Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Ҷомеа ва замон

Маводҳои охирон

  • ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм
  • Мансабхоҳию курситалошии наҳзатиён!
  • Нест бод-хоинони миллат !
  • Азроил тӯъма ёфтааст?
  • Маркабсонон!
  • Лаънатборон!
  • Аблаҳони аламзада!
  • Боғи баҳил беҳосил!
  • Ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебояд!
  • Терроризм – ин хатари ҷаҳони муосир

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Нақшаҳое, ки худи наҳзатро сузонд!

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 83

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ барҳақ таъкид доштанд, ки вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст.

Дар ҳақиқат айни ҳол дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Дар ин давра зиёда аз  садҳо мардуми давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён  ба мисоли Сурияву Ироқ қарор гирифтаанд.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд  вазъияти оромии кишвари азизамонро халалдор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардуми миллати тоҷик низоъҳо ба миён оранд.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ зидди ҳастии давлати конститутсионӣ буда, манфиатҳои давлату миллат барояшон арзише надорад, ки исботи онро ҳоло аксарияти мардуми тоҷик дарк намуда истодаанд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки халқи мо аз сараш гузаронидааст аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз ҳамин аъзоёни ҳизбҳо пеш аз ҳама аъзоёни ҳизби ба ном исломӣ  ба сари мардуми кишвар ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуда, сабабгори бесаробон мондани даҳҳо оилаҳои тоҷик, доғи марги фарзанд чашидаи садҳо модарони тоҷик гаштанд ва миллатро қариб ба нобудӣ расониданд.

ТЭТ ҲНИ аз хориҷа истода зидди давлати соҳибистиқлоли мо нақшаҳо кашида, рӯирост бадгӯиву бӯҳтонҳо мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият баркашида ба хулосае намеоянд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи  бегуноҳи Тоҷикистон оварданд. Роҳе ки онҳо интихоб карданд, барои мардум нохушиҳои зиёде овард ки барои сабти он дар рӯи қоғаз забони мо лол мемонад.

Аммо миллати  тоҷик аз сияҳкориҳои онҳо ҳамеша воқиф гардида кирдорҳои бади онҳоро нисбати мамлакат ҳамеша пешгирӣ менамояд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад шахсеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофтаи худ ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил созад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бар зидди терроризм ва экстремизм муқовимат карда, бо мақсади мубориза бар гурӯҳҳои ҷинояткор мубориза бурда истодааст. Баҳри ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намоянд.

Воҳидова З.Р. – ассистенти

кафедраи технологияҳои

иттилоотию коммуникатсионӣ

ва барномарезии ДДҲБСТ

Хатарҳои нави ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 78

Раванди таҳаввулоти Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки минтақаро ба тадриҷ вориди бозии хатарнок карда истодаанд. Дар вазъияти нави геополитикии ҷаҳон муносибати Русия ва Ғарб (хосса ИМА) тезутунд шуда истодаасту кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, то дар раванди амалигардонии стратегияи сиёсати хориҷии хеш ин омилро ба эътибор гиранд.

Қудратҳои манфиатдор баҳсҳои ҳассоси марзии миёни кишварҳои минтақаро тақвият дода, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноустувор карда, барои низоъҳои дохили минтақа замина омода намоянд. Ҳар яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои таъмини нуфуз дар Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардаанд, вале дар умум маълум нест, ки рушд ва амнияти минтақаро дар назар доранд ё не? Дар айни замон, се барномаи иқтисодии бузургҳаҷм: «Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» аз ҷониби Русия, «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» аз ҷониби Чин ва «Осиёи Марказии Бузург» аз тарафи Амрико тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд.

Рақобат байни ин қудратҳо барои касб кардани нақши калидӣ дар минтақа ба омили таҳдидкунанда ба амнияти минтақа табдил ёфтааст. Дар аксари лоиҳаҳо манфиатҳои миллию давлатии худи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дараҷаи дувум қарор дорад. Барномаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» равобити иқтисодии Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои мухталиф тақвият медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи барномаҳои бузурги иқтисодии Чин маҳсуб ёфта, амалӣ шудани он нақши иқтисодии Чинро дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо куллан тағйир медиҳад. Бартарияти амалии барнома дар он аст, ки ба ғайр аз роҳи мошингард, сохтмони роҳи оҳан низ дар нақша гирифта шудааст, ки кишварҳои минтақаро аз ҷиҳати коммуникатсионӣ пайванд мекунад. Бинобар ин, Чин дар ноором гардидани вазъи минтақа манфиатдор нест, вале рақибони дигар бо ноором кардани вазъи минтақа кӯшиши танг кардани нуфузи иқтисодии Чинро доранд. Чин таъмини амнияти Осиёи Марказиро ҳамчун бахше аз амнияти худ таҳким бахшида, бо хуруҷи Амрико аз Афғонистон нуфузи худро дар минтақа бештар менамояд. Ба назари коршиносон сармоягузорӣ ва таваҷҷуҳи зиёди Чин дар минтақа ояндаи наздик метавонад барои Русия монеаи ҷиддӣ шавад.  Ҳадафи Чин, пеш аз ҳама, пайдо кардани нақши калидӣ дар рушди иқтисодӣ ва баъдан, таҳти таъсири сиёсӣ қарор додани Осиёи Марказӣ мебошад. Чин мехоҳад дар чорчӯбаи СҲШ сохтори ҳамгироии иқтисодии минтақавиро таъсис дода, бо ин роҳ кишварҳои ҳамсояро бештар ҷалб кунад, зеро қарзҳои имтиёзноки Чин дар рушди минтақа нақши муҳим касб карда истодаанд.

Дар айни ҳол ҳамкориҳои бисёрсамтаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Чин ва Русия хеле назаррас буда, таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё онро собит мекунад.

Тоҷикистон мавқеи ҷуғрофии муносиб дорад, чун аксари манбаҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ аз ин ҷо сарчашма мегиранд ва ин омили муҳим сабаби таваҷҷуҳи кишварҳои бузурги минтақа, давлатҳои ҳамсоя ва абарқудратҳои ҷаҳонӣ чун ИМА, Русия ва Чин ба Тоҷикистон гардидааст. Инчунин, Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тӯлонитарин сарҳадро дорад. Азбаски вазъи сиёсии Афғонистонро пешбинӣ кардан ғайриимкон аст, он ҳамчун манбаи таҳдиди минтақавӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои Ғарбӣ ва Амрико новобаста аз эълони таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ягон кори ҷиддие дар ин самт анҷом надода истодаанд. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки интиқоли қисмати ДИИШ ба марзҳои шимолии Афғонистон оғоз гардидааст, ки вазъи минтақаро мураккаб месозад. Чунин раванд метавонад вазъи кишварҳои ҳамсарҳадро низ ноамн гардонад.

Айни ҳол, абарқудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бевосита манфиатҳои стратегии худро пайгирӣ менамоянд ва ба масъалаҳои интегратсионӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ он қадар аҳамият намедиҳанд, баръакс, онҳо сабаби ба вуҷуд омадани нуқтаҳои даргир дар минтақа гаштаанд. Дар айни замон, аксари кишварҳои минтақа дар муқобили падидаи нави хатарнок терроризм ва экстремизм қарор дошта, хатари ба ҳудуди минтақа паҳн гаштани терроризми байналмилалӣ вуҷуд дорад. Зеро иштироки шаҳрвандон дар ҷангҳои дар Сурия ва Ироқ дар сафи ДИИШ вазъи амниятӣ ва идеологиро боз ҳам печидатар кардааст. Бинобар ин, сохторҳои қудратии салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказиро лозим аст, ки дар мубориза бо экстремизм ва терроризм ҳамкориҳои тарафайнро таҳким бахшанд. Аз омилҳои бесуботӣ дар ҳудуди минтақа муштаракан пешгирӣ намоянд, зеро таҳдид ба яке аз ин кишварҳо маънои таҳдид ба тамоми давлатҳои Осиёи Марказиро дорад.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Сулҳу субот – омили пешрафти ҷомеа

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 110

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси назарсанҷии созмони байналхалқии “КОЛАБ” оиди пойдории сулҳу суботи сиёсӣ дар байни давлатҳо ҷойи дуюмро сазовор гардид. Чунин баҳои созмони байналхалқӣ барои Тоҷикистон баҳои баланд буда ва он далели эътироф карда шудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон сиёсати созандагию бунёдкориро ба роҳ монда ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида истодааст. Яке аз дастоварди хурсандибахш ин паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки он аз 81 фоизи соли 1999 то 28 фоиз дар соли 2017 фароварда шуд. Чунин дастовард албатта дар натиҷаи корҳои зиёди ташкилӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва хоҷагии халқи мамлакат дарак медиҳад.  Пешрафти иқтисодиёт дар натиҷаи сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ба амал омаданд. Ва ин нуктаро ба инобат гирифта, давлату ҳукумат соли ҷорӣ ба қатори ҳадафҳои стратегӣ “саноатикунонии мамлакат”-ро ҳадафи чоруми стратегӣ унвон намуд.

Дар зарфи бисту ҳашт сол дар ҷумҳурӣ 2300 корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон кард. Ҳадафи асосии ин сиёсат ҷумҳуриро ба малакати саноатӣ – аграрӣ табдил додан мебошад.

Дастовардҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир гардида истодааст. Пойдории сулҳу субот барои дар ҳалли муаммоҳои глобалии умумиҷаҳонӣ иштирок  намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихору сарбаландӣ мебошад.

Дар натиҷаи сиёсати дарҳои кушод робитаҳои Тоҷикситон бо давлатҳои ҷаҳони муосир сол аз сол инкишоф ёфта истодааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 160 давлатҳои ҷаҳони муосир муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дорад. Ба ғайр аз ин Тоҷикистон узви 50 созмонҳои байналхалқӣ ба шумор меравад. Шаҳрвандони Тоҷикистон хуб дарк намуданд, ки ҳамаи дастовардҳои ҷумҳурӣ самараи сиёсати сулҳу ваҳдат мебошад, ки он бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида шуда истодааст.

Бинобар ин имрӯз сиёсати сулҳу суботи сиёсӣ меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Муқобили ифротгароӣ овоз баланд мекунем!

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 97

Дар тули  28 соли соҳибистиқлолии мамлакат, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид.

Ноил гаштан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрўз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.

Дар ҷомеаи имрўза, ки ҷаҳон лабрези ҷангу хушунат ва қатлу куштор дар минтақаҳои мухталиф аст ва ҳамзамон кишварҳои ҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад. Ҷаҳониён ҳатто хостори он ҳастанд, ки имрўз аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат омўзанд, аз ин сулҳе, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои меъмори он Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардид.

Дар равияхои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ низ дар давоми солҳои охир мо ба хеле аз дастовардҳои наҷиб ва муҳим сарфароз гардидем, ки ин пеш аз ҳама боз ҳам ҳамоно ба ҳамин сулҳ ва ваҳдати миллӣ такя мекунад. Саросари Тоҷикистони азизи мо имрўз шукуфону нурборон ва чароғон мегардад. Шаҳрвандони кишвар ин шукуфоиву пешрафтро мушоҳида намуда, бо дилбастагиву дилгармии зиёд ҳамарўза пайи ибтикороти нав талош менамоянд.

Ин сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ мардумро ба сўи арзишҳои олии инсонӣ ҳидоятгарӣ намудааст. Хоса, аҳли илму маориф имрўз аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, имрўз воқеан аҳли маориф қаноатмандӣ аз он доранд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлати Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ба шумор омадааст ва дар ин афзалиятнокӣ дар воқеъ мо шоҳиди беҳтарину олитарин дастовардҳо дар соҳаи маориф гардидем.

Аз ин нуктаи назар, мо аҳли маориф, хоса устодону омўзгорони ҷавон қаноатманд аз он ҳастем, ки дар сиёсати сарвари давлат ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз аҳли илму маориф ҷойгоҳи хосае касб намудааст ва ин моро итминон мебахшад, ки ба сўи ояндаи пур аз шукуфоиву нусратҳо дар зери ҳидояти Пешвои миллати хеш равона ҳастем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

Ин гуфтаҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба масъалаи мазкур эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем ва бо кору созандагӣ Ватанро обод намоем.

Олимов Д. – ассистенти кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

Хаёли хоми Кабирӣ

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 58

Тибқи маълумотҳое, ки  дар сомонаи интернетии Паём.нет ҷойгир карда шудааст раҳбари  Паймони Миллӣ дар гуфтугӯи мустақими  бо корбаре бо номи Шарифҷон Шарифҷонов, ки зоҳиран ба “инқилоб”-и эълоншуда дар 10 октябри соли 2014 ишора кардааст гуфтааст, ки “худро мухолиф мегиред, ҳамаро як бор аҳмақ карда, дар охир гурехтед, ҳама ба умеди мухолифини дарунӣ буд ва шасти мардумро гардондед” посух дода гуфтааст, ки  “мо ҳамон вақт ҳам мавқеъамонро гуфта будем ва ҳоло боз такрор мекунем. Аввал ин, ки инқилоб бо эълон намешавад. Дар таърихи ягон инқилоб дида нашудааст, ки эълон карда бошанд рӯзи фалон соати фалон мо ба майдон мерезем. Агар шумо ба ин умед будед, ки инқилобро эълон мекунед ва мардуми дар дохил буда инқилоб мекунанду шумо бо ҳавопаймоҳои Туркиш Эйрлайнсу Франс Эйру Аэрофлот вориди Душанбе мешавед, ин як хаёли хом аст. Баръакс ин аҳмақ кардани мардум аст.”

“Агар ман инқилоб кардани бошам, ҳади ақал рӯзи инқилобро эълон намекунам, баъдан худам меравам дар дохил ва паҳлӯи мардум меистам” — тасреҳ кард раиси Паймони миллӣ.

Ӯ гуфт инқилоб бояд табиӣ бошад ва он рӯз ҳатман фаро мерасад. Раиси Паймони Миллӣ изҳор дошт, ки ҳамоно ҳам ба онҳое, ки ин инқилобро эълон карда буданд гуфтем, ки ин кор шуданӣ нест ва рӯзи инқилобро ба як вақти номуайян партоед: “Ҳатто гуфтем моро гунаҳкор кунед ва гӯед, ки “Кабирӣ номардӣ кард”, аммо аз ин коратон даст кашед, чун шуданӣ нест ва мардум намебарояд”.

“Ҳоло мо муттаҳам ба он, ки пеши роҳи ин инқилобро гирифтем. Агар инқилобе, ки ҳеҷ кас набарояд, ё ба як гапи Кабирӣ анҷом нашавад, пас он инқилоб набудааст. Пас шумо ҳарфатон дар мардум намегузаштааст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ гуфт “барои инқилоб бояд шароит ба вуҷуд биёяд, коре шавад, ки мардум ба ҷӯш биёянд. Инқилоб вақте мешавад, ки шумо бо мардум кор кунед, ҳадафатонро бифаҳмонед ва мардум эҳсос кунад, ки вақти бархостан расидааст”. Ва қоидаи машҳури Ленинро мисол зад.

Аз гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ, ки  ба корбар бо номи Шарифҷон Шарифҷонов баён намудааст бармеояд, ки ҳарду сулҳу субот, оромиву сарсабзии ватан, мардум ва диёри худро надорад.

Мардуми шарафманд, меҳнаткаш ва азияткашидаи тоҷик бовари дорам, ки дигар асои худро, ки солҳои 1991-1993 асри гузашта гум кардааст такроран гум намекунад, зеро дар ин ҷанги хонамонсўз яке падар, яке модар, яке бародару хоҳар ва яке фарзанди худро гум кардааст. Аз ҷанги бародаркуш, як қатор бехонаву дар ва бесаробону бемолумулк мондаанд.

Мо, худ шукри соҳибистиқлолии ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро менамоем, ки чунин роҳбари ғамхору дилсўз, адолатпарвару миллатдўст ба монанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем ва сиёсати арзандаи он шахсро дастгирӣ менамоем.

Сайдуллоев А.А. – сармуаллими

кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

  1. Сарҷамъии нерӯҳои мухолифин зери чатри наҳзат
  2. Ҷинояткорони ба ном ҳуқуқдон
  3. Амнияти устувор кафили рушди ҷомеа!
  4. Душманони дину диёнат

Страница 8 из 27

  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.