Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Ҷомеа ва замон

Маводҳои охирон

  • Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ
  • Салафия душмани давлатҳои демократӣ
  • Дар ҳифзи Ватан устувор бошем
  • Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир
  • Бани одам аъзои якдигаранд…
  • Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  • Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  • Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  • Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!
  • Амният ва ободии Ватан

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ШАРИФОВА МАВЛУДА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Амнияти иттилоотӣ ва нақши он дар муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар шароити муосир

Информация о материале
Опубликовано: 07 мая 2026
Просмотров: 172

Дар асри XXI инсоният ба марҳилаи нави рушди худ – ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардидааст. Дар ин марҳила иттилоот ба яке аз захираҳои асосии стратегӣ табдил ёфта, нақши он дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ хеле бузург мебошад. Ҳамзамон, бо афзоиши имкониятҳои технологӣ, хатари истифодаи нодурусти онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ низ зиёд гардидааст.

Амнияти иттилоотӣ имрӯз на танҳо масъалаи техникӣ, балки масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши нақши он дар муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Амнияти иттилоотӣ маҷмуи тадбирҳоест, ки ба ҳифзи фазои иттилоотӣ аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона шудааст. Он ҳифзи маълумот, пешгирии паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва таъмини истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотиро дар бар мегирад.

Дар шароити муосир, фазои иттилоотӣ ба як майдони мубориза табдил ёфтааст, ки дар он давлатҳо, ташкилотҳо ва гурӯҳҳои гуногун барои таъсиррасонӣ ба афкори омма рақобат мекунанд. Дар ин раванд, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ низ фаъолона иштирок намуда, аз имкониятҳои васеи интернет истифода мебаранд.

Яке аз сабабҳои асосии фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар интернет ин дастрасӣ, арзонӣ ва таъсирнокии баланди он мебошад. Интернет ба онҳо имконият медиҳад, ки ғояҳои ифротиро ба таври васеъ паҳн намоянд, пайравони нав, махсусан ҷавононро ҷалб кунанд, робитаҳои пинҳонӣ барқарор намоянд ва фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд.

Илова бар ин, набудани назорати пурра дар фазои маҷозӣ ба чунин гурӯҳҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, видеоҳо, блогҳо ва форумҳо ба шуури одамон таъсир мерасонанд.

Таблиғоти ифротӣ метавонад ба устувории ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонад. Пеш аз ҳама, он боиси вайрон шудани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, афзоиши низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, паст шудани эътимоди шаҳрвандон ба давлат, зиёд шудани хавфи амалҳои террористӣ мегардад.

Гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ бо дарназардошти ҳолати равонӣ ва иҷтимоии ҷомеа, шиорҳои дорои мазмуни ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиро ба манфиатҳои сиёсӣ ва мазҳабии худ мутобиқ месозанд. Онҳо зоҳиран худро ҳамчун ҳимоятгарони фарҳанги миллӣ муаррифӣ намуда, бар зидди таъсири унсурҳои фарҳангии бегона баромад мекунанд. Аммо дар амал, дар фаъолияти тахрибкоронаи худ аз дастовардҳои пешрафтаи илмӣ-техникӣ ва технологияи муосири ҷаҳонӣ васеъ истифода мебаранд.

Аз ҷумла, чунин гурӯҳҳо бо истифода аз силоҳҳои замонавӣ, воситаҳои пешрафтаи алоқа, нақлиёти муосир ва таҷҳизоти ҷамъоварии иттилоот фаъолияти худро самаранок мегардонанд. Дар ин миён, шабакаи ҷаҳонии Интернет барои онҳо имкониятҳои бесобиқа фароҳам овардааст. Маҳз тавассути ин шабака онҳо метавонанд фаъолияти худро пинҳонӣ ба роҳ монда, таъсири иттилоотии худро васеъ намоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар охири асри ХХ шумораи гурӯҳҳои террористие, ки дорои сомонаҳои интернетӣ буданд, хеле маҳдуд (тақрибан 30 гурӯҳ) бошад, дар оғози асри XXI қариб ҳамаи чунин гурӯҳҳо соҳиби веб-сомонаҳои шахсӣ гардидаанд. Имрӯзҳо шумораи ин гуна манбаъҳои иттилоотӣ ба маротиб афзоиш ёфта, аз ҳазорҳо адад зиёд шудааст.

Аз охири солҳои 80-уми асри гузашта Интернет ҳамчун воситаи муҳимми иртибот ва табодули иттилоот ташаккул ёфта, дар тӯли солҳо доираи истифодабарандагони он ба таври назаррас васеъ гардид. Дар ибтидо он ҳамчун василаи наздиксозии фарҳангҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи донишҳои илмӣ ба вуҷуд омада буд. Аммо бо гузашти вақт, истифодаи он хусусияти дигар касб намуд ва ба як майдони паҳншавии иттилооти номатлуб, аз ҷумла ғояҳои ифротӣ ва террористӣ табдил ёфт.

Гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва террористӣ аз имкониятҳои интернет барои амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни худ, аз ҷумла таблиғ, ҷалби аъзоёни нав, ҳамоҳангсозии фаъолият ва паҳн намудани иттилооти ғаразнок истифода мебаранд. Дастрасии озод ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва набудани назорати пурра дар фазои маҷозӣ ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, бисёре аз васоити ахбори омма ва манбаъҳои иттилоотӣ низ интернетро ҳамчун воситаи асосии паҳнкунии иттилоот истифода мекунанд, ки ин раванд таъсири чунин гурӯҳҳоро боз ҳам бештар мегардонад.

Қобили зикр аст, ки то пайдоиши интернет имкониятҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар самти таъсиррасонӣ маҳдуд буданд, зеро дастрасии онҳо ба аудиторияи васеъ душвор буд. Бо пайдоиши шабакаи ҷаҳонии интернет, ин маҳдудиятҳо бартараф гардида, сатҳи таъсири онҳо ба афкори ҷамъиятӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ яке аз омилҳои асосии густариши ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи иттилоот ва андешидани чораҳои муассир барои маҳдуд намудани фаъолияти чунин сомонаҳо аз шартҳои муҳимми мубориза бо кибертерроризм ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат, имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги иттилоотиро ба роҳ монда, кӯшиш доранд ба устувории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин шароит, вазифаи ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки бо баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар муқобили чунин таҳдидҳо истодагарӣ намояд.

Ҷавонон, ки бештар истифодабарандаи интернет мебошанд, аз ҳама бештар зери таъсири чунин таблиғот қарор мегиранд. Дар натиҷа, баъзе аз онҳо метавонанд ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шаванд. Барои муқовимат ба ин таҳдидҳо, давлат ва ҷомеа бояд тадбирҳои мушаххас андешанд, аз ҷумла: таҳкими қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, назорати фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотии аҳолӣ ва рушди барномаҳои таълимӣ оид ба истифодаи дурусти интернет. Дар баробари ин, ҳамкории байналмилалӣ низ аҳаммияти калон дорад, зеро терроризм ва ифротгароӣ хусусияти фаромиллӣ доранд.

Маориф ва оила дар ташаккули шахсияти ҷавонон нақши калидӣ доранд. Тарбияи дуруст метавонад онҳоро аз таъсири ғояҳои ифротӣ ҳифз намояд. Муассисаҳои таълимӣ бояд на танҳо дониш, балки тафаккури танқидӣ, фарҳанги иттилоотӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул диҳанд. Оила бошад, бояд муҳити солими равонӣ ва ахлоқиро таъмин намояд.

Ҳамин тавр, амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳимми таъмини суботи ҷомеа дар шароити муосир мебошад. Истифодаи интернет аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва рушди ҷомеа эҷод мекунад. Барои муқовимат ба ин падида, зарур аст, ки тадбирҳои мукаммал дар сатҳи давлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ карда шаванд. Баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, тарбияи ҷавонон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонанд воситаҳои муассири мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошанд.

М.А.Раҳматова, омӯзгори кафедраи фонетика

ва лексикологияи забони англисии Муассисаи

давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Терроризм ва экстремизм – таҳдидҳои муҳимми глобалӣ дар даврони муосир

Информация о материале
Опубликовано: 07 мая 2026
Просмотров: 154

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва дар масири барқарорсозии Ваҳдати миллӣ, бо монеаҳои сангини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ин мушкилот боиси хисороти бузурги молиявию моддӣ гардиданд. Бинобар ин, барои таҳкими арконҳои давлатдорӣ, пойдории иттиҳоди миллӣ ва таъмини суботи сартосарӣ, кишвари мо ба пешгирӣ ва несту нобуд кардани падидаҳои манфии сиёсӣ, бахусус терроризм ва экстремизм, ниёзи ҷиддӣ дорад.

Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор рафта, моҳияти он дар содир намудани ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштори инсонҳо, гаравгонгирӣ, таркиши иншооти истеҳсоливу маишӣ ва рабудани воситаҳои нақлиёт ифода меёбад. Экстремизм бошад, бо хислатҳои ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезӣ тавсиф шуда, бо терроризм пайванди ногусастанӣ дорад. Ба ибораи дигар, ҳадаф ва натиҷаи ниҳоии экстремизм ҳамон терроризм аст. Дар маҷмуъ бояд қайд кард, ки ҳардуи ин истилоҳ хатари бузурги бесарусомонӣ ва парокандагиро эҷод карда, оқибатҳои бисёр нанговар доранд.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ин падида ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба раванди қабули қарорҳои мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ё созмонҳои байналмилалӣ дониста мешавад, ки бо тарсонидани мардум ва дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ амалӣ мегардад.

Вожаи экстремизм аз калимаи фаронсавии «extremisme» ва лотинии «extremus» сарчашма гирифта, маънои луғавиаш тундравӣ, ифротгароӣ, андешаҳо ва амалҳои ҷангҷӯёнаву аз ҳад гузаштанро дорад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ усулҳои якравию тундравиро пеша мекунад. Ин зуҳурот метавонад дар ҳама бахшҳои ҳаёти инсон – аз дину сиёсат ва идеология сар карда, то илму варзиш пайдо шавад.

Экстремизм ифодагари мафкура ва фаъолиятест, ки барои бо роҳи зӯрӣ ва дигар амалҳои зиддиҳуқуқӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва мазҳабӣ равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои минтақа, хатарҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди устувори худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ имрӯз шаклҳои навро касб намуда, доираи фаъолияти онҳо васеъ шудааст ва усулҳои ҳамлаву ҳадафҳои онҳо доимо тағйир меёбанд.

Дар олами имрӯза равандҳое мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ё минтақа, балки ба тамоми сайёра ва кулли башарият таҳдид мекунанд. Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи ҳамин гуна зуҳуроти номатлуб мебошанд, ки хатари байналмилалӣ дошта, тамоюли паҳншавиро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон доранд ва боиси таваҷҷуҳи ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо гаштаанд. Гарчанде ки ин падидаҳо танҳо маҳсули ин аср нестанд, вале дар марҳилаи нав симои тоза гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккабро пайдо кардааст. Дар ҳоли ҳозир ва дар оянда низ, ин ду зуҳурот ҳамчун хатарноктарин таҳдидҳо барои инсоният боқӣ монда, бо истифода аз технологияҳои муосир, ки босуръат пеш мераванд, тарзу усулҳои нави истифодабариро пайдо мекунанд.

Барои мисол, танҳо дар даҳ соли охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони ин амалҳои зишт гашта, ҳазорон нафари дигар маъюб шуданд. Ҳалокати ҳазорон нафар, бахусус занону кӯдакон, ки қисми осебпазири ҷомеаанд, гувоҳи он аст, ки ин кирдорҳои ваҳшиёна ба ҳеҷ кас раҳм надоранд ва танҳо ҳамчун василаи расидан ба ҳадафҳои нопок аз ҷониби гурӯҳҳои ҷоҳилу бехирад ва аз фарҳанг дур истифода мешаванд.

Созмонҳо ва ҳаракатҳое мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Боко-Ҳарам», «ДИИШ» ва амсоли онҳо аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф шудаанд, ки мақсади асосии онҳо бо роҳи ҷинояткорӣ пайдо кардани нуфузи сиёсӣ мебошад. Фаъолияти як қатор чунин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манъ карда шудааст.

Ин ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ки фаъолияташон дар кишвари мо мамнуъ аст, бо сохторҳои байналмилалӣ робитаҳои зич дошта, дорои манбаъҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи кории таҳрибкорӣ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон гуногунанд, вале онҳоро ду хусусияти умумӣ муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ ва заиф сохтани пояҳои ҳокимият нигаронида шудаанд ва сониян, ин ҳаракатҳо дар байни мардум ҳисси тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоранд. Тибқи Фасли 8, Боби 21-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноятҳо ба зидди амнияти ҷамъиятӣ моддаҳои 179 то 180-ро дар бар мегиранд. Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси мазкур, терроризм — ин содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ ё дигар амалҳое мебошад, ки хатари марги одамон ё зарари ҷиддии молиро ба бор меоранд, ба шарте ки ин амалҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё таъсиррасонӣ ба мақомоти давлатӣ анҷом дода шаванд.

Мақсади нахустини терроризм эҷод кардани воҳима ва таҳлука дар байни мардум ва тавассути он фишор овардан ба мақомоти ҳукуматӣ мебошад. Ин гуна ҳаракатҳо ҳадаф доранд, ки мақомоти давлатиро ба қабули қарорҳои ғайриҳуқуқии ба манфиати ҷинояткорон равонашуда маҷбур созанд ё обрӯи давлатро паст зананд.

Мутаассифона, дар натиҷаи ин гуна амалиётҳои террористӣ, ки бо номи Ислом анҷом дода мешаванд, шумораи зиёди одамони бегуноҳ нобуд гашта, дар байни пайравони динҳои дигар нисбат ба Ислом ҳисси бадбинӣ ба вуҷуд меояд ва барои рушди кишварҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мешаванд. Оқибатҳои ифротгароӣ ва терроризм на ба фоидаи башарият ва на ба фоидаи халқҳои мусулмон аст. Хисороти моддӣ ва маънавӣ аз ин амалҳо бешумор мебошад.

То имрӯз олимони соҳаҳои гуногун сабабҳои пайдоиши ин падидаҳоро меомӯзанд. Қисме аз онҳо омилҳои иҷтимоиро сабаби асосӣ медонанд, қисми дигар бошад, инро ба ихтилофҳои сиёсии байни давлатҳо вобаста мешуморанд.

Ҳамзамон, муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизмро (сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, кибернетикӣ ва ғайра) муайян кардаанд, ки дар байни онҳо терроризму экстремизми диниро хавфноктарин меҳисобанд. Ба ақидаи олимон, экстремизм дар дин бештар қобилияти ҷалбкунӣ дорад ва дар тамоми ҷаҳон дида мешавад. Зеро ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад карда, амалҳои худро аҳкоми динӣ меноманд, ки ин танҳо барои сӯистифода аз эътиқоди мардум буда, ба арзишҳои ҳақиқии динӣ ҳеҷ рабте надорад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд таъкид мекунанд, «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест», ки ин нишон медиҳад, ки ин амалҳои номатлуб бо дин пайванде надоранд.

Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибмаърифат, махсусан ҷавонон, бояд фирефтаи афкори дурӯғини чеҳраҳои сиёсӣ нагарданд ва дар пайи омӯзишу баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии худ бошанд. Суботу амнияти Тоҷикистон ва ҳифзи марзҳои он барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳо бо ин зуҳурот мубориза бурда, барои пешгирии оқибатҳои он талош мекунад. Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқиро қабул кардааст, ки ба ҳифзи амнияти шаҳрвандӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2020) ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» қабул шудаанд, ки заминаи муборизаро мустаҳкам мекунанд.

Дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати махсус ва Ситоди байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи онҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти оперативӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва пешгирии ҷалби шаҳрванд ба ин гурӯҳҳо мебошад.

Ҳамин тариқ, дар канори тадбирҳои давлатӣ, муборизаи дастҷамъонаи тамоми ҷомеа зарур аст. Танҳо ҳамкории мақомот бо аҳолӣ ва ҳушёрии мардум метавонад пеши роҳи ин хатарҳоро гирад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосӣ бояд пояҳои давлатдориро эҳтиром намуда, бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун сипари боэътимод мубориза баранд.

 

М.Б.Мирзомуротова, Ш.М.Мирзозода,

омӯзгорони кафедраи тарҷума ва грамматикаи

забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ

Мубориза бо терроризм дар даврони истиқлол

Информация о материале
Опубликовано: 07 мая 2026
Просмотров: 186

Терроризм дар замони ҳозира яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ ба шумор меравад. Мавҷудияти терроризм аз паси худ қурбоншавии аҳолиро мебарад, инчунин арзишҳои моддӣ – фарҳангӣ, маданиятӣ вайрон мешаванд, ки азнавсозии онҳо асрҳо давом мекунанд. Терроризм байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ кина ва нобовариро пайдо месозад. Терроризм ба он намуди зӯрии ҷиноятӣ дохил мешавад, ки қурбони он мардуми бегуноҳ ё шахсе мешавад, кия гон хел муносибат ба низоъ надорад.Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва муташаккилона фаъолона ширкат меварзад. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории трансмиллӣ ва муташаккилона аст. Тоҷикистони имрўза  ба истиқрори сулх ва созгории миллӣ комёб шудааст, амалиёти террористӣ бошад ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Терроризми ҳозира хусусияти байналхалқӣ касб кардааст. Ба ин баробар авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин шаҳодат медихад. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналхалқӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Тоҷикистон тарафдори чунин нуқтаи назар аст, ки мубориза зидди терроризм яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Хавфи авҷ гирифтани терроризми байналхалқиро на фақат ҳамсояҳои мо дар минтақа, балки амалан тамоми ҷомеаи ҷаҳон баробар дарк намудааст. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза зидди  ин зухуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар равона гардидааст.

Инчунин тибқи Созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон вазифадор аст дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ, ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба тер­рористон паноҳгоҳ фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм таъсис диҳад ва таблиғоти террористиро пешгирӣ намояд.

Терроризми имрўза ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил дода­ни низоми ягона ва муосири мубориза бар зидди терроризмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои хеш (ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ) доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ақидаҳои худро иброз намудаанд. Аз ҷумла, дар Паёмҳои худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханронӣ дар мачлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014, суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик соли 2018, суханронӣ дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оиди «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» соли 2000 дар Вена, суханронӣ дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2008 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералӣ – иштирокдорони ҷаласаи 28 – уми Шўрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 16 – уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соли 2018, Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» соли 2018 ва ғайра.

Дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оиди «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ», ки 14 апрели соли 2000 дар Вена баргузор гардида буд,  чунин иброз намуданд: «Аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оиди терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амал намуда, бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисодӣ, бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Дар самти пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи тадбирҳои пурзўр кардани мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза намудан бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба терроризм»;  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона».

Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҷиноятӣ амал мекунад, ки он ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгў буда, мубориза бар зидди терроризмро таъмин менамояд.

Дар тӯли солҳои 2006-2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташкилотҳо ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд, ба монанди «Алҳ-Қоида”, «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Равияи динии Салафия», «Гурўҳи 24», «Ҳизби наҳзати ислом», ки фаъолияти онҳо дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат  зидди терроризм дар кишвар маҷмӯъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишщол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

Мақсади мубориза бар зидди терроризм тибқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз инҳо иборатанд:

Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризм.

Барҳам додани таҳдиди терроризм дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба терроризм дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он.

Ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта.

Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолияти террористӣ иштирок намудаанд, инчунин муқовимат ба маблащгузории амали терро­ристӣ.

Таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд.

Тақвияти нақши давлат, чун кафили амнияти шахсӣ ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди терроризм беш аз пеш меафзояд.

Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба маблащгузории амали террористӣ.

Ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушд ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналми­лалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Раҳимова Умедахон Ҷӯрабоевна-

доктори фалсафа (PhD), мудири кафедраи

технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

Паҳншавии терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ва муқовимат зидди ин падидаи номатлуб

Информация о материале
Опубликовано: 07 мая 2026
Просмотров: 184

Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз он ки терроризми байналмилалӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин хиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.

Ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ дар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав мекунад. Он хусусияти умумӣ пайдо карда, хам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид дорад. Баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки доираи зухуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста васеъ мешавад. Мусаллам аст, ки мубориза алайҳи ин шарт бояд самти аввалини хамкории байналхалқӣ ва ҷидду ҷаҳди мувофиқшудаи мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ гардад.

Сарварон ва иштироккунандагони фаъоли ҷамъиятҳои ҷинояткорон ба сохаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонунӣ ба вуҷуд оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ cap медароранд ва бо хамин қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд. Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро фосид карда, ба ҷинояткорӣ ҷалб менамоянд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Ба андешаи мо, ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо ҷой доранд. Аз ин рў, ошкор ва бартараф  карда шудани онҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми мақомотҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад.

Аз ин лиҳоз, тағрибу ташвиқоти қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро тамин хоҳанд кард.

Мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ бе ҳамкории байналмиллалӣ ғайриимкон аст. Бо ин мақсад Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони миллали Мутаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаи ўҳдадориҳои худро вобаста ба аъзогӣ дар ин созмонҳо иҷро карда истодааст.

Вобаста ба муқовимат ва пешгирии терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм Тоҷикистон санадҳои  зерини  ҳуқуқии байналмилалиро ратификатсия кардааст:

1.Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) дар бораи ҷиноятҳо ва дигар кирдорҳое, ки дар дохили ҳавопаймо содир мегарданд, соли 1963;

  1. Конвенсияи СММ «Оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ» аз 21 декабри соли 1965;
  2. Конвенсияи СММ  дар бораи мубориза ба муқобили ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ, аз 16 декабри соли 1970;
  3. Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо  аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти авиатсияи гражданӣ, аз 23 сентябри соли 1971;
  4. Конвенсияи СММ дар бораи пешгирӣ ва  ҷазои ҷиноятӣ  ба муқобили ашхосе, ки дорои ҳимояи байналхалқӣ мебошанд, аз  ҷумла агентҳои дипломатӣ, аз 14 декабри соли 1973;
  5. Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо гаравгонгирӣ, соли 1979;
  6. Конвенсияи СММ  дар бораи ҳимояи физикии маводи ядроӣ,  соли  1980;
  7. Протокол дар бораи мубориза бар зидди зўроварии ғайриқонунӣ дар фурудгоҳҳое, ки авиатсияи граждании байналмилалиро хизмат мерасонанд,  соли 1988;
  8. Конвенсияи СММ  дар бораи мубориза ба муқобили кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки бар зидди амнияти киштигардии баҳрӣ равонагардида,  соли 1988;
  9. Протокол оид ба мубориза бо кирдорҳои ғайриқонунии бар зидди амнияти платформаи статсионарии дар шелфи континенталӣ ҷойгирбуда равонагардида, соли 1988;
  10. Конвенсияи дар бораи нишонгузории моддаҳои таркандаи пластикӣ бо мақсади ошкор намудани онҳо, соли 1991;
  11. Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо терроризми бомбавӣ, аз 16 декабри соли 1997;
  12. Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм, аз  09 декабри соли 1999;
  13. Конвенсияи СММ  зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, аз 8 ноябри соли 2000;
  14. Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, аз 5 сентябри соли 2003.

Конвенсияҳои дар боло қайд шуда дар шаклхои гуногун амалӣ мегарданд.

Ахмедов Н.И., устоди ДДҲБСТ

Илму дониш василаи муҳимми маҳви хурофоту бегонапарастӣ

Информация о материале
Опубликовано: 07 мая 2026
Просмотров: 115

Дар Дар тӯли таърихи инсоният, ҷомеаҳо ҳамеша байни ду нерӯ қарор доштанд: нерӯи равшангарии илм ва нерӯи торикии ҷаҳолат. Ҳар қадар ки инсон ба кашфи ҳақиқат, ба фаҳмиши қонунҳои табиат ва ҷомеа наздиктар мешавад, ҳамон андоза аз хурофот, таассуб ва бегонапарастӣ дур мегардад. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки илму дониш на танҳо воситаи пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки муҳимтарин абзори мубориза бо хурофот ва нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ мебошад.

Пеш аз ҳама, бояд фаҳмид, ки хурофот чист. Хурофот ҷамъи бовару эътиқодҳое мебошад, ки асоси илмӣ надоранд ва аксаран бар пояи тарс, ноогоҳӣ ва ё анъанаҳои беасос ба вуҷуд омадаанд. Масалан, бовар кардан ба таъсири нерӯҳои ғайримоддӣ ба сарнавишти инсон, ё пайравӣ аз расму оинҳое, ки ба манфиати инсон нестанд, намунаи равшани хурофотанд.

Бегонапарастӣ бошад, як навъ аз худ бегона шудан ва арзишҳои бегонагонро болотар аз фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ донистан аст. Ин падида бештар дар ҳолатҳое пайдо мешавад, ки инсон аз таъриху фарҳанги худ огоҳии кофӣ надорад ва ба осонӣ таҳти таъсири фарҳангҳои бегона қарор мегирад.

Ҳардуи ин падидаҳо хурофот ва бегонапарастӣ барои рушди ҷомеа хатарноканд. Онҳо метавонанд тафаккури солимро заиф гардонанд, пешрафти илмиро боздоранд ва ҳатто ба аз даст рафтани ҳувияти миллӣ оварда расонанд.

Илм ва дониш инсонро ба андешаи мантиқӣ ва таҳлилӣ водор месозанд. Шахсе, ки дониш дорад, ҳар як воқеаро бо ақл ва далел арзёбӣ мекунад, на бо эҳсос ва боварҳои ноогоҳонаву сатҳӣ.

Илму дониш инсонро озод мекунад озод аз тарс, озод аз ҷаҳолат ва озод аз вобастагӣ ба андешаҳои беасос. Ин озодӣ ба инсон имкон медиҳад, ки мустақилона фикр кунад ва қарорҳои дуруст қабул намояд.

Илова бар ин, дониш ҳисси худшиносиро тақвият медиҳад. Шахсе, ки таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро медонад, ба бегонапарастӣ камтар гирифтор мешавад. Ӯ метавонад беҳтарин унсурҳои фарҳангҳои дигарро қабул кунад, аммо ҳувияти худро аз даст намедиҳад.

Яке аз вазифаҳои асосии илм фаҳмондани сабабу натиҷаи падидаҳост. Ҳар гоҳ ки инсон сабаби воқеии як падидаро дарк мекунад, дигар барои тавзеҳи он ба хурофот рӯ намеорад. Барои маҳви хурофот лозим аст, ки омӯзиши пайваста, азхуд кардани илму дониш дар ҷомеа ба таври васеъ рушд ёбад, махсусан дар байни ҷавонон.

… В-он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,

Ҳагиз сияҳ аз сафед нашнохт.

ВАО, мактаб ва донишгоҳҳо метавонанд дар ин самт нақши калидӣ бозанд. Тарғиби тафаккури илмӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, ва ташаккули малакаҳои таҳлилӣ метавонад ҷомеаро аз таъсири хурофот эмин дорад.

Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат идома доранд, бегонапарастӣ бештар ба назар мерасад. Ҷавонон аксаран зери таъсири фарҳангҳои хориҷӣ қарор мегиранд ва баъзан арзишҳои миллии худро нодида мегиранд. Аммо илму дониш метавонад ин равандро ба таври мусбат танзим кунад. Агар инсон донишманд бошад, ӯ метавонад фарқ кунад, ки кадом унсурҳои фарҳанги дигар муфиданд ва кадомашон не. Ӯ кӯр-кӯронаву ноогоҳона пайравӣ намекунад, балки бо дарназардошти манфиатҳои худ ва ҷомеа интихоб мекунад.

Омӯзиши таърих ва адабиёти миллӣ дар ин самт хеле муҳим аст. Ин фанҳо ҳисси ифтихор аз миллат ва фарҳангро бедор мекунанд ва инсонро аз бегонапарастӣ ҳифз менамоянд.

Гарчанде ки мактаб ва Донишгоҳ муҳиманд, нақши оила дар ташаккули ҷаҳонбинии инсон аз ҳама бештар аст. Агар дар оила муҳити донишомӯзӣ ва эҳтиром ба илм вуҷуд дошта бошад, кӯдак аз хурдӣ ба тафаккури солим одат мекунад.

Падару модар бояд фарзандонро ба хондан, таҳсил ва савол додан ташвиқ намоянд. Онҳо бояд худ намунаи ибрат бошанд шахсоне, ки ба хурофот бовар намекунанд ва қарорҳои худро бар асоси мантиқ қабул мекунанд.

Ҷомеа низ бояд арзиши илм ва донишро баланд бардорад. Қадршиносӣ аз олимон, омӯзгорон ва донишмандон метавонад ҷавононро ба роҳи илмомӯзӣ ҳидоят кунад. Бо вуҷуди аҳамияти бузурги илм, дар баъзе ҷомеаҳо ҳанӯз ҳам хурофот ва таассуб мавқеи қавӣ доранд.

Баъзан ҳатто шахсони маълумотдор низ метавонанд ба баъзе хурофот бовар кунанд, агар тафаккури интиқодии онҳо ба қадри кофӣ рушд наёфта бошад. Аз ин рӯ, танҳо гирифтани маълумот кофӣ нест, муҳим аст, ки инсон тавонад онро таҳлил ва дуруст истифода барад.

Илму дониш дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун нерӯи равшангар ва воситаи асосии мубориза бар зидди хурофот, ҷаҳолат ва бегонапарастӣ шинохта шудааст. Бисёре аз адибон, донишмандон ва шоирони бузурги миллати мо дар осори худ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.

Аз ҷумла, Абӯалӣ ибни Сино илму донишро чароғи роҳнамо барои инсон медонист. Ӯ таъкид мекард, ки танҳо тавассути дониш инсон метавонад ҳақиқатро аз хурофот фарқ намояд.

Абурайҳони Берунӣ низ бар ин назар буд, ки дониш бояд бар пояи таҷриба ва далел устувор бошад. Ӯ хурофотро монеаи рушди тафаккури илмӣ мешуморид.

Шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» борҳо аз ақлу дониш ситоиш намуда, ҷаҳолатро сарчашмаи бадбахтиҳо медонад:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Ҳамчунин, Саъдии Шерозӣ таъкид мекунад, ки инсон бояд бо илм худро аз ҷаҳолат ва тақлидҳои нодуруст раҳо созад. Ба андешаи ӯ, бегонапарастӣ аксаран аз ноогоҳӣ ва камбуди худшиносӣ сар мезанад.

Абдураҳмони Ҷомӣ низ донишро воситаи камолоти инсон мешуморад ва бар он аст, ки инсон бо маърифат метавонад ҳақиқати зиндагиро дарёбад.

Дар адабиёти муосир ҳам ин андеша идома дорад. Садриддин Айнӣ бар зидди хурофоту таассуб мубориза бурда, дар осораш аҳамияти маърифат ва маорифро таъкид кардааст.

Андешаҳои адибону донишмандон нишон медиҳад, ки илму дониш на танҳо воситаи рушди шахсӣ, балки сипари боэътимод бар зидди хурофот, таассуб ва бегонапарастӣ мебошад. Ҷомеае, ки ба илм такя мекунад, метавонад фарҳанги миллии худро ҳифз намуда, ҳамзамон ба пешрафт ноил гардад.

Илму дониш чароғи роҳнамоест, ки инсонро аз торикии ҷаҳолат ба сӯи равшанӣ мебарад. Он воситаи пуриқтидорест барои маҳви хурофот ва пешгирии бегонапарастӣ. Ҷомеае, ки ба илм такя мекунад, на танҳо пешрафта, балки устувор ва худшинос низ мебошад.

Барои расидан ба чунин ҷомеа, бояд омӯзиши пайваста, азхудкунии илму дониш ва тафаккури илмиро тарғиб кард ва арзишҳои миллиро ҳифз намуд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем насли огоҳ, худшинос ва масъулро тарбия кунем, наслеро, ки ояндаи дурахшони кишварро таъмин хоҳад кард.

Ғафурзода Сино – сардори шуъбаи

таҳлил ва робита бо ҷомеа

  1. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар давраи истиқлолияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Пайравони содиқи Ватанем!
  3. Дастҷамъона мубориза барем
  4. Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандист

Страница 19 из 30

  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.