- Информация о материале
- Просмотров: 201
Миллати тоҷик аз давраи қадим ҳамчун миллати адабиётдусту тамаддунофар шинохта шудааст. Ва халқи тоҷик ягон нафареро намегузорад, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакати Тоҷикистон дахолат намояд. Мутаассифона афроде дар ҷамъияти муосири мо пайдо мешаванд, гарчанде зодаи Тоҷикистон ҳастанду дар ин ҷо ба воя расидаанд, хиёнат бар Ватани худ, бевафоӣ бар обу хоки диёр ва хиёнат бар модари хеш мекунад, ки ин нобахшиданист. Бархе аз фарзандони нохалафи тоҷик барои содир кардани ҷиноятҳо - иштирок дар фаъолияти экстримистӣ, хиёнат ба давлат, ки авфнопазиртарин гуноҳ ба ҳисоб меравад, омода ҳастанд. Давлату миллат, падару модар, фарзандон ва пайвандони хешро зери хатар монда, корҳои пасти марговарро бар души худ мегиранд. Фарзанди тоҷик, набояд ба ин корҳои фоҷеабор даст зада бошад. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳаёти осоиштаи кишвар, ки имконияти кору фаъолият кардан вуҷуд дорад, хосатан пас аз супориши тақсимоти заминҳои корами назди ҳавлигӣ барои ҳар хонадони тоҷикстонӣ, ки Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон барои мардуми тоҷик пешниҳод кардааст, оё дур аз Ватан будану бо чашми бад ба зодгоҳи худ нигоҳ кардан аз руи одоби инсонӣ аст?
Фарзанди тоҷик ба гуруҳҳои террористӣ ҳамроҳ шуда, теғ ба суи давлати хеш кашида истодааст, ки ин фоҷеаи миллат аст. Бархе аз фарзандони тоҷик ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба ташкилоти террористию экстримистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир кардани актҳои террористӣ, ноором кардани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-таҳрибӣ гирифтаанд. Оё мардуми тоҷик ин гуна фарзанди худро мебахшад, ки даст бар теғ асту хунҷўӣ мекунад. Ба давлати осоишта ва ҳуқуқбунёд хиёнат карданист, оё ўро модари тоҷик бо одоби шарқиёнаи худ тарбия кардааст? Ҳаргирз не!
Бархе аз фарзандони нохалафи миллати тоҷик барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстримистӣ дошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд. Бояд ҳар нафареро, ки ба давлату миллат Ватану модар хиёнат карданист ҳатман дастгир шуда ҷазои сахти он пешбинӣ карда шавад.
Бояд таъкид кард, ки ҳақиқатан фарзанди тоҷик набояд ба ягон гуруҳҳои зиддидавлатӣ ё ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шавад. Вале мутаасифона нафароне пайдо мешаванд, ки ба ин гуруҳҳои ҷонкуш ҳамроҳ гашта, роҳи зиндагии нодурустро пеша менамоянд ва дар оянда аз карда пушаймон мегарданд. Ҳеҷ кишваре набояд ба сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат кунад. Фарзандони тоҷик, ки адабиёту фарҳанги бои миллӣ доранду бо одобу русуми баланд ва некбинонаи хеш муаррифгари ҷаҳониён ҳастанд набояд ба ин корҳои фоҷеабор даст зананд ва ҳаёти осудаву ороми миллати худро дар зери хатар гузоранд. Дӯстӣ ва фаррухрисолатии мардумони миллати тоҷикро бо миллатҳои дигар бояд нигоҳ дошт.
Миллати тоҷик сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагиро мепарастад ва ҳамеша бо чашми хирад ба мамолики дигар назар меандозад.
З.Ўлмасова
доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ
- Информация о материале
- Просмотров: 196
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин хатари ҷиддии экстремизм, терроризм, радикализм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарсоз мебошад, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.
Ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тули таърих ҳамроҳӣ намуданд. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.
Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гуруҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехосатанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.
Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сисёсӣ гарифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин қайд намуданд, ки «…имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд».
Бо роҳи ғайриқонунии зӯрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷуд оварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Бо максади решакан намудани терроризм 16 ноябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» кабул карда шуд. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.
Тибқи ин қонун, «терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони вокеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад».
Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-қоида, ДОИШ, ҳизби таҳрир, бародарони мусулмон, ҷунбиши Толибон, ҳаракати исломии Ӯзбекистон, равияи Салафия, ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Ансоруллоҳ номгӯи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.
Экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани он нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералиро вазифадор карданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Баъд аз амалиёти террористии 11-сентябри соли 2001 ва амалиётҳои дигар, ки ба номи Усома бини Лодан пайванд дода мешавад, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.
Бояд қайд намуд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо иштироки 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмиллалию минтақавӣ баргузор гардид, ки роҳҳои ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат аз тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.
Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оиди ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёда баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир бамасоили мазкур чунин ибрози ақида намуданд: «Пайравони созмонои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқа андозиву барангехтани низоъҳоидиниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бархӯрди ақидаҳои динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир бараъло эҳсос мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Таъкид месозем, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».
Инчунин Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, кифаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хуруфотпарастӣ яке аз омилҳои асосиихатарсо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Мо муътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароие мавҷуд буда метавонанд, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода мекунанд.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, баъзе қувваҳои дохилию берунӣ мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанро, ки Тоҷикистон ном дорад ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем, онро пос дорем ва ба қадри ин неъмати бебаҳою муқаддас бирасем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро дар ҳамин руҳия тарбия намоем, ки онҳо оянда номбардор ва ҳифзкунандаи ин миллат ва арзишҳои олии он гарданд.
Шарипова Моҳира,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
- Информация о материале
- Просмотров: 200
Дар ҷаҳони муосир масъалаи таъмини сулҳу субот ва ҳифзи амнияти ҷомеа ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, зеро дар баробари дигар таҳдидҳои замони муосир терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарноки фаромиллӣ ба амнияти давлатҳо, оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид менамояд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар самти мубориза ва пешгирии терроризм сиёсати мақсаднокро амалӣ намуда, барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилию институтсионалӣ ва иттилоотии муқовимат ба ин зуҳурот тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мубориза бо терроризм ба фазои маҷозӣ низ густариш ёфтааст. Имрӯз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа гашта, барои муошират, гирифтани иттилоот, омӯзиш ва табодули андеша имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Албатта, истифодаи нодурусти ин имкониятҳо метавонад барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, таблиғоти ифротӣ ва таъсир расонидан ба шуури шаҳрвандон замина фароҳам созад.
Таҳлили равандҳои муосир нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби ҷонибдорон ва таъсир расонидан ба афкори ҷомеа аз технологияҳои иттилоотӣ истифода бурда метавонанд.
Махсусан, ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли истифодабарандагони интернет метавонанд мавриди таъсири иттилооти ғаразнок қарор гиранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иттилоотии насли ҷавон яке аз омилҳои муҳими пешгирии терроризм ва экстремизм ба шумор меравад.
Дар чунин шароит масъалаи саводи рақамӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Ҳар як истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд дарк намояд, ки на ҳама иттилооти дар фазои маҷозӣ паҳншаванда саҳеҳ ва боэътимод аст. Қабл аз қабул ё бознашри маълумот зарур аст, ки манбаъ, мазмун ва ҳадафи он мавриди санҷиш қарор гирад. Паҳн намудани хабарҳои носанҷида метавонад боиси афзоиши воҳима, нобоварӣ ва нооромии иҷтимоӣ гардад.
Дар ин замина рушди тафаккури интиқодӣ хеле муҳим аст. Муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа бояд дар ташаккули тафаккури интиқодии ҷавонон саҳми муносиб гузоранд.
Дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ набояд танҳо ҳамчун манбаи таҳдид арзёбӣ шаванд. Онҳо метавонанд ба воситаи муассири пешгирии терроризм ва ташаккули муҳити солими иттилоотӣ табдил ёбанд. Имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавон иттилооти дурусту саривақтӣ, маводи маърифатӣ ва ҳуқуқӣ, андешаҳои созанда ва паёмҳои таҳкими сулҳу ваҳдатро ба доираи васеи аҳолӣ расонд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама, бояд ба омилҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ, ки метавонанд ба осебпазирии инсон мусоидат намоянд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ихтилофи назар дар ҷомеа бояд бо роҳи муколама ва эҳтироми ҳамдигар ҳал гардад. Таҳаммулпазирӣ, эҳтироми қонун, эҳтироми фарҳанг ва арзишҳои дигарон заминаи муҳими суботи иҷтимоӣ мебошанд.
Фазои иттилоотӣ майдони муҳими мубориза барои шуури инсон гардидааст. Аз ин рӯ, дар баробари таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ба ташаккули муҳити солими иттилоотӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар ин миён шабакаҳои иҷтимоиро бояд ба абзори муҳими огоҳонӣ, маърифатнокӣ ва таҳкими фазои таблиғи дониш, маърифат, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои созанда табдил дод.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳкими оила ва истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи роҳҳои муҳими расидан ба ин ҳадаф мебошанд.
Ҷомеаи огоҳ, муттаҳид ва дорои фарҳанги баланди иттилоотӣ метавонад дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳои муосир устувор истад ва барои насли оянда фазои осоиштаву соз низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Сурайё Ҳакимова,
дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
- Информация о материале
- Просмотров: 201
Ҷавонон қишри фаъол, созанда ва неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ, дониш, фарҳанг ва мавқеи шаҳрвандии ҷавонони он вобастагии зиёд дорад. Ҷавонони солимфикр, соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонанд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти насли ҷавон яке аз масъалаҳои муҳиvми ҷомеаи муосир мебошад.
Дар баробари имкониятҳои мусбат, дар ҷаҳони имрӯза як қатор таҳдидҳо низ вуҷуд доранд. Яке аз чунин масъалаҳо шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ин падида метавонад на танҳо ба ҳаёти шахсии ҷавонон, балки ба амнияти ҷомеа ва суботи давлат таъсири манфӣ расонад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Зеро ҷавонон ҳар рӯз бо иттилооти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд ва на ҳама вақт метавонанд маълумоти дурусту нодуруст, андешаи созандаву ифротиро аз ҳам фарқ кунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иттилоотии ҷавонон яке аз роҳҳои муҳимми пешгирии ин мушкилот ба шумор меравад.
Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сабабҳои гуногун дорад. Дар бисёр ҳолатҳо ин раванд бо як сабаби ягона вобаста нест, балки натиҷаи таъсири якчанд омил мебошад. Яке аз омилҳои муҳим надоштани дониш ва маърифати кофӣ мебошад. Ҷавоне, ки аз таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, қонунгузорӣ ва моҳияти равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ маълумоти кофӣ надорад, метавонад ба ҳар гуна иттилооти бардурӯғ бовар кунад. Гурӯҳҳои ифротӣ баъзан аз ҳамин заъфи маърифатӣ истифода бурда, ҷавононро бо ваъдаҳои гуногун ба худ ҷалб менамоянд.
Муҳити оила ва тарбия низ аҳаммияти калон дорад. Оила аввалин муҳити тарбиявии инсон мебошад. Агар байни волидон ва фарзандон муносибати солим, самимӣ ва боэътимод вуҷуд дошта бошад, ҷавон метавонад мушкилоти худро озодона ба аҳли оила баён намояд. Баръакс, набудани таваҷҷуҳ ба ҳаёти фарзанд, муносибати бепарвоёна ва назорати нодуруст метавонанд ӯро ба муҳитҳои номатлуб наздик созанд.
Омили дигар таъсири муҳити атроф ва дӯстони номуносиб мебошад. Ҷавонон бештар ба муҳити ҳамсолони худ таъсирпазиранд. Агар дар байни дӯстони онҳо шахсоне бошанд, ки ақидаҳои ифротӣ ё зиддиқонунӣ доранд, эҳтимоли таъсирпазирии ҷавон зиёд мешавад. Аз ин рӯ, интихоби дурусти дӯстону муҳити иҷтимоӣ низ хеле муҳим аст.
Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ яке аз омилҳои таъсиркунанда дар коста гардидани тарбияи насли ҷавону наврас мебошад. Дар замони муосир интернет яке аз воситаҳои асосии гирифтани иттилоот мебошад. Ҷавонон тавассути интернет метавонанд донишҳои зиёд ба даст оранд, бо ҷаҳон шинос шаванд ва имкониятҳои нави таҳсилу корро пайдо кунанд. Аммо дар баробари ин, интернет метавонад барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва ғояҳои ифротӣ низ истифода шавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки бо одамони гуногун муошират кунанд. Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳои ғайриқонунӣ низ аз ин имконият истифода бурда, ҷавононро тавассути паёмҳо, наворҳо ва маводи таблиғотӣ ба худ ҷалб менамоянд.
Бинобар ин, ҷавонон бояд саводи иттилоотӣ дошта бошанд. Онҳо бояд пеш аз бовар кардан ба ҳар як маълумоти интернетӣ манбаи онро санҷанд, ба хабарҳои шубҳанок зуд бовар накунанд ва аз паҳн кардани маводи дорои мазмуни ифротӣ худдорӣ намоянд. Маҳз қобилияти таҳлил кардани иттилоот ба инсон имкон медиҳад, ки таъсири манфии таблиғоти зарароварро кам намояд. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки истифодаи интернет танҳо имконият нест, балки масъулият низ мебошад.
Шомил шудан ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ метавонад барои худи ҷавон ва наздикони ӯ оқибатҳои вазнин дошта бошад. Пеш аз ҳама, чунин фаъолият метавонад боиси вайрон шудани муносибати ҷавон бо оила, дӯстону наздикон ва ҷомеа гардад. Ҷавоне, ки ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад, метавонад имкониятҳои таҳсил ва фаъолияти қонунии худро аз даст диҳад. Инчунин, фаъолияти ғайриқонунӣ метавонад боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахс гардад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд пеш аз қабули қарор оқибатҳои онро ба таври ҷиддӣ андеша кунад, зеро оқибатҳои чунин раванд танҳо ба як нафар маҳдуд намешаванд. Вақте ҷавон ба роҳи нодуруст меравад, оила низ аз ҷиҳати маънавӣ ва иҷтимоӣ зарар мебинад. Боварии байни аъзои оила коста шуда, волидон ва дигар наздикон ба ташвиш меафтанд.
Аз ҷиҳати ҷамъиятӣ низ паҳншавии ғояҳои ифротӣ метавонад ба сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад. Ҷомеаи устувор танҳо дар ҳолате рушд мекунад, ки шаҳрвандон қонунро эҳтиром намуда, аз руи он зиндагӣ кунанд.
Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо зарур аст. Саҳми мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла муаллимону омӯзгорон дар масъалаҳои тарбияи ҳуқуқӣ калон мебошад. Ҷавонон бояд қонунҳои давлат, ҳуқуқу вазифаҳои худро хуб донанд, зеро донистани қонун ба инсон ҳангоми қабули қарор, масъулиятнокӣ дар назди ҷомеа кӯмак мекунад.
Гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ метавонад ба баланд шудани маърифати ҷавонон мусоидат кунад. Ҳамчунин, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш ва фаъолияти эҷодӣ муҳим аст. Ҷавоне, ки вақти худро сарфи донишомӯзӣ, варзиш, мутолиа ва корҳои созанда мекунад, камтар зери хатари пайвастан ба муҳитҳои номатлуб қарор мегирад.
Нақши оила низ дар пешгирии ин раванд хело муҳим аст. Волидон бояд бо фарзандон муносибати дӯстона дошта бошанд, ба мушкилоти онҳо диққат диҳанд ва кӯшиш кунанд, ки фарзанд худро дар муҳити оила бегона эҳсос накунад. Муоширати самимӣ метавонад бисёр мушкилотро пеш аз пайдо шудани оқибатҳои ҷиддӣ ҳал намояд.
Худи ҷавонон низ дар пешгирии ин масъала масъулияти калон доранд. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки ояндаи ҷомеа аз фаъолияти имрӯзаи ӯ вобаста аст. Донишомӯзӣ, меҳнат, эҳтироми қонун, муносибати хуб бо дигарон ва дӯст доштани Ватан бояд қисми муҳимми ҳаёти ҳар як ҷавон бошад. Ҷавонон бояд ба таърих ва фарҳанги миллии худ эҳтиром гузоранд. Донистани забон, фарҳанг, анъана ва таърихи халқи худ барои ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ватандӯстӣ маънои онро надорад, ки инсон бояд танҳо сухан гӯяд. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар амал зоҳир мешавад: хуб таҳсил кардан, касби дуруст интихоб намудан, меҳнат кардан, қонунро риоя намудан ва ба ҷомеа манфиат расонидан. Ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд бар зидди паҳншавии ғояҳои зараровар мавқеи дуруст дошта бошанд. Онҳо метавонанд ба ҳамсолони худ маълумоти дуруст расонанд ва онҳоро аз роҳҳои хатарнок дур созанд.
Ҳамин тавр, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Сабабҳои асосии ҷалби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо камбуди дониш, мушкилоти иҷтимоӣ, таъсири муҳити атроф, истифодаи нодурусти интернет ва дигар омилҳо маҳсуб ёфта, мубориза бо ин падида истифодаи маҷмуи тадбирҳои самараноки таълимӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиро тақозо менамояд.
Барои пешгирии ин раванд ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва худи ҷавонон зарур аст. Пеш аз ҳама, бояд барои ҷавонон шароити хуби таҳсил, кор, истироҳат ва рушди шахсӣ фароҳам оварда шавад. Ҷавон бояд хуб донад, ки ҳар як қарори ӯ метавонад ба ояндаи худ ва наздиконаш таъсир расонад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳамроҳ шудан ба ҳар гуна гурӯҳ ё қабули маълумоти интернетӣ зарур аст, ки қонунӣ будани фаъолият ва дурустии иттилоот санҷида шавад.
Дар маҷмуъ, ҷавонони босавод, ватандӯст, ҳуқуқшинос ва масъулиятшинос қувваи бузурги ҷомеа мебошанд. Агар ин нерӯ ба роҳи дониш, меҳнат, илм, фарҳанг ва созандагӣ равона карда шавад, ҷавонон метавонанд дар рушди давлат ва ҷомеа саҳми хеле муҳим гузоранд. Аз ин рӯ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи муштараки оила, ҷомеа ва давлат мебошад.
Абдуллоева Меҳриниссо,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
декани факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
- Информация о материале
- Просмотров: 230
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба проблемаи хеле ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин, пеш аз ҳама, густариш пайдо кардани терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони имрӯз аз хатарҳои умумибашарӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳарос овардааст. Албатта дар пешрафтҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дасти ашхоси махсус низ ҳаст, ки манфиати худро аз пешрафти низоъҳои қавмиву нажодӣ ва диниву давлатӣ мебинанд. Таҳким бахшидан ба низоъҳои сиёсии давлатҳо барои густариши терроризм ва экстремизм заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки хеле пуртазоду печ дар печ аст, мардуми мо, пеш аз ҳама, ҷавонони моро зарур аст, ки барои бартараф намудани ақидаҳои хурофотӣ ва дур аз арзишҳои милливу маънавӣ дар ҳазар бошанд. Бояд эътироф кард, ки гурӯҳҳои ифротие, ки бо номи Давлати исломӣ ба ҳаргуна зиштиву золимӣ даст мезананд, ҳеч иртиботе ба исломи ҳақиқӣ надоранд. Дар ин бора борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд. Ислом ҳаргиз ба терроризм ва экстремизм иртибот надорад. Дар партави сиёсати огоҳонаи Пешвои миллат метавон афзуд, ки терроризм дар ҷомеаи имрӯз ба вабои аср табдил ёфта, хатари ҳамешагиро миёни насли ҷавон ба миён овардааст.
Аз вазъи давлатҳои ҷангзада маълум аст, ки дар назди аҳли террор ва экстремист ягон арзишҳои инсонӣ вуҷуд надорад. Ҳанӯзам сабабгори аслии қатли кӯдакон, аз байн бурдани мардуми бегуноҳу осоишта, вусъат бахшидан ба фақру нодорӣ ва гуруснагӣ миёни мардуми азияткашида террористҳову экстремистҳо мебошанд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, ба сари қудрат омадан ва амалӣ намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Дар ин раванд ба ҳар роҳу восита дар ҷалби ҷавонони нохудогоҳи камсавод ва хурофотиву зудбовар мекӯшанд. Мутаасифона дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам гардидаанд. Яке аз равишҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои ба даст овардани ҷонибдорони худ ба роҳ мондаанд, ин пешниҳод намудани маблағи муайян мебошад. Аксари ҷавонон маҳз барои ба даст овардани ин гуна маблағҳои муфт ба ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ки оқибати басо нангин дорад ва ба марги маҷбурӣ анҷом меёбад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки дар тафаккури ҷавонон ҳисси муфтхӯрӣ ва танбалӣ роҳ наёбад. Барои ҳамин ҳам, дар самти густариши маърифати иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон беш аз пеш бояд чораҳои зурурӣ ҳам аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва ҳам аз тарафи хонавода андешида шаванд.
Дигар аз масъалаҳое, ки ҷавонони моро ба коми гуруҳҳои ифротӣ равона месозад, огоҳии зарурӣ надоштан аз зарурияти диния ва фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Дар ҳама китобҳои бузургон омадааст, ки мардуми нодон ва ё ҷавони ноогоҳро ба ин ё он гурӯҳ шомил сохтан кори саҳлу сода аст. Зеро ҷавоне, ки аз мустақилияти фикрӣ орист, наметавонад ба таври мустаққил тасмим бигирад. Дар чунин ҳолат аксари ҷавонони мо ҳам ба ғуломи фикрӣ ва ҳам ба ғуломи худии гурӯҳҳои ифротӣ табдил меёбанд. Мусаллам аст, ки дин ҳамеша инсониятро ба некиву накӯкорӣ ва покиву растагорӣ раҳнамун месозад. Дини мубини Ислом, ки дар ҳар давру замон барои арҷ гузоштан ба арзишҳои инсонӣ муносибтарин пешаҳо ва осонтарин барномаи саодати инсониро пешкаш кардааст, ҳаргиз ба инсонкушӣ иртибот надорад. Аммо, нерӯҳои ифротӣ ба номи дин ҳадафҳои ғаразмандонаи хуро пиёда мезозанд, ки дар назари ҷавонони ноогоҳ ягона роҳи халосӣ аз мушкилоти ҳаётӣ аст. Ин гуна муносибат теъдоди террорҳоро зиёд карда, мардумро ба ваҳшат меоваранд.
Тоҷикистон азизи мо дар қатори давлатҳои сулҳхоҳи ҷомеаи имрӯз ҷонибдони маҳкум намудани терроризм ва экстремизм мебошад. Нигаҳдошт ва бузургдошти сулҳу ваҳдат дар қаламрави кишвар аз муҳимтарин қарзи инсонии мо аст, ки ба ҳазорон қурбониву ҷоннисорӣ ба даст омадааст. Дар ин самт хидмати таърихии Пешвои миллатро метавон борҳо мисол овард, ки арзиши беназирро дорост.
Дигар аз омилҳои бартараф намудани андешаҳои ифротии ҷавонон эҳтироми мақоми ҷавонон дар низоми давлатдорӣ ва дигар самтҳои ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар ин маврид низ Пешвои миллат бо сиёсати хирадгаро ва ҷаҳонии худ пештару беҳтар аз ҳама тасмими таърихӣ гирифтанд, ки шоистаи истиқболи ҳамешагӣ аст. Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва рушди ҷавонон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор дошта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ, касбӣ ва иҷтимоии насли ҷавон равона гардидааст. Ҷавононро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадгароёна масъулияти иҷтимоии худро бештар эҳсос намуда, бо такя ба тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии фарогир ва арзишҳои инсонгароёна, на бар пояи тафриқаҳои динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Эҳсон Раҷабӣ,
дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»





