Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки созмону гурӯҳҳои гумроҳзадаи ифротӣ, имрӯзҳо бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо маскан гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротии худ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру туҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ иғво меангезанд.
Бояд зикр кард, ки аслу ҳадафи гумроҳзадогони ифротӣ аз нопокиву беиттиҳодӣ дарак медиҳад. Амалиётҳои ифротгароиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапӯш карда, миллати тоҷик ва хусусан ҷавононро ба ҷангҳои иттилоотии бемаънӣ даъват менамоянд.
Чунончи, яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки ба ҷуз наҳсию касофат, бадбахтию хушунат ва пайгирии амалҳои вайронкорона, ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан кори дигар надорад.
Наҳзату навнаҳзатӣ ва умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.
Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, балки бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллии кишвар саҳмгузор бошанд.
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ




