад, ки таҳсилот, ташаббусҳои фарҳангӣ, кори иттилоотӣ ва дастгирии ҷомеаро дар бар мегирад. Танҳо бо талошҳои муштараки давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи ҷавонон барои ташаккули насли солим ва масъулиятшинос фароҳам меорад.
Болтаева Мунира,
омўзгори кафедраи фарҳангшиносии МТД
"ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»





