Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар замони имрӯза терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, мақсади он вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва дигарҳо мебошад».
Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, бахусус ҷавонон фаҳмонем, ки бо тақлидҳои кўр-кўрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки танҳо ҷавонони боғайрат, сулҳпарвар ва матинирода метавонанд пеши роҳи ифротгароӣ ва терроризмро гирифта, барои пойдории сулҳу амнияти ватани ҷоноҷонамон саҳми босазо гузоранд.
Раҷабзода Саодат Ҷамол,
дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими
математика ва технологияи иттилоотии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров





