Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Ҷомеа ва замон

Маводҳои охирон

  • Нишони биринҷии варзишгарон
  • Бо шеър низ табобат мекунанд
  • Фурўғи маърифат
  • Тарғиби хештаншиносӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
  • Баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ
  • Самти муҳими кишоварзӣ
  • Сарчашмаи меҳру саодатбахши зиндагӣ
  • Заминаи созандагӣ ва рушди иқтисодӣ
  • Террорист ватану миллату мазҳаб надорад
  • Ҳушёрию зиракии сиёсӣ

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ШАРИФОВА МАВЛУДА

Ҷустучӯ

НОХАЛАФОН ҲАРГИЗ БА ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ХУД НАМЕРАСАНД

Информация о материале
Опубликовано: 19 февраля 2026
Просмотров: 154

Кӯшишҳо ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвари маҳбубамон ҳукмфармоӣ дорад. Бо шарофати он мардуми сарбаланди тоҷик зери парчами ваҳдату ягонагӣ зиндагонӣ намуда, сиёсати сулҳпарварона ва сулҳи тоҷикон таҷрибаи беназири дигар давлатҳо гардид.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо ҷорӣ кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандони мамлакат ва зарари калони иқтисодӣ гардид, нағз дар хотир дорад.

 Айни замон, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз онҳост, талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар тира сохта, бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки неруҳои манфиатҷӯ дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст:

Рӯзе аз хеш нишон ҷӯйи, наёбӣ гарде,

Эй ту бегонапараст, эй ту бегонапараст.

Мо, мардуми Тоҷикистон, мутмаин ҳастем, ки маводҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда хусусияти иғвоангезона доранд ва барои ҷудоиандозӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва пур аз туҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи мардуми тоҷик аст.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз суханони Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари ӯ сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои давлату миллат сухан мегӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаашро бо телефон хонд. Муҳаммадиқбол бошад, ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.

Чу гӯри модарро маъбад насохтед, шумо модарбахатоед

Чу гӯри падарро меҳроби имон насохтед, шумо падарбахатоед...

Чун шумо худро нашинохтед, шумо касе ҳам нестед...

Дар миёни хирманҳои бедона хасе ҳам нестед.

Суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо — мардуми одии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад?

Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ,

З-осмон дастату поят зи замин канда шавад.

Гар насӯзӣ ба ғами халқ, бисӯзад гӯрат,

Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ...

Эй дурӯғгӯён, дурӯғ аз дӯш бардоред! Аз тири суханони пучатон ҳавои зиндагиро хира насозед! Тире ки ба тирдон доред ба қалби тираи худ занед, то ҷони мардум дар амон бошад! Эй бефарҳангон, тире ки ба дили чандин нафар фарҳангиёни тоҷик задед, таърих онро фаромӯш нахоҳад кард!

Шумо як рӯз мефаҳмед, ки худ ёрӣ ба душманон кардед, э вой! Ки худ бунёди меҳан кандан мехостед, э вой! Бенангию беориро бас кунед!

 Худовандо чи бенанганд,

 Худовандо чи беоранд!

Баски бефарҳанги ту! Фарраву нанг надорӣ! Даббаву данги ту! Масту маланги ту! Бандаи нашъаву банги ту! Вақфи даранги ту! Дар ҳукми дигарони ту! Бегонапарастӣ ту! Сусту бемояву пасти ту! Бехираду бефарҳанги ту! Фаҳми аржанг надорӣ ту! Беҷилваю ранги ту! Мисли як пукафанги анги ту! Хуни мардум рехтаву сарсону алохун кардӣ ту! Домани таърих пур аз хун кардӣ ту! Оҳ аз дасти дилу кӯри ту! Оҳ аз кӯтаҳии ақлу шуури ту!!!

Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз хиёнаткорони миллати тоҷик буда, монанди Муҳиддин Кабирӣ фурӯхташудаи сармоягузорони хориҷии худ гардидааст. Ӯ бояд дарк намояд, ки кӯшишҳояш ҳама беҳудаанд ва мардуми сулҳпарвару меҳанпарасти тоҷик намегузорад, ки ин гуна нохалафон ба ҳадафҳои нопоки худ расанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамеша дурӯғ гуфта, воқеан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, соҳиби тамоми хислатҳои манфию манфури инсонӣ аст: хурофотӣ, бесавод, тангназар, мутаассиб, қаллоб, палид, дуруғгӯй, туҳматчӣ, худсито, нешдору нешзан, хуллас, ки бешараф.

Шахсе, ки дар фикри ватан ва мардуми худ аст, аз наздик омада фикру ақидаҳояшро пешниҳод карда, хизматгори мардуми худ мешавад ва барои пешрафту ободонии Ватан меҳнат мекунад, на он ки аз дур истода санги маломат мезанад. Вале бар нафаре, ки мардуми муқаддаси ватан барояш бегона аст куҷо аз ватандӯстию ватанпарастӣ сухан гӯяд? Чунки онҳо аз ҷумлаи ашхоси кӯрдиланд ва дар ниҳодашон ҷуз кинаву бадбинӣ, нафрат, сиёҳиву харобӣ дигар чизе нест.

Ҳайратовар он аст, ки пешравии Тоҷикистон боиси ғамгинии ин хоини миллат гашта, ӯро водор месозад, ки боз барномае зидди миллату Ватани худ омода карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намояд.

Мо бояд ҳама мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хоинонро саркӯб намуда, нагузорем ки дар фазои маҷозии интернет бо ақидаҳои ифротии худ мардумро ба доми ҷаҳолат афтонанд.

Агар ба навиштаҳои хоини ватанфурӯш – Муҳаммадиқболи Садриддин дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти вай ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад.

Дар асл, аз байни ҳамаи наҳзатиҳои ҷинояткор, ки имрӯз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои аврупоӣ бо сад намуд гадоию ҳақирӣ сукунат доранд, ифротитарину мутаассибтаринашон Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз қаллобиаш низ ошкор гардидааст. Ӯ қаллобу палид заифу нотавон аст ва ноҷавонмардона тавассути расонаҳои хабарии ифротӣ бар зидди давлату миллати мо дурӯғу туҳмат паҳн мекунад. Ба таври тарсуёна ва буздилона барои манфиати худ дурӯғ мебофад ва дигаронро туҳмат мекунад. Лекин ҳамаи суханҳояш ягон асосе надоранд.

Ҳеҷ чиз лаззизтарин аз ин ду нест – забону дил, агар солим бошад, ва ҳеҷ чиз хабистар аз ин ду нест – забону дил агар фосид бошад. Ту фосиду фасодкориро бас кун!!!

Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Ва мо ҷавонон аз ин мефахрем ва шукргузории чунин роҳбари давлатро мекунем.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистони орому осуда, зери сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу оромии Ватани маҳбубамон ҷонамонро дареғ надошта, намегузорем, ки ватанфурӯшон бо туҳмату сафсатаҳои беасосашон ҷомеаи моро ноором созанд.

Масъуд Қаҳҳоров, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ НАДОРАД

Информация о материале
Опубликовано: 19 февраля 2026
Просмотров: 48

Ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ба сулҳ, амният ва адолат ниёз дорад. Аммо, дар баробари пешрафти тамаддун, илму техника ва рушду тараққиёти иқтисодӣ падидаҳои номатлуб - экстремизму терроризм аз ҷониби зархаридон ва хоинони миллат чун Муҳаммадиқболи Садриддин, ки амнияти ҷомеаро халалдор менамоянд, рух медиҳанд.

 Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз хоинонест, ки ба суботу оромии давлату миллати тоҷик таҳдид менамояд, ки мо шаҳрвандон ин амалҳои зишти ӯро қатъиян маҳкум менамоем. Туҳмату буҳтонҳои ғаразноки ин хоини миллат ба ҳеҷ ваҷҳ ҳисси ватандӯстӣ ва иродаи қавии мардуми фарҳангсолори тоҷикро шикаста наметавонад, баръакс мардум дар атрофи Пешвои маҳбуби худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои боз ҳам ободтару зеботар гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо камари ҳиммат мебанданд.

 Мо тоҷикону тоҷикистониён ҳазорон бор шукрона мекунем, ки чунин Сарвари сулҳдӯсту сулҳпарвар, ташаббускор ва мушфиқу ғамхор дорем.

 Дар робита ба он, ки дар ҷаҳони имрӯза таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет бештар мегардад, аз ҷавонони бонангу номус даъват ба амал меорем, ки ба гапҳои дурӯғини хоинони ватан бовар накунанд ва бо амалҳои неку созанда воқеан ҳам, пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат будани хешро собит карда, содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд.

Фирӯз Ашуров,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон

Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст

Информация о материале
Опубликовано: 19 февраля 2026
Просмотров: 58

Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ва ҳасос орзу ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Чунин хислати ватандӯстӣ онро ба як идиогемаи сиёсӣ табдил додааст, ки метавонад хислати хеле фаъоли созанда дошта бошад.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида, қувваи дигареро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд. Президенти кишварамон омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамонро яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос донистаанд. Зеро донистани хатоҳои пештара моро аз такрор намудани он дар оянда нигоҳ хоҳад дошт.

Доир ба ин масъала андешаву тадқиқоти мӯътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд, дурӯғпаҳннамоиҳои душманони миллат ва гумроҳони роҳи сиёсат фикри мардумро дар оянда боз парешон накунанд.

Бо дарназардошти шароити минтақа, вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва  стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин тадқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз ва таъкид ҳам карда буданд, ки «номи поки Исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мардум аз як тараф ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ таваҷҷӯҳ дошта бошад, аз тарафи дигар наметавонад куштори занону ҷавонон ва кӯдаконро дидаву дониста таҳаммул кунад, шарманда кардани Исломро, нест кардани арзишҳои волои миллӣ ва ёдгориҳои таърихиро нодида гирад. Мо бояд  мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намоем ва ин фарҳангро дар муттаҳидӣ ба муқобили терроризми байналмиллалӣ истифода намоем. Дини мубини Ислом бояд ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад. Бинобар ин, мо тамоми воситаҳоро истифода мекунем, то эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад, на куштору ғорат ва вайронкориву  даҳшатафканӣ.

Имрӯз  талоши якҷоя ва дастаҷамъона, эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гаштааст.

Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварамон мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил дода, аз терроризм ҷилавгирӣ менамоем.

Ахмедова Муқаддасхон Абдуҳамидовна,

устоди  ДДҲБСТ

Терроризм ва экстремизм – барҳамзанандаи амну осоиш

Информация о материале
Опубликовано: 19 февраля 2026
Просмотров: 80

Терроризм – амали зиддиҳуқуқӣ мебошад, ки барои халалдор намудани бехатарии давлат, таъсир расонидан ба қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ба даст овардани дигар мақсадҳои ғаразнок амалӣ гардонида мебошад. Амали террористӣ ин бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ, дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои  нақлиёт ва дигар объектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё амъият, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар  ҳар гуна шакл ва тавассути  ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро дорад; расонидани зарари басо чиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд омадани дигар окибатҳои барои ҷамъият вазнин мебошад.

Вобаста ба масоҳати таъсирот терроризм ба терроризми дохилӣ (ташкилотҳо, шаҳрвандони мамлакат, оқибатҳои он аз ҳудуди давлат берун намебарояд) ва байналхалқӣ (фаъолияти террористие мебошад, ки аз чорчубаи сарҳади як давлат берун мебарояд) ҷудо мешавад.

Вобаста ба табиати худ самтҳои терроризм хусусияти сиёсӣ, динӣ (аз ҷумла мазҳабӣ), ҷиноӣ ва шахсӣ мешавад.

Террористон ба афкори одамон ба воситаи ғояҳои фиребандаи:  мубориза дар роҳи шариат, ҳимояи номус ва ба ҳамин монанд таъсир мерасонанд.  Ба дасташон яроқ: бомба, корд, пробирка дода, ба самолёт мешинонанд, барои куштор мефиристонанд.

Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Борҳо исбот шудааст, ки сабабгори аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддибашардӯстонаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Бояд ёдовар шуд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конференсия байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо ширкати беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат бар тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.

Дар ин конференсияи сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

Ҳайдарова Муслимахон Ҳусейновна,

н.и.и., дотсенти кафедраи аудитва ревизия

Терроризм ва экстремизм – вабои аср

Информация о материале
Опубликовано: 19 февраля 2026
Просмотров: 59

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 30-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Сабабҳое, ки боиси ба гурӯҳҳои тундрав рафтани баъзе аз шаҳрвандон мешаванд, ноогоҳӣ, наёфтани мавқеъ дар ҷомеа, муҳоҷирати меҳнатӣ дигарҳо мебошанд. Ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа худро хамчун поку софдил ва ҳақиқатгӯ муаррифӣ карданӣ мешаванд ва бо ҳар роҳу восита матлабҳои нодурусти худро тарғибу ташвиқ намуда, ҷавонони бегуноҳ ва ноогоҳро дар чорроҳаи зиндагӣ бо роҳи фиреб ба доми худ мекашанд. Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористиро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое мебошад, ки дар Осиёи Миёна дар мубориза бо терроризму экстремизм пешсаф аст.

Ба қадри неъмате чун истиқлоли давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ,маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Моро лозим аст, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононамон фаҳмонем, ки ба тақлидхои кӯр‐кӯрона дунболи ифротиён нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубриза хоҳанд бурд.

Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуб худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Ҷавонони тоҷик, ки қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат мебошанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату иттифоқ зиндагӣ дорем.

 

Азимова Муқаддас Мухаммедовна

дотсенти кафедраи маркетинг – агробизнес

 
  1. ​ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САБАБГОРИ МАҲДУДИЯТ ДАР ПЕШРАФТ АСТ!
  2. ​ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЧОЛИШҲОИ АСРИ МУОСИР
  3. Ҷавононро бояд ҳифз намоем
  4. Андешаи солим мебояд

Страница 7 из 8

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Китоби ҷашнӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.