Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи муосир ба як қатор мушкилоти иҷтимоӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Коҳиши арзишҳои ахлоқӣ, тақлидкории кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона, муносибати бемасъулиятона ба таҳсилу омӯзиш, тамокукашӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки метавонанд ба ташаккули шахсияти ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Дар баробари ин, гаравидани ҷавонон ба ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалб шудани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ аз хатарҳои ҷиддии замони муосир ба шумор меравад.
Ифротгароӣ ва терроризм имрӯз ба масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ табдил ёфта, ба сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва рушди устувори давлатҳо таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, пешгирии чунин зуҳурот, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, вазифаи муҳимми давлат, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як оила мебошад.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.
Ин андеша зарурати ҳамкории муштараки давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамояд. Ҳамзамон, пешгирии чунин хатарҳо бояд аз муҳити оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар тамоми сатҳҳои ҷомеа пайгирона амалӣ карда шавад.
Аз ин рӯ, мубориза бо онҳо натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти маънавӣ ва иҷтимоии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Дар ин раванд ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Ислом ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.
Дониши дурусти динӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонунгузорӣ ва тарбияи таҳаммулпазирӣ метавонанд дар пешгирии гумроҳшавии ҷавонон нақши муҳим бозанд.
Бо вуҷуди ин, масъалаи пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳамоно таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб менамояд. Таҷрибаи кишварҳои гуногун низ нишон медиҳад, ки низоъҳои сиёсӣ, тафриқаандозӣ, таблиғи бадбинӣ ва истифодаи ғаразноки эътиқоди динӣ метавонанд ба нооромӣ ва заиф гардидани ваҳдати ҷомеа оварда расонанд.
Бо назардошти ин омилҳо, муайян намудани роҳҳои самараноки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ аҳаммияти махсус дорад. Дар ин самт як қатор тадбирҳои муҳимро метавон амалӣ намуд, ки шиносоии ҷавонон бо таърихи воқеии кишвар, сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ, талошҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва оқибатҳои низоъҳои дохилӣ аз ҳамин зумра аст, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки арзиши сулҳу субот, истиқлол ва ҳамдигарфаҳмиро амиқтар дарк намоянд.
Тарбияи эҳтиром ба Ватан, оила, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҷавононро водор месозад, ки дар назди ҷомеа масъулияти бештар эҳсос намуда, барои ҳифзи сулҳу субот ва рушди давлат саҳм гузоранд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки ҷавонон ба таҳсил, касбомӯзӣ, шуғли муносиб ва фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд. Фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди шахсӣ ва касбӣ метавонад таъсири омилҳои иҷтимоии хавфро коҳиш диҳад. Дар ин раванд, ба ҷойи маҳкум кардани ҷавонон барои мушкилоти онҳо, бояд муносибати фаҳмишомез, дастгирӣ ва роҳнамоии дуруст ба роҳ монда шавад.
Рушди технологияҳои иттилоотӣ имкониятҳои васеъро барои омӯзиш, муошират ва мубодилаи дониш фароҳам овардааст. Бо вуҷуди ин, фазои интернетӣ метавонад барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, таблиғи ғояҳои ифротгароёна ва ҷалби ғайриқонунии ҷавонон низ истифода шавад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, таваҷҷуҳ ба илм ва рӯ овардан ба китобхонӣ метавонад садди роҳи терроризму экстремизм дар ҷомеа гардад.
Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти МД “Донишкадаи
байналмилалии Хуҷанд”-и
МД Донишгоҳи байнамилалии
сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон





