Дар бораи пешгирӣ ва бартарафсозии сабабҳои содир кардани ҳуқуқвайрокунии коррупсионӣ ҳамарӯза дар машварати корӣ ва инчунин дар маҷлисҳои шӯъбаҳои таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғул Шамсиддинова борҳо мавриди муҳокима қарор мегирад. Кормандони таваллудхонаи вилоятӣ тасмим гирифтааст, ки барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва ҷоннок гардонидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ин самт мувофиқи нақша – чорабинии Стратегияи муқовимат бо коррупсия ҳамҷоя бо намояндагони Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ҷамъомад доир намояд.
Бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат бо коррупсия дар кишвар, бартараф сохтани сабабу шароити бо коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мубориза бо коррупсия тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” гӯшаи махсус ташкил карда шудааст.
Мақсаду мароми стратегияи мазкур ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф сохтани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст. Принсипҳои асосии ҷорӣ намудани стратегия - волоияти қонун, дар назди қонун ҳама баробар; дар асоси Конститутсия таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодии ҳар як шаҳрванд ва манфиати қонунии инсон ва шаҳрванд ва ниҳоят поктинатӣ, шаффофият ва озодии сухан мебошад.
Ҷиҳати пешгирии муздситонӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуюми декабри соли 2008 таҳти рақами 600 “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” тасдиқ гардидааст ва қабули ин ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, инчунин садди роҳи муздситонии ғайриқонунии кормандони соҳаи тандурустӣ имконияти бештар фароҳам меорад.
Дар баробари ҳамин дар ҳар ҷаласа аҳли нишаст дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” фикру ақоиди хешро иброз медоранд.
Наима РАҲИМБОЕВА,
муовини сартабиб оид ба корҳои
тиббӣ дар таваллудхонаи вилоятии
ба номи Ӯғул Шамсиддинова





