Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Ҷомеа ва замон

Маводҳои охирон

  • Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ
  • Салафия душмани давлатҳои демократӣ
  • Дар ҳифзи Ватан устувор бошем
  • Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир
  • Бани одам аъзои якдигаранд…
  • Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  • Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  • Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  • Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!
  • Амният ва ободии Ватан

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Омилҳои пайдошуданихислатҳоитеррористӣ дар наврасон

Информация о материале
Опубликовано: 06 августа 2026
Просмотров: 139

Муаммои терроризм дар байни ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрам дар замони имрӯза мебошад. Маълум аст, ки ҳамаи ташкилотҳо барои рушди фаъолият пеш аз ҳама ҷавононро ҷалб мекунанд: аз паҳн намудани адабиёти радикалӣ то тарконидани биноҳои маъмурӣ , ки боиси марги садҳо нафар одамон аз он ҷумла кӯдакон, занонва наврасон мегардад.

“Терроризми наврасӣ” ин яке аз шаклҳои рафтори девиантии наврас мебошад, ки бо воситаи яроқ муносибати худро ба тартиб ва қоидаҳои амалкунандаи ҷомеа изҳор менамояд. Агар мақсади терроризми муқаррарӣ тарсонидан бошад, пас мақсади терроризми “наврасӣ” ин ҷалби диққати ҷомеа аст.

Қайд кардан зару раст, ки хислатҳои бераҳмӣ, тоқатнопазирӣ ба ҳамсолон ва намояндагони халқу миллатҳои дигар ба наврасон хос аст. Наврасон кӯшиш мекунанд худбоварӣ, худшиносиашонро бо роҳи тарсонидани ҳамсолони нисбатан заиф ва ҷисман камқувват, ё намояндагони калонсоли халқиятҳои дигар баланд бардоранд.

Дар бораи рафтори террористии Илназ Галявиев – талабаи гимназияи рақами 175 шаҳри Қазони Давлати Федеративии Руссия дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар восиатаҳои ахбори умум маълумотҳои зиёд паҳншуда буданд. 11 маи соли 2021 ин наврас ба бинои таълимгоҳ дохилшуда аз яроқи оташфишон ба хонандагони беяроқ оташ мекушояд. Дар натиҷа 9 нафар кушта мешаванд, 20 нафар ҷароҳатҳои вазнин мегиранд.

Аломати асосии рафторидевиантӣ дар наврасон инихтилоф, зиддият байни меъёрҳои мавҷудаи ахлоқва номувофиқӣ бо хоҳиш, майл надоштан, нотавонии наврасаст.Пас сабабҳои рафтори девиантии наврасон чист?

Азяк тараф ин амалҳое мебошанд, ки босабаҳои иҷтимоию педагогӣ бавуҷуд омада бештар барои дигарон аҳамиятноканд. Масалан,дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтор карда натавонистан, душворӣ кашидан дар муносибат бо ҳамсолон,риоя накардани талаботи муаллимону мураббиён.

Аз тарафи дигар, инҳо метавонанд амалҳое бошанд, ки ба сабабҳои хусусияти психофизиологӣ ё психобиологӣ асос ёфтаанд, ки дар давраи муайяни инкишофи синну сол ба вуҷуд меоянд ё дар натиҷаи ҳама гуна халалдоршавии инкишофи ҷисмонӣ ё рӯҳии кӯдак зоҳир мешаванд.

Педагогирус В.АСухомлинский ин гуна зиддиятҳои инкишофи маънавии наврасро қайд намуда, онҳоро табиӣ ва ба ин давраи инкишофи синну солии кӯдак мувофиқмегӯяд. “Ин оштинопазир будан нисбат ба бадӣ, дурӯғгӯӣ, омодагӣ ба мубориза бо беадолатӣ ва дарк карда натавонистани падидаҳои мураккаби ҳаёт аст. Ин хохиши нек будан, майли идеалхо ва оштинопазирӣ нисбат ба таълимот ва таъсири бевоситаи тарбиявии калонсолон мебошад. Ин майлу хохиши худро тасдик кардан ва ба таври маданӣ ичро карда натавонистани он аст. Ин нафрат нисбат ба шахспарастӣ, худхоҳӣ ва ғурури ҳассос аст. Ин шавқу ҳаваси ошиқона ва зӯроварии дағалона аст. Ин тааҷҷубовардан аз тамомнашавандагиидастовардҳои илм ва муносибати сабукфикрона ба омӯзиш аст”.

Тасдиқи худшиносӣ бидуни инкишофва ташаккули баъзе сифатҳои шахсият, яъне бе худомӯзӣ сурат гирифта наметавонад. Наврасон дар муқоиса бо ҳамсолони худ қобилият ва тавоноии худро баҳо дода, метавонанд барномаи худомӯзии худро дар асоси ягон симои идеалӣ эҷод кунанд. Агар худбаҳодиҳии наврас нокифоя гардад ва наврас хоҳиши тарбияи хислатҳои иродаи қавиронадошта бошад, он гоҳ намунаи ибрат аз муҳити криминогениро метавон ҳамчун идеал интихоб кард. «Идеали ахлоқии наврас, — менависад Д.И.Фельдштейн, — образи истисноии эҳсосотӣ мебошад, ки на танҳо намунаи ибрат, балки як навъ меъёри дохилии худбаҳодиҳӣ, танзимгари рафтори худи шахс мегардад». Талабот ба муошират яке аз эҳтиёҷоти пешбарандаест, ки давраи наврасиро муайян мекунад. Танҳо дар муошират мубодилаи иттилоот, фикрҳо, ғояҳо, идеалҳо ва арзишҳо сурат мегирад. Дар муошират наврас узви ҷомеаи синф ва мактаб, як гурӯҳи ҳамсолон мегардад, ки барои ӯ беш аз беш бонуфуз ва шахсан аҳамияти калон пайдо мекунанд.

Дигаромили муҳими батерроризммайлпайдо кардани наврасони рафтори девиантӣ доштаинмуҳитииҷтимоии оилавӣ аст, ки сетипроташкилмекунад

Ба типи якум оилахое, ки аз чихати педагогӣ муфлисанддохилкардамешаванд. Инҳоволидоне, кидар тарбияи фарзандон фаъолияти муайянронишон медиханду вале ин амалробесаводона мекунанд. Таъсири тарбиявии онҳо ба наврасон номувофиқ ва беасос аст. Онҳо одатан дар интихоби усулҳои таълим мушкилӣ мекашанд, аксар вақт ба таҷрибаи пештараи тарбия дар оила такя мекунанд, муҳите, ки як вақт дар он тарбия ёфта буданд, барқарор мекунанд: муҳити авторитаризм, маҳдудиятҳо, ки барои вайрон кардани онҳо ҷазои сахт гирифта мешуд (таҳдид). , лату кӯб).Муоширати дохили оилавӣ маҳдуд, сатҳӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифаст. Дарачаи маълумоти умумӣ ва ахлокӣ-мадании чунин оила паст аст.

Типи дуюми оилаҳо аз ҷиҳати педагогӣ пассив мебошанд , нокомии педагогии онҳо дар он аст, ки волидон фаъолияти зарурии иҷтимоӣ нишон намедиҳанд. Бо сабабхои объективй (бемории тулонй, зуд-зуд ба кор наомадан, кори вазнин) ё сабабхои субъективӣ (набудани нуктаи назари ягона оид ба проблемахои оилавӣ, ихтилофи байни падару модарон, тез-тез чанчолҳои оилавӣ) тарбияи дурустро волидонтаъмин карда наметавонанд. Дар чунин оилахо муносибатхои байни падару модарон тезу тунд, ихтилофнок буда, дар бепарвоӣ ва ё хусумати якдигар зохир мешаванд. Муоширати оилавӣ эпизодӣ, характери харобиовар дорад ва мундариҷаи он, гарчанде ғайрисоциалӣ набошад ҳам, тақрибан ҳеҷ гуна иттилооти муҳими иҷтимоӣ надорад. Ҳангоми ба тартиб даровардани муносибатҳои худ, волидон ба фарзандони худ камтар аҳамият медиҳанд, назоратро ҳам дар оила ва ҳам дар беруназ даст медиҳанд.

Типи сеюми оилаҳо зидди педагогӣмебошанд, ки бо рафтор ва муносибати худ ба меъёрҳои иҷтимоӣ дар кўдакон аќида ва майлҳои манфӣ ташкил мекунанд. Дар ин гуна оилахо психологияи истеъмолкунанда, муносибати бехурматӣ ва баъзаннафратоварона нисбат ба меъёру арзишхои ичтимоӣ, нисбат бадигар одамон ва корхои онхо ташаккул меёбад. Падару модарон бо рафтори худ (ганҷпарастӣ, пулпарастӣ, баъзан мастигарӣ, фосиқӣ) дар оила муҳити зиддипедагогӣ ба вуҷуд меоранд. Муоширати оилавӣ аксар вақт якҷониба, тиҷоратӣ буда, тамоюли асоциалӣ дорад. Чунин волидон ба худ эътимод доранд; Онҳо кӯшиш мекунанд, ки рафтори беодобонаи фарзандони худро сафед кунанд, онҳо талаботи оиларо бо талабҳои мактаб муқоиса мекунанд ва аз хусусияти муоширати берун аз оилаи фарзандонашон огоҳии хаёлӣ нишон медиҳанд.

Дигар омили баҳаракатҳои террористӣ шомилгаштани наврасонинҳамроҳ шудан ба гуруҳҳоиғайриқонунӣмебошад. Рад шудан дар оила, ҷудоӣ дар гурӯҳи синфӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки дар берун аз гурӯҳҳои калон ва муташаккил, дар байни ҳамсолони худ, дар муҳити беруназмактабӣ, дар соҳаи муоширати стихиявии гурӯҳӣ тарафдоронихудро ҷустуҷӯ кунанд. Муоширати стихиявии гурӯҳӣ омили муҳими иҷтимоӣшавии ноболиғон мебошад, ки дар ин ҷо наврасон барои худшиносӣ ва тасдиқи худ шароиту имконият пайдо мекунанд. Агар муоширати гурӯҳӣ дорои мазмуни ғайрисоциалӣ ё аз ҷиҳати иҷтимоӣ бетараф бошад, пас бисёр чиз аз шахсияти роҳбари гурӯҳ, сохтори муоширати гурӯҳӣ ва вазъи иҷтимоие, ки дар атрофи ин гурӯҳ ташаккул меёбад, вобаста хоҳад буд. Агар муоширати гурӯҳӣ тамоюли зиддиҷамъиятӣ, ҷиноӣдоштабошад, табиист, ки хусусияти рафторидевиантиинаврас амиқ гашта, фаъолияти ӯ ба ҷинояти иҷтимоӣназдикмешавад

Аҳмедова Сабоат, муаллимаи кафедраи

“Психология ва педагогикаи томактабӣ”-и ДДХ

Терроризм низоми босуботи ҷомеаи ҷаҳониро вайрон менамояд

Информация о материале
Опубликовано: 06 августа 2026
Просмотров: 97

Имрӯз паёмадҳои экстремизм-терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, бевосита дар раванди таҳдидҳо ва бо роҳи зӯроварӣ, қатлу куштори одамони касбу кори гуногун сурат гирифта, ба ҷинояти мудҳиши байналмилалӣ табдил ёфта, ба амният ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамояд.

Терроризм- экстремизм ҳамчун ҷинояти трансмиллӣ миллӣ ба шумор рафта, он ба фалаҷ гаштани ҳокимияти сиёсӣ, сохти давлатдории кишварҳои сайёра мусоидат менамояд.Мутаассифона дунёро зиёда аз 200 намуд ҳаракатҳои террористӣ ба ташвиш оварда, ҷомеаи ҷаҳони муқобили ин зуҳуроти номатлуб ҳамаҷониба мубориза бурда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми Созмони Конфронси исломӣ, дар шаҳри Маккаи Аморати муттаҳидаи Араб (7-уми декабри соли 2005) қайд намуданд, ки “террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд”

Терроризм аксар вақт ба эҷоди тарсу ҳарос ва бесуботӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст, ақидаҳои ифротгароӣ радикалиро дар бар гирифта, бо роҳҳои ғайриқонуни тағйир додани тартиботи муқарраршударо дар худ мансуб медонад.

Мубориза бар зидди ин зуҳурот муносибати дастаҷамъиро аз ҷумла табирҳои пешгирӣ ҳамкории давлатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин мустаҳкам намудани қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалиро тақозо менамояд.

Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва мубориза бурдан зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти густурдаи табақаҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инн бобат қадамҳои устувор гузошта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳамақида мебошад.

Қабули қонун, фармон ва санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” аз 21-уми апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 №187 тасдиқ шудааст, қабул гардидаанд, ки барои муборизаи оштинопазир бурда, истодааст нишонаи бетараф набудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи СММ ва СҲШ қабул гардидаанд, мавридитасдиқ қарор дода, байни давлатҳои ИДМ, СААД, СҲШ дар ҷабҳаи аввали мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад.

Таъсиси сохтори зидди террористӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2004 ба Тоҷикистон имконият дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват гардад.

Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистидошта қонуни махсус “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.

Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ифротгароӣ ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар мегузорад.

Чунин вазъият ҷомеаи оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд, вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин аст. Имрўз мубориза зидди ифротгароӣ ва терроризм ба муборизаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар самти худ субъектҳои пешбарандаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас доранд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Амалҳои террористӣ ин пеш аз ҳама, ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор сохтан аст. Ин кирдори носазои дар ин ё он гўшаи олам содиршуда моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ин амали ношоиста бетараф набошем. Бар зидди ин амали номатлуб муборизаи беамон барем, то ҳаётамон тинҷу осуда бигзарад, давлатамон ором бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.

Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Азимова М., устоди

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Ифротгароӣ ва ҷавонон

Информация о материале
Опубликовано: 06 августа 2026
Просмотров: 94

Дар мақола мушкилоти ифротгароии ҷавонон ҳамчун падидае, ки эҳсосоти зиддиҷамъиятиро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад, мавриди баррасӣ қарор дода, ба проблемаи иҷтимоъшавии шахсият низ дахл дорад. Ҷаҳонбинии махсуси иҷтимоию равонии ҷавонон, ки омили ҳалкунанда дар содир намудани кирдорҳои дорои хусусияти ифротӣ мебошад, таҳлил карда шуд. Ин боиси тадкики ду проблемаи асосӣ мегардад: проблемаи мероси маънавию мадании ҷавонон ва роҳҳои пешгирй намудани ҷавонон аз таъсири манфии мафкураи ифротгароӣ аст.

Яке аз хусусиятҳои фаъолияти ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам ҳаёти иҷтимоии кишвари мо ин фаъолияти ҳизбҳо, ташкилотҳо ва ҳаракатҳои мухталиф маҳсуб меёбад, ки аксар вақт бо роҳи поймол кардани шаъну шараф ва эътибори сиёсӣ, молиявӣ, маъмурӣ ва дигар манфиатҳои шаҳрвандони оддӣ ба даст меояд.

Фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ ба як омили таркибӣ ва мутаассифона, маъмул дар ин равандҳои харобиовар табдил ёфта, ба стратегияи рушди кишвар таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, ифротгароӣ ва авҷ гирифтани он дар шакли терроризм яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллӣ буда, таваҷҷӯҳи бештару фаъоли ҷомеа ва давлатро, бахусус дар симои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо мекунад, ки барои мубориза бо ин падидаи ғайриқонунӣ даъват шудаанд.

Экстремизм дар Тоҷикистон асосан дар шакли низоъҳои маҳаллӣ-динӣ зоҳир гардида, аксаран аз ҷониби рӯҳониёни мутаассиб барангехта мешаванд. Ба таври сунъӣ таҳмил ва дастгири доимии онҳо, таҳаммулнопазирӣ ва таҷовузи байни шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсии ба фарҳангу мазҳаб ва менталитети гуногун содиқ буда, ҳамчун воситаи таъмини қудрати шахсӣ ва некӯаҳволии шахсии баъзе ҳомиёни онҳо зуҳур мекунад.

Пешниҳоди объективии истилоҳи «ифротгароӣ» бинобар гуногунрангӣ ва мураккабии шаклҳои зуҳури он хеле мушкил аст. Сабаби дигари ин таѓйирпазирии таърихии ифротгароӣ, набудани марзҳои мушаххас ва мавқеъҳои асоснок оид ба дарки ин падида, таърифҳои гуногуни ин зуҳурот аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, то муайян намудани ҷанбаҳои мусбати ин фаъолият аст.

Дар айни замон ҷавононро метавон гурўҳи иҷтимоӣ-демографии ҷомеа муайян кард, ки бешубҳа аз рўи маҷмуи аломатҳои мавқеи иҷтимоӣ фарқ карда мешавад ва дорои сифатҳои иҷтимоию равонӣ мебошад, ки сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва хусусиятхои иҷтимоинамӣ дар ҷомеа .

Имрӯз дар кишвар наврасону ҷавонони қисми бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, тамоми равияҳое, ки ба муҳити ҷавонон мувофиқат мекунанд, барои ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург доранд. Дар давоми 20 соли охир бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ҷалб шудаанд, дар ҳолати дигаргуниҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ қарор доштанд [2]. Оқибати ин падидаҳо рушди эҳсосоти радикалӣ дар ҷомеа, асосан дар байни ҷавонон, хоса муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар гашт.

Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. ( Самадзода Давлат )

Ба андешаи доктори илмҳои сотсиологӣ, профессори Академияи илмҳои Русия Л.С.Рубан: «Иштирокчиёни аз ҳама оммавӣ (то 90%) ва фаъоли низоъҳои байни миллатҳо одатан ҷавононе мебошанд, ки аз сабаби надоштани таҷрибаи иҷтимоӣ барои идора кардан мувофиқ мебошанд, пешниҳоди нисбатан осон, арзёбии аз ҳад зиёди эҳсосии рӯйдодҳо ва аксуламалҳо ба онҳо» [3].

Экстремизми ҷавонон яке аз зуҳуроти шадид ва хатарноки ифротгароӣ мебошад. Ашхосе, ки ифротгароиро дар байни ҷавонон меомӯзанд, қайд кардаанд, ки шуури ифротгароёнаи ҷавон ба ҷузъҳои шуури рушднаёфта мувофиқат мекунад, ки бо эҳсосот, беҷуръатӣ, ташаннуҷи дохилӣ ва низоъ ифода меёбад. Таҳаммулнопазирӣ ва шуҳратпарастӣ, ки хоси ҷавонон аст, дар раванди ташаккули шуури ифротгароӣ нақши муҳим мебозад.

Экстремизми ҷавонон дар муқоиса бо ифротгароии "калонсолон" дорои баъзе хусусиятҳои фарқкунанда, аз қабили:

- дуюмдараҷа, яъне вайроншавии зуҳури он ва вобаста ба синну сол, кам будани муташаккил;

- тааҳҳуд ё ба роҳҳои дастрастарин ва соддаи ҳалли ҳама гуна мушкилоте, ки ба миён меоянд;

- якрангӣ – маънои онро дорад, ки ба як қатор мушкилоти иҷтимоӣ, ки боиси иштирок дар фаъолияти ифротгароӣ мегардад, аз ҷониби ҷавонон яктарафа нигоҳ карда шуда, инчунин бо тафаккури якҷониба соддагардонии бошууронаи усулҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда мушоҳида мешавад.

Ҷавонон бо дарку эҳсоси шахсан қабул намудании воқеият ва зуҳури бераҳмии назаррас ҳангоми анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ хос мебошанд, аз ин рӯ ифротгароёни ҷавон ба роҳи оқилона баромадан аз вазъият ва дар созиш ба ҳама шакл камтар майл доранд.

Баъзе наврасон бо мутаассибӣ, бешубҳа, аксар вақт беандеша иҷро кардани ҳама фармону дастурҳо, ки қонунӣ будани онҳо на танҳо зери шубҳа гузошта намешавад, ҳамчунин мавриди муҳокима қарор намегирад. Гурӯҳҳои ифротгароёни ҷавон асосан дар атрофи иттиҳодияҳои бонуфузи сиёсӣ, ки аъзо калонсоланд, ташкил карда мешаванд.

Хусусиятҳои асосии ифротгароии ҷавонони муосир инҳоянд:

муташаккилии босуръат рушдёбанда,

пайвастагии зичи ғоя ва ҳадафҳо,

муттаҳидшавии гурӯҳҳо,

ташаккули оинномаҳои идеологӣ дар онҳо,

усулҳои гуногуни расидан ба ҳадафҳо,

истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ,

шабакаҳои иҷтимоӣ ва пурзур намудани чораҳои махфй.

Ухдадориҳои мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо тадбирҳои пешгирикунандаро дар бар мегирад.

Новобаста ба хусусияти ҷаҳонӣ доштан мушкилоти ифротгароиро метавонем ҳамчун мушкилот дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ кунем, зеро мақомоти ҷумҳурӣ масъул ва салоҳияти ҳалли онро дорад.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Сарвари давлатро амалӣ хоҳанд намуд, ки фармудааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишИн дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки афроде фазои софи Ватани азизро ғуборолуд насозад.

Сиёсати давлатии зидди ифротгароӣ месазад, ки дар рӯзҳои мо самаранокии ҳадди аксарро ба даст орад. Мубориза бо ифротгароӣ, бахусус байни ҷавонон, бояд аз таҳлилу дарки амиқи ин падида ва дурнамои рушди он тавассути арзёбии касбии коршиносон амалӣ гардад. Дар кишвар қонунҳои марбут ба ин падида ба тасвиб расидааст ва амалӣ мешавад, бо вуҷуди ин даъватҳои замон рангдигаркунии ифротгароӣ тақозо мекунад, ки қонунҳо таҷдид гарданд. Зеро маҳз таҳияи қонунҳои мукаммал ва кор бо аҳолӣ аслиҳаи асосии зидди фаъолияти ифротгароӣ метавонад бошад. Афзоиши табодули иттилоот ва манфиати умумии ҳам мақомоти давлативу ҳам маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеаи кишвар бояд дар мубориза бо ифротгароӣ натиҷаҳои хуб бахшад.

Комилов К.И.- дотсенти кафедраи

журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ

Фарзандони нохалафро саркўб бояд кард!

Информация о материале
Опубликовано: 06 августа 2026
Просмотров: 94

Наёяд душманӣ аз марди оқил,

Нашояд дўстӣ бо марди ғофил

Носири Хусрав

Миллати тоҷик аз давраи қадим ҳамчун миллати адабиётдусту тамаддунофар шинохта шудааст. Ва халқи тоҷик ягон нафареро намегузорад, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакати Тоҷикистон дахолат намояд. Мутаассифона афроде дар ҷамъияти муосири мо пайдо мешаванд, гарчанде зодаи Тоҷикистон ҳастанду дар ин ҷо ба воя расидаанд, хиёнат бар Ватани худ, бевафоӣ бар обу хоки диёр ва хиёнат бар модари хеш мекунад, ки ин нобахшиданист. Бархе аз фарзандони нохалафи тоҷик барои содир кардани ҷиноятҳо - иштирок дар фаъолияти экстримистӣ, хиёнат ба давлат, ки авфнопазиртарин гуноҳ ба ҳисоб меравад, омода ҳастанд. Давлату миллат, падару модар, фарзандон ва пайвандони хешро зери хатар монда, корҳои пасти марговарро бар души худ мегиранд. Фарзанди тоҷик, набояд ба ин корҳои фоҷеабор даст зада бошад. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳаёти осоиштаи кишвар, ки имконияти кору фаъолият кардан вуҷуд дорад, хосатан пас аз супориши тақсимоти заминҳои корами назди ҳавлигӣ барои ҳар хонадони тоҷикстонӣ, ки Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон барои мардуми тоҷик пешниҳод кардааст, оё дур аз Ватан будану бо чашми бад ба зодгоҳи худ нигоҳ кардан аз руи одоби инсонӣ аст?

Фарзанди тоҷик ба гуруҳҳои террористӣ ҳамроҳ шуда, теғ ба суи давлати хеш кашида истодааст, ки ин фоҷеаи миллат аст. Бархе аз фарзандони тоҷик ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба ташкилоти террористию экстримистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир кардани актҳои террористӣ, ноором кардани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-таҳрибӣ гирифтаанд. Оё мардуми тоҷик ин гуна фарзанди худро мебахшад, ки даст бар теғ асту хунҷўӣ мекунад. Ба давлати осоишта ва ҳуқуқбунёд хиёнат карданист, оё ўро модари тоҷик бо одоби шарқиёнаи худ тарбия кардааст? Ҳаргирз не!

Бархе аз фарзандони нохалафи миллати тоҷик барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстримистӣ дошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд. Бояд ҳар нафареро, ки ба давлату миллат Ватану модар хиёнат карданист ҳатман дастгир шуда ҷазои сахти он пешбинӣ карда шавад.

Бояд таъкид кард, ки ҳақиқатан фарзанди тоҷик набояд ба ягон гуруҳҳои зиддидавлатӣ ё ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шавад. Вале мутаасифона нафароне пайдо мешаванд, ки ба ин гуруҳҳои ҷонкуш ҳамроҳ гашта, роҳи зиндагии нодурустро пеша менамоянд ва дар оянда аз карда пушаймон мегарданд. Ҳеҷ кишваре набояд ба сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат кунад. Фарзандони тоҷик, ки адабиёту фарҳанги бои миллӣ доранду бо одобу русуми баланд ва некбинонаи хеш муаррифгари ҷаҳониён ҳастанд набояд ба ин корҳои фоҷеабор даст зананд ва ҳаёти осудаву ороми миллати худро дар зери хатар гузоранд. Дӯстӣ ва фаррухрисолатии мардумони миллати тоҷикро бо миллатҳои дигар бояд нигоҳ дошт.

Миллати тоҷик сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагиро мепарастад ва ҳамеша бо чашми хирад ба мамолики дигар назар меандозад.

З.Ўлмасова

доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ

Амалҳои коррупсионӣ монеаи рушди иқтисодиёт

Информация о материале
Опубликовано: 06 августа 2026
Просмотров: 114

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Дар қонунгузории амалкунандаи кишвар мафҳуми коррупсия ба таври мушаххас дода шудааст, ки ҳолати мазкур аз лиҳози санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври дахлдор эътибори зарури дода шуданро дар ин самт нишон медиҳад. Албатта, барои дақиқан мавриди таваҷҷуҳ ва омўзиш қарор додани масъалаҳо вобаста ба коррупсия бояд мо дар мадди аввал худи мафҳуми мазкурро ба таври пазируфташуда муайян намоем.

Мафҳуми расмии коррупсияро мо аз қонунгузории амалкунандаи муқовимат бо коррупсия дарёфт карданамон мумкин аст: Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

Аз мафҳуми зикршуда маълум мегардад, ки дар баробари дигар хатарҳои сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ коррупсия низ яке аз амалкардаҳои хатарнок барои рушди маънавӣ ва моддии тамоми ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир бояд ба таври бетаъхирона нисбат ба решакан намудани ин раванди махсусияти манфидошта муборизаи беамонро роҳандозӣ намуд.

Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сўистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамуд.

Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб эътимоду боварии мардумро ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои ҷаҳон аз байн бурда, пояҳои давлатдориро коста мегардонад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ манфиати давлату ҷамъият мадди назар гардида, иқтидори идоравии давлат ва дигар унсурҳои миллӣ аз байн мераванд. Коррупсияро ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун ҷинояте мешуморад, ки он на танҳо обуруву эътибори давлатро дар арсаи байналмилали заиф мегардонад, балки ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита мерасонад.

Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.

Ботурова Муқаддас Музаффаровна

Коргузори кафедраи грамматикаи забони арабии ДДХ

  1. Ифротгароӣ– зуҳуроти номатлуби замони муосир
  2. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти хатарзо
  3. Воситаи муҳими таъмини адолат
  4. Ифротгароии динӣ ва омилҳои он

Страница 6 из 30

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.