Истиқлол барои ҳар як миллат на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки асоси ҳастӣ, бақои давлатдорӣ ва омили асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъматест, ки заминаи эҳёи давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеаро фароҳам овард. Дар ин раванд нақши ҷавонон ҳамчун қишри фаъол, неруманд ва ояндасози ҷомеа бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, тақдири фардои давлат маҳз ба ҷаҳонбинӣ, дониш, масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо вобаста мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ, масъалаи ҳифзи истиқлол ва таҳкими пояҳои он аҳамияти бештар касб мекунад. Дар чунин вазъ маҳз ҷавонон бояд ҳамчун неруи асосии ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои истиқлол баромад намоянд. Истиқлол ба ҷавонон имконият дод, ки дар фазои озоди давлатдории миллӣ таҳсил намоянд, касбу ҳунар омӯзанд, ба технологияҳои муосир дастрасӣ дошта бошанд ва дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми фаъол гузоранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, иқтисод, варзиш ва технология ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.
Ҳамзамон, истиқлол аз ҷавонон масъулияти баландро талаб мекунад. Зеро ҳифзи истиқлол танҳо вазифаи давлат нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди худогоҳ, махсусан ҷавонон мебошад. Ҷавон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳмгузор бошад. Дар замони муосир таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва таъсири манфии фарҳангҳои бегона метавонанд ба тафаккури ҷавонон таъсир расонанд. Аз ин рӯ, тарбияи сиёсии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳисси ифтихори миллӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Аз нигоҳи таҳлилӣ, истиқлол барои ҷавонон танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки майдони васеи имкониятҳо мебошад. Агар ҷавонон аз ин имкониятҳо дуруст истифода намоянд, метавонанд ба қувваи асосии рушди устувори кишвар табдил ёбанд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон низ ба ҳамин ҳадаф нигаронида шудааст. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, рушди соҳибкорӣ ва иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ нишон медиҳад, ки давлат ба ин қишри ҷомеа ҳамчун ояндаи миллат эътимоди комил дорад.
Истиқлоли Ватан ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ ва масъулиятдонӣ мебошад. Ҷавонон ва донишҷӯён, бояд бо омӯзиши амиқи илм, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва садоқат ба Ватан дар пешрафти давлат саҳми арзанда гузоранд. Зеро маҳз донишҷӯён ва ҷавонони имрӯз мутахассисон, роҳбарон ва зиёиёни фардои миллат мебошанд. Агар мо ба қадри истиқлол бирасем, онро ҳифз кунем ва барои таҳкими он талош намоем, метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Дар баробари ин, ҷавонон бояд дар муқобили ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ва хурофотӣ мавқеи устувор дошта бошанд. Истиқлол фазои озоди андеша, эҷод ва ташаббусро фароҳам овардааст, вале истифодаи нодурусти ин озодӣ метавонад ба манфиатҳои миллӣ зарар расонад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд масъулияти шаҳрвандии худро дарк намуда, барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои истиқлол талош варзад. Махсусан донишҷӯён, ки қишри босаводи ҷомеа мебошанд, бояд бо сухан, амал ва мавқеи шаҳрвандии худ намунаи ибрат барои дигарон бошанд.
Ҳамин тавр, ҷавонон ва истиқлол мафҳумҳои ба ҳам зич алоқаманд мебошанд. Истиқлол ба ҷавонон роҳу имконият дод, ҷавонон бошанд, бо дониш, ирода ва садоқати худ бояд пояҳои онро устувор нигоҳ доранд. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз фаъолияти созанда, ҷаҳонбинии солим ва ватандӯстии ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон, махсусан донишҷӯ, бояд истиқлолро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намуда, барои рушди давлат ва миллат бо тамоми ҳастӣ хизмат намояд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ба ҷомеаи пешрафта, соҳибмаърифат ва давлати воқеан мустақилу неруманд ноил гардем.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо
ҷомеаи ДДҲБСТ




