Имрӯз терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳадафи асосии гурӯҳҳои тундгаро бештар ҷавононест, ки дар ҷустуҷӯи мавқеи худ дар зиндагӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, донишгоҳ на танҳо маркази таълим, балки макони тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон низ мебошад.

Ҳамчун омӯзгори ҷавон бар он назарем, ки танҳо дарс додан барои пешгирии гаравиши донишҷӯён ба андешаҳои ифротӣ кофӣ нест. Бисёр вақт ҷавонон ба сабаби надоштани маълумоти дуруст, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ё ваъдаҳои бардурӯғи афроди манфиатҷӯ фирефта мешаванд. Барои ҳамин бо донишҷӯён бояд бештар суҳбат кард, андешаҳои онҳоро шунид ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои асоснок дод.

Дар баробари машғулиятҳои таълимӣ метавон вохӯриҳо, баҳсҳои озод, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангиро ташкил намуд. Дар чунин муҳит ҷавонон меомӯзанд, ки ҳар маълумоти дар интернет паҳншуда ҳақиқат нест ва бояд ҳар хабарро бо ақлу мантиқ таҳлил кард.

Мо ба донишҷӯён бо забони содда мефаҳмонам, ки гурӯҳҳои тундгаро аксар вақт бо суханҳои зебо, ваъдаҳои бардурӯғ ва шиорҳои эҳсосотӣ одамонро ҷалб мекунанд. Агар шахс дониш дошта бошад, мустақилона фикр кунад ва ҳадафи равшан барои ояндаи худ дошта бошад, фирефтаи чунин таблиғот намегардад.

Роҳи асосии эмин мондан аз тундгароӣ ин омӯзиш, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва интихоби муҳити солими дӯстӣ мебошад. Ҷавоне, ки ба илм, касбомӯзӣ ва рушди шахсии худ машғул аст, барои ҷомеа созанда хоҳад буд, на воситаи амалӣ шудани ҳадафҳои бегонагон.

Аз ин рӯ, пешгирии терроризм ва экстремизм бояд аз синфхона оғоз гардад, аммо ба он маҳдуд нашавад. Суҳбати самимӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон муҳимтарин василаҳои муҳофизати онҳо аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ мебошанд.

Бесабаб нест, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро вабои аср номида, онҳоро хатари глобалӣ ба амнияти башарият ва давлатҳо медонанд. Он кас пайваста таъкид мекунанд, ки терроризм ватан, миллат ва дин надорад ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб талошҳои муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунад.

Тавре пажӯҳишгари маъруфи масъалаҳои терроризм Питер Нойман таъкид мекунад, экстремизм пеш аз ҳама мубориза барои тасарруфи тафаккури ҷавонон аст. Воқеан ҳам, гурӯҳҳои ифротӣ пеш аз он ки ба амали ғайриқонунӣ даст зананд, мекӯшанд ҷаҳонбинӣ ва тарзи фикрронии ҷавононро тағйир диҳанд. Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгор танҳо додани дониш нест. Мо бояд ба донишҷӯён тарзи дуруст андешидан, таҳлили иттилоот ва фарқ кардани ҳақиқатро аз таблиғоти бардурӯғ омӯзонем.

Агар ҷавонон соҳиби маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳадафи равшан дар зиндагӣ бошанд, ҳеҷ як гурӯҳи тундгаро наметавонад онҳоро фиреб диҳад. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризм ва экстремизм пеш аз ҳама мубориза барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва худогоҳии ҷавонон мебошад.

 

Саиданвар УМАРОВ,

Фарҳод СИРОҶЗОДА,

муаллимони факултети биология ва

химияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

академик Бобоҷон Ғафуров