Имрӯз ба рӯйдодҳои ҷаҳони муосир дида медӯзему андеша меронем, ки басо пуртазод аст. Дар ҷаҳон гурӯҳу равияҳои гуногун амал мекунанд, ки баҳри вайрон намудани тафаккури ҷавонон саъю талош доранд.

Яке аз он зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм ва экстремизм ба шумор рафта, оқибатҳои ногуворро ба худ касб кардааст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари ҷиддӣ ба миён овардааст.

Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор амалӣ созанд. Андешаҳо собит месозад, ки терроризм ва экстремизм яке аз  хавфноктарин гурӯҳҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.

Имрӯз тибқи маълумоти коршинсон дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои диниву  ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Вобаста ба фаъолияташон ҳадафҳои гуногун доранд. Бале, танҳо сабаб ва далелу бурҳони амалу фаъолияти худро сарварони созмонҳо ва гуруҳҳои  террористӣ ҳар гуна эълон мекунанд.

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист.

Бояд зикр намуд, ки паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа, на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё буда, хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба мақсадҳои нопоки онҳо фирефта нашуда, ба муқобили чунин афрод бояд мубориза бурд.

Ҷумахон Саломов,

Умедҷон Ҳомидзода,

судяҳои Суди ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров