Ҷаҳони муосир имкониятҳои нав ба наверо бароямон фароҳам овардааст. Ва мо, имрӯзиёнро мебояд, ки бо истифода аз техникаву технологияи ҷаҳонӣ бо дониши амиқ, рафтори шоиста ва  кирдори накӯ дар пешрафти ватани ободи хеш ҳиссагузор бошем. Мутаассифона, вабои харобиоваре, ки бо номи терроризму экстремизм маълум гаштаанд, сулҳу субот, амният, ва арзишҳои инсониро дар тамоми ҷаҳон таҳдид кардаанд.

Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб бошад, тавассути бомаърифат будану таълиму тарбияи дуруст ва ҳамбастагии тамоми ҷомеаимконпазир аст.

Инсон аз рӯзи ба олами ҳастӣ по гузоштанаш барои тарбия кӯшиш намуда, ба роҳи рости зиндагӣ рафтанро бояд пеша намояд, вале афсӯс, ки дар ҳаёт шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки роҳи нодурустро интихоб намуда, боиси ба ташвиш афтодани дигарон мешаванд. Дар як вақт барои пулу сарват, барои расидан ба қудрат миллату мазҳаби худро мефурӯшанд, ба халқи худ ва ҳатто падару модар ва фарзандони хеш хиёнат мекунанд.

Терроризмро аз нигоҳи ҳуқуқӣ чунин маънидод менамоянд: “Терроризм – ин содир намудани амалҳое ба ҳисоб меравад, ки хатари маргро миёни одамон ба вуҷуд меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъият, тарсонидани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”. Ба ибораи дигар, “имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба вуҷуд овардааст”.

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни экстремизму терроризми гуногун, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, биологӣ, кибернетикӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ ва ғайраҳоро муайян кардааст, ки аз ҳама паҳншудатаринаш терроризму экстремизми динӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро гирифтори мушкилот кардааст. Ба мушоҳида мерасад, ки ифротгароён зери шиорҳои динӣ баромад менамоянд, аз номи дин ҳарф мезананду фармону хостаҳои худро аҳкоми динӣ мешуморанд. Ин амалҳои ноадолатонаро мардуми камхирад қабул медоранду аз рӯи гуфтаҳои онҳо амал намуда, даст ба амалҳои ношоиста мезананд ва номи худ ва ватани худро доғдор менамоянд.

Зери амалҳои экстремистию террористӣ мо нахуст ҷинояти дуздии одамон, бахусус, кӯдакону наврасон бо мақсади рӯёнидани маблағ, кушторҳои гуногун, усулҳои мудҳиши амалиёти ҷангӣ, рабудани нақлиёту силоҳ ва умуман ҳар он амале, ки бар зарари давлат истифода бурда мешавад, мефаҳмем ваб зидди он мубориза хоҳем бурд.

Акрам ТӮЙЧИЕВ,

ҳуқуқшиноси МДТ

Литсейи агросаноатии

ноҳияи Шаҳристон