- Информация о материале
- Просмотров: 100
Таърих гувоҳ аст, ки бадхоҳони миллат, аз қабили наҳзатиён ва думравони онҳо, оқибат роҳгум шуда, фирорӣ гардиданд ва дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони худ паноҳгоҳ ёфта, имрӯзҳо бо барангехтани кинаву адоват фаъолияти муғризонаи худро идома дода истодаанд. Симои аслии онҳо рӯз аз рӯз дар назди мардуми кишвар равшантар мегардад.
Ин тӯдаи роҳгумкардаи фирорӣ байни худ чӣ гуна созиш доранд ва чӣ тасмим мегиранд, вақт нишон хоҳад дод. Кори онҳо танҳо кофтукоби айби дигарон ва ба чашми мардум хок пошидан мебошад.
Яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин буда, созмони ба ном «Ҳаракати ислоҳотхоҳон»-ро таъсис додааст. Ӯ дар шабакаи YouTube тавассути канали «Ислоҳ.tv» (Ислоҳнет) ва барномаи «Минбари муҳоҷир» баромад мекунад. Зимни баромадҳои худ бо ҷалби думравонаш нисбат ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар туҳмату буҳтонҳои нав ба нав эҷод намуда, мекӯшад дар байни мардум ҳисси норозигиро афзоиш диҳад.
Бояд таъкид намуд, ки аз муҳтавои баромадҳо, сабтҳои видеоӣ ва андешаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин метавон ба чунин хулоса омад, ки барномаи «Минбари муҳоҷир» хусусияти ифротгароӣ дошта, воситаи мардумфиребӣ ва роҳи ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ мебошад. Наҳзатиён барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ аз чунин афрод истифода мебаранд.
Муҳаммадиқболи Садриддин то имрӯз аз фаъолияти худ хулосаи дуруст набаровардааст ва бояд дарк намояд, ки худнамоӣ ва иғвогарӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати ҷомеа нест. Ҳамчунин, набояд обрӯ ва нуфузи миллати соҳибтамаддуни тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад.
Хулоса, буҳтонҳои ғаразноки чунин афрод ба ҳеҷ ваҷҳ ҳисси ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва ваҳдати мардуми фарҳангсолори тоҷикро шикаста наметавонанд.
Дар фарҷоми андешаи худ таъкид менамоем, ки мо — насли калонсол — бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошанд, ба иғвоҳои роҳгумкардагони ифротӣ дода нашаванд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ҳифзи Ватан аз дасисаҳои бадхоҳони миллат равона созанд.
Ба насли ҷавон бояд пайваста талқин намуд, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи Ватан, ободии он, хизмати содиқона ба падару модар, тарбияи шоистаи фарзандон ва тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
Ҷ. ҶӮРАЕВ
устоди ДИС ДДТТ
- Информация о материале
- Просмотров: 95
Имрӯз яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ ин хатари муосири терроризм ва ифротгароӣ буда, ҷомеаи башариро нигарон намудааст, ки ин ҳолат таҳдид ба амнияти ҷомеа аст.
Бояд ёдовар шуд, ки терроризм бо рангу ҷилваҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои арабӣ — Ливия равшан аён шуд. Қурбониҳои инқилоби ливиягӣ, ки дар натиҷаи мудохилаи қувваҳои беруна амалӣ гардида буд ва бадтар ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд, оқибат ба ин давлат зарари иқтисодии калон расонид.
Бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳо чун Сурия, Ироқ ва Ливия, бештари аъзоёни созмон ба номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи «Давлати исломӣ» ба таври ошкору пинҳонӣ дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ низ маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст. Солҳои охир «Давлати исломӣ» пайваста дар Афғонистон ва хатти сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он на танҳо шаҳрвандони дохилӣ, инчунин хориҷӣ низ мебошанд.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар шаҳри Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Ҳамчунин, 19 январи соли равон, дар маркази шаҳри Кобул, тарабхонаи чинӣ, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд.
Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст.
Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябри соли 2025 аз хоки Афғонистон ба ду ноҳияи марзии Тоҷикистон ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд.
Бояд зикр кард, ки мақомоти «Толибон» баъди бозгашти дубора ба қудрат борҳо гуфтаанд, ки иҷозаи ҳамла аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро намедиҳанд. Аммо, давоми чор соли охир чанд маротиба аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла шуд.
Ҳулоса, нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад. Зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Бинобар ин, кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Мақсади масъалаи матраҳгардида дар он аст, ки мо — шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, масъулиятшинос бошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
М. АХМЕДОВ
устоди ДИС ДДТТ
- Информация о материале
- Просмотров: 116
Имрӯз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Бе ягон шубҳа ба мушоҳида мерасад, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд.
Дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии Афғонистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмиллалӣ дар маҷмӯъ ба амнияти тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо кардааст. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми Афғонистон омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.
Ноустувории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, бекории зиёд дар қаламрави Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар кишвари ҳамсоя афзояд. Масалан аъзоёни созмони террористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ),амиқтараш шохаи вилояти Хуросони гурӯҳи мазкур дар Афғонистон як таҳдиди амниятии воқеӣ ба шумор меравад. Онҳо бо истифода аз нобасомониҳо ва муноқишаҳои дохилӣ дар бахшҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла Кобул ва шимоли Афғонистон, фаъолият доранд.
Тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар қаламрави Афғонистон ҳудуди аз 2 то 3 ҳазор тан аз ҷангиёни ДИИШ ҳузур доранд. Баробари ин, дар бораи бадбахтии дигар ин гардиши маводи мухаддир танҳо дар соли 2025 дар марз бо Тоҷикистон тақрибан 2,7 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ зиёдтар аст. Аз ин рақами оморӣ хулоса бароварда, бояд қайд кард, ки ин сироят аз таҳдиди террористӣ бадтар нест, зеро ояндаи минтақаро мекушад, зеро нашъамандӣ як вабоест, ки пеш аз ҳама ҷавононро фаро мегирад.
Хуллас, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар дар кишвар тавассути тақвияти сарҳади давлатӣ, амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати гардиши симкортҳо ва мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша амалӣ мегардад. Ин тадбирҳо барои ҳифзи амнияти ҷомеа ва пешгирии маблағгузории терроризм муҳиманд. Умуман, барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то дар баробари роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, мардумро огоҳонем.
Ҳамчунин, боло бурдани сатҳу сифати омӯзишу парвариш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олӣ, ки заминагузори рушди шахсияти солими иҷтимоиӣ ба ҳисоб мераванд, таҷдиди назар карда, дар ин замина тақвият бахшидани ҷаҳонбинии илмӣ ва дар рӯхияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас аз чораҳои муассир дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
- Информация о материале
- Просмотров: 140
Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Имрӯз таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Масалан «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом»( ДИИШ, “Давлати исломӣ”, ДОИШ) ва Ал-Каида, яке аз созмонҳои байналмилалии террористӣ мебошанд, ки бо вуҷуди решаҳои муштараки мафкуравӣ, дар робита ба раҳбарият, тактика ва ҳадафҳои стратегӣ бо ҳам рақобати шадид доранд. Созмонҳои зикршуда бо мақсади анҷом додани ҳамлаҳои мусаллаҳона, паҳн кардани тундгароӣ ва ноором кардани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таъсис ёфтаанд ва дар аксари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мамнӯъ эълон шудаанд.
Баҳри пешгирӣ ва монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна созмонҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷатори кишварҳои дигари минтаҳа таҳдидҳои афзояндаи ифротгароӣ ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.
Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ ҷадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХI аз қабили терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид. Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мўҳлат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рўзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва ифротгароиро қотеъона маҳкум менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ буданд ва ҳастанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.
Хулоса, имрўз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гашт.”
Умуман, мақсадҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои террористӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Сиёсати зиддитеррористии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ, истиқлолият ва тамомияти арзӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодњои љомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд, ки он имруз ба назар мерасад.
Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ бояд, ки барои пойдор нигоҳ доштани ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад. Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем. Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд
- Информация о материале
- Просмотров: 97
Дар асри XXI инсоният ба дастовардҳои бузурги илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст, аммо ҳамзамон бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ низ рӯ ба рӯ мебошад. Яке аз чунин хатарҳои бисёр нигаронкунанда терроризм ва экстремизм аст. Ин падидаҳои хатарнок на танҳо амнияти давлатҳо, балки ҳаёти осоишта, сулҳ ва ояндаи тамоми ҷомеаро зери таҳдид қарор медиҳанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди огоҳ ва ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад.
Терроризм ва экстремизм мафҳумҳое мебошанд, ки бо зӯроварӣ, таҳдид, тарс ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ алоқаманданд. Ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро паҳн кардани тарс, ноором сохтани ҷомеа ва расидан ба мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ мебошад. Онҳо аксар вақт аз номи адолат, дин ё озодӣ баромад мекунанд, аммо амалҳои онҳо комилан зидди арзишҳои инсондӯстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.
Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии экстремизм сатҳи пасти маърифат ва ноогоҳии баъзе қишрҳои ҷомеа аст. Вақте ки шахс дониши кофӣ надорад, ба осонӣ метавонад ба таблиғоти бардурӯғ ва ғояҳои хатарнок бовар кунад. Гурӯҳҳои ифротгаро махсусан ҷавононро ҳадаф қарор медиҳанд, зеро ҷавонон дар марҳилаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор доранд ва бештар таъсирпазиранд. Онҳо бо ваъдаҳои зебо, суханони эҳсосотӣ ва маълумоти ғалат мекӯшанд, ки ҷавононро аз роҳи дуруст дур созанд.
Ҷавонон нерӯи асосии ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Агар ҷавонон солимфикр, бофарҳанг ва дорои тафаккури васеъ бошанд, ҷомеа рушд мекунад ва устувор мемонад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, сулҳдӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ аҳамияти хеле калон дорад. Маориф дар ин раванд нақши ҳалкунанда мебозад. Мактаб ва донишгоҳ на танҳо боргоҳи маърифат ва ҷойи омӯзиши фанҳо, балки макони ташаккули шахсияти комил мебошад.
Оила низ дар пешгирии терроризм ва экстремизм нақши бениҳоят муҳим дорад. Муҳити солими оилавӣ, муносибати гарм байни падару модар ва фарзанд, назорат ва роҳнамоии дуруст метавонад фарзандонро аз таъсири ғояҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад. Падару модарон бояд ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, бо онҳо суҳбат кунанд, фикру ақидаашонро бишнаванд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Дар баробари оила ва маориф, ҷомеа ва давлат низ масъулияти бузург доранд. Қонунгузории мустаҳкам, фаъолияти муассиронаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории зичи давлатҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба метавонанд дар коҳиш додани хатари терроризм ва экстремизм нақши муҳим бозанд. Роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳурот таълимутарбияи дуруст ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.
Фарҳанг ва ахлоқ низ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ аҳамияти калон доранд. Ҷомеае, ки дар он эҳтиром ба инсон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба ақидаҳои гуногун ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, заминаи паҳншавии экстремизмро аз байн мебарад. Санъат, адабиёт, васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд дар тарғиби сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдат саҳми арзанда гузоранд, агар онҳо масъулона истифода шаванд.
Мо бояд дарк намоем, ки бетарафӣ дар баробари терроризм ва экстремизм хатарнок аст. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дошта бошад, қонунҳоро риоя намояд ва нисбат ба тақдири ҷомеа бепарво набошад. Танҳо бо ҳамбастагӣ, ваҳдат ва ҳамкории ҳама қишрҳои ҷомеа метавон ба ин вабои аср муқовимати муассир нишон дод.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки терроризм ва экстремизм душмани асосии сулҳ, амният ва пешрафти инсоният мебошанд. Мубориза бар зидди онҳо на танҳо вазифаи давлат, балки рисолати ҳар як шахси ватандӯст мебошад. Бо дониш, маърифат, ахлоқи баланд ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мо метавонем ҷомеаи худро аз ин хатарҳо ҳифз намоем ва барои наслҳои оянда ояндаи амну осоишта бунёд кунем.
Ходжаева Вилоят,
муаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарори
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»





