Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи муқовимат ба экстремизм ва пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ ҳифзи амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро аз арзишҳои муқаддаси давлатӣ меҳисобад. Таҷрибаи талхи солҳои аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон собит намуд, ки ҳар гуна ғояҳои ифротӣ, даъват ба низоъ, кинаву адоват ва тафриқа танҳо боиси вайроншавии сулҳу субот ва ақибмонии ҷомеа мегарданд.

Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз воситаҳои асосии паҳн намудани ақидаҳои бардурӯғ ва таблиғоти ифротӣ гардидаанд. Баъзе афрод бо истифода аз маълумоти сохта, наворҳои таҳрифшуда ва хабарҳои бардурӯғ кӯшиш мекунанд ҷавононро фирефта, онҳоро ба муқобили манфиатҳои миллӣ равона созанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд пеш аз бовар кардан ба ҳар гуна маълумот, ҳаққонияти онро аз манбаъҳои расмӣ санҷида, ба дасиса ва иғвои душманони давлату миллат дода нашавад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил, маблағгузорӣ, таблиғ ва даъват ба фаъолияти экстремистӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ба амалигардонии фаъолияти экстремистӣ ва дигар амалҳои вобаста ба он ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Ин талаботи қонун ба хотири ҳифзи амнияти миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини сулҳу субот равона гардидааст.

Пешгирии экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъулияти муштараки оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ аз муҳимтарин омилҳои пешгирии ин падидаи хатарнок ба ҳисоб мераванд.

Махсусан ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлат маҳз ба дониш, ҷаҳонбинӣ, ахлоқи ҳамида ва масъулиятшиносии онҳо вобаста аст. Ҷавоне, ки дорои маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии солим ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад, ҳеҷ гоҳ фирефтаи таблиғоти бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ намегардад.

Рухшона САМАДЗОДА, 

мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати

шаҳрвандии шаҳри Гулистон