Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.
Тибқи маълумот солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамлакатхои дунё ашхоси бегуноҳ, занону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ несту нобуд гардидаанд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда аз тарафи ин зуҳуроти даҳшатангез аст. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дошта, нафақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, хисороти буҷавии зиёдеро ба бор меорад.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумат ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.
Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиром намоянд.
Нигора ҲОҶИБОЕВА,
Моҳира Абдуллоева,
устодони Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд
ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров





