Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба проблемаи хеле ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин, пеш аз ҳама, густариш пайдо кардани терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳо дар ҷаҳони имрӯз аз хатарҳои умумибашарӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳарос овардааст. Дар ҷаҳони имрӯз, ки хеле пуртазоду печ дар печ аст, мардуми мо, пеш аз ҳама, ҷавонони моро зарур аст, ки барои бартараф намудани ақидаҳои хурофотӣ ва дур аз арзишҳои милливу маънавӣ дар ҳазар бошанд. Аз вазъи давлатҳои ҷангзада маълум аст, ки дар назди аҳли террор ва экстремист ягон арзишҳои инсонӣ вуҷуд надорад. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, ба сари қудрат омадан ва амалӣ намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Дар ин раванд ба ҳар роҳу восита дар ҷалби ҷавонони нохудогоҳи камсавод ва хурофотиву зудбовар мекӯшанд. Мутаасифона дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам гардидаанд. Барои ҳамин ҳам, дар самти густариши маърифати иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон беш аз пеш бояд чораҳои зурурӣ ҳам аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва ҳам аз тарафи хонавода андешида шаванд.
Дар ҳама китобҳои бузургон омадааст, ки мардуми нодон ва ё ҷавони ноогоҳро ба ин ё он гурӯҳ шомил сохтан кори саҳлу сода аст.
Тоҷикистон азизи мо дар қатори давлатҳои сулҳхоҳи ҷомеаи имрӯз терроризм ва экстремизмро маҳкум менамояд. Нигаҳдошт ва бузургдошти сулҳу ваҳдат дар қаламрави кишвар аз муҳимтарин қарзи инсонии мо аст, ки ба ҳазорон қурбониву ҷоннисорӣ ба даст омадааст.
Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва рушди ҷавонон зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ, касбӣ ва иҷтимоии насли ҷавон равона гардидааст. Ҷавононро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадгароёна масъулияти иҷтимоии худро бештар эҳсос намуда, бо такя ба тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии фарогир дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Эҳсон РАҶАБӢ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»





