Ҳамарӯза дар сомонаи ифротии «Ислоҳ.нет» матолиби пур аз дуруғу туҳмати Иқболбӣ ё Муҳаммадиқболи Садриддин интишор меёбанд, ки бо мақсади иғвогарӣ ва ба шур овардани мардуми кишвар  аз ҷониби ин ифротии миллатситез бофта шудааст.

Саволе ба миён меояд, ки чаро Иқболбӣ бо доштани ақидаю мафкураи ДИИШ-ӣ гӯё аз мардум ҷонибдорӣ мекарда бошад? Аммо дар асл, вай бо супориши хоҷагони хориҷиаш, ки доираҳои мазҳабии манфитадори хориҷианд ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар саркардаҳои фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ чунин амалро анҷом медиҳад.

Барои Иқболбӣ ва ҳаммаслаконаш на тақдири миллат, балки манфиати худашону хуҷаинҳояшонро амалӣ кардан зарур аст. Ҳамин аст, ки аз ин фурсату имконият то метавоннад истифода мебаранд.

Аммо иғвою шурандозии ӯ ва ҳамроҳонаш ба кор намеравад.   Вазъияти кишвар  имрӯз ором ва мардум аз паси зиндагии худ ҳастанд. Ҳама чиз дар доираи қонун ҳал мегардад.  Дигар тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон медонад, ки  ин табоҳкорон чӣ мехоҳанд. Ҳама чиз фаҳмо аст, яъне наҳзатиҳо мехоҳанд дар Тоҷикистон нооромию бесуботӣ бошад.

Аслан, Иқболбиро ба вазъи кишвар чӣ кор аст? Ин бадбахти ҳамҷинсгаро ба мардуми шарифи тоҷик  чӣ кор дорад? Мардум охир аз рӯйи ин палидак безоранд.

Ин нокас аз ҳар фурсат суиистифода карда, бо барномаҳою матолибаш воқеаҳоро ба манфиати худу хоҷаҳояш тафсир мекунад.

Мақсади асосиаш танҳо бадномкунии раҳбарияту мақомот, шуронидани мардум, ихтилофбарангезӣ ва бо ин восита нооромсозии вазъияти кишвар аст.

Аз ин рӯ, бояд мо мардуми Тоҷикистон зиракию ҳушёрӣ зоҳир намоем ва ба ҳарфи душманони мисли Иқболбӣ дода нашавем. Инҳо мехоҳанд дубора кишварро ба хоку хун кашанд, ҷомеаро ба нобудӣ баранд ва аз вазъи ноороми сохтаашон истифода карда, ба мақсадҳои касифашон расанд. 

 Насим Шарифзода