- Информация о материале
- Просмотров: 164
Ба унвони як падидаи хоси ҷамъиятию сиёсӣ терроризм таърихи худро дорад, ки бе донистани он сабабҳо ва қувваҳои пешбарандаи терроризми муосирро дарк намудан ғайриимкон аст. Зеро ин падидаи номатлуб собиқаи тулонии таърихӣ дошта ва он на танҳо хоси ислом, балки хоси адён ва фирқаҳои дигари ғайримусулмонӣ низ будааст.
Яке аз аввалин гурўҳи сиёсӣ, ки дар таърих бо анҷоми амалиётҳои террористӣ дар солҳои 73- 66 пеш аз милод ном бурда шудааст, ин гуруҳи яҳудии бо номи зелотҳо (тарафдорони сахт) мебошад. Аммо дар соли шашуми асри аввали мелодӣ бошад фирқаи дигари яҳудӣ бо номи сикориҳо (сикор – ханҷар ва ё шамшери кутоҳ), ки он ҳамчун гуруҳи низомӣ аз зелотҳо ҷудо гардида буд, ҳадафи асосии он бо роҳи анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ҷудо ва ташкили давлати мустақили яҳудиҳо аз Рим буд. Онҳо пеш аз ҳама ашрофони римӣ ва ашрофони маҳаллиеро, ки дар Байтулмуқаддас бо римиҳо ҳамкорӣ доштанд ба қатл мерасониданд. Номи онҳо аз номи ханҷар ва ё шамшери кўтоҳ, ки дар зери либос пинҳон мекарданд гирифта шудааст. Сикориҳо пас аз шикаст хурданашон ба Миср фирор менамоянд ва фаъолияти онҳо дар соли 73 милодӣ пас аз муҳосираи сесола дар Массад ба тариқи худкушӣ ба охир мерасад. Дар қатори пешвоёни сикориҳо Менахем писари пешвои зелотҳо ном бурда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки истифодаи зуроварӣ ба муқобили давлат аз рўи нишонаҳои динӣ, ки онро назарияи масеҳият дастгирӣ менамуд, ба сифати идеология расмӣ бароварда шуда буд. Ҳамин тавр, Август Авреллий яке аз муосирони аввалини императорҳои Рум, ки калисои католикиро муқаддас мешинохт навишта буд: «давлат, ки аз тарафи инсон сохта шудааст, ҳадафи он муваққатист, вай бо зурӣ сохта шудааст ва иҷборӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани адолати илоҳӣ давлат чист, яъне давлат гуруҳи на чандон калони роҳзанон ва инчунин худи ҳамин гуруҳҳои роҳзан ҳамчун давлат дар шакли хурди он аст».
Ҳамин тавр Августин яке аз аввалин идеологҳои калисо гардид, ки вай истифодаи усулҳои зуровариро барои ҷалб ба масеҳият ва мубориза бо фирқаҳои барои калисо номақбулро пешниҳод намуда буд. Ӯ навишта буд, «Чун хадафи давлати масеҳӣ дар оянда рифоҳ аст, давлат дар сурате, ки бединро боваркунонида наметавонад, бояд маҷбур созад ва на омўзонад». Чунин мавқегирӣ имкон дод, ки Августинро аввалин догматики инкивизитсяи муқаддас шиносанд.[6,292] Ҳамин тавр Августин баёнкунандаи идеяи стандартҳои дугонаест, ки дар зеҳни сиёсии аврупоиҳо маҳкам ҷой гирифтааст, мебошад. Ба назари ў агар амали онҳо ба муқобили намояндагони ҷомеа равона шуда бошад манфӣ ва аз ҷониби дигар ба муқобили тарафи муқобил равона гардида бошад мусбӣ қабул карда мешуданд.
Дар асрҳои миёна зуроварӣ хусусияти умумиро гирифта буд. Зуроварии иҷтимоӣ шакли ҳукмрони муносибатро, ки дар асл чаҳорчӯбаи воқеии қонунӣ надошт, мегирад. Пайдошавии инкивизитсия қисман аксуламал ба муқобили пайдоиши ҳаракату ҷунбишҳои дигарандешона (табориҳо, валденсҳо, богомилҳо ва ғ.) ва мубориза ба муқобили онҳо дар дохили ҷомеаи аврупоии Папа буд. Онҳо ҷангҳои байниҳамдигарии сахти динӣ мебурданд, ки аз худ харобиҳои зиёдро ба ҷой мегузоштанд.
Муайян намудани миқёси инкивизитсия бо сабаби набудани маводҳои мустанад дар бораи фаъолияти инкивизитсияи асримиёнагӣ басо мушки аст. Аммо дар соли 1817 китоби кашиш (руҳонӣ) Х.А. Лоренте ба нашр расид, ки дар он дар бораи инкивизитсияи Испания маълумот дода шудааст. Аз рўи маълумотҳои дар ин асар оварда шуда дар байни солҳои 1481-1809 тақрибан 341021 нафар одамон мавриди таъқиби инкивизитсия қарор гирифтанд, ки аз ин ҳисоб 31 912 дар оташ сухта шуда, 17659 қисман ба ҷавобгарӣ кашида шуда ва 291460 ба зиндон маҳкум карда шуданд.
Дар қонунгузории Россия аввалин бор амалҳои ҷиноии зидди дин (таҳқир ба муқаддасоти динӣ, расонидани зарар ба амволи калисо ва ғ.) дар санадҳои калисои рус дар солҳои 1551 ва 1649 пайдо шуда буданд. Дар ин санадҳо мафҳуми ҷиноӣ алайҳи дин чандон равшан набуд ва аз ин рў дар зери ин мафҳум тамоми ҳаракатҳои динӣ ва ҷамъиятиеро, ки нисбат ба православия хусумат доштанд дохил намудан мумкин буд.
Дар қиёс бо кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дар Россияи асримиёнагӣ зӯроварии диниро бештар ба сокинони худ ва на ба душманони динии хориҷӣ раво дида буд. Ба хусус пас аз тақсимшавии калисои суннатии Россия дар асри XVII сабаби боз як марҳилаи таъқиби мухолифон гардид. Соли 1685 фармони шоҳи Рус ба тасвиб расид, ки вай муборизаро ба муқобили “старообрядҳо” (сарруритҳо) сахт намуд. Роҳбари онҳо Авакум дар оташ сӯзонида шуд.
Дар Аврупои давраи нав мо намунаҳои мухталифи терроризмро вомехӯрем. Масалан Шаби Варфоломей, яъне шаби 24 августи соли 1572 католикҳо дар арафаи рўзи Верфоломейи муқаддас 30 ҳазор гугенотҳоро (протестантҳои Фаронса) ба қатл расониданд.
Дар миёнаи асри XIX назарияпардозони терроризм пайдо шуданд, ки яке аз онҳо ифротигарои олмонӣ Карл Гейнтсен буд. Вай дар мақолаи худ «Қатл» мафҳуми ахлоқро рад намуда, дуруст будани терорро ба муқобили табақаи ҳокимро эълон кард. Ў чунин меҳисобид, ки ба нерўҳои иртиҷоӣ бояд чунин силоҳро муқобил гузошт, ки як гуруҳи на чандон калон битавонад бесарусомониро ба миён оварад. Дар ин ҷо Гейнтс пеш аз ҳама ба гази химиявӣ такя намуда, инчунин даъво дошт, ки роҳу усулҳои нави маҳвсозанда пайдо карда шаванд, ки он бо номи «фалсафаи бомба» маъруф аст. Баъдан концепцияи «фалсафаи бомба»-и Гейнтс дар «назарияи шикаст» – и Бакунин (заҳр, корд ва ресмон) тақвият дода шудааст.
Дар нимаи дуюми асри XIX террор ба хусус дар заминаи анархистию миллатгароӣ рушд намуд. Дар ин давра шоҳи Франсия Луи Филипп, императори Пруссия Фридрих Вильгельм, императори Россия Александри II қурбонии амалҳои террористӣ гардиданд. Пайравони терроризм дар ин давра халқчиёни Рус, миллатгароёни Ирландия, Македония, Сербия, анархистҳои Франсия ва инчунин ҳаракатҳои мушобеҳи онҳо дар Италия, Испания ва ИМА буданд.
Яке аз аввалин ҳаракатҳои динии экстремистии асримиёнагии олами ислом ҷамъияти исмоилиҳои қалъаи Аламут буд, ки он дар илми шарқшиносии Ғарб бо номи орден ассассинов ба маънии дастури қотилон ёд мешавад, мебошад. Асосгузори ин ҳаракати мазҳабӣ яке аз доъиёни равияи исмоилияи ташайюъ Ҳасани Саббоҳ мебошад. Вай дар соли 1090 қалъаи Аламутро ба зери тасарруфи худ дароварда, онро ба маркази муқтадири таълимоти худ ва инчунин ба маркази мубориза ба муқобили мухолифони шиъаи исмоилия табдил дод. Ҳасани Саббоҳ ба пайравонаш дастур дод, ки ҳатто ҳамдарси худи ў – вазири маъруфи Салҷуқиён Низомулмулкро, ки аз сарсахтарин муборизони зидди равияи ў буд низ ба қатл расонанд. Роҷеъ ба Ҳасани Саббоҳ ва таълимоти ў, инчунин забти қалъаи Аламут дар соли 1256 аз тарафи муғулҳо дар китоби Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой» ва инчунин дар асарҳои И.П.Петрушевский ва Строева, Л.В. ва ғ. ба тариқи муфассал маълумот дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки пайравони мазҳаби Имоми Аъзам дар асрҳои миёна ҳаракатҳои ифротгароӣ надоштанд, зеро тибқи ин таълимот подшоҳ сояи худо дар рўи замин ҳисобида шуда, ҳамагуна исён ба муқобили ў амали куфр ва бо роҳи зурӣ пахш карда мешуд. Яъне дар тӯли таърихи ислом то ибтидои асри ХХ дар олами ислом давлатҳои мусулмонӣ вуҷуд доштанд, аммо на ба маънии имрўза давлатҳои исломӣ. Дар ин давлатҳои мусулмонӣ пайравони адёни мухталиф дар канори ҳам умр ба сар мебурданд ва ҳеҷ гуна хушунат миёни онҳо вуҷуд надошт.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар миёнаи асри XVIII ҳаракати динию сиёсие дар асоси таълимоти Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб равияи ваҳҳобия ба вуҷуд омад, ки он имрўзҳо идеологияи расмии Арабистони Саудӣ мебошад. Моҳияти асосии ин ҳаракат бозгашт ба исломи ноби замони хулафои рошидин, такя ба Қуръону ҳадис ва поксозии дини ислом аз бидъатҳо буд. Идеяи ҷиҳод дар ин равияи динию сиёсӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.
Ҳамзамон, ба ин нукта бояд ишора фармуд, ки дар нимаи дуюми асри XIX дар олами ислом ҳаракати ислоҳотхоҳӣ оғоз мегардад, ки асосгузорони он Ҷамоллидин ал – Афғонӣ (1839-1898) ва донишманди Мисрӣ Муҳаммад Абдо (1849-1905) буданд. Ислоҳталабон хуб дарк менамуданд, ки “Ғарб бо лутфу донишу кор муваффақ гардида, пеш рафт ва Шарқ ба далели ҷаҳлу танбалии худ ақибмондааст”.[3,433] Аз ин рў онҳо мусулмононро барои гирифтани донишҳои муосир даъват менамуданд, аммо одобу русуми зиндагии Ғарбро қабул надоштанд. Ислоҳоталабон инчунин мардуми мусулмонро ба озодию истиқлол, меҳанпарастӣ ва ҳатто миллатгароӣ (ба маънии миллати ислом), ки ба аҳкоми ислом зид набошад, даъват менамуданд.
Яке аз бонуфузтарин созмонҳои бунёдгарои ифротии исломии ҷаҳони муосир бидуни шак созмони “Бародарони мусулмон” мебошад, ки он дар соли 1928 аз ҷониби муаллими Мисрӣ Ҳасан ал- Банна ташкил карда шудааст. Дар консепсияи идеологии “Бародарони мусулмон” ҷойгоҳи муҳимро ислом ҳамчун як низоми махсуси идеологӣ ва сиёсӣ ишғол менамояд. Дар соҳаи иқтисодӣ онҳо ба ин назаранд, ки молики ҳама чиз дар рўи замин танҳо Аллоҳ аст ва инсон танҳо молики он чизе шуда метавонад, ки ба туфайли меҳнати ҳалолаш ба даст овардааст. Инчунин дар идеологияи ин созмон манъи судхурӣ манъ буда, ташкили банкҳои бефоизи исломӣ, мутобиқати пурраи конститутсия ва ҳамаи қонунҳо ба аҳкоми шариат ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки идеологҳои “Бародарони мусулмон” ҳадафи асосии худро бо такя ба Қуръону ҳадис дар ташкили давлати хилофати мусулмонон ба мисли хилофати замони хулафои рошидин мебинанд. Аммо мусаллам аст, ки дар ин сарчашмаҳо дар бораи ташкил ва идораи давлати мусулмонӣ ва ё режими сиёсӣ ҳеҷ гуна маълумот дода нашудааст. Аз ҳама муҳимаш дар сарчашмаҳои фавқуззикр истилоҳи “давлат” умуман истифода нагардида, танҳо мафҳумҳои «имомат» ба маънии имоми масҷид ва «хилофат» ба маънии ворисият вуҷуд доранд, ки онҳо баъдтар ба маънии давлати мусулмонӣ истифода шудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз батни ин ин созмон садҳо созмонҳои динию экстремистӣ баромадаанд, ки яке аз онҳо ташкилоти “аль-Ҷиҳод” мебошад, ки он дар заминаи шуъбаи мисрии “Бародарони мусулмон” ташкил карда шуда ва он ба муқобили хизматчиёни воломақоми давлатӣ суиқасд ташкил менамуд. Масалан, 6 октябри соли 1981 ҳангоми паради ҳарбӣ аз ҷониби гурўҳи лейтенант Халид ал- Исламбули президенти Миср Анвар Содот кушта шуд.
Аз соли 1993 ба баъд ин ташкилот ба муборизаи ошкорои низомӣ ба муқобили давлат оғоз намуд. ба муқобили як қатор шахсиятҳои баландпояи сиёсӣ суиқасд ташкил намуд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 1993 суиқасд ба ҷони вазири корҳои хориҷии Миср Ҳасан ал-Алфӣ, 18 августи ҳамон сол суиқасд ба ҷони вазири корҳои дохилӣ, 25 ноябри 1993 суиқасд ба ҷони сарвазир Атеф Сидқӣ, ки дар натиҷаи он 18 роҳгузар ҳалок гардиданд, ташкил намуд.
Бояд хотирнишон сохт, ки аъзоёни созмони “Бародарони мусулмон” дар Миср ва берн аз он садҳо амалиётҳои террористӣ анҷом додаанд, ки дар натиҷаи онҳо ҳазорон нафар одамон ҷони худро аз даст бохта ва ҳазорон ҳазори дигар захм бардоштанд.
Дар таърихи навтарини олами ислом ҳизби ифротгарои дигаре, ки 17 ноябри соли 1952 аз ҷониби Тақиаддини Набҳонӣ, Абдулкадими Заллум ва Аты Абу ар-Рашти созмон дода шуд, ки он “Ҳизб ат-таҳрир ал-ислами” (“Ҳизби озодии исломӣ”) мебошад. Дар қиёс бо дигар аҳзобу созмонҳои экстремистӣ идеологҳои ин ҳизб дар асарҳои бешумори назариявии худ, биниши махсуси ташкили хилофатро аз ҷониби ин ҳизб кор карда баромадаанд.
Бояд гуфт, ки ба назари идеологҳои Ҳизб ат-таҳрир ал – ислами марзҳои сиёсии хилофати оянда дар Ғарб аз Марокаш то Испания ва дар Шарқ аз Ҳиндустону Осиёи Марказӣ то Индонезияро фаро мегирад. Ба ин хилофат халифа, ки дар асоси конститутсия интихоб карда шуда инчунин дар он вазифаҳои ёрдамчӣ (муъавин ат-танфид) ҳокими вилоят (волӣ) раиси ноҳия (омил ё ҳоким) пешбинӣ шуда ва ваколатҳои онҳо ба пуррагӣ шарҳ дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини он, аз ҷумла дар Тоҷикистон созмони “Бародарони мусулмон” ва “Ҳизби озодии исломӣ” фаъолияти густардаи пинҳонии худро ба роҳ монда ҷавонони гумроҳи моро ба доми ақидаҳои ифротии худ мекашиданд. Аз ин рў фаъолияти онҳо тибқи қарори суд фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурии мо мамнуъ эълон карда шудааст.
Дӯстов Дӯст Каримович, дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ
Олимов Дилшодҷон Рӯзибоевич, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ
- Информация о материале
- Просмотров: 405
Терроризм ва экстремизм аз овони пайдошавиаш бо мақсаду вазифаи худ, бо воситаҳои мубориза ва даъвоҳои ғоявиаш барои инсоният хавфу таҳдиди ҷиддии иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аз ин лиҳоз мутахассисон ба маънои умум ба терроризм чунин баҳо додаанд: «Терроризм – бо мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар ҷомеа бесуботиро ба вуҷуд овардан ва барои дар байни қишрҳои васеъи аҳолӣ ваҳму ҳарос ангехтан, зўровариро истифода бурдан ё ки бо истифодаи зўроварӣ аҳолиро тарсонидан аст».
Имрўзҳо ҳодисаи терроризму экстремизми динӣ намудҳои нав ба навро касб намуда, мутаасифона аз лиҳози миқдору сифат афзоиш ёфта истодааст. Таъкид намудан ба маврид аст, ки солҳои охир дар минтақаи Авроосиёву Африқо болоравии амалҳои ифротгароии динӣ ва фаъолшавии гурўҳҳои террористӣ мушоҳида мегарданд.
Аз хавфу таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷеабори он Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Аз ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, дар ҷумҳурӣ падидаҳои содир гардидани амалҳои террористӣ ё ки ба он монанд амалҳои номатлуби халалдор намудани амну суботи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вуқўъ пайвастанд. Чунончӣ, солҳои охир якчанд амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар содир шуда, боиси нооромии ҳаёти ҷамъиятии кишвар гаштанд. Санаи 18 сентябри соли 2010 амали террористӣ дар бинои Раёсати минтақавии ВКД ҶТ оид ба мубориза алаҳи ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Хуҷанд, 19 сентябри соли 2010 ҳамлаи террористон ба корвони автомашинаҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, 23 июли соли 2012 амали террористӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва кушта шудани генерали Раёсати амнияти давлатӣ, санаи 4-5 сентябри соли 2015 содир шудани амалҳои террористӣ дар Душанбе ва маркази ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби гурўҳи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва амсоли онҳо ба сулҳу субот ва амнияти кишварамон таҳдиди ҷиддӣ ба бор оварданд. Гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо ҳар васила мехоҳанд вазъи кишвар ноором гардад.
Сарвари давлатамон, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали фаъолияти сиёсӣ хавфи терроризм ва ифротгароии диниро барои амну суботи миллату давлат эҳсос намуда, муборизаро алайҳи ин амалҳои номатлуб ҳамчун самти устувори сиёсати давлатӣ маънидод намуданд ва баҳри ҳимояи манфиатҳои милливу таъмини амнияти миллӣ пайгирона фаъолият мебаранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналхалқӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонидааст. Тоҷикистон барои саривақт дар амал татбиқ шудани санадҳои ҳуқуқӣ чораҳои қатъӣ меандешад. Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар моҳи ноябри соли 1999 парлумони кишвар Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии хешро, чун дигар давлатҳои мутамаддин бо қатъият ҳимоя мекунад ва бар зидди он падидаҳое, ки ба манфиати милливу давлатӣ таҳдид мекунад дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза мебарад ва дар ин самт мавқеи муносибро ишғол намудааст. Сарвари давлатамон аз минбарҳои баланди анҷуманҳои СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ доир ба афзоиш ёфтани терроризми байналхалқӣ, хавфи он барои амнияти давлатҳо, ба ҷинояти трансмиллӣ табдил ёфтани он ҳарф зада, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи қатъӣ даъват мекунад.
Мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, экстремизму ифротгароии динӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор (наркотрафик), ҷинояткории муташаккил аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар ин самт сайъу талош намуда, корҳои назаррасро анҷом додааст.
Имрўзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунад. Гурўҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурўҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.
Экстремизм дар кадом шакле намоён нагардад, асоси онро андешаву тафаккури носолим ташкил медиҳад. Тафаккури носолим дар заминаи таъсири шахсиятпарастӣ, худбинӣ, бегонашавии иҷтимоӣ дар феълу атвори инсон ба вуҷуд меояд. Экстремизм, ифротгароӣ дар натиҷаи дарку эҳсос ва баҳодиҳии нодурусти воқеаву ҳодисаҳои ҷамъият ташаккул меёбад. Вайрон шудани тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият, риоя нагардидани қонун, қоида ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ, авҷ гирифтани маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, шиносбозӣ, амалҳои коррупсионӣ ва амсоли онҳо боиси пайдо шудани ғояҳои вайронкор, заиф гаштани асосҳои ҳокимият мегардад ва охиру оқибат ҳаракатҳои экстремистиро ба вуҷуд меорад.
Аз ин бармеояд, ки экстремизм дар кадом шакл зуҳур накунад, он маҳсули муҳити носолим ва муносибатҳои носолими иҷтимоӣ мебошад. Агар дар бораи ДИИШ сухан ронем, аз рўзи таъсисёбиаш он якчанд маротиба номашро иваз намуд. Сарвари он Абўбакри Бағдодӣ (номи аслиаш Саид Иброҳим Аввад Бадрӣ) худро «халифа» эълон намуда, ин ташкилотро «Давлати исломӣ» ном гузошт. Мақсади аслии ин ташкилот ҳимояи ислом набуда, мубориза алайҳи мақсадҳои поки дину этиқоди исломӣ мебошад. Дар натиҷаи мушоҳидаи фаъолияти ДИИШ ва дигар созмонҳои экстремистӣ тасаввуроти нодуруст дар бораи мафҳумҳои «ҷиҳод», «ҳиҷрат», «халифа» ва ғ. пайдо мешаванд.
Тарафдорони гурўҳҳои экстремистӣ, алахусус ДИИШ андешаҳои бофтаи салафиро шиори худ намуда, ҳатто ба таври ошкоро нақшаи вайрон кардани шаҳри Макка ва хусусан Каъбаро тарҳрезӣ мекунанд. Зери ниқоби ҷиҳоди исломӣ ҳамарўза ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳатто ба куштори кўдакон, занҳо ва пиронсолон даст мезананд. Аз расонаҳои хабарии Интернет ба таври намоишкорона қатл намудани асирон, оташ задану лагадкўб намудани сарҳои буридаи асиронро намоиш медиҳанд. Имрўз ягон давлат, ҳатто уламои олами ислом ДИИШ-ро эътироф накардаанд. Дар асл ин ташкилот бо дини мубини ислом ягон алоқамандие надорад. Мақсади асосии ҷонибдорони гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароён бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ғасб намудан, низоми кўҳнаи ба каъри таърих фурўрафтаро эҳё намудан аст.
Мутаасифона, ДИИШ тарафдорони худро дар Тоҷикистон низ пайдо намуд. Чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаи кишварамон ба сафи ҷангиёни ин давлати ба ном исломӣ пайваст шуда, дар амалиёти террористии Шарқи Наздик иштирок мекунанд.
Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин қабил амалҳои номатлуб гирифта шавад? Терроризму экстремизм (ифротгароӣ) дин, миллат, Ватан надорад. Дар замони муосир алайҳи терроризму экстремизм муборизаи маънавӣ, мафкуравӣ ва ғоявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дарки моҳияти муборизаи ғоявӣ мо бояд аз таълимоту ақида, фалсафаву ҳуқуқшиносӣ, фарҳангу ахлоқи исломӣ бархурдор бошем. Дар фаҳмонидани моҳияти онҳо бояд олимони ҷомеашинос (муаррихон, файласуфон, сотсиологҳо, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон, диншиносон), рўзноманигорон – таҳлилгарони сиёсӣ пешсаф бошанд.
Роҳи муҳими мубориза алайҳи ақидаҳои бегона, ифротгароиву терроризм ин тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷавонон бояд пеш аз ҳама маълумоти бештар доир ба афроди номвар, шахсиятҳои мондагори таъриху фарҳанг, ҳаёт ва фаъолияти олимону адибон, китобҳои эҷоднамудаи онҳо пешниҳод гардад. Бояд дар тафаккури насли наврас фаъолияти уламову удабо, олимони мутасаввиф, ҳадиснигорону фақеҳон, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши мунир гузоштаанд, ҷойгир карда шавад, то ки онҳо аз моҳияти аслии дини мубини ислом бархурдор бошанд ва кўр – кўрона аз ҳар гуна мазхабу гурўҳҳои ифротгаро пайгирӣ нанамоянд. Арзишҳои ахлоқӣ, таълимоти ирфониву фалсафӣ, донишҳо оид ба инсон ва камолоти ў, андешаҳо роҷеъ ба поксириштӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил медиҳанд, имрўз дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, камолоти ахлоқиву маънавии ҷавонон бояд нақши муҳим бозанд.
Исомитдинов Ҷ.Б.,
Устоди ДДҲБСТ
- Информация о материале
- Просмотров: 151
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳақиқат имрўз терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир мебошад.
Терроризм ва экстремизм хусусияти байналмиллалӣ ва трансмиллиро касб кардааст, зеро дар баъзе давлатҳо ин падидаҳои номатлуб содир шуда истодаанд, ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳо. Хавфи авҷ гирифтани терроризм ва экстремизми байналхалқиро тамоми ҷомеаи ҷаҳон баробар дарк намудааст. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза зидди ин зухуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар равона гардидааст. Инчунин тибқи Созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ, ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба террористон паноҳгоҳ фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм таъсис диҳад ва таблиғоти террористиро пешгирӣ намояд.
Терроризми имрўза ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил додани низоми ягона ва муосири мубориза бар зидди терроризмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.
Каримова М.М.
Сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва криминалистикаи ДДҲБСТ
- Информация о материале
- Просмотров: 63
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад.
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шуравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.
Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзуи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст». Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.
Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст. Мутаассифона, дар тули чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи тахрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдӣ, сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм-карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (С)-ро дар солгарди амалиёти терористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри ҷаҳон гардид. Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард. Ин амали зиштро муншии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид намуд, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».
Роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоменаӣ - амали роҳиби амрикоиро маҳкум намуда чунин гуфтааст: «Ҳодисаи охир ба калисо ва масеҳият робитае надорад ва ҳаракатҳои лӯхтаконаи чанд тундгарои аблаҳ ва муздурро набояд ба пои масеҳиён ва мардони динии онҳо навишт. Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад.
Низоъи байни мусулмонону масеҳӣ хостаи душманон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси «Қуръон» ба мо дар нуқтаи муқобили он қарор дорад». Баъди суқути давлати абадқудрати шуравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд. Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.
Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳимми сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд.
Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масоҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд (бо назардошти он ки қариб 1 миллион нафар сокинони калонсоли ҷумҳурӣ, ғолибан мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия ва дигар кишварҳои ИДМ қарор доранд.
То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.
Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қӯрғонтеппа мактабҳои динӣ-мадрасаҳо кушода шуданд.
Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилмон таҳсил менамоянд, ки 291 нафарашон духтарон мебошанд ва ба онҳо 44 нафар устодон таълим медиҳанд.
Ҳамин тавр, барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи дарку фаҳми мардум якбора боло рафт.
Зебинисо Ҳасанова,
дотсент, мудири кафедраи умумидоишгоҳии фалсафаи
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
- Информация о материале
- Просмотров: 61
Дар ҷомеаи кунуни ҳолаҳҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ (экстремистӣ) шомил гаштани баъне нафарон ба назар мерасад. Таҳқиқоти равоншиносӣ муайян кардаанд, ки дар шахсоне, ки тафаккури догматикӣ ва консерватизмӣ ҷой доранд, бештар таомули шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мавҷуд аст.
Догматизм тарзи тафаккуре аст, ки як андеша ва як фикр (догма)-ро қабул мекунад. Нафаре ки догматик аст, ба ғайр аз ҳамон фикре, ки қабул кардааст, дигар фикрро қабул намекунад ва танҳо ба ҳамон такя дорад.
Догматизм ҳамчун истилоҳ дар сиёсат, дин ва фалсафа истифода мегардад. Ҳолати догматизмро дар нафароне, ки замони шуравӣ аз таълимот ва ғояҳои коммунизм бархурдор гаштаанд, дидан мумкин аст. Ҳастанд нафароне, ки то ҳол комилан боварӣ доранд, ки аз сари нав ИҶШС барпо мегардад. Айнан, ҳамин гуна догматикҳоро дар байни нафароне, ки таълимоти динии номукаммал гирифтаанд, ба назар гирифта метавонем. Маъмулан, чунин догмаҳо бо шунидани амри маъруф ва ё даъватҳои шахсони ба ном ҳомии дини ислом ва чамалумллоҳо арзи ҳастӣ мекунад. Догма ҳамчун тарзи тафаккур дар онҳо қабул гаштааст. Яке аз догмаҳо ва ё андешаҳое, ки инсонҳоро догматики динӣ мегардонад, назарияи «ҷиҳод» ва «мубориза бар зидди зулм», «мубориза барои таъмини адолат» аст. Барои нафаре, ки тафаккури догматикӣ дорад, ягон андешаи дигар қобили қабул нест.
Ҳолатҳое ҳам шудааст, ки шахси 50-60 сола таҳти таъсири таблиғоти ҷиҳодӣ фаромада, ба машқ кардан, ба давидан шуруъ кардааст, ба хотири он ки агар ҷиҳод сар шавад, ба ин кор тайёр бошад.
Олимони донишгоҳи Стэнфорди ИМА ва Кембриҷи Британияи кабир ба таҳқиқоти равонии экстремистон пардохта ба чанд натиҷаи ҷолиб расидаанд. Бино бар таҳқиқоти онҳо дар нафароне, ки ба экстремизм майл доранд, хотира ва ё ҳофиза суст инкишоф ёфтааст ва иттилооти даркорӣ, ки онро коркард кардан лозим аст, зуд фаромӯш мешавад. Табиист, ки дар чунин ҳолати равонӣ як догма, як фикр дар сари инсон қарор мегирад ва дигар андешаҳоро инкор мекунад. Чунин шахсон имконияти маҳдуди таҳлили иттилоотро доранд ва фикрронияшон нисбати дигарон сусттар мебошад.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Philosophical Transactions of the Royal Society B. чоп шудаанд ва худи омӯзиш солҳои 2016 – 2017 амалӣ гашта буд.
Бино бар маълумоти ин нашрия инсонҳои дар боло зикршуда, хусусияти аз амали худ кайфият ҳосил карданро доранд. Чунин шахсон ҷаҳонбинии хуб дошта, онро тағйир додан намехоҳанд. Онҳо зӯроврӣ ва хушунатро дар заминаи андешаҳои динӣ ва натсионалистӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Бино бар таҳқиқоти зикршуда онҳо тафаккури омехта ба догматизм ва консерватизм ҷой дорад.
Консерватизм ҷараёнест, ки кӯхнапарастӣ ва нигаҳдорӣ ва ё барқарор кардани анъана, урфу одат ва таомулҳоро дорад. Дар доираи дини ислом консерватизми динӣ дар доираи андешаҳои зинда нигаҳ доштани суннатҳои пайғамбар, муборизаи шадиду оштинопазир бо бидъат (навовариҳо) дар мисоли ҷараёни ваҳҳобия ва салафия, эҳёи Хилофати мусулмонон дар мисоли таълимоти Ҳизби таҳрир ва амсоли инҳо ба вуҷуд омадаанд.
Агар дар ҷавон андешаҳои консервативиӣ талқин карда шавад, махсусан ғояҳои динии консервативӣ, ки ба ҳисси миллӣ ва ифтихори таърихӣ вобаста аст, ин хатарнок мешавад. Ҷавон ба тадриҷ ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ шомил гаштанаш мумкин аст.
Мубориза бо догматизм ва консерватизм бешубҳа пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ бозмедорад.
Бо вуҷуди он, ки дар мактабҳои олӣ бо донишҷӯён ҳазорҳо вохӯрӣ, мулоқот, суҳбатҳо доир ба зарар ва нодурустии андешаҳои ифротӣ гузаронида мешаванд, омӯзгорон дар рафти дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ перомуни ин масъала соатҳо ҳарф мезананд, аммо мутаассифона, ҷавононе пайдо мешаванд, ки тафаккури догматикӣ ва консервативӣ доранд.
Барои он ки тафаккур ҷавонон ва махсусан донишҷӯёни курси якум, ки нав ба мактаби олӣ дохил шудаанд, гузаронидани пурсишномаҳо барои муайян кардани сатҳи тафаккури догматикӣ ва консервативии онҳо лозим аст. Хушбахтона, равоншиносон ва педагогҳои пешрафтаи олам матни чунин пурсишномаҳоро таҳия кардаанд ва методикаи муқаррар намудани дараҷаашро ҳам тавсия намудаанд. Ба гумони мо аз вохӯриҳои камсамар дида, гузаронидани пурсишнома дар гурӯҳҳои академии донишгоҳҳо баҳри муқаррар кардани сатҳи догматизм ва муайян намудани донишҷӯёни обсебпазир заруртар аст. Бо шахсони муайян бо истифодаи методологияи пешрафтаи психологӣ ва педагогӣ кор карда, тафаккури консервативӣ ва догматикиро ба ҷаҳонбинии илмӣ ва вусъат додани тафаккури интиқодӣ иваз кунонидан мумкин аст.
Албатта, барои ин корҳои методӣ ва тарзи ҳисоб кардани пурсишномаҳоро ба омӯзгорон ёд додан зарур аст.
Табиист, ки ин кори душвор ва заҳматталаб аст, аммо ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавоне, ки дидгоҳ ва тафаккури хатарзо дорад, рисолат ва вазифаи ҷонии омӯзгорон мебошад.
Агар ҷавон аз догматизм ба қабул карда тавонистани фикрҳои дигар гузарад, табиист, ки мутахассиси хубу варзида хоҳад шуд. Тафаккури интиқодиро дар чунин донишҷӯён тарбия кунонидан яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия мебошад, ки ноил гардидан ба ншондодҳои он як нишонаи тарбия ёфтани насли ҷавон мебошад.
Ислом Раҳимов,
дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии
факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»





